Нахустин дабистон барои тарроҳони ҷавони муд дар Душанбе таъсис ёфт

Барои нахустин бор дар кишвар Дабистони тарроҳони навҷавон бо номи Art Craft «Young designer» (Ҳунарҳои дастии “тарроҳони ҷавон”) барои пазириши наврасон дари худро боз кард.

Ин дабистон бо дарси аввал аз устоди ҳунари арӯсакҳои (лухтак) муаллифӣ Азза Қаноат дар боз кард. Азза Қаноат зимни  ин рӯнамоӣ аз ин даргоҳ гуфт, ки омӯзиши ҳунар маҳз дар синни наврасӣ ва навҷавонӣ бисёр муфид аст ва имрӯз муҳимтарин гом бардошта шудааст ва умед аст, ки маҳз дастони гулкор ва моҳири насли нав ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизро бунёд хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ин устоди моҳири арӯсакҳо, тарбияти насли нав муҳимтарин дастовард аст, ки як миллат барои ояндаи худ ва кишвар анҷом медиҳад.

Меҳрафрӯз Раҳимова, ташаббускори бунёди ин даргоҳи ҳунар мегӯяд, ки дар дунёи муосири пурмоҷаро бо гузоштани санги асос ба як даргаҳи умед, мехоҳанд насле халлоқ ва боҳунарро тарбият намоянд.

Фарангис Раҳимова, тарроҳи мӯд ва яке дигар аз бунёнгузорони ин даргоҳи ҳунаромӯзӣ мегӯяд, дар даврони навҷавонии ӯ, ҳамчунин марказҳои омӯзишӣ мавҷуд набуд ва худи ӯ бо таҷрибаи ками ибтидоӣ шомили донишгоҳ шуд. Ӯ мегӯяд, ҳамчунин мактабҳои омӯзишӣ тақозои замон аст ва барои расидан ба рушди устувор инсоният ба омӯзиши бештар ниёз дорад.

Фарангис мегӯяд, ин андешаи ӯ танҳо нест ва чанд нафар аз наздикон ва ҳампешагонаш ин иқдомро ҷонибдорӣ мекунанд ва изҳори омодагӣ кардаанд, то дар ин амри хайр ӯро ҳамраҳӣ намоянд.

 

Дарси нахусти озодро дар ин маҳфили рӯнамоӣ Азза Қаноат оғоз кард ва гуфт: Фарҳанг ва ҳунар аслиҳаи муҳимми миллатҳо дар дунёи имрӯзи ҷаҳонишавист. Аз ин рӯ, мо бояд ҳунари ҷаҳонӣ биофарем то пойдор бимонем. Арӯсак ҳам ҷузъи аслиҳаи ҷаҳонист, ки бо он рӯҳу равони кӯдак рушд меёбад ва агар мо битавонем, арӯсакҳои муосир ва мансуб ба қаламрави фарҳангии хешро биофарем, пирӯзи ин майдон хоҳем буд, дар акси ҳол бозандаи ин майдон.

Азза Қаноат ба иштирокчиёни ин дарси озод асоси тарроҳии як арӯсаки маъмулиро ёд дод. Кӯдакон ва наврасон бо алоқамандии хос аз ин дарси устоди чирадаст баҳраёб шуданд.

Ҳамчунин ҳозиринро омӯзгорони боистеъдоди ин даргоҳ, аз ҷумла Инҷило Шарифӣ, Назифа Ҷонбекова ва дигар омӯзгорон, ба раванди омӯзиши наққошӣ, рассомӣ, шатранҷ ва тарроҳии либос ошно намуданд.

Дарси нахуст дар ин даргоҳи тозабунёд ба таври хастагинопазир анҷом ёфт ва ба назар мерасид, ки ҳам кӯдакону навҷавонон ва ҳам бузургсолон, ки кӯдакону наврасонро ҳамраҳӣ мекарданд, бо хушҳолӣ ва бо баҳрабардорӣ аз толор берун мешуданд.

Зимнан, ба Дабистони тарроҳони навҷавон бо номи Art Craft «Young designer» барои давраи омӯзиши тарроҳони ҷавон аз синни 7 то 16 сола донишомӯз пазируфта мешавад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97