Аз тақвияти мӯ то дармони камхунӣ ва ё роҷеъ ба хусусиятҳои дармонии газна (сӯзанкаҳ)

Газна гиёҳе алафӣ бо зоҳире хашин ва хоси фаровон аст, ки қади он то иртифоъи (баландӣ) 1 метр мерасад. Газна гиёҳе худрӯ мебошад, ки маъмулан дар ҷойҳои мартуб (намнок, рутубатнок), боғҳо ва харобаҳо мерӯяд.

Ин гиёҳ аз бемории простата пешгирӣ мекунад ва боъиси тасфияи (поккунӣ) хун мешавад.

Дар замонҳои қадим аз газна барои тақвият ва рушди мӯ ва ҷилавгирӣ аз резиши мӯ истифода мекарданд. Ҳатто мумкин аст боъиси руйиши муҷаддади (аз нав) мӯҳо шавад. Дар зимн ба дурахшандагии мӯҳо низ кӯмак мекунад. Ҳатто шӯраи сарро низ бартараф мекунад.

Аз ин гиёҳ барои беҳбуди бемории табларза ва бемориҳо ва нохушиҳое, ки дар фасли сармо ба вуҷуд меояд, истифода мекарданд.

Газна боъиси тақвияти дастгоҳи ҳозима мешавад. Идрор ро зиёд мекунад ва барои дармони бемории қанд бисёр муфид аст.

Газна тарашшуҳи (чакидан) шир дар занони бордорро зиёд мекунад. Боъиси бартараф шудани бемориҳои пӯстӣ, дармони камхунӣ ва чашмакҳои хунрези сурх мешавад.

Ин гиёҳ боъиси бартараф шудани идрори хунӣ шуда, ахлоти хунӣ ва ахлоти сина, меъда ва рия (шуш) ро пок мекунад.

Дар тақвияти нерӯи ҷинсӣ бисёр муассир аст ва боъиси рафъи гирифтагиҳои кабидӣ (ҷигар) мешавад. Ҳамчунин дар рафъи санг ва рафъи уффунат низ истифода мешавад.

Ҳатто аз тухми газна бо асал метавон барои боз кардани одати моҳиёна, ва дармони захмҳои саратонӣ истифода кард.

Ин гиёҳ кирми меъда ва рӯдаҳоро мекӯшад, бавосирро дармон мекунад ва барои бартараф кардани ревмантизм метавон баргҳои тозаи онро рӯи пуст молид.

Аммо истифода беш аз ҳадди газна барои кулияҳо ва рӯдаҳо музирр (зарарнок) аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97