Давоми чор рӯз, аз 12-ум то 15-уми август, урдугоҳи (лагер) “Шоҳин” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мизбони урдугоҳи тобистонаи ҷавонони 17-18-сола аз саросари Тоҷикистон гардид. Урдугоҳи мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Шараф ва ҳуқуқ”-и USAID, ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) иҷро мешавад, ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Урдугоҳи тобистона, ки ба Рӯзи байнулмилалии ҷавонон мусодиф ба 12-уми август бахшида шуда, бо ҳадафи огоҳсозии ҷавонони тоҷик аз ҳуқуқи инсон, тиҷорати одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, меҳнати кӯдакон ва таълими зарурат ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи қурбониён амалӣ шудааст.
Омӯзиш дар канори тафреҳ ба ширкаткунандагони ин ҳамоиш имкон фароҳам овард, то биомӯзанд, миёни ҳам робитаи дӯстӣ барқарор намоянд ва маҳорати раҳбарии худро тақвият бидиҳанд.
Ҷавонон саҳм ва нақши худро дар ҷомеа дар ҳалли мушкилоти марбут ба тиҷорати одамон, боло бурдани сатҳи огаҳӣ доир ба муҳоҷирати амн ва ҳимоят ва ёрӣ ба қурбониён баррасӣ карданд. Ин барнома барои бурузи лаёқати ҷавонон дар самти андешаронии интиқодӣ ва суханронӣ дар миёни ҷомеа муассир воқеъ шуд.
Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ Дар Тоҷикистон мегӯяд: “Ин урдугоҳ ба ҷавонон имкон фароҳам овард, то фаҳмиши худро доир ба тиҷорати инсон боло бурда, дар маҷмӯъ, дар бораи масоили ҷаҳонии муҳоҷират тасаввуроти худро комил намоянд. Ин ибтикор ба мисли тамрин буд – ҷавонон дар баробари такмили тақвияти андешаронии интиқодӣ ва суҳбатронӣ дар миёни ҷомеа, дониши лозим барои зиндагии рӯзмарраро омӯхта, ба зиндагӣ омода мегарданд.”
Ҷавононе, ки дар ин урдугоҳ дониш андӯхтанд, қавл доданд, ки он донишҳоро ба ҳамсолони худ низ меомӯзонанд.
Муқовимат ба тиҷорати инсон яке аз вазифаҳои умдатарини СБМ мебошад. Тақрибан ду даҳа боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи чаҳорчӯбаи қонунӣ ва тақвияти иқтидор ҷиҳати муқовимат ба тиҷорати инсон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат менамояд.
Лоиҳаи “Шараф ва ҳуқуқ” яке аз чандин лоиҳаҳоест, ки тавассути USAID аз ҷониби мардуми Амрико амалӣ мегардад. Дар 27 соли гузашта, Ҳукумати ИМА ба маблағи бештар аз 1.8 миллиард доллар лоиҳаҳои гуногунро дар Тоҷикистон дар бахшҳои амният, ниҳодҳои демократисозӣ, соҳаи иҷтимоӣ, ва рушди иқтисод дастгирӣ кардааст.