Кӣ чӣ мехонад? Сайтбандон ва бозори гарми "Аsiа Plus"

Иқтисод 21.09.2012 17:50

gazetaДар дунёи муосир дигар иттилоъ дар шакли мактуб дорад ҷойгоҳи қаблиашро ба расонаҳои электронӣ медиҳад, аммо Тоҷикистон акнун ба ин пайроҳа гом мегузорад. 

Агарчӣ тиражи тамоми ахбори чопӣ ба андозаи тиражи "Тоҷикистони шӯравӣ" нест, вале ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон газета барои расонидани иттилоъ ҷойгоҳи хос дорад.

Ба хотири муайян кардани он ки кӣ чи мехонад, ба суроғи рӯзномафурӯшон уфтодам. Бо маслиҳати дӯстон, тасмим гирифтам, ки дар "Дом печать", мавзеъе, ки ҳамеша ҷойи мутолиаву дарёфти иттилоъ будааст ва қишри таҳсилдида асосан аз ҳамин масир роҳгузар ҳастанд, таҳқиқоти кӯчакеро анҷом бидиҳам.

Панҷшанбе. Гармтарин рӯзи бозори рӯзномафурӯшӣ. Аввалан шояд аз бетаҷрибагии ман буд, ки бонуи рӯзномафурӯш нахост, то бо ман ҳамсӯҳбат шавад. Аммо сабрро пеша кардаму хира шудам, то тавонистам ӯро моил ба суҳбат бикунам. Мо бо ҳам шинос шудем:

- Фарзона ҳастам, коромӯзи нашрияи "Миллат"!

- Хатичабону Худоёрова ном дорам, чанд сол боз ин ҷо рӯзнома мефурӯшам. Қаблан хоҳарам Оишабону ин ҷо машғул буд, шароите шуд, ки ӯ ба Русия ба муҳоҷират рафту ҷой ва пешаашро ба ман вогузор кард. Аз ин тариқ ризқ пайдо мекунам.

Пас аз ошноӣ, ӯ ба ман иҷоза дод, то наздаш биншинаму мушоҳида бикунам, ки кадом нашрия бозоргир асту кӣ бештар рӯзномахонӣ мекунад.

Аввалтар аз худи Хатичабону ба унвони паҳнкунандаи рӯзномаҳо пурсидам, ки кадоме аз нашрияҳо пурфуруштарин аст(?).

Ӯ гуфт: "Намедонам аз чӣ сабаб аст, ки сокинони пойтахт, ба хусус дар ин қисмати шаҳр бештар рӯзномаи "Аsiа Plus" ва "Рекламная газета"-ро харидорӣ мекунанд. Вақтҳои пеш сокинон рӯзномаҳои Миллат, СССР, Фараж ва Нигоҳро бисёртар мехариданд, хонандагонашон зиёд буданд, ҳозир нисбат ба пеш камтар аст.

Рӯзномаҳои Оила, Ману Ту, Зан ва Мард, Муҳаббат ва Оила-ро занони хонанишин бештар пурсон мешаванд. Ҳар як рӯзнома хонандаи хоси худро дорад. Ҳозир хонандаи рӯзномаи "Аsiа plus" аз дигар рӯзномаҳо зиёд аст, фарқ мекунад. Ҳар як рӯзнома мавсими хос дорад, ки хонандагон дар ҳамон мавсим онро харидорӣ менамоянд. Риштаи сӯҳбати моро, садои зани чиҳил солае, ки дархости "Рекламная газета" мекунад, мебуррад.  

Аз ин бону мепурсам, ки чаро "Рекламная газета" -ро харидорӣ дорад? Ин бону гуфт, ки дар ҷустуҷӯи кор ҳаст ва ин рӯзномаро ба хотири сафҳаи эълонҳои ҷои корӣ  харидорӣ мекунад, ки "шояд худое хоставу" шуғле пайдо бикунад.

Харидори навбатӣ як ҷавонмард аст, ки худро рӯзноманигоре муаррифӣ кард, ки дар факултаи журналистика дарс ҳам гуфтааст. Аммо аз бурдани ному насаби хеш худдорӣ варзид. Ӯ рӯзномаи "Адабиёт ва санъат" ва "Аsiа plus"-ро харидорӣ кард. Вақте аз ӯ пурсидам, ки чаро интихобаш танҳо рӯи ин ду нашрия буд, гуфт, ки дар хона бо истифода аз шабакаи интернетӣ аз сайти рӯзномаҳои дигар матолиби онҳоро мутолиа мекунад. Мусоҳиби ман афзуд: "Чун сайтҳои дигар нашрияҳо дастрас аст ва сайти "Аsiа plus" баста, имкони хондани матолиби онро надорам, аз ин рӯ онро харидорӣ кардам. "Адабиёт ва санъат"-ро чун интизори мақолае ҳастам, мехарам".

Ҳунарпешае, ки гуфт, дар театри драмавии Лоҳутӣ фаъолият мекунад, рӯзномаи "Адабиёт ва санъат"-ро харидорӣ карда гуфт, ки хусусан барои мақолае онро харидорӣ мекунад, ки дар бораи худи ӯ нашр шудааст.

Тӯли як соате ,ки ман дар назди рӯзномафуруш нишаставу мушоҳида мекардам, донишҷӯён "Нигоҳ"-ро мехариданд. Чун сабаб пурсидам, донишҷӯён гуфтанд, ки барои дарсашон муаллим онро супориш додааст.

Нашрияҳои Миллат, СССР, Фаражро бештар афроди таҳсилкарда, муаллимону коргарони давлатӣ пурсон мешуданд. Бархе аз харидорон то дергоҳ назди рӯзномафурушӣ истодаву сафҳаҳои аввали рӯзномаҳоро аз назар мегузарониданд, бархеро варақ мезаданду гузошта мерафтанд.

Аммо нафаҳмидам, ки муҳтаво писанд намеомад, ё камии маош монеъи даст ба ҷайб бурдани онҳо мешуд. Шояд ҳадси дуввум бештар ба ҳақиқат наздик бошад, зеро ин тоифа аз мардум маълум буд, ки иштиҳои мутолиа доранд, ки то дер дида дӯхтанашон ба титри рӯзномаҳо бозгӯ аз ин вазъ мекунад.

Фарзонаи Мирзоҳаким,

коромӯзи "Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97