Боз навҳаи «бачамой…» Тоҷикон қурбони амали террористии фурудгоҳи Домодедово шуданд

Муҳоҷират 25.01.2011 23:35

 

Терроризм марз намешиносад

ИмрузInfijor 26 январ, ҷасади ду ҳамватани мо, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав бар асари таркише, ки рӯзи 24 январ рух дод, кушта шудаанд, оварда мешаванд.

 

Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 16 нафари дигар захмӣ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия исми 16 нафар шаҳрвандони кишвари моро дар радифи захмиёни таркиш овардааст.

Дар феҳристи кушта шудагони ин ҳамлаи хунин исми шаҳрвандони Тоҷикистон Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонови 47 сола ва ҳамчунин як тан сокини ноҳияи Ҷиргатол низ ҳаст. Рӯзи 24 январ, соати 16.32 ба вақти Маскав (18.30-и вақти Тоҷикистон) дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав таркише рух дод, ки 35 кушта бар ҷой гузошта ва 180 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти Русия ин инфиҷорро ҳамлаи террористӣ хондаанд. Ба дунболи ин ҳамла дар аксари фурӯдгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳри Маскав тадобири шадиди амниятӣ ба иҷро даромадааст.

Тибқи гузоришҳои расида таркиш дар бахши бағоҷ дар толори парвозҳои вурудии фурудгоҳи Домодедово, ки дар 40-километрии пойтахти Русия воқеъ аст, рух додааст. Фурудгоҳи Домодедово яке аз фурӯдгоҳҳои асосии байналмилалии Русия аст, ки шуморе аз парвозҳо ба Тоҷикистон аз ҳамин макон анҷом мешавад.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ бо судури баёнияе эълом кард, ки дар таркиши Маскав 12 шаҳрванди кишвар захм бардоштаанд ва вазъи сиҳатии панҷ нафар аз онҳо вазнин аст.

Ин вазоратхона ҳамчунин аз таъсиси як ситоди вижа дар сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.

Шоҳидон қисса кардаанд, ки марде тақрибан 30- 35 сола, ки чеҳрааш ба мардуми Қафқоз шабоҳат доштааст, соати 16. 32 дақиқа вориди толори истиқболи мусофирон дар фурудгоҳи Домодедово гашта таҳдид кардааст, ки «ҳамаатонро мекушам» ва дар ҳамин лаҳза таркиши сахте ба вуқӯъ пайвастааст. Дар навори видеоие, ки шабакаи Youtub дар чанд лаҳзаи пас аз таркиш нашр кард, садоҳое ба забони тоҷикӣ ба гӯш мерасид ва нафаре хитоб мекард, ки «Бахтиёрро асколка расидааст!..»

Ба макони ҳодиса беш аз 60 гурӯҳи кормандони соҳаи тиб фиристода шуда, захмиёни ин ҳодиса дар 12 бемористони калони шаҳри Маскав ҷой дода шудаанд.

Ба қавли масъулини мақомоти интизомии Русия таркиш эҳтимолан аз тарафи як ё се ҳамлавари маргталаб (ду мард ва як зан) дар толори истиқболи мусофирон замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки мардум мехостанд, бору колои хешро бигиранд. Неруи таркиш, ки ба 7 килограми тротил баробар дониста мешавад, ба андозае будааст, ки 31 тан дар макони ҳодиса ҷони хешро бохтаанд. Ин бузургтарин ҳамлаи маргталабӣ дар ҷаҳон мебошад, ки дар фурудгоҳ рух додааст. Дар миёни захмбардоштагон аз ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, Италия, Британия, Фаронса, Олмон, Туркия, Сербистон ва Украин низ ҳастанд.

Нашри рӯйхати тоҷикони захмӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо пахши баёнияе феҳристи 12 шаҳрванди захмишудаи кишвар дар таркиши фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро низ нашр кардааст:

1. Искандаров Саидбек, соли таваллудаш 1968, аз ноҳияи Ваҳдат, ҳолаташ миёнаи вазнин;

2. Ғафуров Бахтиёр Мухторович, соли таваллудаш 1968, ҳолаташ миёнаи вазнин;

3. Кенҷаев Саъдулло Ҳайдарович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин (дар шифохонаи №7, шаҳри Маскав бистарӣ аст).

4. Маҷидов Маъруф Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 15.07.1984, сокини Душанбе, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, ҳолаташ вазнин;

5. Умеди Оллобердӣ, соли таваллудаш 23.05.1987, аз ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, ҳолаташ миёнаи вазнин;

6. Одинаев Холмуҳаммад Масидинович, 20 сола, шаҳрванди ҶТ, ҳолаташ миёнаи вазнин;

7. Соҳибов Соҳиб Баҳриддинович, соли таваллудаш 05.04.1985, шаҳрванди ҶТ, ҳолаташ вазнин (онҳо дар шифохонаи №12, шаҳри Маскав бистарӣ шудааст).

8. Худоёров Мансур Холматович, соли таваллудаш 1982, ҳолаташ миёнаи вазнин (дар шифохонаи 115, шаҳри Маскав бистарист).

9. Ҳасанов Нурулло Холматович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин (дар пажӯҳишгоҳи ёрии фаврии ба номи  Скилофосовский бистарӣ мебошад).

10. Мӯминов Алишер Додоҷонович, соли таваллудаш 1977, аз н. Б. Ғафурови вилояти Суғд, ҳолаташ миёнаи вазнин (дар шифохонаи шаҳри Видное буд, ки акнун ӯро ба ФМБА ба номи Бурназян гузарониданд).

11. Бобоев Сафар Юлдошевич, соли таваллудаш 26.11.1983, ҳолаташ миёнаи вазнин (дар шифохонаи №83, шаҳри Маскав бистарист).

12. Силманов Салим Муносибшоевич, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин (дар пажуҳишгоҳи ба номи Бурденко, шаҳри Маскав бистарӣ аст).

Таасуф ва кӯмаки давлати тоҷикон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз вуқӯъи чунин як ҳодисаи нангин изҳори таассуф карда, ба  вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ супориш додааст, ки дар ҷараёни расонидани ёрӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Сомонаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон «аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати доимӣ қарор додааст.»

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки билофосила пас аз вуқӯъи таркиш дар фурӯдгоҳи Домодедово аз ҷумлаи кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав комисиюни вижае таъсис шуда ва ин комисиюн дар маҳалли ҳодиса кор мекунад.

Гуфта мешавад, рӯзи 24 январ бар асари ҷут ё тумани ғализ парвози ҳавопаймоҳо ба таъвиқ афтода ва баъзе парвозҳо ба Маскав ба ҳангоми зӯҳр анҷом шуда ва қабл аз вуқӯъи инфиҷори бомб ба фурӯдгоҳи Домодедово расидаанд. Шояд агар ин иттифоқ намеуфтод, шаҳрвандони Тоҷикистон ба даҳшати ин бало гирифтор намешуданд.

А. Достиев рухсатиро лағв кард

Dostiev_02Ҳамлаи маргбори дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рух дода ҷомеъаи ҷаҳониро ба ҷунбишу таҳрик овард. Шунидани ин хабар барои мо тоҷикон низ хеле сахту дардноку нороҳаткунанда буд. Албатта куштори одамони бегуноҳ ҳамеша аз ҷониби мардуми дину андешаҳои мухталиф дошта шадидан маҳкум мешавад. Ва хеле сангину даҳшатовар аст, агар боз чун бифаҳмӣ, ки дар миёни он куштагони бегунаҳ ҳамватанонат низ будаанд. Бойиси таассуф аст, ки ҳамватанони моро бе ин ҳамалоти террористӣ ҳам саркалҳои русӣ ва миллатгароёни Русия ба қатл мерасониданд ва бархе дигараш дар хоки ин кишвар бо ҳар балову баҳона мефавтанд ва инак дар ҳаводиси хунбори Домодедово ҳам балои марг бар сари тоҷики бечора рехт. Ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз аҳволи ҳамватанони хеш «Миллат» рӯзи 25 январ, соати 17. 45 дақиқаи вақти Душанбе бо Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷаноби Абдулмаҷид Достиев, ки бо сабаби ҳаводиси дар Домодедово рух дода рухсатии меҳнатии хешро қатъ карда, дирӯз аз Тоҷикистон ба Маскав рафтааст, телефонӣ сӯҳбат намуд. Тибқи иттилоъи Сафир вобаста ба воқеъоти даҳшатбори дар Маскав рух дода дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия, таҳти раҳбарии ӯ ситоди махсусе таъсис дода шудааст. Абдулмаҷид Достиев хабар дод, ки бар асари он ҳамлаи террористӣ ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва 14 тан маҷрӯҳ гардидаанд. Ҷасади 12 тан ҳалокшудагони ин ҳодиса то ҳол шинохта нашудаанд. Кормандони Сафорати Тоҷикистон, ки он ҷасадҳоро дидаанд, гуфтаанд, ки аз сабаби он ки афроди кушташуда сахт осеб дидаву сару рӯяшон бар асари таркиши маргбор сӯхтааст, шинохти онҳо душвор будааст. Ва чанд тан аз ин кушташудагон чеҳраи осиёӣ- шарқӣ доштаанд. Ҷаноби Сафир ҳамчунин хабар расонд, ки ҳукумати Русия барои ҳар як кушташудаи ҳамлаи террористӣ 2 миллион рубл, барои сахт захмишудаҳо 1, 5 миллион рубл ва барои маҷрӯҳони дигар 1 миллион рубл ҷудо намудааст. Хабарнигори мо дар ҳоле бо Абдулмаҷид Достиев сӯҳбат мекард, ки ҷаноби Сафир барои ҳолпурсии тоҷикони бар асари ҳамлаи террористӣ захм бардошта роҳии яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав буд.

Изтироби Медведев ва ҷомеаи ҷаҳонӣ

Дмитрий Медведев, президенти Русия, ки қарор буд 25 январ ба шаҳри Давоси Шветсария сафар бикунад, ҷиҳати ҳаводиси маълуми хунбор аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намудааст. Нахуствазири Русия Владимир Путин таҳқиқи ин ҳодисаро шахсан зери назорат дорад.

Пан Ги Мун, дабири кулли СММ, президенти Амрико Барак Обама, канслери Олмон Ангела Меркел ва сарони дигар кишварҳо ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Домодедовои Маскавро сахт маҳкум карда гуфтаанд, ки барои ҳамкорӣ бо Русия дар роҳи мубориза бо терроризм омодаанд.

Мақомоти амниятии Русия аз тарафи президенти ин кишвар Дмитрий Медведев дастур гирифтаанд, ки дар зудтарин фурсат гунаҳкорони ин ҳамларо пайдо кунанд.

Дмитрий Медведев, президенти Русия қавл дод, ки омилони таркиши маргбори фурудгоҳи байналмилалии Домодедово ошкор ва сахт муҷозот мешаванд. Дмитрий Медведев дар пайи ин ҳодиса нишасте изтирорӣ бо мақомоти аршади Русия дошт ва дастур дод то иқдомоти амниятии бештаре дар саросари Маскав анҷом шавад.

Хабарнигори умури амниятии Би-би-сӣ гуфтааст, ба эҳтимоли қавӣ пайкорҷӯёни минтақаи Қафқоз ба унвони гумонбаршудагони аввалияи ин инфиҷор муаррифӣ хоҳанд шуд. Тибқи гузоришҳо дар Маскав неруҳои интизомӣ дар саросари ин шаҳр ба ҳолати омодабош даромаданд ва ҳар ҳолати шубҳабарангезеро дар шабакаи ҳамлу нақли Маскав бозрасӣ мекунанд.Ба дунболи ин таркиш пулис тадобири амниятӣ дар тамоми фурудгоҳҳои пойтахт ва марокизи ҳассосро пурзӯр кардааст.

Дар моҳи марти соли гузашта, ду таркиши интиҳорӣ дар метрои Маскав чиҳил кушта ва бештар аз ҳаштод захмӣ бар ҷой гузошт. Ин таркишҳо тавассути бомбгузори интиҳорӣ аз Доғистон анҷом шуда буд.

Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Ирон ва Созмони милали муттаҳид ин ҳамларо маҳкум кардаанд.

Вазифаи №1 – и давлат: эҷоди ҷоий кор

Худо кунад, ки дар миёни афроди куштаву ношинохта тоҷике дигар набошад ва навҳаи «бачамой…»-и модаре ба гӯш нарасад.

Dostiev_01Аммо давлати Тоҷикистон дар баробари он ки аз ҳоли мусофирони осебдида бохабарӣ мекунад, дар мавриди ҷилавгирӣ аз сарозер шудани мардони кори кишвар, ки овораву бечораву кушта дар мулки ғарибӣ мешаванд, низ биандешад.

Илоҷи ин кор танҳо ва танҳо эҷоди ҳарчи зудтар ва бештари ҷойи кор барои ин оворагони ватан аст. Худо арвоҳи шаҳидони ватанро биомурзад ва бозмондагони онро ҳифз кунад.

«Миллат»

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97