Иронро кӣ гурусна монд?

Иқтисод 31.03.2013 18:58

Ё дар рӯ ба рӯи буҳрони иқтисодӣ

IronКишвари ба мо дӯсти Ирон, ки яке аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дорад ба буҳрони иқтисодии ҷиддӣ аз сабаби таҳримҳои байналмиллалӣ, дар ҷавоб ба барномаи ҳастаии худ гирифтор мешавад. Расонаҳои хабарии ин кишвар, ки пайваста аз муваффақиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ирон сухан мегуфтанд, ахиран вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии Иронро нигаронкунанда ва рӯ ба буҳрон арзёбӣ карданд. Имсол бо наздик шудани иди Наврӯз баҳс байни масъулини Ирон сари гаронии маҳсулоти ғизоӣ зиёд шудааст ва коршиносон далели ин буҳрони ғизоиро таҳримҳои сахттаре медонанд, ки таи 4 моҳи ахир сурат гирифтааст. Масъалаи гаронии хӯрокворӣ ҳатто мавзуъи аслии хутбаҳои масҷидҳои ҷомеъ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои калони Ирон будааст, аммо имомон далелашро на таҳримҳо, балки мудирияти нодурусти иқтисодии ҳукумати Аҳмадинажод унвон кардаанд.

Ёдовар мешавем ки нисбати кишвари Ирон ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар доираи СММ тайи чанд соли ахир барои даст накашидан аз барномаи ҳастаӣ, таҳримҳо ҷорӣ кардаанд. Ин таҳримҳо содироти ҳамаи маҳсулоти ҳастаӣ, мушакӣ, ва аксарияти намудҳои техникаи низомӣ ба кишвари Ирон, маблағгузории бевосита ба соҳаҳои нафту газ ва кимиёи Иронро манъ мекунанд. Боз тибқи талаботи ин таҳримҳо ҳамаи муносибат ва доду гирифт бо Ситоди посдорони инқилоб, бонкҳо ва ширкатҳои бима (суғуртавӣ), амалиётҳои молиявӣ ва муносибатҳо бо Нируҳои ҳарбӣ- баҳрии Ирон манъ аст. Ба ғайр аз ин дар доираи таҳримҳои иловагӣ кишварҳои алоҳидае ба монанди ИМА, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ, ки аз ҷумлаи истеъмолкунандагони аслии нафт дар ҷаҳон мебошанд, аз хариди маҳсулоти нафтии Ирон даст кашидаанд. Ҳоло танҳо Чин ва Ҳинд харидорони аслии нафти Ирон боқӣ мондаанд ва онҳо ҳам нафтро аз биржаҳои Ирон бо Евро дастрас мекунанд.

Дар натиҷа арзи хориҷӣ (доллари ИМА, ки воситаи асосии додугирифт миёни кишварҳои ҷаҳон аст) дар дохили Ирон кам шуда, ба таварруми зиёди пули миллӣ оварда расонд. Қурби риёли Ирон аз 874 туман дар соли 2003-юм ба 3200 туман дар охири соли 2012 омада расид. Ин ҳолат зарбаи ҷиддие аст бар қудрати харидории мардум. Махсусан ин таварруми зиёд зарба ба кормандоне мезанад, ки маоши муайян мегиранд, аммо нархи хӯрокворӣ рӯз аз рӯз боло меравад. Хабаргузориҳо менависанд, ки давлати Ирон барои чораҷӯии буҳрон ва дастгирии кормандон ва бардоштани қудрати харидории онҳо, маблағи муайянеро ҳамчун идона барои онҳо ихтисос додааст. Аммо ин кумак низ натавонистааст посухгӯи гарониҳо бишавад.

Коршиносони иронӣ бештар таъкид мекунанд, ки бо ихтисос додани маблағи ночизе ба мардум мушкил ҳал намешавад ва ҳукуматро мебояд барномаҳои дурусттареро рӯи даст бигирад то вобастагии маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзиро аз хориҷи кишвар кам кунанд. Гуфта мешавад, ки ин вобастагӣ ҳатто аз замони ҷанги ҳаштсола бо Ироқ ҳам зиёд аст. Агар даҳ понздаҳ сол пеш вобастагии Ирон аз маҳсулоти хориҷӣ тақрибан 26%-ро ташкил медод, имрӯз он ба 54% расидааст. Аз рӯи барномаҳои рушди иқтисодии Ирон дар назар буд, ки бо дастгирии давлат истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда, вобастагии кишвар аз воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар кам мешавад. Аммо воқеъияти солҳои охир баръакси он шудааст ва воридот зиёд шудаву истеҳсол кам шудааст.

Ҳамаи ин мушкилот бар сари мардуми сарбаланди Ирон баъди талоши ҳукумати ин кишвар барои дастрасӣ ба ҳақи ҳалоли худ, истифодаи сулҳомези энергияи атомӣ омад. Ҳақе, ки мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам онро барои Ирон эътироф мекунанд. Ҳукумати Ирон барои баромадан аз буҳрони арзӣ кӯшишҳои дигар Ҳам кардааст, аммо то ҳол камнатиҷа буданд. Аз ҷумла дар назар буд аз ҳисоби соҳаи мошинсозӣ даромади арзии худро зиёд карда аз буҳрон мебарояд. Аммо ҳамаи кӯшишҳояш натиҷаи дилхоҳ надоданд. Корхонаи муштарак бо Белорус, ки бояд солона 30000 автомобили "Саманд" бароварда, дар бозорҳои Белорус, Русия ва Қазоқистон мефурӯхт, аз сабаби рақобатпазир набудани ин автомобилҳо дар ин бозорҳои пур аз автомобилҳои хушсифат аз тамоми ҷаҳон, таи се соли ахир танҳо 1000 автомобил баровардаасту халос. Дар Тоҷикистон ҳам ки аслан автомобилҳои арзон серхаридоранд, "Саманд" харидори зиёде пайдо карда натавонист. Корхонаи муштараки тракторбарорӣ бо Тоҷикистон ҳам ба муваффақияти назаррасе ноил нашуд. Бинобарин ҳоло ҳам қурби пули миллии Ирон дорад паст мешавад, ва дар баробари ин нархи аксарияти маҳсулоти ғизоӣ боло рафта, мушкилоти мардумро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунанд. Ҳукумат бошад то ҳол роҳи самараноки пешгирии таваррумро пайдо накарда аст.

Навобаста аз мушкилҳои ҷойдошта умед ҳаст, ки Ирон, ки дар таърихи худ мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардааст, аз ин мушкилӣ ҳам ба зудӣ мебарояд. Тоҷикистон ҳам аз рушди ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад ва комёбиҳои Иронро комёбии худ медонанд. Ин аз як тараф агар ба хотири сармоягузориҳои имрӯзаи Ирон ба иқтисоди Тоҷикистон ва ваъдаҳои сармоягузориҳои дигар (сохтмони НБО "Зарафшон", лӯлаҳои об ва газ ва роҳи оҳан миёни Ирон ва Тоҷикистон) бошанд, аз тарафи дигар дӯстии собитшудаи Ирон бо Тоҷикистон ва пайванди забонию таърихӣ бо мардуми сарбаланди Ирон мебошад. Умедворем ҳукумати Ирон ҳарчи зудтар роҳҳои дурусти баромадан аз буҳронро ёфта, мардумро аз қашоқшавӣ эмин медорад ва ҳеч гоҳ таҷрибаи талхи моро такрор намекунанд. Барои ин дар фарқият аз Тоҷикистони  азизи дар бумбаст монда, Ирони азиз аз имкониятҳои фаровоне бархурдор аст ва бо истифодаи дурусти онҳо метавонад сари роҳи буҳронро гирифта, рушди иқтисодии босуръатро дар солҳои оянда таъмин кунад.

Меҳр Собириён,

шореҳи иқтисодии "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97