УСУЛИ ТЕСТӢ Ё "АЛИК МАЛИК"?!

Дар макотиби миёнаву олии кишвар давраи санҷишу имтиҳонҳо фаро расида ва давраи таҳсил пушти сар шуд. Барои устодон акнун фурсате шуд, ки ғирболро аз об бардоранд. Аммо муҳим он нест, ки ғирбол бардошта шавад, балки муҳим он аст дар дохили ғирбол чӣ боқӣ мемонад. Аммо ғараз аз навиштани матлаб чизи дигар аст. Ҳамон тавре маълум аст, дар донишгоҳҳои олии кишвар раванди бо усули тестӣ гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои амалӣ мешавад.

ТЕСТ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

Чи дар воситаҳои ахбори умум ва чи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ донишҷӯёну донишмандон ва рӯзноманигорон дар мавриди гузаштан ба ин усул, матлабҳо навишта, аксаран ин усулро маҳкум намуда буданд.

Хонандаи азиз, мавзӯи матлаби мо низ ҳамин аст, ки бо далелҳои раднашаванда андешаамонро исбот менамоем. Бинобар ин Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, ки бузургтарин донишгоҳи кишвар буда, дар тарбияи мутахассисони миллӣ бояд саҳми арзанда гузорад, интихоб намудем.

Ҳар нимсола ду факултаи ин ДМТ ба ин усул мегузаранд. Ин нимсола факутаҳои таъриху журналистика дар қабули санҷишу имтиҳонҳо аз ин усул кор гирифтанд. Ба тариқи тестӣ қабул намудани санҷишу имтиҳонҳо тарафи мусбат дошта бошад ҳам, ҷиҳати манфиаш ниҳоят зиёд аст.

ПАҲЛӮИ ЯКУМИ МАСЪАЛА-МАНҚУРТИЗМ

Агар дар санҷишу имтиҳонҳои солҳои пештар донишҷӯён давраи якуми санҷишу имтиҳонҳоро дар муддати на кам аз 40 рӯз мегирифтанд, дар усули тестӣ се давраи санҷишу имтиҳонҳоро дар муддати на беш аз 20 рӯз бояд бигиранд. Шояд пурсед, ки чӣ гуна? Мушоҳидаву омӯзиши давраи санҷишҳои ин ду факултет, ки аллакай пушти сар шуданд, инро нишон дод. Донишҷӯён дар 10 рӯз се давраро гузаштанд. Дар рӯзи аввал як санҷишро, дар рӯзҳои сеюму чорум се санҷишро. Солҳои пеш агар донишҷӯ барои як санҷиш 3-4 рӯз тайёрӣ медида бошад, имсол барои 3 санҷиш аз куҷо фурсат ёбад, ки тайёр шавад?! Ҳатто вақт барои дафтари лексиониашро хондан ҳам намеёбад. Баъд донишҷӯ маҷбур мешавад, ки танҳо варианти дурусти ҷавобҳоро кобаду халос. Ин усул (тестӣ) зарбаи ҷонкоҳест барои инкишофи нутқи шифоҳии донишҷӯ. Агар ӯ бо устод рӯ ба рӯ менишаст, барои инкишофи нутқаш таъсири мусбат дошт. Дар баробари ин, донишҷӯ дар се рӯз пеш аз санҷиш лоақал як китоб ё дафтари лексиониашро варақгардон менамуд. Ҳоло бошад як вариантро, ки аз як-ду ҷумла иборат асту баъд аз як ҳафта фаромӯш мешавад, аз худ кардан даркор, тамом. Агар дар усули пеш бо устод, ки симои мусбат аст, рӯ ба рӯ мешудед, дар усули тестӣ, бовар кунед, бо фоҷиа рӯ ба рӯ ҳастӣ-бо манқуртизм!!!

Агар нимсолаи пеш як санҷиш на кам аз 4 соат давом мекард, ин нимсола 3 санҷиш 3 соат ҳам давом накард. Яъне ҳангоми санҷишсупорӣ, ба гуфти худи донишҷӯён ё аз усули "Алик-малик" истифода мекунӣ ё аз лексияи қориазёд кардаат.

ПАҲЛӮИ ДУЮМИ МАСЪАЛА-УСУЛҲОИ МУОСИР

Агар ин усул бар зарари маънавии гурӯҳе аз устодону донишҷӯён бошад, инчунин бар зарари моддии қисми дигари муаллимону фоидаи гурӯҳи калони донишҷӯён ҳаст. Ба ҳар ҳол усули тестӣ ба фоидаи донишҷӯёни камсавод ҳаст. Чунки аз ду усули зикршуда истифода менамоянду тестҳоро пур карда месупоранд. Натиҷаи корашонро на муаллим, балки компютер муайян мекунад. Бинобар ҳамин, ин гурӯҳи донишҷӯён қариб аз ҳама санҷишҳо бидуни додани пора гузаштанд ва табиист, ки имтиҳонҳо низ ҳамин хел хоҳанд гузашт.

Ин усул барои паст кардани сатҳи ришвагирӣ равона шуда бошад ҳам, ҳолатҳое мушоҳида шуд, ки баъзе муаллимон усулҳои нав ихтироъ кардаанд. Масалан, донишҷӯён саволномаҳои фанни сиёсатшиносиро аз сомонаи донишгоҳ гирифта, барои санҷиш тайёрӣ диданд, вале ҳангоми санҷиш саволномаҳое пешниҳод шуд, ки дар сомона набуданд. Усули дигар ин аст, ки пеш аз санҷиш донишҷӯ бо муаллим маслиҳатро мепазонад, ҳангоми санҷиш муаллим ба ӯ кӯмак мекунад.

Натиҷаи санҷишҳо нишон дод, ки донишҷӯёни камсавод баробари донишҷӯёни фаъоланд ва ҳатто дар супоридани санҷишҳо пешсафанд. Масалан, намедонад сиёсат ё таърих чист, чиро меомӯзад, аммо санҷишҳояшро кайҳо ба охир расонидааст. Бовар кунед, ба ҳолати равонии донишҷӯёни донишашон зиёдтар аз ин дида зарбаи ҷонкоҳтаре нест. Вақте ӯ шаб хоб нарафта, кӯшиш мекунад, ки ба санҷиш тайёр шавад, аммо донишҷӯйе, ки ҳеҷ чизро намедонаду пеш аз вай санҷиш месупорад, аз ин дида нороҳатии дигаре нест. Аз набудани ҳақиқат дар ин усул дил аз муҳаббат ба арзишҳо мемонад. Ва чаро ҳам дилаш намонад, ки заҳматаш қадр намешавад?! Бовар кунед, ин зарбаи миёншикан донишҷӯи фаъолро дилшикаста кардааст.

ПАҲЛӮИ СЕЮМ-ХУЛОСА

Ба хулосае омадем, ки ин усул хуб ҳам бошад, барои мо нест!!! Чунки табиати мо намехоҳад. Ба ибораи дигар на усули тестӣ, балки "усули тестии тоҷикӣ" (барои истифодаи ибораи дурушт аз хонандагон маъзарат мехоҳем) ихтироъ кардаем! Бо ин усул аз шумораи ками донишҷӯёни босавод ҳам, маҳрум мешавем. Ба гуфти як устод, ин хиёнат ба илм аст, на аз он беш!!!

P.S. Матлаби мазкурро муаллифон ба идораи нашрия оварданд ва хоҳиши чоп намуданд. Идора бо назардошти озодии баён матлабро ба чоп расонид ва мавқейи дар матлаб ифодашуда мавқейи муаллифон аст.

Собир Қувватхонов, Бахтовари Абдулҳаким,

донишҷуёни факултаи журналистикаи ДМТ


Собир Қувватхонов,
Бахтовари Абдулҳаким
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97