Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Ташаббуси "Гурӯҳи Мусоидат" дар дасти Шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират

Муҳоҷират 20.04.2012 12:00

ё Шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират роҳҳали мушкили муҳоҷирон аст?

MuhojiratБа наздикӣ дар Душанбе ниҳоди вижа - Шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират дар назди Хадамоти Муҳоҷирати кишвар таъсис ёфт. Бино ба қавли мубтакиронаш ин ниҳоди ҷамъиятӣ роҳҳали расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирини хориҷу дохилии кишварро ҷустуҷӯ карда, дар амри пиёдасозии раванди бошууронаи он саҳм гузоштанист.

Роҳбарии ин шӯрои тозатаъсисро Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти Муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ба уҳда гирифта, Ойниҳол Бобоназарова, сарвари созмони ҷамъиятии "Преспектива+" ба ҳайси муовини ӯ пазируфта шуд. Бояд зикр кард, ки дар ин Шӯро ҳама ташкилоту ҷамъиятҳои ғайридавлатии кор бо муҳоҷирин ва вазорату идораҳои марбута аъзо гаштаанд.

Муҳоҷират- доғи рӯз

Муҳоҷират яке аз умдатарин масъалаи доғи рӯз дар олам маҳсуб мегардад ва Тоҷикистон ҳам аз ин раванди глобалии ҷаҳон дар канор буда наметавонад. Маврид ба зикр аст, ки "кӯчбандии оммавии мавсимӣ" аз ҷумлаи нируи корӣ аз ҷумҳурии мо таи ду даҳсолаи ахир босуръат ҷараён дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди беш аз 1 миллиону 500 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба таври фосилавӣ ва гоҳо доимӣ дар хориҷ ба сар мебаранд. Табиист, ки роҳи ҳалли ин мушкил ва танзими раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон дучори бӯҳрони шадид аст, зеро дар дохили кишвар на танҳо ҷойи нави кор, ҳатто ҷойи кӯҳнаи кор ҳам вуҷуд надорад. Ин омил боис бар он гашта, ки ҳазорон-ҳазор сокинони ҷумҳурӣ барои дарёфти қути лоямут ва таъмини маишати хонавода ба Русия, Қазоқистон, АМА ва амсоли ин кишварҳо ҳиҷрат намоянд.

Аз замони касби истиқлол ва то имрӯз ниҳодҳои марбута ҷиҳати ёрмандӣ ба муҳоҷирон ва кӯмаки хонаводаи эшон таъсис ёфта, пароканда шуданд ва ё батадриҷ мақоми аслии худро аз даст доданд. Қонуну қавоид ва санадҳои зиёде низ дар ин росто тавсиб гардиданд, аммо таъсири мусбати ин ҳуҷҷатҳо камтар ба назар мерасад. Вазъи буду бош, иқомат ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ҳоло ҳам дар ҳамон пояе аст, ки соли 1997 ва соли 2005 буд, ҳатто агар вахимтар шудааст, гӯем ҳам хато намекунем. Албатта, суол мегузоред, ки чӣ гуна? Агар муҳоҷири бе қайди маҳалли зист ва иҷозаи кор дар Маскав соли 1997 бо додани 50 рубли русӣ аз панҷаи  милиса (пулиси имрӯза) раҳо мешуд, алъон 3000 рубл ҳам кафили халосии ӯ шуда наметавонад...       

Хадамоти Муҳоҷират ва Шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират. Яъне чӣ?

Соли гузашта дар Тоҷикистон Хадамоти Муҳоҷират созмон ёфту даст ба иқдомҳое дар ин росто зад, вале мушкилоти зиёде ҳанӯз ҳам дар пеш аст. Зимнан, ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Хадамоти Муҳоҷират қадами нав дар мабнои расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирон арзёбӣ мегардад. Оқои Девонаев, сарвари шӯрои мазкур сабаби таъсиси ин ниҳодро муҳим ва саривақтӣ номида, иброз дошт, ки мо бо ҳамкорӣ бо тамоми ташкилоту мақомоти марбута метавонем сари як масъала ба ҳам оем, то раванди танзими муҳоҷират аз кишвари мо ба як маҷрои муайян дарояд. Ба қавли ӯ, аз сабаби афзоиши босуръати берунравии нируи корӣ дар кишвар ва камбуди муваққатии ҷойи кор дар кишвар, мақомот дурнамои хуберо барои кор бо муҳоҷирин тарҳрезӣ кардааст, то битавонад, муҳоҷиринро қабл аз ба муҳоҷират рафтан омода кунад. Суоли матраҳ ин аст, ки оё Шӯрои ҷамъиятӣ аз уҳдаи ин кор мебарояд ва он чӣ тасмиме ва чӣ нақшеро дар ин росто хоҳад дошт? 

Як каф хоки Ватан беҳтар аз шоҳигарӣ дар Яман!

Муҳоҷирини кории тоҷик бо ҳама ранҷу азобе, ки дар дигар кишварҳо доранд ва рӯзии фарзандонро муҳайё карда, буҷаи Тоҷикистонро низ ғанӣ мегардонанд, ин замон бештар мавриди фишор ва уқубат қарор гирифтаанд. Гузашта аз ин, ба абзори сиёсии қудратҳо ва омили таъсиргузор табдил шудаанд. Бархе аз ҳокимони вақту замон аз ин "бозии пасипардагӣ" хуб ҳам истифода мекунанд ва дар оянда низ хоҳанд кард. Намунаи барҷастаи инро метавонем аз рӯзҳои боздошт ва муҳокимаи додгоҳии ду халабони ширкати русӣ дар баҳору тирамоҳи соли гузашта дар ҷануби Тоҷикистон бубинем. Бо муҷарради иттифоқ афтодани баҳси судии ҳавонавардони "Ролкан" дар Қӯрғонтеппа, мақомоти зирабти кишвари ба мо "дӯсту шарики стратегӣ" даҳҳо тан аз ҳамватанони бегуноҳи моро боздошт ва баъдан аз қаламрави кишвараш бадарға кард. Масъулини Кремл ва мансабдорони Русия бошанд, ба ин падида баҳои якҷониба дода, онро на қасдгирии сиёсӣ, балки тафтишоти ҷориву монандии оддӣ (совпадение) номиданду бас.   

Лозим ба тазаккур аст, ки дар тирамоҳи соли гузашта, замоне ки қазияи халабонҳои Русия ва муҳоҷирони кории тоҷик сару садоро дар матбуоти ҳар ду кишвар ба миён овард, мақомоти масъули ҳукумати Тоҷикистон ба даҳон об гирифта, инро нодида мегирифтанд. Гӯё ҳеч мушкиле нест ва ҳамеша фазои муносибот гарму нарм ва сокиту ором аст. Аз қазияи халабаонҳо ҳадди аққал як маротиба дар ТВ-и давлатӣ (он ҳам нишасти матбуотии додситонии кулл) ёд карданду тамом.

Чаро ташаббус аз "Гурӯҳи мусоидат" ба Шӯрои ҷамъиятӣ гузашт…

 Расонаҳои мустақил ва озодандеши кишвар ин қазияро муддавом ва ба таври ҳамешагӣ думбол карда, дар ҳар шумораи хеш раванди он ва таъсири манфии онро муҳокима мекарданд. Ҳамон шабу рӯз буд, ки дар Душанбе барои таъсиси Гурӯҳи Мусоидат ба вазъи муҳоҷирон иқдом шуд. Заъфи имкони гуфтугӯву мусолиҳа байни доираҳои ду ҳукумат ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистону Русия, ҳамзамон равобити номуназзами мақомоти марбутаи ду кишвар дар масъалаи мушкилоти ба вуҷуд омадаро дар тавозуни андеша баркашида, як гурӯҳ аз рӯзноманигорон, рӯшанфикорон ва зиёиёни тоҷик 14-уми ноябри  соли 2011 даст ба кор шуданд. Бояд тазаккур дод, ки шахсиятҳое амсоли Марат Мамадшоев, Барзу Абдураззоқов, Раҳматкарими Давлат, Зафари Сӯфӣ, Хилватшоҳи Маҳмуд, Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, қосими Бекмуҳаммад ва чанд тани дигар рӯи мавзӯъи мазкур баҳсу андешаронӣ карда, эълом доштанд, ки ба мақсади кумак ба ҳамватанони муҳоҷир ва паст кардани шиддати авзоъи рухдода, Гурӯҳи ҷамъиятирро созмон додан зарур аст. Пас аз як рӯзи таъсис ин ниҳоди ҷамъиятӣ аллакай чеҳраҳои саршиноси кишварро дар суфуфи хеш гирд овард ва бо пахши баёнияе аз  ҳолати ба вуҷудомада бар асари ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳо, ҳамчунин ба ҳадди зиёд сиёсӣ кардани мавзӯъ дар расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон, ки ба сарнавишти муҳоҷирони кории Тоҷикистон таъсир мегузорад, изҳори нигаронии амиқ кард. Зимнан, аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват шуд, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд. Аз ин баъд мулоқоти аъзои Гурӯҳ бо сафири Русия, масъулини мақомоти дипломатии он кишвар ва нақшаву чорабиниҳои амалишаванда сурат гирифт. Аммо боз ҳам дар доираҳои наздик ба ҳукумат (аз ҷумла ВАО-и давлатӣ) матлабу маводҳои бе ному беимзо алайҳи иқдомҳои Гурӯҳ ба нашр расида, фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятиро зери соя кашид. Дар ҳоле ки ин Гурӯҳ эълон дошт, ки ба ҳеч шахсияте иртибот надорад, ба сиёсат кор намегирад ва ҳадафи таъсиси он танҳо расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон аст.

Агар ҳукумат ва парлумони кишвар, ниҳодҳои масъул ва ашхоси баландпоя ба онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ин вақт Гурӯҳи мусоидат кореро муассиртар анҷом медод, ки алъон Шӯрои муҳоҷират ба зимма гирифтааст. Ташкили Шӯрои мазкур ҳам сарчашмааш ҳамон Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон аст, дигар ҳеч.   

Дар ҳамин ҳол…

Ба назари таҳлилгарон ташкил шудани Шӯрои нави ҷамъиятӣ шояд як шакли вижаи ҳамон "Гурӯҳи мусоидат" аст, аммо дар назди мақомоти давлатӣ ва бо ҷалби манбаъҳои молӣ. Ин ҷо суол дар он аст, ки оё ин Шӯро метавонад кореро дар ростои расидагӣ ба мушкилоти печидаи муҳоҷирини тоҷик ба анҷом расонад ва ё хайр. Анвар Бобоев, як масъули ҳукумати кишвар дар масири муҳоҷират мегӯяд, мақсад аз таъсиси ин Шӯро пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо аст: "Якҷоя фаъолият кардану мушкилоти муҳоҷиратро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл кардан, асоси кори мост.Ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва ҳал намудани мушкилоти муҳоҷирин дар пушти як миз. Мо ҳатто метавонем бо пешниҳоди масъалаҳо дар қонунгузории кишвар низ пешниҳод кунем. Асос ҳамин аст, ҳал намудани масъала ва расондани бештари иттилоот барои мардум".  Ҳамзамон мавсуф иброз кард, ки Хадамоти муҳоҷират нашрияи наверо барои муҳоҷирин таъсис додааст, ки метавонад манбаи иттилоотии муҳоҷирин бошад.      

Ойниҳол Бобоназарова бошад, таъкид кард, ки дар алоҳидагӣ ҳар ташкилот кореро анҷом медиҳад, ки баъзан такрор мешавад ва маблағе,  ки сарф мешавад, аслан бе мақсад аст: "Мебинем, ки баъзан такрор мешавад ва як корро ду- се ташкилот анҷом медиҳаду ягон натиҷа нест. Ё мавриде мешавад, ки мавқеъи давлат як чиз асту аз ташкилотҳо дигар. Аз  ин рӯ фикр мекунам, будани чунин як Шӯрое, ки дар он  афкори гуногун пешниҳод шавад, масъалаҳо бардошта мешаванд ва як роҳи ҳалли дурустро пайдо кардан мумкин мешавад".     

Ӯ инчунин пешниҳод намуд, ки Шӯро бояд на танҳо ҷойи ҳисобот додан, балки маркази пешниҳоду ҳалли мушкилиҳо бошад. "Ман мехостам, диаспораҳое, ки дар Русия ва дигар кишварҳо фаъолият доранд, бояд шомили ин Шӯро шаванд. Зеро, мо танҳо масъалаҳоро мебинем ва кор он ҷо анҷом хоҳад гирифт. Ҳамчунин, бояд коршиносони ин соҳа низ бояд бошанд".

Нигаронӣ. Аммо на фақат он

Вақте сухан дар бораи муҳоҷир меравад, хоҳ нохоҳ нигаронии ҷомеъа ба вуҷуд меояд ва ҳама мардуми кишвар бо афсусу надомат аз ин мушкил ёд мекунанд. Бо таъсиси чунин як Шӯрои ҷамъиятие, ки навкору навроҳ аст, оё мешавад, ба мушкилоти саросарии муҳоҷирон расидагӣ кард?

Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ

P.S. "Миллат" тасмим дорад, таклифу пешниҳодоти ҳар фарди огоҳ дар умури муҳоҷиратро нашр кунад. Агар падар, модар, бародар ва ё худи шумо муҳоҷир ҳастед, ва мехоҳед мушкилатонро бо мо дар миён бигузоред, мо омода ба ҳамкорӣ ва дастгирии Шумо ҳастем.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97