Мамнуъият: Ин бор дар бозори асъор

Иқтисод 30.01.2016 07:59

obmenvalutБонки миллии Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои зидахл тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардааст, ки бар асоси он барои ғайриқонунӣ иваз кардани асъори хориҷӣ мусодираи маблағ ва 9 соли ҳабс пешбинӣ шудааст.

 

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рўзи 26 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод бо хабарнигорон гуфт, ҳоло табдили пул танҳо тариқи бонкҳо, созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиқоли пулӣ иҷоза дода шудааст. Дигар амалиёти мубодилаи асъор, берун аз ҳудуди ин нуқтаҳо ғайриrонунӣ маҳсуб мешаванд.

Ба гуфтаи ин масъули Бонки миллӣ, тарҳи тағйиру иловаҳо баъди комил шудани он ба ҳукумат пешниҳод шуда, пас аз тасвиб аз сўи порлумон мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

Ў мегӯяд, ҳадаф аз ин тарҳ ҷилавгирӣ аз суръати афзоиши қурби асъори хориҷӣ дар баробари пули миллии сомонӣ аст, ки аз сӯи ҳаннотон роҳандозӣ мешавад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бекор мондани саррофон гуфт: "818 сарроф бигзор дар ҷои дигар ҷои кор ёбанд. Ҷои кор бисёр аст. Ташкилотҳои қарзӣ ҷои кор доранд, ба он ҷо раванд. Тамоми мубодилаи асъор бояд дар ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо сурат гирад".

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба суоли он ки чаро қурби доллари Амрико нисбат ба сомонӣ дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ ба шиддат боло рафта ва ҳатто аз марзи 9 сомонӣ низ гузашт, гуфт, ин ба истироҳати даҳрӯзаи бонкҳои Русия вобаста буд. Ӯ афзуд, "дар даҳ рӯзи аввали соли ҷорӣ бонкҳои Русия фаъолият накарданд ва бонкҳои мо натавонистанд, ки рублҳоро бо доллар иваз кунанд. Аз ин рӯ, доллар дар аввали сол каме баланд рафт."

Бонки миллии Тоҷикистон аз таҳияи иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ дар ҳоле хабар дод, ки рӯзи 22 январ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як машварати корӣ бо ширкати сарвазиру муовини сарвазир, раиси Бонки миллӣ ва раҳбарони блоки иқтисодии ҳукумат роҳҳои “мӯътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ” баррасӣ кард. Ӯ гуфт, ки “коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад.”

Барои пешгирӣ аз коҳиши қурби доллар ҳоло асосан аз чораҳои маъмуриву муҷозотӣ кор гирифта мешавад. Аз ҷумла дар моҳи май бо қарори президент раиси Бонки миллӣ ва тамоми муовинони ӯ аз мақом барканор карда шуданд. Раҳбарияти нави Бонки миллӣ ба дари саррофиҳои хусусӣ қуфл зад.

Аммо дар бастани саррофиҳо боиси саргардонии аҳолӣ дар роҳи табдили пул шудааст. Чун аксари хонаводаҳо дар кишвар аз ҳисоби пули муҳоҷирон рўз ба сар мебаранд, маҷбуранд барои табдили рубли русӣ чандин километр роҳро тай ва дари бонкҳо ва ниҳодҳои маҳдуди табдилкунандаи асъорро бикўбанд. Дар ҳоле ки то ҳоли ҳозир ин ниҳодҳо ба талаботи на ҳама ниёзмандон ҷавобгў будаанд.

Тоҷикистон қаблан бо сиёсати бозори озод дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам дар кишвар ҳатман саррофие вуҷуд дошт. Ҳоло расонаҳо ва мардум аз «бозори сиёҳ»-и табдили асъор суҳбат мекунанд, оне, ки Бонки миллӣ нақзи қонун медонад.

Аммо ҷорӣ кардани маҳдудият чораи кор нест. Ва масъулинро мебояд тадобири дигареро барои эътибори пули миллӣ рўи даст бигиранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97