Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Видеои 4 хонандаи мактаби № 8: Кӣ гунаҳкор?!

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе эълом кард, ки чаҳор тан аз духтарони мактабхоне, ки дар як навори видеоӣ алфози қабеҳ зада, бархе аз аъзои бадани худро намоиш додаанд, хонандагони мактаби рақами 8-и пойтахт мебошанд.

Соҳибназар Сафаров, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо "Миллат" гуфт, ин навор як моҳ қабл дар телефонҳои мобилии ҷавонон пайдо шуда, баъдтар дар шабакаҳои YouTube ва Facebook пахш шудаанд. Ба гуфтаи ин масъул, ҳоло ин донишомӯзон аз мактаби рақами 8-и Душанбе хориҷ карда шудаанд.

9 декабр дар торнамоҳои YouTube ва Facebook ду навори ба ҳам монанди чаҳор духтари мактабхон пайдо шуд, ки онҳо бо якдигар алфози қабеҳ гуфта, якдигарро мебӯсанд, сигор мекашанд ва қисме аз тани худро намоиш медиҳанд. Онҳо гоҳе бо забони тоҷикӣ ва гоҳе ҳам ба русӣ суҳбат мекунанд. Ин наворҳо, зоҳиран, бо телефони ҳамроҳ ё мобил бардошта шудааст.

Дар яке аз ин наворҳо гуфта шудааст, ки ин духтарон хонандагони синфи ҳаштуми мактаби рақами 70-и шаҳри Душанбеанд. Аммо дар навори дигар таъкид шудааст, ки инҳо хонандагони мактаби рақами 21-и ин шаҳр мебошанд. Ба ин навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёде сурат гирифт. Қаблан ҳам як навори видеоӣ дар шабакаи Интернет пахш шуда буд, ки муштзании ду ҷавондухтари тоҷикро намоиш медод, ки он низ баҳсҳои зиёдеро дар дунёи маҷозӣ ба бор овард.

Модарони чаҳор духтаре, ки наворашон боиси баҳсҳои зиёд шудааст, ин қазияро дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" шарҳ додаанд.

Модари яке аз чаҳор толибаи мактаби рақами ҳашти шаҳри Душанбе амалкарди духтараш ва ҳамроҳони ӯро як "беақлии кӯдакона" номидааст. Бо вуҷуди ин, гуфтааст ӯ, рафтори духтараш вайро бетараф нагузошт ва ҳоло ҳамчун ҷазо духтарашро ба "ҳабси хонагӣ" гирифтааст. Ин сокини шаҳри Душанбе, ки соҳиби 5 фарзанд аст, мегӯяд, оилаи ӯ як хонаводаи обод мебошад ва фарзандонаш дар муҳит ва руҳияи солим ба воя расидаанд. Ба қавли ин зан, ӯ се фарзанди бузургашро соҳибмаълумот кардаасту феълан ду духтараш соҳиби оилаҳои худ мебошанд. Аммо ӯ бисёр хост, аз ӯву духтараш ном бурда нашавад, то ба ин тартиб дар миёни ҷомеа ангуштнамо нагарданд. Ба нақли ин модар, навори видеоро ҳафт моҳ пеш яке аз ҳамроҳони духтараш сабт кардаву ҳамин тавр барқасдона онро дар Интернет паҳн намудааст. Ӯ мегӯяд, "инҳо хурд ҳастанд. Духтари аз инҳо як сол калонтар ин ҳамаро ба навор гирифта, дар интернет гузоштааст. Беақлии кӯдакона..."

Мусоҳиби мо мегӯяд, аз ин вазъияте, ки пеш омадааст, азияти равонӣ мекашад ва намедонад, чӣ гуна аз қазия берун ояд. Ба қавли ӯ, дар тарбияи фарзанд хеле ҷиддӣ муносибат менамуд, ҳар як қадами фарзандашро назорат карда, намегузошт, то ӯ вақти худро беҳуда гузаронад. Ӯ гуфтааст, духтараш ба ғайр аз таҳсил дар мактаб ба дарсҳои иловагии забономӯзӣ мерафт, ҳатто намозхон буд ва танҳо филмҳои тасвирӣ тамошо мекарду ба дидани барномаҳои дигари телевизионӣ ва филмҳо он қадар таваҷҷуҳ надошт.

Ҳоло ин модар намедонад, дар тарбияи фарзанд ӯву шавҳараш, дар куҷо ба хатогӣ  роҳ додаанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, духтараш дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва барои таҳсили ӯ дар макотиби олӣ нақшаҳои ҷиддӣ дошт, аз ҷумла ният доштаанд, пас аз хатми мактаб духтараш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. "Агар як духтари суст мехонадагӣ мебуд, аз мактаб мегирифтаму барояш ягон ҳунар ёд медодам. Ин ҳамаҷиҳата пешқадам буд, бо баҳои аъло мехонд. Акнун намедонам чӣ кор кунам".

Ин модар ҳамчунин мегӯяд, ҳамсараш то ҳол аз ин қазия огаҳӣ надорад. Ва худи ӯ баъд аз ин воқеа маҷбур шуд, корро партофта, хонашин шавад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12-уми декабр ба дафтари радиои "Озодӣ" модарони 3 духтари дигаре, ки дар навори видеоӣ дида мешаванд, омада ва гуфтаанд, ҳоло онҳо аз тақдири минбаъдаи духтаронашон дар ташвишанд. Чунки баъд аз паҳн шудани ин навор дар Интернет ин духтарон дар як ҳолати бади равонӣ қарор дошта, аҳли хонаводаҳо метарсанд, то духтарон ба ҷони худ қасд накунанд.

Ба гуфтаи модарони се духтари дигар ҳам, то ин дам ягон рафтору кирдори бадахлоқонаи духтаронашонро мушоҳида накарда буданд. Онҳо низ гуфтаанд, ки духтаронашон дар мактаб хуб мехонанд ва ин навори паҳнгашта барояшон ғайричашмдошт будааст.

Аммо Cоҳибназар Сафаров, муовини мудири Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, "агар хонандае, ки дар зинаи сеюми таҳсилот мехонад, вале рафтору кирдораш хилофи ҳама гуна қоидаҳои талабагӣ бошад, бо қарори шӯрои омӯзгорон метавонанд, аз мактаб хориҷ кунанд. Хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намешавад, чунки Тоҷикистон маълумоти асосиро ҳатмӣ медонад, то синфи нуҳ. Бо он хел рафтор, дар онҷо чӣ қадар намояндагони миллати мо мехонанд, мо арзишҳои худамонро дорем, ба хотири 2-3 нафар ҳамаи ҳамин арзишҳоро аз даст диҳем? Мактабро вайрон кунем, ҷомеаро вайрон кунем, ин миллатро чӣ кор кунем?"

Ин дар ҳолест, ки модарони ин духтарон дар ин воқеа мактабро бештар гунаҳкор меҳисобанд. Зеро ба гуфтаи онҳо дар мактаб назорат суст ба роҳ монда шудааст ва на ҳамаи дарсҳо дар вақташ гузаронида мешавад.

Тӯли як ҳафта мешавад, ки мактаби рақами ҳаштро роҳбари нав идора мекунад ва директори пешин аз вазифааш барканор шудааст. Вале Соҳибназар Сафаров мегӯяд, ки директории қаблӣ бинобар нагузаштан аз аттестатсияи Вазорати маорифи Тоҷикистон аз кор озод шудааст."

Аммо муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ин қазия ҳамаро; ҷомеъа, кормандони воситаҳои ахбори омма, мактаб, омӯзгор, падарону модаронро гунаҳкор дониста, даъват кард то ҳама якҷоя шуда, масъаларо баҳои яктарафа надиҳем.

Аҷаб. Вале дар иттифоқ уфтодани ҳамчунин ҳодисаи гӯшношунид кӣ гунаҳкор аст; системаи маориф, волидон, ҷомеъа ё…?! Шумо чӣ мегӯед?!

«Миллат»

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97