ва ё чи тавр роҳкирои Маҳмадалӣ Ватанов ҳайф шуд
Ҳар муҳоҷир чонибдор ҳаст, то як ниҳод ё як созмони воқеъие бошад, ки аз мушкили муҳоҷирин пайгирӣ ва пуштибонӣ кунад, аммо фикр мекунам, Шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират барои ҳалли мушкили муҳоҷирон низ кадом мушкилеро осон нахоҳад кард. Чаро?
Ниҳоду созмонҳо барои муҳоҷирин ҳеч коре накардаанд
Дареғ аз тирҳои хокхӯрда,
Шикори рафтаам дигар наояд.
Муҳоҷири тоҷик аз ташкили ҳамагуна шӯрову хадамоту созмону диаспораҳо монда шудааст. Чаро ки то ҳол ҳамин вазоратҳо ё ниҳодҳову созмону диаспораҳо амал мекарданд ва масъул буданд, аммо кадом кори чашмрасеро барои рафъи мушкили муҳоҷир, метавон гуфт, ки анҷом надодаанд, ба ғайри баъзе масъалаҳои ҷузъӣ. Шакли ташкили ин Шӯро низ як комиссияи фавқуллодаеро монандӣ дорад, ки дар ҳолати фавқуллода фавран ташкил мешавад. Яъне якчанд вазорати давлат шомил ва якчанд созмони ғайри давлатии дигар. Гӯё ҳама якбора ба дифоъи муҳоҷирин бархостанд. Чунин ташкили шакли шӯро ё комиссиюн барои муддати муайяне ташкил ва дар ҳамон муддат мақсади рафъи мушкили пешомадаро дорад ва пас аз мудати муайян эътиборашро гум мекунад. Муҳоҷират бе мушкилӣ нест. Мушкили муҳоҷирин ин мушкили дар як муддати кутоҳ рафъ шаванда нест. Ташкили ин Шӯро бозгӯкунандаи он аст, ки ин ниҳодҳои шомил рӯшан гуфтанианд, ки дар алоҳидагӣ ва то ҳол ҷиддан кореро анҷом дода натавонистем.
Ин Шӯро модели ҳамон "Гурӯҳи мусоидат" аст. "Гурӯҳи мусоидат", ки аз дохили як қишри мадании чомеъа дар як ҳолати ҳассос ба таври табиӣ зуҳур кард ва гарчанде аз тарафи бархе гурӯҳҳои нотавонбин мавриди таҳоҷуми ноҷавонмардона қарор гирифт ва умри дароз надид, аммо дар муддати кутоҳе, ки фаъолият дошт, метавон гуфт, як миссияи чашмрасеро анҷом дод ва роҳи муколамаро барои дигар ниҳоду созмонҳо кушода ва заминагузорӣ хамин Шӯро низ шуд.
Шӯрои ҷамъиятӣ бояд мардумӣ бошад
Банда дар ташкил шудан ва тасмимгириҳои Шӯро эрод надорам, аммо ба шакли ташкил ва идораи ин Шӯро мувофик нестам. Шакли идораи Шӯро монеъи пиёдасозии тасмимҳояш мешавад. Ташкили ин Шӯро дар назди Хадамоти муҳоҷират ва раиси ин Хадамот ҳамзамон раёсати ин Шӯроро ба уҳда доштан, худ аллакай негативи кори ин Шӯро аст. Пас аз ташкил кардани чунин Шӯрои ҷамъиятӣ, ин шӯро бояд комилан аз қабати хадамот ва ҳамагуна ниҳоди давлатӣ озод мебуд, то битавонад дар ҳар маврид, дар ҳалли мушкилиҳо ба Хадамоти муҳоҷирату ниҳодҳои дигар таъсиргузор бошад ва раёсаташро низ на ягон масъули ниҳоди давлатӣ, балки аз ҷомеъа идора мекард, то дар тасмимгириҳо озод ва мухтор бошад. Чи гуна дар бархе ҳолат Шӯро метавонад болои хадамот таъсире расонда тавонад, дар ҳоле ки раиси хадамот ҳамзамон раиси шӯро аст? Инчунин дар баъзан ҳолатҳои ногувор, ки муҳоҷирин курбони сиёсатҳо мешаванд, мисле дар гузаштаи начандон дур шоҳид будем, ҷониби дигари муколама ва ё мухотаб тасмим ва мавқеи чунин Шӯрои ҷамъиятиро бо чунин тарзи идора на мавқеъи ҷомеъа, балки ҳамчун мавқеи ҳукумат қабул мекунад. Шӯро, ки ҷамъиятӣ ва ифодакунандаи мавқеи ҷомеъаро дорад, бояд шакли идораи он низ ҷамъиятӣ ва ҷомеъ будани тасмимҳояш низ рӯшан бошад. Беҳтар аст Хадамоти муҳоҷират ва раиси он аз пайи иҷрои масъулияти худ бошанд. Бе ин Шӯро ҳам кори хадамотро дар қиболи муҳоҷирин чандон чашмрас намебинем. Гарчанде ҷомеъа аз ташкили ин хадамот хеле хушбин буд.
Мақсад аз ташкили ҳама гуна шӯрову хадамоту дигару дигар барои муҳоҷир осон намудани мушкилот аст, то муҳоҷир пуштибониеро эҳсос кунад. Вагарна мисли созмонҳои дигар, мақсад барномасозиву грантгириву пулшӯйиву семинару кофебреку коғазбозӣ бошад, беҳтар аст, аз номи муҳоҷир ин корро накунанд.
Агар он тасмимҳояш воқеиву ҳадафаш муҳоҷиринро пуштибониву кумаке кардан бошад, аввал корро аз худи дохили кишвар бояд оғоз кард.
Таҳқири муҳоҷир аз фурудгоҳ шурӯъ мешавад
Аввалин таҳқирро муҳоҷири тоҷик дар майдони ҳавоии Душанбе ва сарҳади Тоҷикистон мебинад. Қавоқҳои гирифтаи баъзе масъулин дар рӯёрӯӣ бо муҳоҷири мусофир мисоли "шлагбаум" дар постҳои даврони нобасомониҳои Тоҷикистон аст, ки бо овози дағал шунида мешавад: "Наркотика ё оружия надорӣ?" (!). Ин суоли таҳқиромез аст, касе аз ин суол хато намехурад. Ин жаргон бештар дар зиндон дар муносибат бо зиндонӣ, ҷинояткор ва гумонбари ҷиноят истифода мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ниҳодҳои интизомии мо дар симои ҳар муҳочир "наркобарон- ҷинояткор"-ро мебинанд. Куҷо расад шиква аз бегонаҳо.
Аввалин мушкили муҳоҷир дар пеши чашми Хадамоти муҳоҷират ва дигар вазоратҳои аъзои ин шӯро, ки ба Вазорати нақлиёт тааллуқ дорад, дар Душанбе оғоз мешавад, ки кадом ниҳоде ҳиммати рафъи онро намекунад ё қудраташ намерасад, ё манфиатдоранд. Агар мақсади ин Шӯро рафъи мушкили муҳоҷир бошад, чаро чанд вазорати давлатиро шомили ин Шӯро карданд, аммо Вазорати нақлиётро не? Сафари зиёда аз миллион муҳоҷир ба ин вазорат тааллуқ дорад. Ҳамасола дар мавсими муҳоҷират нархи билети ҳавопаймо 100% боло меравад, аммо касе аз Вазорати нақлиёт суол намекунад, ки чаро чунин аст. Чаро аз ин вазорат суол намешавад, ки бо ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ шартҳои ҷониби Тоҷикистон чигуна аст, ки худсарона нархро боло мебаранд. Ба таваҷҷуҳи Вазири муҳтарами нақлиёт ва хадамоти антиманаполӣ бирасонам, ки миллионҳо саёҳи рус ва ҳатто баъзе муҳоҷири "дар гурдааш чарбдошта" ҳамасола аз Русия барои истироҳат ба кишварҳои осиёиву аврупоӣ мераванд, аммо 50% билетпулӣ аз хатсайрҳои Тоҷикистон дида, арзонтар аст. Чаро хатсайрхои хориҷӣ, ки Тоҷикистон парвоз мекунанд, дар нархгузорӣ беназоратанд? Чашми ҳама ба ғорати кисаи муҳоҷир дӯхта шудааст.
"Узбакистонпулӣ" дар поезд чанд аст?
Мушкили дигаре, ки то ҳол дар каторҳои самти Тоҷикистон - Русия боқист, баҳонаи "Узбакистонпулӣ" аст, ки аз мусофирон ҷамъоварӣ мешавад ва ҳар мусофир-муҳоҷири қатор, (қаторҳову ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон аслан муҳоҷири меҳнатӣ мекашанд), ки ба Русия мерасад, аз ин шикоят мекунад. Ин сир нест, воқеият аст, ҷои баҳс надорад. Инро мо ҳам намеҳохем, вазири нақлиёту Ҳукумов ҳам намехоҳад, аммо милисаҳои узбак мегиранд. Дар сурати ғайр бо ҳар баҳонае мусофирро талошӣ, таҳқир ва қаторро барои чанд соати дигар боз медоранд. Аммо мушкил ин аст, ки мусофир намедонад, ки милисаи узбак сари як нафар чи қадар маблағ талаб мекунад. Дигар ин ки мо бо узбакҳо мушкил дорем, бо туркманҳову қазоқҳову русҳо сари қатор мушкил надорем, ҳамон "Узбакистонпулӣ" гарчанде ғайриқонунӣ ҳам ки бошад, бояд аниқ бошад, то роҳпуливу нонпулии муҳоҷирро то тангаи охир наситонанд ва мусофирро тарс надиҳанд, ки вазъ то Русия ҳамин гуна аст. Агар вазъ то Русия ҳамин гуна бошад, масъулини роҳи оҳан бояд инро пинҳон надоранд, аз пушти ҳалли мушкил шаванд. Беҳтар аст аввалдараҷа Хадамоти муҳоҷират ва он вазоратҳову созмонҳои аъзои Шӯро ва Дастгоҳи иҷроияи Президент, ки аъзои ин шӯрост, ин мушкилиҳои пеши чашмро ҳал кунанд, агар ин мушкилиҳо дар дохили кишварро барои муҳоҷир ҳал карда натавонанд, куҷо умеди муҳоҷир аз дастгирии хадамоту вазоратҳову шӯро дар берун аз Ватан?
Дар ҳоле ки мушкили муҳоҷир дар ватанаш ҳалношуда аст, ҳоҷат намедонам оид ба мушкили аз мӯи сар зиёди эшон дар хориҷ бигӯям, чаро ки маънияш бо чӯб дар сандон задан аст.
Таваккали муҳоҷир ба Худост
Борҳо шоҳид будем ва аз ТВ-ҳоямон пахш мекардем, ки вакилони Думаи давлатии Русия ё кадом воломақоми рус ё Кумитаи модарони Русия барои дидорбинӣ ва аз ҳолу аҳволи сарбозонашон ошно шудан ба Тоҷикистон омаданд, сарбозоне, ки аз сар ба по мусаллаҳу кадом мушкилии иҷтимоие надоранд, аммо аз ҳоли зиёда аз як миллион муҳоҷири пурмушкили тоҷик на вакил суроғ мекунаду на вазири тоҷик. Таваккали тоҷик ба Худост. Дар мушкилияш на хадамотро эҳсос мекунаду на ҳукуматашрову на сафорату диаспораашро. Масъулини ниҳодҳои Тоҷикистон худро нӯкари мардум не, мардумро нӯкари худ меҳисобанд, чунин фаҳмиши хато дар майнаи онҳо нақши дар санг бастааст, иштибоҳи аслӣ дар ҳукуматдории Тоҷикистон низ ҳамин аст, ки ҷомеа ва худро сунъӣ карахт кардаанд, то қадаме наметавонем пеш гузорем. Дар поёни соли 2011 бо баҳонаи аз наздик ошно шудан ба қазияи марги пурсарусадои муҳоҷири сарбуридаву сӯхташудаи тоҷик, раиси Кумитаи қонунгузории МН МОҶТ Маҳмадалӣ Ватанов ба шаҳри Санкт-Петербург сафар дошт ва дар ҳошияи сафараш мувофиқи хабаргузориҳо иттилоъ ёфтам, ки бояд бо муҳоҷирин низ вомехӯрд, аммо ... Пас аз мутолеъаи гузоришаш ба порлумон дар интернет ошно гаштам ва ба хулоса омадам, ки ҳамон роҳкирояш ҳайф шуд.
Ба ҳар сурат Шӯро дар ҳамин шаклу идора ташкил шуд, ба аъзои Шӯро танҳо як паём дорам, агар коре карданӣ бошед, аз ҳамон Душанбе оғоз кунед, муваффақ шудед, баъд биёед ин ҷо. Дунё бо умед аст. Пирӯзу муваффақ бошед!
Умари Давлат,аз Санкт - Петербург