Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Дар Хуҷанд ба маҳзи тамом шудани пешпардохт барқ хомӯш мешавад

Иқтисод 28.01.2019 16:13

Шаҳноз Комилзода – сокини шаҳри Душанбе – чанд рӯз пеш ба шаҳри Хуҷанд омад. Вақте вай вориди хонаи иҷорааш шуд, дар манзил барқ набуд. Ноқилҳо ҳама пайваст буданд, аммо бо ин вуҷуд барқ набуд. Даҳлезу хонаҳои ҳамсояҳо барқ доштанд, танҳо Шаҳноз буд, ки дар торикиву сардӣ менишаст. Вай ба соҳибхона занг зад ва шикоят кард. Соҳибхона хабар дод, пешпардохти барқ тамом шудааст ва мебояд суратҳисобро дубора пур кард.

Шояд барои хонанда ҷолиб бошад, ки чи гуна барои барқ пешбардохт кардан имкон дорад ва васлу қатъи барқ бо пур кардани суратҳисоб чи рабте дошта метавонад. Дар шаҳри Хуҷанд аз чанд вақт ба ин сӯ ҳисобкунакҳои барқии манзилҳо электронӣ шудаанд ва ҳангоми насупоридани маблағ барқ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад.  Командони бонки “Алиф сармоя” бо роҳандозии барномаи мобилии alif.mobi тарзи пардохти маблақи барқ ва дигар намуди хизматрасониҳоро осон намудаанд. Ҳар шаҳрванд метавонад,  барномаи alif.mobi-ро дар телефони мобилиаш насб намуда, тавассути он маблағи барқ, об, партов ва дигар намуди хизматрасониҳоро пардозад.

Бо ҷорӣ шудани низоми ҳисобкунакҳои электронӣ пардохти ҳаққи истифодаи барқ барои сокинон чанд мушкил ба бор овард. Қаблан кормандони шабакаи Барқи тоҷик хона ба хона гашта, маблағи барқро ҷамъ меоварданд. Ҳангоми қарздорӣ чанд маротиба огоҳӣ дода мешуд ва баъдан ноқили барқро мебуриданд. Мушкили асосӣ ин буд, ки шаҳрвандон барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ соатҳо дар навбат меистоданд. 

Пас аз муроҷиат ва даъвои шаҳрвандон низоми пардохт тавассути терминалҳо роҳандозӣ шуд. Аммо терминалҳо фоизи муайни ҳаққи хизмат мегирад.

Мушкили навбатпоии сокинон то кунун ҳал нашудааст. Ҳангоми насупоридани маблағ ҳар моҳ санаи 20-ум барқ хомӯш мешавад.

Тарҳе ки дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шудааст, санҷишӣ буда, дар сурати натиҷаовар будан, мумкин аст, дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ ҳам роҳандозӣ шавад.

Салимҷон Саидов, Мафтуна Баротова, шаҳри Хуҷанд

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97