Маршировка 2: "Духтарҳо хестем, бачаҳо шиштем. Ии….ии…и..ӣ… раз …"

Marshirovka_025Дар ин рӯзҳои сарди барфу боронӣ ва гоҳе ҳам офтобии зимистон "маршировка"-и Наврӯзӣ идома дорад. Тавре хонандаи "Миллат" огаҳ аст, дар ду ҳафтаи қабл нашрия ба ин мавзӯъ руҷӯъ карда буд, аммо он ҳангом ҳарчанд, ки тибқи тасмими муштараки вазорати маориф ва кумитаи тадорукот, мебоист "маршировка" роҳандозӣ мешуд, масъулон мегуфтанд, ки ба далели сардии ҳаво "маршировка" як - ду рӯз ба таъхир уфтодааст.

Рақс таҳти оҳанги мерос аз шуравӣ дар толори сард

Ҳоло тамринҳои Наврӯзӣ сарфи назар аз вазъияти ҳаво дар авҷ аст.

Дар рӯзи 27 феврал, ки аз осмони Душанбе борони реза мерехт, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори сарди варзишии "Манеж" тамрин мекарданд. Яке бо пошнаи баланд, дигаре бо "палто", саввумӣ бо домани кӯтоҳ зери навои як оҳанге аз даврони шӯравӣ меросмонда, рақскунон гарду чанги фарши толорро ба ҳаво мехезонданд…

- Ҳудуди 1240 нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ ба чорабиниҳои Наврӯзӣ сафарбар шудааст,- мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи муовини ректори ин донишгоҳ Хуршед Холов.

Ба гуфтаи ҷаноби Холов, 620 нафар дар басти субҳ ва 620 нафар дар басти нисфирӯзӣ тамрин мекунанд. Дар рӯзҳои бебориш дар берун ва дар рӯзҳои борону барфӣ тамринҳо дар дохили толор анҷом мешаванд. Холов меафзояд, ки толор танг аст, имконият нест ҳамаи бачаҳо ба якборагӣ ба тамрин машғул шаванд, аз ин хотир гоҳҳо тамринҳо аз соати муқарраршуда каме тӯлонитар идома мекунад. Аммо ӯ мегӯяд, сарфи назар аз ин ҳама мушкилиҳо "маршировка" идома хоҳад кард. "Ин масъалае ҳаст, ки навобаста аз хоҳишамон, бояд пурра корҳои тарғиботиву ташвиқотиро миёни донишҷӯҳо ба роҳ бимонем, ки онҳо озодона бо ҳисси баланди миллӣ, худашонро ҳамчун шаҳрванди асили миллат ҳис карда, биёянду иштирок кунанд", - меафзояд Хуршед Холов.

Рақси "рӯйи ях" ва донишҷӯҳои "патриот"

Marshirovka_023Вале дар суҳбати бидуни сабт чанд нафар аз донишҷӯҳои ба "маршировка" сафарбаршуда изҳор доштанд, ки эшонро ба ин маърака даъват карданд, аммо на ихтиёрӣ. Ба қавли як донишҷӯ, ки исрор мекард, аз ӯ ном бурда нашавад, агар ин "маршировка" ихтиёрӣ мешуд, кадом донишҷӯ ҳозир аст, ки дар ин ҳавои сард раққосӣ кунад?! Ӯ мегӯяд: "Моро аз садорати факулта гуфтанд, ки ба маршировка меравед, агар наравед, аз донишгоҳ хориҷ мешавед. Омадем, чи кор кунем дигар?"

Дар баробари ғайриихтиёрӣ роҳандозӣ кардани "маршировка" кумитаи тадорукот ва вазорати маориф "аҳдшикании" дигаре низ кардаанд. Дар оғози тасмимгириҳо гуфта мешуд, ки ба ширкатдорони "маршировка" имтиёз, роҳкиро, ғизо ва як миқдор маблағ дода мешавад. Ҳамчунин гуфта буданд, ки "маршировка"-ҳо дар соатҳои ғайри дарсӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Аммо то имрӯз, бо гузашти 15 рӯз аз оғози Marshirovka_024"маршировка" ширкатдорон танҳо билети ройгони автобусу тролейбусро дарёфтаанд. Тавре як донишҷӯи соли дуввуми факултаи физикаи донишгоҳи мазкур (ки ӯ ҳам намехост номаш зикр шавад) изҳор дошт: "Ҳоло танҳо "проездной билет" доданд халос, ки шахсан ман на ҳамеша аз он истифода мебарам ва ҳам на ҳамеша автобусу тролейбус пайдо мешавад. Ман дар бораи пул ё дар бораи ғизо додан ягон ҳарф нашунидаам. Гузашта аз ин, ҳамарӯза моро дар соати 12 аз дарс мегиранд, ба "маршировка" меоранд, дар ҳоле ки ҳанӯз 1 ё 2 дарсамонро нахондаем".

Аммо масъулони тадорукот мисли гузашта сари ҳарфи худ истодаанд, ки "маршировка" баъд аз соати дарсӣ баргузор мегардад ва ба раванди таҳсил халал намерасонад. Қурбон Холов, устоди рақси ансамбли давлатии Лола, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллиро тамрин медиҳад, мегӯяд, ӯ кушиш мекунад, то тамринҳо ба раванди таҳсил халал нарасонад.

Аз донишҷӯён "хати рост" месозанд ё "ин ҷо масъалаи метавонам наметавонам нест"

Marshirovka_022Дар суҳбате, ки дар толори варзишии "Манеж" бо Қурбон Холов доштем, аз ӯ пурсидам, ки оё мешавад ягон нафар донишҷӯ аз уҳдаи иҷрои ҳаракатҳо набарояд ва ё шарм дорад ва ба ин хотир аз "маршировка" озод гардад?

- Дар ин ҷо масъалаи метавонам наметавонам нест. Инҷо мо як қисми бадеиятро нишон медиҳем. Аз инҳо мо ҳич вақт раққос ё раққосаи касбӣ тайёр карданӣ нестем. Ин кор дар муддати як ё якуним моҳ ғайри имкон аст. Аммо он тасвирҳое, ки мо дар майдон меофарем, давраю нимдавраю хати росту хати каҷ ҳаминҳо бояд дуруст иҷро карда шавад. Аз донишҷӯҳо мо ҳаминро талаб мекунем.

Достони "ишқи ҷавонӣ" ва ифодаи ғурури миллӣ дар иҷрои рақс

- Аз шумори 1240 нафар донишҷӯҳо духтару писар баробар ҳастанд ё ин аҳамият надорад?

Marshirovka_021-Духтару писар баробар аст. 620 нафар духтар, 620 нафар писар. Дар ин сенарияе, ки ман ба намоиш мегузорам, ишқу муҳаббати ҷавонҳо таҷассум меёбад. Донишҷӯҳо таҳти бадеҳаи халқӣ мерақсанд. Ба ман оҳанг пешниҳод шуд ва ман худам саҳнаҳоро сохтам.

- Имкон надорад "маршировкаро" бе ширкати донишҷӯҳо ба роҳ монед?

- Бо кӣ?

- Афроди бекор бисёр аст-ку?!

- Одамони бекор омада дар "маршировка" иштирок мекунанд?

- Магар донишҷӯён бекор ҳастанд?

- Донишҷӯҳо бекор нестанд, донишҷӯҳо бояд дарс хонанд, аммо ҳисси ватандорӣ, ғурури миллӣ дар ана ҳамин рӯзҳо ифода меёбад.

- Оё раққосагӣ ғурури миллӣ аст?

- Не! Инҳо раққоса нестанд, инҳо ҳеч вақт раққосу раққоса намешаванд. Аммо ҷашнҳои оммавӣ дар сатҳи худаш бояд гузарад.

Бо посухи ин суол, устоди рақс рӯ ба сӯи донишҷӯён карду мисли ин ки аскаронро фармон медода бошад, ба "раққосу раққосаҳо" хитоб кард: "Духтарҳо шиштем, бачаҳо хестем. И….и…и..и раз... и.и…и два…"

Ёқуби Саид

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97