Қалби мардро тариқи меъдааш ба даст биовар

Маълум аст, ки аксарияти мардон занони кадбонуро меписанданд, зеро раҳ ёфтан ба қалби мардон тавассути маъдаашон сурат мегирад. Аммо барои тасхири қалби шаҳзодаи худ бо чӣ навъ ғизо ӯро метавон зиёфат дод?

Барои ин танҳо кашфи рӯзи таваллуди шахси дӯстдоштаатон кифоят аст. Шумо метавонед, ӯро бо таомҳои дӯстдорами афроди таҳти бурҷи ӯ таваллуд шуда зиёфат бидиҳед ва ба қалби ӯ раҳ биёбед.

Агар Шумо мехоҳед, ки Ҳамалро бо ғизоҳои парҳезӣ ва бидуни гӯшт (вегетарианӣ) ва Саратонро бо ғизоҳои гуштӣ зиёфат кунед, ба иштибоҳ роҳ хоҳед дод ва барои умрбод раҳи дили ӯ бароятон баста хоҳад буд. Ҳарчанд Ҳамал бо иштиҳо хӯриши сабзавотро нӯши ҷон мекунад, аммо барои Шумо ба ҳадаф расидан дастнорас хоҳад буд, зеро табиати Ҳамалҳо ғизои гӯштӣ талаб мекунад. Шояд барои Саратон ҳам лӯлакабоби гӯштӣ хушоянд аст, аммо муҳаббати онҳо ба Шумо танҳо барои омода кардани шириниҳои шоколадӣ, коктейли ширӣ, таомҳои панирӣ ва сабзавот зиёд мегардад.

Ҳамалҳоро бо гӯшт ва соуси тунд, бидуни сарфаҷӯӣ ҳангоми истифода аз хӯшбӯйиҳо (спец) зиёфат бидиҳед. Бароояш ғизоҳои миллии гӯштӣ омода кунед, зеро Ҳамалҳо дар мавриди тановули ғизо хеле суннатгаро ҳастанд ва ба хусус ғизоҳои миллиро дӯст медоранд. Барои он ки Ҳамали дӯстдоштаи Шумо танҳо аз таоми сахт сахт тановул накунад, метавонед қадаҳе коняк ва ё арақ пешаш бигузоред. Агар Шумо барои Ҳамали худ дастархони лолагин ё сурхро густурда созед, раҳ ёфтани Шумо ба қалби ӯ осон хоҳад шуд.

Саври дӯстдоштаниатонро бояд бо шириниҳо, торту пирог, ғизоҳои картошкагӣ, десерт бо банан ва қулфинай, май ва лакери хуштаъму ширин зиёфат бидиҳед. Беҳтар аст сарфаҷӯӣ накунед, Саврҳо тановули ғизоро хеле дӯст медоранд, Саврҳо ҳунар ва заҳмати кадбонуро хеле қадр мекунанд. Қиссаи ҳунари пазандагиатонро ва дар ин бора, ки Шумо барои омода кардани ҳама навъи ғизо моҳир ҳастед, ҳамчунин худатон метавонед тарзи тайёр кардани навъҳои гуногуни таомҳоро фикр ва тавсия кунед, барояш ҳамеша бозгӯ кунед.

Агар шахси дӯстдоштаи Шумо зери бурҷи Ҷавзо зода шудааст, Шуморо барои таҳияи газакҳои сода, ҳар гуна хурришҳо, барои қобил буданатон дар густурдани дастархон, барои пухтаги таом аз маҳсулоте, ки дар яхдонатон ҳаст дӯст хоҳад дошт.

Саратонро бо таомҳои ширӣ, ҳар навъ десертҳои аз шир омодашуда, яхмос, коктейли ширӣ, таомҳои панирӣ, ғизоҳои табиӣ ва аслӣ; сабзавот ва мева зиёфат бидиҳед. Саратон меъдаи басо нозук дорад, аз ин рӯ беҳтар аст, дар таҳияи ғизо аз маводи табиӣ истифода кард ва аз истифодаи маводи сунъӣ худдорӣ варзид.

Барои раҳ ёфтан ба қалби Асадҳо бояд аз таомҳои шоҳона кор гирифт, масалан, икраи сурх ва сиёҳ, майи аз ҳама беҳтарин, ҳар гуна ғизои болаззат ва хуштаъм. Асад Шуморо ба хотири навҷӯиҳо ва ихтироъкорӣ дар ҳунари ошпазӣ дӯст хоҳад дошт. Шумо бо омода кардани таомҳои миллӣ наметавонед қалби Асадро тасхир созед.

Ҳар як Сумбула дар ниҳодаш ҷонибдори тановули ғизо ба хотири тарзи солими зиндагист ва мардони таҳти бурҷи Сумбула таваллудшуда, талошҳои Шуморо ҷиҳати омода кардани ғизои фоидаовар қадр хоҳанд кард. Ҳамчунин Сумбулаҳо таомҳои сабзавотӣ, мевагӣ, моҳигӣ ва панириро хуш доранд. Таомҳои аз ҳад зиёд равғанин, тунд, консервшуда ва ғизоҳои хамирӣ ба таъби Сумбулаҳо хушоянд нест.

Мизон – рамзи нафосат ва зарифист, аз ин рӯ барои ба мард – Мизон писанд омадан, ғизоҳои хуштаъму болаззат омода кардан зарур аст, дар вақти омода кардани таом на танҳо барои хушлаззат пухтани он, балки ба намуди зоҳирии таом низ бояд диққат дод. Мизонҳо нафъи ҳунари ошпазиро медонанд, онҳо ба серӣ хурдани таомҳои хуштаъмро дӯст медоранд, аз ин рӯ барои омода кардани ғизо барои шахси дӯстдоштаатон, ки таҳти бурҷи Мизон таваллуд шудааст, аз хушбӯйиҳои фаровон истифода баред. Басо муҳим аст, ки ҳангоми густурдани миз аз дастархон ва табақу косаҳои зебои қадимӣ истифода кунед.

Агар Шумо мард – Ақрабро дӯст доштаед, роҳи осони ба даст овардани қалби ӯ ин омода кардани на таоми фоидаовар, балки таоми болаззат аст. Ақраб ҳама гуна таоми ширадор ва равғанинро дӯст медорад. Барояш гӯштбирён аз гӯшти барра ва қиммаҳои гӯштӣ дуруст кунед ва баъди он кулчақандҳои кремдор пешкаш кунед.

Роҳи расидан ба қалби Қавсҳо метавонад кутоҳ бошад, агар Қавсро бо ғизоҳое зиёфат бидиҳед, ки таъми лиму ва ё ҳар гуна туршӣ дошта бошад. Барояш чой ва қаҳва бо изофаи лиму таҳия кунед, печениҳои лимугӣ, пирог бо лиму, шилхашӯрбо (щи) бо истифода аз шилха (шавел) ба табъи Қавсҳо зиёд мефорад. Дар хурриши омодакардаатон аз шарбати лиму зиёд истифода баред.

Ба мардони таҳти бурҷи Ҷадӣ таваллудшуда, қариб ҳама чиз писан даст. Зеро онҳо дар тановули таом якравӣ намекунанд. Онҳо қариб ҳама таомҳои миллиро дӯст медоранд, он чик и модар дар баччагӣ барояш тайёр мекард. Бештар таоми аз карам тайёршуда, картошкаи бирёншуда, тушбера ба онҳо писан даст. Вале агар Шумо тавонед, ки таоме дуруст тайёр кунед, ки ба онҳо модарашон омода мекард, ӯ Шуморо бештар эҳтиром мекунад.

Агар дӯстдоштаи Шумо зери бурҷи Далв таваллуд шуда бошад, Шуморо лозим аст, бештар ба таоми ӯ аҳамият бидиҳед. Зеро онҳо дар интихоби таом хеле нозук ҳастанд. Кӯшиш кунед, то ба онҳо таоме тайёр кунед, ки то ҳол нахӯрда бошад. Газак ва хурришҳои ҳархела, кулчақандҳои аҷоиб, меваҷоту сабзавоти гуногун барояш хеле писанд аст. Коктейли хуб (нӯшокии ширини омехта бо машрубот ё шир) аз шарбати меваҷот ва сабзавот барояш таҳия кунед.

Марди дӯстдоштаатон Ҳутро метавонед бо таомҳои баҳрӣ, маҳсулоти ширӣ, ҳар гуна пюре (сабзавот ва меваҳои пухта соида шуда) зиёфат диҳед. Ва зарур аст, ки ҳамаи инро ӯ ҳамроҳи Шумо ва зери навои суҳбати гарми Шумо тановул кунад. Ӯ бояд эҳсос кунад, ки Шумо ӯро хуб дарк мекунед.

Таҳияи Сайёра Наҷмиддинова

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97