Дардисарҳои телефони мобилӣ

Иқтисод 14.11.2016 15:04

Тамоми муштариёни ширкатҳои мобилии кишвар бояд то моҳи апрели соли 2017 аз нав сим-кортҳои худро сабти ном кунанд. Дар ғайри сурат сим-корти муштарӣ мавриди эътибор шумурда намешавад ва хомӯш карда хоҳад шуд.

 Сар аз 1-уми ноябри соли равон ширкатҳои мобилии Тоҷикистон тибқи дастури Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сим-кортҳои муштариёнро дигарбора сабти ном мекунанд.

Бино ба иттилои Ассотсиатсияи операторони алоқаи Тоҷикистон, тамоми ширкатҳои мухобиротӣ ҳанӯз дар охири моҳи апрели соли 2016 аз сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора дастур гирифтаанд. Қарор дар ин бора ҳанӯз моҳи апрел тасвиб шудааст, аммо бо сабаби мавҷудияти беш аз 5 млн. сим-корт дар дасти муштариён муҳлати сабти он ба дарозо кашонида шуд ва аз 1 ноябри соли 2016 сабти дубораи сим-кортҳо оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ин амалиёт таҳти назорати комиссияи вижа ҷараён дорад.

Мария Веторазӣ, PR-менеҷери ширкати "Билайн Тоҷикистон" ба хабаргузории Спутники Русия гуфтааст, ки рӯзи 1-ноябр теъдоди на он қадар зиёди мардум барои сабти дигарбораи сим-кортҳои худ ба ин ширкат омада будаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳамаи муштариён аллакай аз амалиёти бақайдгирии сим-кортҳо хабар доранд, вале ширкати «Билайн Тоҷикистон» барои огаҳ кардани муштариёни худ тадобири иловагиеро рӯи даст гирифтааст.

 Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки барои аз нав ба қайдгирии сим-корт муштариёнро зарур аст, бо шиносномаи худ ба намояндагии ширкате, ки муштарии он ҳастанд, ҳозир шаванд. Агар хароҷоти вақту рафтан то маҳалли сабти номи сим-кортро ба инобат гирифта нашавад, сабти дубораи он ройгон арзёбӣ мешавад.

Ассотсиатсияи операторони Тоҷикистон бо хушбинӣ мегӯяд, ки муштариён аз раванди сабти муҷаддад ё дубораи сим-кортҳояшон набояд нигарон бошанд. Бо ин баҳона муштариёне, ки солҳои зиёд як сим-кортро мавриди истифода қарор медоданд, қарордод ё шартномаи худро бо ширкати мобилӣ тамдид мекунанд.

Мутобиқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон як нафар ҳаққи истифодаи як чанд сим-кортро дорад ва ҳангоми аз нав сабти ном кардани ин сим-кортҳо мушкили чандоне пеш нахоҳад омад. Аммо дар раванди иҷрои ин муқаррарот мушкилии бештар бори души операторони ширкатҳо хоҳад буд, то тамоми муштариёнро сари вақт сабти ном кунанд ва ҳуҷҷатҳоро ба танзим дароваранд.

Раванди иҷрои ин дастур аз 1-ноябри соли равон шуруъ шуда, то 30-юми апрели соли 2017 идома хоҳад ёфт. Ва он сим-кортҳое, ки дубора сабти ном намешаванд, алорағми хоҳиши муштариён ва ширкатҳои мухобиротӣ аз нимаи баҳори соли оянда хомӯш карда хоҳанд шуд.

Дар ширкатҳои мобилӣ дар шарҳи иҷрои ин амал мегӯянд, ки ин барои таъмини субот ва амнияти кишвар амри зарурист, зеро сим-кортҳои бидуни сабти ном, ки аз кӯчаву бозор дастрас шудаанд, мумкин аст, ба дасти қаллобону ҷосусон ва харобкорон афтода, бо ҳадафи харобкорона мавриди истифода қарор бигиранд. Ба гуфтаи ин манобеъ, сабти дубораи сим-кортҳо барои муштариён имкон фароҳам меоварад, онҳо маълумоти муфассал дар бораи тамосҳои худ ва идораи он ба даст биоваранд.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин ин раванд амнияти муштариёнро кафолат медиҳад ва дигар аз ин ба баъд ҳеч операторе наметавонад ба исми муштарии дигар сим-кортеро бардуруғ сабти ном кунад. Ва дар ҳолати гум кардани сим-корт ёфтани он низ осон хоҳад шуд.

Ассотсиатсияи операторони Тоҷикистон дар мавриди қабули ин қарор мегӯяд, аз нав ба қайдгирии сим-кортҳо ба хотири таъмини бехатарии иттилоотии кишвар дар шароити таҳдидҳои террористӣаз сар гирифта шудааст.

Аммо дар урфият мегӯянд, ғами зимистонро дар тобистон бояд хурд. Чаро то ин дам сим-кортҳо бидуни сабти ном дар кӯчаву бозор фурухта мешуданд? Дар ҳоле ки аксарияти муштариён мегӯянд, ки сим-корти худро ба таври расмӣ сабти ном кардаанду бо ширкати мухобиротӣ қарордод ҳам ба имзо расонидаанд. Аммо чаро бояд инҳо дубора барои сабти сим-корти қонунии худ саргардон шаванд? Ва он муштариёне, ки солҳо боз аз як сим-корт истифода мекарданд ва барои муваққат дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил доранд, чӣ гуна метавонанд аз сим-корти худ маҳрум намонанд?

Ин дардисарҳоест, ки як сим-корт барои муштариёни худ халқ кардааст.

Давои ин дарди сарро аз куҷо мешавад пайдо кард? Аз ширкатҳои мобилӣ, Хадамоти алоқа ва ё ҷойи дигар?

 «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97