Генерал Фаттоҳ Саидовро танҳо нагузоред

Иқтисод 04.04.2013 15:08

Ё чаро сармоягузорон аз Тоҷикистон мегурезанд?

FasodШарл Бегбедер миллионер ва сармоягузори фаронсавӣ дар мусоҳибае бо рӯзноманигори "РБК daily " Виктория Синкевич дар посух ба ин савол; "Барои сармоягузорӣ шумо кадом омилҳоро дар назар мегиред ва ҳоло дар кадом соҳа майли сармоягузорӣ доред?", гуфт: "Ҳангоми сармоягузорӣ асосан барои ман аз ҳама муҳим камбудии таклифот дар бозор ба молҳо ё хидматрасониҳо дар кадом як соҳа аст. Кӯшиш мекунам муайян кунам, ки дар кадом соҳа талабот ҳаст, аммо таклифот бо кадом сабабе кам аст. Хеле хуб аст вақте мол ё хидматрасоние, ки пешниҳод мекунем дар бозор кам бошад ё тамоман набошад. Ҳоло чунин соҳаҳо энергетика, маҳсулоти кишоварзӣ ва технологияҳои рақамӣ мебошанд. Таваҷҷуҳи мо бештар ба энергияи алтернативӣ ва соҳаи кишоварзӣ аст. Энергияи тоза аз ҳисоби кам шудани захираҳои нафт дар оянда соҳаи аз ҳама сердаромад мешавад. Маҳсулоти кишоварзӣ бошад аз ҳисоби зиёд шудани аҳолӣ сол аз сол серталабот мешавад.

Ин сармоягузори муваффақи аврупоӣ хулосаи худро дар асоси далелҳои воқеъие баровардааст, ки дигар сармоягузорон ҳам дар асоси ҳамон далелҳо натиҷагирӣ мекунанд. Мантиқан хулоса баровардан мумкин аст, ки ин соҳаҳо аз ҳисоби ояндаи хуб доштанашон таваҷҷуҳи дигар сармоягузоронро ҳам ҷалб меқунанд.

Хушбахтона дар Тоҷикистон агар шароити рақобат дар соҳаи технологияи рақамӣ бо Чин нест, аммо дар ду соҳаи дигари мавриди назари сармоягузорон- соҳаи гидроэнергетиқа (энергияи тоза) ва соҳаи маҳсулоти кишоварзӣ барои ҷалби сармоягузорон шароити хубе ҳаст. Захираҳои гидроэнергетиқии мо ба ҳама маълум ҳастанд. Дар дарёҳои Тоҷикистон имконияти сохтани чандин НБО-ҳои хурду бузурге ҳаст, ки иқтидори умумии онҳо зиёда аз 500 миллиард кВ/с мебошад. Ин дар ҳолест, ки фоидаи ниругоҳҳои гидроэнергетикӣ ду баробар аз суди ниругоҳҳои барқӣ - ҳароратӣ бештар аст. Ниругоҳҳои барқӣ-обӣ аз ҷиҳати эқологӣ тоза мебошанд. Агарчӣ барои бунёди ниругоҳҳои барқӣ-обӣ маблағи бисёр сарф мешавад, аммо муҳлати хидматашон хеле зиёд аст ва барои нигоҳубини онҳо маблағи камтар сарф мешавад. Ин дар ҳолест ки дар минтақаи мо талабот ба қувваи барқ сол то сол меафзояд. Ҳиндустон солҳои охир бо суръат рушд мекунад ва талаботаш ба қувваи барқ меафзояд. Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон солҳост ба барқи арзон ниёз доранд. Ин маълумотҳоро ҳамаи сармоягузорон медонанд ва дар ҳолати пайдо шудани шароити дурусте барои сармояашон дар Тоҷикистон ҳатман ба ин соҳаи седаромад таваҷҷуҳ зоҳир меқунанд.

Ҳарчанд заминҳои ҳамвор дар кишвари мо каманд, аммо имконияти рушди соҳаи кишоварзӣ вуҷуд дорад ва таҷрибаи онро Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ дорад. Истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби зиёдшавии аҳолии курраи замин талабот ба он зиёд шудан дорад, метавонад роҳи рушди босуръаттари кишвари мо бошад. Бо роҳандозии як низоми дуруст дар соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дар баробари сармоягузорони хориҷӣ соҳибкорони дохилӣ ҳам метавонад ин соҳаро маблағгузорӣ кунанд ва ин соҳа рушди босуръате дошта бошад.

Бо вуҷуди он қи метавонад соҳаҳои гидроэнергетика ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон манфиатовар бошад, сармоягузорони ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ таваҷҷуҳи зиёде ба ин соҳаҳо дар Тоҷикистонро надоранд. Ин аз сабаби он аст, ки кишвари мо дар феҳристи фасодзадагӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳон мавқеи пастеро ишғол кардааст. Обрӯи кишвар дар мақоми пойин қарор дорад ва сармоягузорон ба бехатарии сармояи худ дар Тоҷикистон бовар надоранд. Дар рӯйхати солонаи фасод дар ҷаҳон, ки Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ интишор додааст, Тоҷикистон аз миёни 176 кишвар бо 22 имтиёз дар мақоми 157 қарор гирифтааст. Маҷаллаи амрикоии Forbes бошад дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро ба гуруҳи 15 давлати фасодзадатарин ворид карда буд.

Ҳарчанд баъзе коршиносони тоҷик ин маълумотҳоро нодуруст медонанд, аммо воқеъият ин аст, ки сармоягузорон ба ин феҳрист ва ишғол кардани ҳар кишвар дар он таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Ин гуна маълумот дар феҳристҳо дар бисёр маврид сабаби дохил нашудани сармоя ва ҳатто фирори сармояҳои воридшуда дар кишварҳое мешавад, ки дар ин рӯйхатҳо дар зинаҳои пасттарин ҷой гирифтаанд. Бинобар ин барои баланд бардоштани нуфузи худ дар чунин феҳрастҳо ва ба даст овардани боварии сармоягузорон ба мақсади ҷалби онҳо ба пружаҳои гидроэнергетикии қишвар, давлатмардони мо-ро зарур аст, ки роҳҳои дурусти кам кардани ришвахорӣ ва фасодро дарёфта, дар амал татбиқ кунанд.

Албатта дар ростои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон корҳои амалӣ ҳаст ва кормандони сохторҳои кудратӣ, Кумитаи андоз ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мебаранд, аммо ҳамаи ин талошҳо натавониста, ки сатҳи фасод ва ришвахориро паст карда, ҷойгоҳи кишварро баланд кунад. Аз ин рӯ лозим аст дар баробари истифода аз қудрат дар мубориза бо фасод, боз аз дигар роҳҳо истифода бурд. Масъалан барои кам кардани ришвахорӣ ва фасод нахуст бояд тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, ба қайдгирӣ, ба ҳисобгирӣ ва назорат аз болои соҳибкорон ва корхонаҳоро сода ва осон карда, қоғазбозиро коҳиш бояд дод.

Дуюм, бояд аз таҷрибаи Гурҷистон истифода қарда, ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳоро электронӣ кард, то ки шаҳрвандон аз равзанаи ягона тавонанд дар муддати кутоҳ ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаи худро дастрас кунанд ва дигар ҳоҷат ба ришва додан намонад.

Сеюм, баъди автоматӣ ё худкор кардани ҳуҷҷатгузориҳо, ки дигар алоқаи бевоситаи шаҳрвандон бо масъулони давлатӣ кам мешавад, имқоният ҳаст, ки сафи кормандони давлатиро ба маротиб кам кард. Ногуфта намонад, ки бе кам кардани кормандони давлатӣ, мубориза бо фасод натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бо электронӣ кардани ба қайдгирӣ ва андозсупории соҳибкорон, имконияти ба маротиб кам кардани кормандони соҳаи андоз ба даст меояд. Бо насб кардани наворбардорҳо дар қисматҳои асосии шаҳрҳо, имконияти ба маротиб кам кардани кормандони БДА ба даст меояд ва ба ин тартиб дар дигар соҳаҳо ҳам имкон ҳаст, ки кормандонро кам карда, эҳтимолияти ришвахориро паст кард.

Чорум, баъди кам кардани кормандони давлатӣ имкон пайдо мегардад, ки маоши онҳо, ки нокифоятии он яке аз сабабҳои асосии ришвахорӣ ва фасод аст, ба маротиб зиёд гардад ва як омили ришвахорӣ нобуд карда шавад. Дар ҳоли ҳозир барои он ки корманд ба ришвахорӣ даст назанад, маоши камтарин бояд 2000 сомонӣ бошад ва бо назардошти таваррум ҳар сол зиёд гардад.

Агар дар баробари амалҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз роҳҳои зикршуда истифода карда шавад, боварӣ ҳаст, ки дар муддати кутоҳ, чун кишвари Гурҷистон, сатҳи ришвахорӣ дар кишвари мо паст гардида, дар рӯйхатҳои созмонҳои байналмиллалии фасодзадагӣ Тоҷикистон ҷойгоҳи хубтареро сазовор мешавад. Дар натиҷа сармоягузорон ба амнияти сармояи худ дар Тоҷикистон боварӣ пайдо карда, дар амалисозии тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвари мо иштирок хоҳанд кард.

Меҳр Собириён,

шореҳи иқтисодии "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97