Роҳбари МОИ “Суғд” гуфт, имкониятҳо дар кишварҳои хориҷ бештар аст

Иқтисод 13.02.2019 11:05

Новобаста аз он, ки Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) “Суғд” беш аз 10 сол инҷониб фаъолият дорад, ҳамагӣ 530 тан бо ҷои кор таъмин шудаанд. Масъалаи инкишофи сусти МОИ “Суғд” зимни нишасти хабарии роҳбари ин сохтор Фирдавс Олимзода баррасӣ шуд ва баҳсҳоеро байни рӯзноманигорон бо масъулини МОИ “Суғд” ба миён овард. Чаро инкишоф дар сатҳи паст қарор дорад?  Тибқи маълумот, феълан дар МОИ “Суғд” 24 субъект ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ 13 –тои онҳо ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул ҳастанд. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиёти воридотию содиротии ин сохтор дар соли 2018 116 млн сомониро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки масоҳати умумии минтақаи озоди иқтисодии Суғд 320 гектарро ташкил медиҳад. Минтақаи мазкур соли 2008 ташкил шудааст. Коршиносон мегӯянд, барои рушди МОИ зарур аст, ки бо бештар намудани имтиёзҳо ва андешидани чораҳои самарнок бояд таваҷҷуҳи соҳибкорони ватаниву хориҷиро таъмин намуд. Роҳбари ин сохтор Фирдавс Олимзода инкишофи сусти МОИ “Суғд”-ро дар сатҳи пасти маблағгузорӣ медонанд. Бино ба андешаи номбурда, МОИ Тоҷикистон имконияту имтиёзҳое надорад, ки минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои ҳамсоя, барои мисол Ӯзбекистон  дорад.

Аз оғози фаъолияти минтақаи мазкур маблағи сармоягузорӣ 70,6 млн сомониро ташкил намудааст.

Тибқи иттилои масъулин МОИ “Суғд”, 83%-и маҷмӯи маҳсулоти МОИ дохили кишварро истеҳсол мекунад ва дар соли 2018 ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ин минтақа 17 млн сомониро ташкил додааст.

Мавриди зикр аст, ки дар МОИ Суғд асосан масолеҳи сохтмонӣ - дару тирезаҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, қубурҳо, ҷевонҳо истеҳсол мешавад.

Сармоягузорони вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар МОИ Суғд тасмими кушодани корхонаи коркарди метали сиёҳ “Оҳанкор”-ро рӯи даст гирифтаанд. Ҳаҷми маблағи лоиҳавии он 16,9 млн сомониро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳо, корхонаи мазкур дар соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз мекунад ва таъмини беш аз 100 касро бо ҷойи корӣ дар ин корхона дар назар дорад.

Ҳамчунин дар соли 2019 кушодашавии корхонаи “Азияполитекс”, ки ба истеҳсоли халтаҳои ҳаҷм ва таъиноташон гуногун сару кор мегирад, ба нақша гирифта шудааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба корхонаи мазкур беш аз 8 млн сомонӣ гуфта мешавад ва умед меравад баъди бунёди он беш аз 50 ҷойи корӣ боз шавад.

Хуршеди Сабур, барои “Миллат”

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97