Вазири иқтисод, саноат, меҳнат… ва намедонам боз чанд вазири маошхӯри дигар чӣ кораанд?!

Иқтисод 18.04.2016 15:22

Имшаб хоби ман асло набурд. Дар интизори бозгашти писари бузургамон аз Санкт-Петербург ба Ватан, ба қавле мижа таҳ накардам. Ва субҳи содиқ шитобзада фурудгоҳ рафтам. Аз миёни даҳҳо афроди мусофиру мунтазир ман танҳо симои ҷигарбандамро меҷӯстаму ёфтам. Ӯро ба оғӯш кашидаму бӯйидам. Аҷаб накҳате дорад бачаи одам.

Писари мо ҳамагӣ барои се рӯз ҷиҳати ширкат дар озмуни фаннӣ мусофират рафта буд. Ин тақвими интизориро соаташ рӯзу рӯзаш моҳ будааст. Тақвиме, ки ҳазорон модарро мунтазиру чашм ба роҳ сохтааст. Аммо тарроҳони ин тақвим кай дар фикри таҷдид кардани он хоҳанд уфтод? Кай?! Аз дигар замон агар бигзарем, 10 сол аст, ки дар ҳамин ҳафтаномаи «Миллат» ман ба ҳайси муҳаррир дар ҳамин мавзуъ мавод таҳия мекунаму чеҳраи ҷигарсӯзи модарони мотамзадаро инъикос месозам, на танҳо як нашрияи мо, балки чанд расонаи дигар низ аз марги бемаҳали даҳҳо муҳоҷири гулгункафан бонги изтироб мезананд. Аммо боре ҳам нашуда, ки яке аз масъулон ба ин матолиб посух гуфта бошад. Сабаб чист? Оё гӯши шунавое ҳаст?! Мо инро барои чӣ касе менависем? Дуруст аст, ки агар ин бонг акси садое аз сӯи масъулон надошта бошад, оқибаташ ба хайр нахоҳад буд. Вале в-онгаҳ масъули он на расонаҳои иттилоотӣ, балки масъулони ношунаво хоҳанд буд. Субҳе, ки ман аз накҳати бӯйи фарзандам сармаст аз фурудгоҳ берун мешудам, ғиреви ҷигарсӯзи муштипаре сайёраи Заминро барои лаҳзае бозистонд. На танҳо Замин, ҳар ҷонзоде, ки он ҷо буд, аз милиса то ронанда, аз хурд то бузург барои лаҳзае сукут карданд. Посухи як масъули сафорати Русия дар Тоҷикистон дар чанд соле пеш ёдам омад, ки дар нишасти хабарие мегуфт: «Аз ҳудуди миллион муҳоҷири корӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, марги яке –ду нафар дар рӯз як амри табиъӣ аст. Дар ҳар куҷое, ки инсон ҳаст, он ҷо низ маргу зиндагӣ дар ҷараён аст, магар дар ҳамин ҷо инсонҳо ҷони худро бар асари беморие, садамае аз даст намедиҳанд?» (Аммо посухи кушташудаҳоро нагуфт.) Аз ҷамъи зану марди мотамзада канор рафтам. Савори таксӣ шудему боз ҳам дар пушти фурудгоҳ ҷамъияти азиме аз мардуми мунтазирро дидем, ки барои бурдани ҷанозаи азизи худ омада буданд. Аз ронандаи таксӣ пурсидам, ин мардум дар ин субҳи зуд чаро ин ҷо ҷамъ омадаанд? Ронанда гуфт, ки дар ин парвоз ду ҷасади беҷонро овардаанд; яке марди 57 сола, ки бар асари сактаи қалб фавтида ва дигаре ҷавони 25 сола, ки кушта шудааст… Напурсидам, ки чаро ин ҷавони дар ҳукми гул, кушта шудааст, кӣ куштааст ӯро?! Зеро посухи ин суол пеши ин ронандаи бечораи таксӣ нест. Ҷавоби ин савол пеши масъулони мост! Пеши онҳоест, ки рӯйи курсии мулоими вазоратхонае бо баҳонаи хидмат ба мардум бовиқор такя задаанд. Пеши онҳоест, ки ҳеч барномаи роҳбурдие барои таъмини мардум бо ҷойи кори доимӣ рӯйи даст надоранд. Магар ин масъулони вазорахонаҳои кишвар намедонанд, ки муҳоҷирати дарозмуддат барои хонаводаҳо осебпазир аст? Мардумро аз фарҳанг, арзишҳои меҳварии миллат дур месозад? Маҳз ана ҳамин фаъолияти корношоями вазоратхонаҳои масъули кишвар аст, ки имрӯз бачаҳои овораву саргардону бесаводи мо дар хиёбонҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ марги хешро думбол мекунанд. Одамонро мекушанду хонавайрон мекунанд ва ҷони ҷавони худро қурбони ҷаҳолат месозанд. Агар ба ин бовар нестед, пас мусоҳибаи генерал Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистонро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки мегӯяд, «85 дарсади тоҷикистониён, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд, ки аз ҳудуди Русия ба муҳорибаҳо рафтаанд», мутолиа кунед. Он шумора ҳатман зер ё рӯйи мизи кории ҳар кадоми Шумо варақ назада хобидааст, агар фаррош онро барои пок кардани ойинае истифода накарда бошад. (Аз аҳли қалами заҳматкаши рӯзномаи «Ҷумҳурият» узр мехоҳам, вале воқеияти имрӯзи мо ҳамин аст: Қариб ҳеч вазиру кабире рӯзнома намехонанд! Мутаассифона, агар ҳатто ба он обуна ҳам бошанд.) Генерал Юсуф Раҳмон дар ин мусоҳибааш бар зарурати густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид кардааст. Прокурори генералӣ ин ҷо вазифаи худашро иҷро кардааст ва омилони ҷиноиро шиносоӣ ва ҷомеъаро аз ин хатар огоҳ сохтааст. Вале чаро масъулони дигари ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ниҳодҳои масъули таъминкунандаи шуғл дар кишвар дар иҷрои масъулиятҳои худ камамалӣ нишон медиҳанд? Биёед, як бор ба оина бинигарем! Оинаи барқад дар ҳамаи вазоратхонаҳои кишвар мавҷуд аст ва шояд қабл аз ба минбар баромадану вазъ гуфтан, ҳар кадоме аз Шумо чандин бор қаду басти худро дар он аз назар мегузаронед. Аммо як бо ҳам, ки шуда аз он ба умқи чашмони худ, ки даричаи виждони Шумост, бинигаред ва аз худ суол кунед: Оё дар ҷойи худ биншастаед? Ва аз уҳдаи иҷрои он масъулияте, ки имрӯз таърих бар уҳдаи Шумо вогузор кардааст, мебароед? Ва оё воқеан Шумо шоистатар аз яке дигар ҳастед, ки баргузида шудаед? Бар садои виждони худ гӯш фаро бидиҳед! Агар садои виждони худро нашунидед, дигар баъид аст, ки оҳу нишемани садҳо модари баччамурда ва садои қалами рӯзноманигоре Шуморо барои масъулиятпазирӣ дар назди ҷомеъа водор бисозад. Вале як чизро хуб дар гӯши ҷон дошта бошед, хотираи таърих ҳамаро сабт мекунад. Лоақал барои оянда ҳам, ки шуда, фарзандони худро ангуштнамо насозед, зеро пок кардани лаккаи таърих ба касе даст надодааст ва ҳеч амале аз зери қалами таърих ҳам хато нахӯрда.

Адолати Мирзо

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97