ХАБАР

Баҳор дар зимистон

Иқтисод 13.02.2019 14:35

 

 

ШИНОСОӢ

Мизбонон дар шаҳри Бохтар мо чанд нафар хабарнигорро ба ҳавлие дароварданд. Манзараи ҳавлӣ одӣ ва чун хонадони мардуми ин шаҳр муқаррарӣ ба назар мерасид. Агарчи дасту пойи мо аз хунукӣ ба сӯзиш даромада буд, вале мазрааи хурдтараки ин ҳавлӣ, ки дар ин фасли сармо мисли баҳор сабзу шукуфон ба назар мерасид, таваҷҷуҳи моро ба худ кашид. Ғайриихтиёр давродаври ин мазрааи сабз ба тамошо шуруъ кардем. «Баҳор дар дили зимистон» ‒ бо табассум аз даҳони ман берун ҷаст ин ибора. Ҳамроҳонам Нурангези Рустам, Халили Қаюмзод ва Шаҳноз низ аз дидани манзараи баҳорӣ ва номгузории ман ба он табассум карданд.

Дере нагузашта, марди миёнақаде бо табассум ба истиқболи мо омад.

‒ Сабоҳатулло Музаффаров, муовини роҳбари Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии Оҷонсии Амрико оид ба ба рушди байнулмилалӣ, ‒ бо самимимят худро шиносонд ӯ.

Мо ҳама баробар ба ӯ «ҳуҷум» кардем: «Ин гиёҳҳо караманд? Чаро дар ин фасли сармо пажмурда нашудаанд? Дар ин ҷо чанд намуд карам аст?»

Ҷаноби Сабоҳатулло бо табассуми малеҳ ва бо таҳаммул ба мо посух гуфт:

‒ Аввал шиносоӣ, пас ошноӣ бо кор.

 

КУМАКИ АРЗИШМАНД

Ӯ моро ба утоқи кориаш даъват кард. Пас аз шиносоӣ боз бо ҳамон тамкини зебояш ба сухан даромад:

‒ Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байнулмилалӣ чанд сол пеш ташаббуси наҷиберо бо номи “Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ» дар бист кишвари дунё ба роҳ монд. Ин барнома дар кишвари мо аз моҳи октябри соли 2015-ум оғоз шуд ва то моҳи сентябри соли 2019-ум идома мекунад. Яке аз панҷ бахши ин лоиҳа Барномаи “Ғизо барои оянда” мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани ҳолати ғизо ва таъмини ғизои солим мебошад.

Мутобиқ ба талаботи барномаи номбурда, парвариши зироати мавсимӣ кори асосии он ба шумор меравад. Барои амалӣ кардани барномаи мазкур масъулони барнома қисмати водии Вахши вилояти Хатлонро интихоб карданд. Чунки ин минтақа барои парвариши зироати мавсимии зудрас бештар мувофиқ аст. Ҳамин минтақа аст, ки ҳосили маҳсулоти кишоварзиро дар кишвар пеш аз ҳама вориди бозор мекунад.

‒ Барои таҷриба, ‒ ба мо нигариста гуфт Сабоҳатулло. ‒ Дар рӯйи ҳавлии қароргоҳи марказӣ мо панҷ намуд сабзавоти навъи навро аз хориҷи кишвар оварда шинондем. Ҳамин ҳоло мавсими сарди ҳавои моҳи январ аст, вале шумо дар рӯйи ҳавлӣ сабзавоти тару тозаро чун дар фасли баҳор дидед, ки ҳавои сард ба онҳо ҳеч таъсири номатлуб нарасондааст. Таъкид мекунам, ки ин маҳсулоти кишоварзӣ бе истифода аз гармхона ё полиэтилен то имрӯз ҳосил медиҳанд.

 

НАВЪ ВА ФОИДАИ ЗИРОАТҲО

Масъулони барнома ба Тоҷикистон ҳафт намуд зироатро ворид карданд, ки парвариши онҳо ба шароити ҷуғрофии мо мутобиқ аст. Барои мисол, яке аз онҳо брокколи ном дорад. Тухми онро аз Ҳуланд оварданд, ки дар шароити Тоҷикистон дар муддати 60 рӯз ҳосил медиҳад. Аз ин сабзавот 60 навъ ғизо омода карда мешавад ва истеъмоли он барои пешгирӣ аз бемории саратони меъда муфид аст. Ба ҳамин монанд парвариши навъҳои ғуҷумкарам (брюселӣ), карами пекинӣ, гулкарами навъи хориҷӣ, бомия (аз Афғонистон), испаноқ (аз Тоҷикистон), мош ва спаржа ба роҳ монда шудааст. Дар ин миён зироати навъи спаржа хеле аҷиб аст. Пештар дар кишвари мо занони туршифурӯши кореягӣ дар миёни туршиҳояшон чизеро доштанд, ки мисли ҳазорхона ё гӯшти ишкамбаи гов ба назар мерасид. Ғизои хушмаза аст ва ҳама гумон мекарданд, ки ин гиёҳи баҳрист. Аммо ҳоло маълум шуд, ки ин гиёҳи заминии бисёрсола бо як шинондан то 20 сол ҳосил медиҳад ва дар шароити худамон онро ба осонӣ парвариш кардан мумкин аст.

Парвариши ин зироатҳо барои кишвари мо хеле фоидаовар аст. Чунки аввалан, ин гиёҳҳо зуд ба ҳосил медароянд, дар сол чанд бор ҳосил медиҳанд, аз нигоҳи маза ва ғизонокӣ нисбат ба зироатҳои ҳамранги маъмулии мо хеле фарқ мекунанд; аз ҳама муҳиммаш ‒ дар ҳолати бекории замин, дар кишти дуюм ё сеюм ва дар фасли сармо онро кишт карда, даромади иловагӣ ба даст овардан мумкин аст.

Зиёда аз 3 ҳазор кучати ин зироатҳо аз тарафи барнома омода ва ба ихтиёри кишоварзон супорида шудааст.

Нархи 1 кг карами маҳаллӣ дар бозор 50 дирам бошад, нархи 1 кг ғуҷумарам ё карами пекинӣ дар бозор то 25 сомонӣ боло рафтааст.

 

ПАРВАРИШ ЧӢ ТАВР АМАЛӢ МЕШАВАД?

Масъулони барнома барои парвариш, ба даст овардани тухми зироат, таҳия кардани навъи гуногуни ғизо аз ин маҳсулот ва рушди он корҳои зиёд анҷом додаанд. Дар навбати аввал, онҳо ба омӯзиши амалии шумораи занони маҳаллӣ оғоз карданд. Дар баробари омӯзиши роҳҳои кишту парвариши зироат, ҳамзамон кучати зироатҳо ба шогирдон дода мешуд. Занони омӯзишдида дар навбати дигар, пас аз парвариш ва фурӯши маҳсулот ва ба даст овардани фоида, занони дигаро ба ин кор водор карда ва омӯзиш медиҳанд. Дар муддати ду сол шумораи талабкорони ин мактаб зиёд шуд. Масъулони барнома тадбири “Рӯзҳои кушоди саҳроӣ”-ро ба роҳ монданд. Дар ин чорабинӣ шумораи зиёди деҳқонон иштирок мекунанд. Акнун ба онҳо роҳҳои таҳияи ғизо аз ин зироатҳо, консерватсия кардани зироатҳо ва нигаҳдошти онҳо дар фаслҳои гуногуни сол омӯзонда мешавад.

Масалан, замини ҳамсоя дар ин фасл бекор истодааст. Як нафар ин заминро ба иҷора мегирад, дар он кишт ва парвариши зироатҳоро ба роҳ мемонад. Аз ҳосили он ду нафар соҳиби даромад мешавад. Гузашта аз ин, як нафари дигар бо тарзи парвариш, манфиати иқтисодии он шинос мешавад. Ва албатта соли оянда худаш ба ин кор машғул хоҳад шуд.

Муҳимтарин хосияти ин зироатҳо бе заҳрхимикат парвариш кардани онҳост, ки талаботи мардумро бештар ҷалб кардааст.

 

РУШДИ СОҲА

‒ Ҳангоме ки шумораи ҳаводорон ё деҳқонони соҳа зиёд шуд, ‒ мегӯяд Сабоҳатулло Музаффаров ‒ масъулият ва кори мо низ афзоиш пайдо мекунад. Акнун ҳамаи шогирдони барномаро бо кучат ва тухми зироат таъмин кардан аз имкон берун аст.

Масъулони барнома тасмим гирифтанд, ки барои рушди соҳа, фурӯши тухми зироатҳо, асбобу афзори парвариши онҳоро дар минтақа ба роҳ монанд. Ширкати Нексигол ‒ намояндаи ширкати ҳоландӣ бо дархости Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии Оҷонсии Амрико оид ба ба рушди байнулмилалӣ дар Тоҷикистон 12 мағоза ва дар минтақаи Бохтар 12 агромағоза кушодааст, ки онҳо ба мардум тухми ин зироатҳо ва техникаи соҳаи кишоварзӣ мефурӯшанд.

‒ Акнун беш аз ду сол аст, ки дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои он, ҳамчунин дар пойтахти кишвар маҳсулоти парваридаи шогирдони барномаи мо ба таври озод фурӯхта мешавад, ‒ бо қаноатмандӣ мегӯяд Сабоҳатулло ва илова мекунад: ‒ Харидорони ин маҳсулот торафт зиёд мешаванд ва ҳаводорони парвариш низ дар ҳоли афзоиш аст.

Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии Оҷонсии Амрико оид ба ба рушди байнулмилалӣ дар Тоҷикистон дар соҳаҳои дигар: омӯзиши таҷрибаҳои нави илмӣ, паҳн кардани технологияи нави кишоварзӣ, боғдорӣ ва парвариши навъи нави дарахтони мевадиҳанда, чорводорӣ, обёрӣ ва технологияи нави он низ пешрафтҳои чашмрас ба даст овардааст.

Масалан, дар соҳаи боғдорӣ: 39 намуди ниҳоли мевадиҳанда, аз қабили себу ноку олуву зардолу ва чанде дигарро аз штати Калифорнияи ИМА ва дигар кишварҳо ворид карданд. Барои густариши онҳо дар марказ ниҳолистон бунёд карда шудааст. Ҳар сол дар оғози фасли баҳор, дар моҳи март дар вилоят бозори фурӯши ниҳол барпо мешавад ва ниҳолҳои таҷрибавии Лоиҳа ба деҳқонон пешкаш хоҳад шуд. Ин дарахтон зуд ба ҳосил медароянд. Барои мисол, агар чормағзи маҳаллии мо дар соли 10-ум ҳосил бидиҳад, чормағзи калифорнӣ дар соли дуюм ё сеюм ба ҳосилдиҳӣ медарояд.

Барнома то имрӯз ба 56 ҳазор нафар зан тарзи хушкондан ва захира кардани меваро омӯзондааст. Барои ин кор аз маҳалҳои шимоли мамлакат мутахассисон ва занони таҷрибадорро ба Хатлон оварданд. Маълум аст, ки онҳо дар кори хушкондан ва захира кардани мева таҷрибаи бештар доранд ва маҳуслоти онҳо ба талаботи бозор ҷавобгӯ аст.

Инчунин дар доираи талаботи барнома 21 сардхона, ки аз 200 то 500 тон ғунҷоиш доранд, барои нигаҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст. Ҷойҳои ин сардхонаҳоро деҳқонон метавонанд иҷора бигиранд. Кормандони лоиҳа низ барои ба танзим даровардани бозор маҳсулоти изофии деҳқононро харида, дар сардхонаҳо нигоҳ медорем ва дар ҳолати зарур ба фурӯш мебароранд.

 

КУМАКИ АМАЛИИ ЛОИҲА

Яе аз соҳаҳои хайрхоҳонаи дигари Лоиҳа таъминот бо техникаи кишоварзӣ мебошад. То имрӯз ба деҳқононе, ки дар асоси талаботи ин Барнома кор мекунанд, 30 адад трактори хурд дода шудааст, ки ин тракторҳо имкони иҷрои корҳои гуногуни кишту ҷамъоварии ҳосилро доранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки баҳори имсол ба деҳқонон боз 30 адад трактор тавзеҳ карда мешавад.

Чанд нафар деҳқонзан қарор додаанд, ки имсол барои васеъ кардани майдони кишту кор аз ҳисоби даромади худ тракторҳои калон мехаранд. Барнома пешниҳод кардааст, ки 50%-и нархро ҳамчун ёрӣ худаш пардохт мекунад.

 

ҲАВЗАИ РУШДИ БАРНОМА

То имрӯз дар вилояти Хатлон анқариб 100 ҳазор нафар, ки бештаринашон занонанд, ба корҳои омӯзиш, парвариш ва хариду фурӯши маҳсулоти Лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии Оҷонсии Амрико оид ба ба рушди байнулмилалӣ машғуланд. Барнома барои ҳавасманд гардондани деҳқонони пуркор ба онҳо кумаҳои бебозгашт чун тухми зироат, техникаи кишоварзӣ ва парвариши маҳсулот тавзеҳ мекунад.

Ҳамзамон барои шавқмандӣ, омӯзиш ва густариши соҳа Барнома ба нашру тавзеҳи маводди чопӣ машғул аст. То имрӯз ба мардум 200 ҳазор китобу дастурамал, 50 номгӯй буклету шиносномаҳои маҳсулот ва анвои дигари маводди чопӣ дастрас карда шудааст.

Барои пешбурди кор Барнома дар ҳар ноҳияи вилоят як намоянда дорад, ки масъалаву мушкилоти деҳқонон ва роҳи ҳалли оҳоро барои масъулон мерасонад.

‒ Шароит барои пешбурди кор, омӯзиши кӯтоҳмуддат ва соҳиб шудан ба даромади хуби молӣ муҳаё аст, ‒ мегӯяд Сабоҳатулло Музаффаров, муовини роҳбари Лоиҳа. ‒ Барои ин каме дониши кишоварзӣ ва бештар кӯшишу хоҳиш лозим аст.

 

ДЕҲҚОНЗАНОН ҚАНОЪАТМАНДАНД

Барои ошноӣ бо кори амалии деҳқонон, ба хона ва замини кишти чанд нафар омадем. Мумина Сангинова ‒ сокини деҳаи Боғпарвари ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо хушнудӣ моро истиқбол кард.

‒ Ман худам деҳқонам ва замин дорем, ‒ ба сухан даромад деҳқонзан Мумина. ‒ Аввал ҳаминро бигӯям, ки ман роҳбари корҳои барнома дар ҳамин деҳа ҳастам ва дар тули ду сол ҳамкорони зиёд пайдо кардам. Мо, ғайр аз он ки маҳсулот мекорем ва фоидаи молӣ ба даст меорем, корҳои муҳимме аз қабили парвариши гови зотӣ, усули парвариши зироатҳои нав, мевахушккунӣ, консевахобонӣ, қаймоқкашӣ, кор дар мошини хурди таҳияи хӯроки омехтаи чорво, истифодаи дору ва техникаи зидди ҳашаротро низ омӯхтаем ва ба бозори маҳаллӣ ҳамаи ин намуд маҳсулотро ба фурӯш мебарорем. Аз ҳар навбати фурӯши, барои мисол, брокколи ё карам то 1,5-2 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорем. Дар як ҳафта то 2-3 бор мо ба бозор маҳсулот мебарорем. Ҳамчунин мо гови зоти маҳаллӣ дорем, вале нигоҳубини онро ба усули барнома ба роҳ мондаем. Ҳар рӯз аз як гов то 8 литр шир медӯшем ва ширу ҷурғот, маскаву қаймоқ ва равған ҳосил карда, ба бозор мебарорем.

Гузашта аз ин, мо ба бозори маҳаллии деҳаи худамон ва атрофи он низ маҳсулот мебарорем. Бо ёрии мошини хурди таҳияи хӯроки чорво аз ғаладона, ҷуворимакка ва дигар навъи зироатҳо хӯрокаи омехта таҳия мекунем, ки дар деҳот харидори зиёд доранд.

 

ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ДАР РОҲИ НАВИ РУШД

Барномаи кишоварзӣ ва обёрии Оҷонсии Амрико оид ба ба рушди байнулмилалӣ ба деҳқонони вилояти Хатлон касбу кори гуногун, тарзи нави муносибати хоҷагидорӣ, роҳҳои нави истеҳсоли маҳсулот, усулҳои афзоиш додани даромади пулии хонаводаро омӯзондааст. Дар муддати ду сол хонаводаҳое, ки бо ин барнома кор мекунанд, соҳиби даромади хуби молӣ шудаанд. Соҳибони чанд манзил аз ҳисоби даромади ба дастоварда ба бунёди хонаи нав пардохтаанд.

Умия Қодирова ‒ деҳқонзани хоҷагидор аз деҳаи Лоиқ Шералии ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён дар 4 сотих замини назди ҳавлиаш чанд намуд зироат шинондааст. Ҳамин сол аз зироати броккли, ки тақрибан 1,5 сотих заминро ишғол кардааст, беш аз 30 кг ҳосил ғундошта ба фурӯш баровардааст. Аз намуди карамҳо низ то 30 килограммӣ ҳосил ба даст овардааст.

‒ Ман ба 6-7 нафар зани ҳамсоя низ парвариш ва усулҳои нигаҳдошту фурӯши ин маҳсулотро ёд додам, ‒ мегӯяд Умия. ‒ Акнун дар ин деҳа мо чанд нафар ба парвариш ва истеҳсоли ин намуди зироатҳо машғулем. Барнома барои мо дарси хуби хоҷагидорӣ ва беҳбуди зиндагиро омӯхт. Акнун мо медонем, ки ғизонокӣ ва витаминҳои зироатҳои гуногун, аз қабили мош, наск, кармҳо, брокколи чӣ қадаранд ва чӣ аҳамият доранд. Дар баробари ин, мо аз ин маҳсулот тарзи омода кардани ғизо, хуриш ва консервакуниро ёд гирифтем. Шукр, ки аз ҳисоби даромади ин кор хонаводаи мо манзили зистамонро таъмир кардем. Акнун хонаи мо дорои шароити хуби замонавӣ мебошад.

 

ТАҶРИБА НАТИҶАИ ХУБ ДОД

Барномаи кишоварзӣ ва обёрии Оҷонсии Амрико оид ба ба рушди байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи арзишманд ва кумакии хуберо дар вилояти Хатлон ба роҳ мондааст. Шумораи зиёди деҳқонони вилоят бо касбу ихтисоси нав, навъҳои нави меваву сабзавот, техниаи соҳаи кишоварзӣ ва муҳимтараш таҷрибаи истеҳсоли маҳсулот ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ ошно шуданд. Имрӯз ҳосили парвардаи деҳқонони вилоят ба таври фаровон дар бозору мағозаҳои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Бовар дорем, ки масъулон ва кишоварзони вилояту ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ин таҷрибаи пешқадамро дар минтақаҳои худ ба роҳ монда, барои пешрафти соҳа, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва беҳбуди шароити даромади аҳолӣ талош мекунанд.

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА,

хабарнигор

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97