Ба хотири афроде, ки барои пешрафти соҳаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд хизматҳои шоиста намудаанд, унвони "Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд" таъсис ва акси онҳо дар лавҳае дар кӯчаи марказии шаҳр насб шудааст.
Миёни шаҳрвандони ифтихорӣ арбобони илму сиёсат ва фарҳангу адаб амсоли сиёсатмадор Биҳоҷал Раҳимова, ҳунарпеша Сайрам Исоева, муаррих Усмонҷон Ғаффоров ва ғайраҳо ҳастанд.
Аммо акси ин бузургворон "зи борону аз тобиши офтоб" хароб гардидааст. То ҷое, ки аксҳо хира ва рангҳо ба ҳам омехта шудаанд. Бо дидани ин вазъият андешае пайдо мешавад, ки оё бо ин шаҳрвандон фахр намоем ё аз вазъи лавҳа шарм дорем? Дар он лавҳа дар маҷмуъ акси 27 арбоб насб шудааст.
Боиси зикр аст, ки сохтмон ва аз навсозии лавҳаи "Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд" соли 2015 бо ташаббуси Раҷҷабой Аҳмадзода, раиси пешини шаҳри Хуҷанд, ки ҳамакнун раиси вилояти Суғд таъйин шудааст, насб гардида буд. Бо пешниҳоди Аҳмадзода мавзеи мазкур ва лавҳаи "Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд" бо тарзу усули нав азнавсозӣ гардид. Сомонаи мақомоти расмии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки барои таъмиру азнавсозӣ 285 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои бузурги сайёҳӣ ба шумор рафта, ҳамасола ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз нуқтаҳои таърихиву фарҳангӣ ва тамошобоби Хуҷанд дидан мекунанд. Лавҳаи шаҳрвандони фахрӣ дар маркази шаҳр ҷойгир аст ва бе шубҳа мавриди таваҷҷуҳи ҳар бинанда қарор дорад. Аз ин ҷост, ки мушоҳидаи ин аҳвол боиси таассуф аст.
Муаллифон: Шамшод Мирзоев, Бобоҷон Олимов, Ҳасан Ҳомидов
аз шаҳри Хуҷанд
Махсус барои маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"