Forbes: Тоҷикистон барои соҳибкорӣ намешавад

Иқтисод 25.11.2012 18:56

ForbesЁ маҷаллаи амрикоӣ Тоҷикистонро дар гуруҳи 15 давлати фасодзадатарин ҷо додааст

"Маҷаллаи амрикоии Forbes дар гузориши нави худ Тоҷикистонро ба гуруҳи 15 давлати фасодзадатарин ворид кардааст…"

Вақте ин хабарро дар сафҳаи интернет мехондам, ба ёди гузоштани унвони хабаре, ки дар се соли пеш дар пайи гузориши генерал Фаттоҳ Саидов, раиси муҳтарами Оҷонси мубориза бо коррупсия, ки вазорати кишоварзиро фасодзадатарин ниҳод ном бурд, уфтодам. Намехоҳам ба ҷузъиёти мавзуъ бипардозам, ки пас аз он чӣ иттифоқе уфтоду ду соли дароз кашмакаши додгоҳӣ барои резондани обрӯи вазорати кишоварзӣ миёни Қосим Раҳбарович Қосимов ва рӯзномаи "Миллат" сурат гирифт. Балки муҳимтар аз ин мавзуи эътибори Тоҷикистон кишвари азизи мост.

Кадом вазир обрӯи Тоҷикистонро мехарад?

Гуфтем, ки ин ҷо эътибори Тоҷикистони азиз дар миён аст ва акнун фурсати он аст, ки Қосим Раҳбарович ва амсоли ӯ вазирону раисони ҳукумат ба майдон биёянду аз обрӯи худ ва кишвар ҳимоят кунанд. Акнун ин ҷо ғаразе дар миён нест, "Миллат"-е бе пуштибон ҳам ин ҷо нест, ки бигириву ду соли дароз машғули кашмакаши додгоҳаш бисозӣ. Ин ҷо барои ҳифзи иззату эътибор бо Forbes-и Амрикои абарқудрат бояд дасту панҷа нарм кард. Ва бояд исбот сохт, ки ё ин гузориш дурӯғ аст ва ё воқеан, ки дар вазорату кумитаҳову идороти мо фасодкорон зиёданд ва ин боис шуда, ки Тоҷикистон дар қатори фасодзадатарин кишварҳои дунё ҷой бигирад. Агар ҳам ниҳодҳои мо фасодзада нестанд, пас Тоҷикистонро кӣ фасодзада кардааст, ду се нашрияи тундгӯ, ё 1 миллион муҳоҷири овора? Кӣ?! Посух бигӯед, вақти ҷавоби аъмоли содиркарда аст!

Forbes чӣ мегӯяд?

Маҷаллаи Forbes (Форбс) дар гузориши нави худ таҳти унвони "Беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ" Тоҷикистонро дар миёни 141 давлати дунё аз нигоҳи фасод, дар зинаи 128-ум ҷой додааст.

Таҳлилгарони Forbes инчунин Тоҷикистонро ба қатори даҳгонаи кишварҳое шомил кардаанд, ки андози гарон дорад. Аз рӯи ҳаҷми пардохти молиёт дар миёни 141 давлати дунё, Тоҷикистон мавқеи 133-юмро касб кардааст.

Ин маҷалла, ки миёни сармоядорони шарқу ғарб, маъруф аст, ҳамасола шароити соҳибкорию муҳити сармоягузориро дар кишварҳои ҷаҳон таҳлил карда, гузориши "Беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ"-ро пешкаш мекунад.

Таҳиягарони гузориш асосан ба 9 омил, аз ҷумла фасод, молиёт, ҳимояи ҳуқуқи сармоягузор, озодии тиҷорат, озодии маблағҳо, озодиҳои шахсӣ, навовариҳо, технология ва расмиёту қоғазбозиҳо таваҷҷуҳ мекунанд.

Ба навиштаи таҳлилгарони Forbes, Тоҷикистон дар масъалаи ҳимояи сармоягузор, озодии тиҷорат ва коҳиши расмиёт каме пеш рафта, ҷойҳои 24, 55 ва 64-умро соҳиб шудааст. Дар маҷмуъ, Forbes бо назардошти 9 омил, Тоҷикистонро дар рӯйхати 141 давлати беҳтарин барои соҳибкорӣ, дар зинаи 111-ум ҷой додааст, ки миёни Нигерия ва Камбоҷа қарор дорад.

Тибқи баҳогузориҳои ин маҷалла, ба сегонаи беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ, Зеландияи Нав, Дания ва Ҳонг-Конг дохил шудаанд. Кишварҳои ақибмондатарин Зимбабве, Чад ва Гвинея арзёбӣ мегарданд. Дар Тоҷикистон ба навиштаи Forbes, фасод, ислоҳоти заифи сохторӣ, идораи сусти давлатӣ ва бори қарзи хориҷӣ боис шудааст, ки вазъи иқтисодӣ ҳамоно номуътадил боқӣ бимонад. Дар қатори иттилооти дигаре, ки Forbes ба сармоягузорони эҳтимолии Тоҷикистон пешкаш мекунад, пойбандии кишвар ба маҳсулоти воридотӣ мебошад.

Таҳлилгарони маҷалла ҳисоб кардаанд, ки 60 фоизи маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон аз берун ворид мегардад. Ин ҷо аст, ки ба сари масъалаи аслӣ ва рушан кардани сабаби ёддоварӣ аз вазири кишоварзӣ дар шуруъи матлаби зер мерасем. Ҳадаф ин ҷо танҳо гӯшзад кардани даъвои беасоси вазири кишоварзӣ ва саргардон кардани нашрия ба хотири бознашри суҳбати генерал Фаттоҳ Саидов нест. Масъала ин аст, ки 60 дар сади маводи ғизоии Тоҷикистон, кишвари аграрӣ бо доштани 60 дар сад захираи оби минтақа аз хориҷ оварда мешавад ва ин боиси обрӯрезии кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ шудааст. Яъне нодурустии сиёсати кишоварзӣ боис шудааст, то Тоҷикистон ҳамчун кишвари нокоромад дар миёни соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ муаррифӣ бишавад.

Ин маҷалла инчунин зикр кардааст, ки таъминкунандаи асосии рушди иқтисодии Тоҷикистон, як миллион муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, ки дар Русия фаъолият доранд.

30% саҳмияи фасод

Сайёфи Мизроб, сардабири СССР, дар ҳафтае пеш дар мавриди суди вижаи 30%-и матлабе нашр карда, бонги изтироб зада буд, ки ин фасод дар тамоми тарҳҳои амалишаванда дар Тоҷикистон реша давонда, ҳатто ба тарҳҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳам таъсир гузоштааст. Дар солҳои аввали чопи нашрия аз масъуле дархости чопи эълоноти биржаи амволи давлатиро дар сафҳаи нашрияи "Миллат" кардам, чун тирожи камро баҳона пеш овард, далелаш овардам, ки фалон нашрия ҳамагӣ 500 дона нашр мешавад, аммо ҳар ҳафта эълоноти биржа дар он ба нашр мерасад. Дар посух гуфт, ки аз Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гирифтаанд, ки то бо ин нашрия ҳамкорӣ дошта бошанд. Албатта ин масъули давлатӣ эҳсоси гуноҳ намекард, ва шояд фикр ҳам намекард, ки як масъули Бонки ҷаҳонӣ бо ин "дархост" фасод содир кардааст ва ӯро ҳам шарики ҷурми худ сохтааст. Аммо намедонам, ки ин аз рӯи дастури кори расмии Бонки ҷаҳонӣ буда, ё бархоста аз ангезаҳои қавмиву ошнобозӣ. Ба ҳар ҳол аз он рӯз ба баъд ба ин ҳақиқат расидам, ки хеле аз созмонҳои байналмилалӣ на ба хотири хайрхоҳӣ кишвари моро барои фаъолият интихоб кардаанд.Аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ.

Вале шояд Forbes матлаби журналист Сайёфро роҷеъ ба саҳми 30% дар ин раддабандии кишварҳо истифода накардааст, вагарна шояд Тоҷикистон дар рӯйхат аз ҳама ахир ҷой мегирифт. Чун сирояти фасод фаромиллӣ шуда, ба намояндагони кишварҳои бидуни фасод, ки созмонҳои байналмилалиро дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд, низ таъсир расонидааст.  

Исбот

Мақолаи саҳмияи 30%-и СССР-ро канор мегузорем ва ба ин хабар таваҷҷуҳ мекунем, ки парлумони Тоҷикистон муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии кишварро аз мақомаш фаро хондааст.

Сомонаи "Озодӣ" навишт: "Дар чанд моҳи пеш Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ректори пешини Донишгоҳи иқтисодӣ Нозимҷон Нидоев ва муовинаш Эмомалӣ Одинаевро дар сирқати 2 миллион сомонӣ муттаҳам донист. Гуфта мешавад, бозхонди Нидоев аз муовинии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ низ ба ҳамин парванда бастагӣ дорад".

Ин тасмим бо пешниҳоди президент Эмомалии Раҳмон гирифта шуда ва аз ҷониби ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон пуштибонӣ ёфтааст. 

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Н. Нидоев, ҳамагӣ як сол пеш ба вазифаи муовини раиси КМИТ таъйин шуда буд. Худи Нидоев, аз тасмими ахири парлумон изҳори беиттилоӣ карда, вале гуфтааст, "ин кор ба салоҳияти президент дахл дорад. Ӯ ҳам пешниҳод мекунад ва ҳам аз вазифа бозмехонад. Аммо бо ман то ҳол дар ин маврид ҳеҷ суҳбат нашудааст." Дар ин баробар оқои Н. Нидоев, даст доштанаш дар сирқати молиро рад мекунад ва мегӯяд, дар фаъолияташ ба кӯтоҳие роҳ надодааст. 

Зимнан Н. Нидоев, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Оҷонси мубориза бо фасоди кишвар бо иттиҳоми тасарруф ва азхудкунии маблағи давлат ба миқдори 2 миллион сомонӣ боздошт шуда буд. Дар баробари вай муовинаш низ бо ҳамин айб дастгир гардид ва ҳамчунин се нафари дигар дар ин робита ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аммо дар моҳи май раиси Оҷонси зидди фасод Фаттоҳ Саидов хабар дод, ки Нидоев 600 000 сомонӣ аз ҷамъи хисороти ба давлат овардаашро баргардонд ва ӯро аз боздошт раҳо карданд, то боқӣ хисороти расондаашро ҷуброн кунад.

Дар як кишваре фақир мисли Тоҷикистон танҳо дар як ниҳоди таълимӣ, ки макони илму дониш бояд бошад, камомади ин миқдор маблағ масъалаи хурд нест. Балки фоҷиа аст. Фоҷиае, ки ҷойи баҳс надорад.

Дарс

Зиёратшоҳи Аҳмад, як хабарнигори тоҷик, ки масоили иқтисодиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд: «Мутаассифона ин воқеъияти Тоҷикистон аст, ки тайи солҳои ахир барои чандин бор дар пажуҳиши созмонҳои байналмиллалӣ зикр мешавад. Фасоди молӣ ва ришваситонӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон то ҳадде доман паҳн кардааст, ки дар зеҳни иддае аз мардум ин амали номатлуб, ба монанди як кори маъмулӣ мемонад. Бо вуҷуди талошҳои мақомоти интизомии кишвар дар мубориза бо фасоди молӣ ва ришваситонӣ, ин падидаи номатлуб ҳамоно дар ҷомеъа реша медавонад. Фасоди молӣ ва ришваситонӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон ду реша дорад; яке иқтисодӣ ва дигаре ахлоқӣ. Дар зиндагии рӯзмараи хеш зимни муроҷеъа ба идораҳои давлатӣ, бахусус ба мактабу дармонгоҳҳо мо бо ин падида бевосита рӯ ба рӯ мешавем. Бештари онҳое, ки аз мардум бо ҳар васила пул меситонанд, ҳаҷми ками музди меҳнатро ҳамчун далели ин аъмоли хеш пеш меоранд. Аз як сӯ маълум аст, ки густариши фасоди молӣ ва ришваситонӣ решаҳои иқтисодӣ дорад, яъне музди меҳнати ночизи иддае аз кормандони масъули давлатӣ хоҳу нохоҳ онҳоро водор месозад, ки дар ин амал даст бизананд. Чун чораи дигаре барои таъмини рӯзгори хонаводаи хеш надоранд. Аммо он мавридҳои фасоде, ки ба дуздии маблағҳои ҳангуфти давлатӣ рабт дорад, бидуни шак, ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Яъне мушкил дар ахлоқу фарҳанги ин гуна афрод аст, ки мансабро танҳо барои ҷамъ кардани сарват барои хеш истифода мекунанд. Ниҳодҳои интизомии кишварро зарур аст, ки бештар ба ин мавридҳои фасоди молӣ таваҷҷуҳ кунанд». 

Аммо Сайёфи Мизроб, сардабири СССР, ки тавре дар боло ишора рафт, дар матлабе ахиран аз ҷой доштани фасоди густарда бонги изтироб задааст, бо интиқод аз фаъолияти ҳангомабарангези Forbes мегӯяд: "Forbes ё худ Форбс-ҳамтои русиаш усулан бо ҳамин рейтингҳои ҳангомабарангезаш маъруф аст. Нахустин бор вақте ки Рокфеллерро дар соли 1918 бузургтарин сарватманд хонд, маъруф шуд ва ҳамасола дигар ба рейтинги бизнесу иқтисоду сарвату капитал рӯ овард, шиораш ҳам ин аст; асбоби капиталист... Нахандед. Воқеият ин аст...

Чандест, ки рӯ ба Осиёи пасошӯравӣ овардааст. Соли равон Гулнора Каримоваро диктаторзани нахустин хонда буд. Гулнора журналро ба суд дод, вале қазияро бохт. Чун бохт, пас, расман диктаторхонум гардид. Дар мавриди ин ки Тоҷикистон дар бари мамлакатҳои фасодзадатарин ҷо дорад, дақик намедонам, ки Форбс аз куҷо гирифтааст. Аммо ин ки маъатаассуф кишвари мо фасодзада аст, кори нав нест дигар. Хонанда бигӯяд, ки кораш дар куҷо бе ришва мегузарад, пас, мо бигӯем, ки Форбс дурӯғ гуфт..."

Воқеан ҷойи нигаронист, ки Тоҷикистон бо мушкилоти фарогире амсоли таҳдидҳои экстремизму терроризму маводи мухаддир аз як сӯ ва фишорҳои иқтисодӣ аз сӯи Узбакистон, буҳрони барқу дигар мушкилоти фарогир боз дар қабзаи фасод дар дохили кишвар дар бимонад.

Ин Ватани мост, хонаи мост, агар барои наҷоти он мо -фарзандони ин хона садо дар надиҳем, ин хона аз бунёд хароб хоҳад шуд. Вазиру раисе низ дар вайрона дигар лозим нахоҳад буд. 

Ҳатто давлати Чини қудратманд ахиран барои наҷоти ин кишвар дар баробари фасод эъломи ҷанг кардааст, то Чинро аз хатарот эмин нигаҳ дорад. Модоме Чин, давлате бо ин бузургӣ ва тавоноӣ аз густариши фасод эмин нест ва нигарон аст, чӣ расад ба Тоҷикистони азизу кучаки мо, ки фасод дар доманаш печидаасту Forbes сӯяш ангуштнамоӣ мекунад.

Муҳтарам, раисону вазирон, аз баҳри Худо, ба хотири пешгирӣ аз тахриби хонае, ки дар он азизони шумо лона доранд, бо худдорӣ кардан аз фасод ҷилави ин вайрониро бигиред. Тоҷикистон хеле кучак аст, ҷисми он таҳаммули ин захмаро нахоҳад дошт.

А. Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97