ИДАТ МУБОРАК МОДАРИ ҶОН!!! Омадани модари нав ва шодии тифлона

Зан-модар чароғи хонадони ҳар яки мо фарзандон аст. Модар барои фарзанд аз ҳама шахси наздику ғамхор буда, дунёи мо фарзандонро равшан мегардонад. Маҳз меҳри модарона ва дуои самимонаи ӯст, ки мо фарзандон ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасем. Аз даргузашти модарам алаккай 3 сол сипарӣ шуд. То ҳол бовариам намеояд, ки чунин як шахси ҷасур, зебо, хушгӯю сухандон-модари меҳрубон ва мунису ғамхорам танҳо бо таваллуд кардани тифле дунёро падруд гуфтаасту дар қайди ҳаёт нест. Дар тӯли 3 сол ҳамеша бо ёди ӯ мезистам.

Модарҷон! Ба аксҳоят ҳамеша назар медӯзам ва фикр мекунам, ки дар барам ҳастиву бо суханони ширинат насиҳатам мекунӣ. Дар ин 3 соле, ки дар барам нестӣ, ҳеҷ гоҳ насиҳатҳову суханони шакарворат аз фикру хаёлам дур намешаванд, ҳамеша дар гӯшам садо медиҳанд. Ба куҷое, ки қадам наниҳам, чеҳраи зебоят аз назарам дур шуда наметавонад. Ҳангоме ки ҳамроҳ ба кӯча мебаромадем, бо он ҳусну маломат, рафтору гуфтор ва поксириштии ту фахр мекардаму орзу менамудам, ки монад ба ту бошам. Фарзанди калон гуфта, чи ҳавасҳое бароям доштӣ, вале сад афсӯс, ки онҳоро амалӣ нанамуда, аз ин дунёи бевафо рафтӣ… Дар тӯли ин 3 соле, ки дар барам нестӣ, зиндагӣ бароям ногуворост. Вале бар замми ин, шукрона мекунам. Фахр мекардӣ, ки маро ба факултаи журналистика дохил кардиву ман донишҷӯ шудам. Орзу доштӣ, ки журналисти беҳтарин шавам. Вале сад афсӯс, ки фаъолияти маро дар ин ҷода дида наметавонӣ… Афсӯс! Бо дасту пойи вазнин маро худат ба донишгоҳ бурда дохилам кардиву дар курси якум буданам, ки ҳанӯз 3 моҳ таҳсил карда будам, дунёро тарк кардӣ. Хушҳол будам, ки донишҷӯ ҳастам, ва тӯли 3 моҳ, то он даме, ки дар қайди ҳаёт будӣ, давраи донишҷӯйӣ бароям бисёр давраи хуб буд. Ҳар пагоҳӣ маро дуо дода ба донишгоҳ мегуселондӣ. Вале афсӯси зиёд, ки хурсандии ман дер давом накард. Баъди аз дунё рафтанат дигар ҳаваси хонданро намекардам, дилшикаста шуда будам. Аммо аз он сабабе, ки худат маро бо чи кадар азобҳо ба донишгоҳ дохил кардӣ, азобҳоятро қадр карда, хонданро давом додам. Бар замми ин ҳам дилшикастона ба донишгоҳ мерафтам. Дар дарсҳо бо фикру хаёли ту менишастаму оби дида пок мекардам. Он рӯзҳои талхе, ки дар рӯзи фавтат дида будам, ҳамеша дар гирди сарам чарх мезаданд. Намедонам, ки чи хел ҳаёти донишҷӯйиро паси сар карда истодаам. Бо ғаму андӯҳи зиёде акнун имсол курси 4-умро хатм мекунам. Шукр аз он мекунам, ки падари меҳрубон дорему моро дар ҳама ҳолат мефаҳмад ва дастгирӣ мекунад.

Нест он лаҳзае, ки модарҷон, туро ёд накунам ва пазмонат набошам. Фикр мекунам, ки нохост аз дар медароиву ман бошам "модарҷон"-гӯён ба наздат меравам ва ту маро ба оғӯш гирифта мебӯсӣ…Вале шукри Худованди мутаол, ки Нишонаҷон бо мост ва ғами мо фарзандон ва падари меҳрубонамонро ӯ рафъ мекунад.

Мо фарзандон ва падари меҳрубонамон тифлаки дӯстрӯяки ба дунё овардаи модарамонро калон карда, ӯро Нишонаҷон ном ниҳодем, бо меҳри зиёд парастиш мекардем. Акнун Нишона 3 солаю 3 моҳа шудааст. Кӣ будани модарро ҳам шояд фаҳмад. Вале меҳри модариро намедонад. Нишона ҳанӯз дар сини 2,5 солагӣ аз мо пурсон мешуд, ки модарам куҷост. Ба ӯ мегуфтем, ки ӯ дар роҳи дур асту як рӯз меояд. Азбаски ӯ бисёр хурд аст, бовар мекард. Дар боғча ӯ чи қадар шеърҳои модар аз ёд кардааст, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат онҳоро қироат мекунад. Ба расмҳои модарам нигоҳ карда онҳоро мебӯсад.

Дар ҳақиқат модар бузург аст. Афсӯс, ки на ҳамаи мо фарзандон ба қадри ӯ расида метавонем, то он даме ки худи мо модар нашавем. Дар муддати 3 соле, ки мо апаҳо Нишонаро калон кардем, ба қадри он ҳама азобу шиканҷаҳои модари меҳрубонамон акнун расидем ва фаҳмидем, ки калон кардани фарзанд осон набудааст. Вале мо фарзандон ба қадри якшаба он ранҷе, ки модар барои мо дидааст, расида наметавонем ва онро баргардонида... Чуноне ки мегӯянд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон бар кашид.

Дар тӯли 3 сол падарам орзуи дуюмбора оила барпо карданро надошт. Модарамро бениҳоят дӯст медошт. Вале мо фарзандон аз ӯ хоҳиш кардем, ки ӯ бояд оиладор шавад. Бо амри тақдир ӯро бо як зани барӯманде хонадор кардем. Ҳамаи мо ба хулосае омадем, ки Нишона ӯро модар гӯяд. Ба тифлаки дӯстрӯякамон Нишонаҷон гуфтем, ки модарат акнун омадааст. Ӯ бовар карда бисёр хурсандӣ мекунаду ба оғӯши ӯ меравад. Акнун аввалин бор шуда ӯ калимаи "Модар"-ро ба забон меораду ба оғӯши гарми модаронаро мебинад. Аз шодии ин тифлаке, ки дар муддати ин 3 сол оғӯши гарм ва меҳри модариро надида буд ва интизори он буд, ки кай модараш ба хона меояд, мо апаҳо бисёр хурсанд мешудем. Ҳарчанд ки мо ӯро меҳрубонона ва бо чи қадар азобҳо калон мекардем, вале ба ӯ меҳри модарӣ дода наметавонистем.

Дар ин дунё кам нестанд фарзандоне, ки аз оғӯши гарми модар маҳруманд.

Ҳама зан модар аст. Алҳол модари Нишона бисёр зани хубу ботамкин аст. Сари Нишонаҷонро модарона сила мекунад. Бо мо фарзандон низ меҳрубонона рафтор мекунад ва муносибати хуб дорад. Ҳамаи мо фарзандон бо ӯ унс гирифтаем ва муросо дорем. Фикр мекунам, ки то абад мо чунин муросо хоҳем кард. Падарам муносибати хуби мо фарзандонро бо ин зан-модар дида бисёр хушҳол мешавад. Худованд ба ин зан-модар имони комил диҳад, то ин ки ӯ сару фарзандони ятимро сила кунад, ба қадри мо расад, Умед дорам, ки ӯ қарзи модаронаи худро адо карда метавонад.

Ҳар сол 8-уми март, ки рӯзи модарони бузург аст, модарамро бо ин рӯз ҳатман бо гулдастае табрик мекардам. Суханону шеърҳо барояш мехондам. Вале афсӯс, ки 3 сол боз аз тӯҳфа кардан ба модарҷонам маҳрумам. Ва ҳар сол, чун имрӯз, 8-уми март фаро мерасад, он рӯзҳои хурсандиам, ки бо аҳли оилаамон нишаста, рӯзи иди модарамонро ҷашн мегирифтем, ба ёдам меоянду дилам ғамзада мегардад.

Имрӯз садои ту ва меҳри туро меҷӯям. Куҷо рафтӣ, ай модарҷон?! Бе ту ягон лаҳза худро хушбахт намеҳисобам. Медонам, ки касеву чизе ҷойи туро гирифта наметавонад. Бале, наметавонад, зеро ту бузург будӣ. Агарчи бо амри тақдир аз назар дурӣ, вале меҳри ту дар дилу дидаи мо ҷой дорад абадӣ.

Шояд Худованд риштаи тақдири модари моро чунин кашида буд, ки дар айёми ширинии ҳаёт, дар синни 40 солагӣ мо ҷигарбандон ва падари меҳрубонамонро партофта, порчаи заминро манзилгоҳи худ бишморид. Модарҷон, аз дурии ту аз дидагонам ашки хунин ҷорӣ мешавад, зеро имрӯз идатро бе иштироки ту истиқбол мегирем.

Ҳангоме ки баҳор фаро мерасад, аз бӯйи хуши фасли баҳор бӯйи модар ба машоми мо мерасад. Оҳ, модар, мехоҳам ба назди қабрат раваму гулдастае бароят тӯҳфа намоям. Афсӯс, ки ту аз хоби абадӣ хеста наметавонӣ ва гулдастаи маро қабул карда… Оҳ, чи қадар дарднок аст дарди бемодарӣ, зеро ҷигархории ин дардро танҳо касе медонад, ки онро дар қалби худ эҳсос кардааст. Ҷоят ҷаннат бошаду рӯҳат шод!

Навои булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро,

Сари гаҳвора зери лаб, суруди хушнавоятро.

Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам,

Адоятро, навоятро, ҳама сӯзу садоятро.

Ман охир ёд кардам тарзи рафторат,

Ман охир ёд кардам лутфи гуфторат.

Ман охир ёд кардам хандаҳоятро,

Нигоҳи ҷонфизову меҳри саршорат.

Ба ҳамаи занон-модарони бузурги тоҷик саломатии бардавом ва умри дарозро хоҳонам. Кош ҳамаи модарони тоҷик дар болои сари фарзандонашон зиндаву саломат бошанд.

Идатон муборак, модарони азиз!


Зарини МУХТОРЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97