Муҳоҷират ва муҳоҷир. Гуфтан ё нагуфтан? Навиштан ё нанавиштан? Дерест ин андеша азиятам медиҳад. Агар ҳам бинвисам, ба дидаи эътибори касе хоҳад расид? Ёдам рафта, ки бигӯям ба чӣ хотир ин ҳама таҳаммул ва волотар аз муҳоҷирони овораамон дигар чӣ мавзӯе арзиши андеша кардану гуфтанро дорад? Бешак, мавзӯъҳои зиёде ҳаст, вале ин масъалаи муҳоҷират ва муҳоҷирон дар ҷои аввал аст. Шумо ҳам матлабу гузоришҳои бешумореро дар ин маврид хондаву дидаед, аммо ба яқинам ин мавзӯъ ончунон ки ҳаст бароятон кашф нашудааст. Чун он эҳсосеро, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия доранд, пайдо накардаед. Ба ҳамин далел мегӯям ин матлабе нест, ки бо дар яку ду саҳфа навиштан ва як бору чанд боре гуфтан анҷом шавад ва тасаввури комилро сари мушкилоти ҳамватанони муҳоҷирамон ба Шумо бидиҳад. Бояд муҳоҷир шуд ва ин ҳамаро дар ҷисми худ эҳсос кард.
Ҳиқ- ҳиқи гиряи марди ҳузарби 50 солаеро, ки дар ватани хеш ҳаргиз аз тангдастиву камӣ гилоя накардааст, вале дар Русия ба далели вомондагиву эҳтиёҷмандӣ нолаи ҷонсӯз мекашад, кадом қалам қодир ба тасвираш аст? Кӯчарубиву ахлоткашии муҳоҷирдомоду наварӯсро дар субҳидам, баъд аз бадмастиву шабгардии ҷавонҳои майзадаи рус, кадом аксбардору наворбардор ончунон ки ҳаст манзур кардааст? Оҷизиву сарфигандагиву бесадоии муҳоҷири тоҷикро дар баробари ҳақорату таънаи корфармои рус чӣ гуна мумкин аст тасвир кард? Теғи нигоҳи русҳои тоҷикбадбинро чӣ?
Зиндагии ҷавонакҳои 18 - 20 солаи тоҷикро дар ҳуҷраҳои касифу бадбӯи шаҳрҳои Русия ба такрор шунидаед. Инро низ шунидаед, ки дар як ҳуҷраи 3х4 то 10 нафар тоҷик "ба роҳатӣ" истиқомат мекунад, аммо ин ҳама қиссаҳо бароятон мисли сароб набудаст? Дар асл ин ҳама ба дидаи басират гунаи дигар ҷилва медиҳад. Ба маротиб даҳшаттар аз он чӣ ки гуфтаанду шунидаед, навиштаанду хондаед. Ман ки камубеш 11 моҳро бо бародарони муҳоҷирам (ҳамаи муҳоҷирони тоҷик бародарони мананд!), дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар бурдам, он қадр аз ин қиссаҳо дар вуҷудам ҳис кардаму дидам, ки ин ҳама ҳарфро наметавонам бидуни эҳсос баён кунам. Ва ҳоло ки ба Ватан баргаштаам ҳайратам аз ин аст, ки чӣ гуна ҳамсолон ва бародарони бузургтар аз ман солҳоро дар Русия, бо он ҳама вазъияте, ки шоҳидаш будам, пушти сар мекунанд?
Баъд аз ин ҳама шоҳидбуданҳо ва пушти сар кардани айёми муҳоҷират ба фарқ аз мақомдорони Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯйи роҳҳои ҷадиди ба муҳоҷират фиристодани ҳамватанони ман ҳастанд, ҳоло ин масъала барои ман матраҳ аст, ки чӣ гуна метавонем муҳоҷиронро ба ватан баргардонем!? Хориву забунии муҳоҷири тоҷик ва ҳам шуморашон ба ҳадди ифрот расидааст. Гумонам инҳо, ки аз ин ҳама ранҷу меҳнати муҳоҷирон бехабаранд, танҳо чораи ворастагии худро аз суолҳои ин мавзӯъдар такрори тӯтивори ҷумлаи "муҳоҷирон ҳуқуқҳояшонро намедонанд" мебинанд.
Ман ба ҳамаи масъулоне, ки дар курсиҳои нарми раёсатҳову идораҳои марбут ба муҳоҷирон такяи ба роҳат задаанд ва ягона чораи аз вартаи хориву забунӣ ворастани муҳоҷиронро дар такрори он ҷумлаи фавқ медонанд, пешниҳод мекунам, ки ҳадди ақал барои як моҳ ҷомаи муҳоҷирро ба тан бипӯшанд ва бираванд дохили "бозори" муҳоҷир. Он вақт хоҳанд фаҳмид, ки аз донистан ва ё надонистани ҳуқуқ барои муҳоҷир чӣ нафъе?
Инро ҳам изофа кунам, ки метавонистам аз ҳаёти худам дар ин айём ва аз рӯзгори бархе муҳоҷирон саргузаштҳои дардноке бинависам, ки чӣ тавр дар Русия шахсияти тоҷик шикаста мешавад, чӣ тавр чеҳраи рус бо шунидани номи тоҷику Тоҷикистон тағйир меёбад. Гузашта аз ин метавонистам муносибати пулис, русҳои одиро бо тоҷик камобеш манзури хонанда гардонам. Вале боз ҳам фикр кардам, ки аз ин чӣ фоида? Дар беҳтарин сурат ҳамон ҷумларо мешунидам: "Шумо дуруст мегӯед, аммо муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқҳояшонро намедонанд".
Ёқуби Саид, рӯзноманигор, махсус барои "Миллат"