Дафтари хитоӣ

Иқтисод 19.09.2012 10:12

SMS-ча ба масъулини таъминоти дафтари талабагон

chinese_bookstoreСоли нави таҳсил фаро расид ва ин беҳтарин фурсатест, ки кӯдаконро лозим аст, то аз он самаранок истифода бубаранд.Барои писарам дафтар харидорӣ намудем, ки дар муқоваи ҳар кадом аз дафтар номи фанҳо навишта шуда буд ва дар саҳифаҳои аввали ҳар як мухтасар доир ба он фан маълумот дарҷ шуда, ки ин маро хурсанд намуд.

Чун ки албатта ин маълумотҳо аз фоида холӣ нахоҳанд буд. Дафтари "Ҷуғрофия"-ро ба даст гирифтам. Чунин маълумотро хондам:

Дарёҳо: Дарёи Помир ба дарёи Панҷ мерезад, дарозиаш 921 км бо масоҳати ҳавзаи обгириаш 114000 км2, намуди ғизогирӣ (ҷойи "вой" -гӯист-муаллиф) пиряхию барфӣ. Муаллими мактаби миёнаи "бесаводам" аз ин дарёи бузург ба мо нагуфта буд. Хушбахтона, дар хона харитаи Тоҷикистон мавҷуд аст ва ман ба харитаи масштаби 1:802000 (дар харита  миқёси 1:802000 навишта шудааст, ки "вой"-и навбатист-муаллиф) ба кофтани дарёи Помир шуруъ намудам. Дар харита пайдош нест. Мумкин як дарёчаи майда бошад, ки дар харита ҷои худро наёфта бошад. Эъ, не. Дарозиашро бубинед; 921 км. Аз Мурғоб сар шуданаш даркор ва дар Панҷакент ба дарёи Панҷ рехтанаш даркор. Масоҳати обгириаш расо 80%-и масоҳати ҷумҳурист.

Дарёи дигарро "анализ" менамоем, бо номи Зарафшон ва дар қавсайн Масчоҳ, яъне дарёи Зарафшон номи дигаре ҳам дорад, бо номи Масчоҳ(!). То омадани хитоиҳо ин тавр набуд. Акнун онҳо "ҳуқуқ" доранд номҳои дарёҳои моро вобаста ба завқу кайфияти худ номгузорӣ намоянд? Фардо тамоми тилои Зарафшонро гирифта, номи Жужу (тарҷума аз чинӣ -Регихолиафшон-муаллиф) хоҳанд монд. Барои насли баъдинаашонро ҳушдор додан. Беэҳтиромиро бубинед, ки сутуни ба куҷо рехтани дарё холист. Хулоса намудаанд, ки инро фаҳмидани бачаи тоҷик лозим нест? Ё ба сиёсати байни ду давлат "аралаш" шудан намехоҳанд? 

Дар ҷои дигар омадааст:

Масофа аз сарҳад то баҳрҳо:

То баҳри Арал - 700 км  (на каму на зиёд)

То баҳри Каспий - 1150 км.

Ҳамин "информатсия" ба касе даркор нест ва даркор намешавад, ба Вазорати таъмин бо афзоли мактабӣ "тем более". Ҷой холӣ намонад гуфта, коғаз сиёҳ шудааст. Шакли дурусташ бояд то бандари баромад ба уқёнусро мегуфтанд, ки ин мавзуъи ҷугрофияи иқтисодист.

Баргаштем ба "справочники" қаторкӯҳҳо:

Номи қуллаи "Офицерони Советӣ"-ро чунин тарз навиштаанд: "Афсарони собиқ Шӯравӣ". Наход ҳамин тавр бошад?! Моро чунин ёд надода буданд. Агар ин тавр мебуд, чунин мебуд; Хостихудоев Ҳомиди тифл, Хостихудоев Ҳомиди синфи як, Хостихудоев Ҳомиди студент, Хостихудоев Ҳомиди мардикор, Хостихудоев Ҳомиди муҳандис ва ғайра. Мумкин дар Чин чунин бошад, вале чаро гумрук ва Вазорати маорифи мо ин ахлотро аз сарҳад мегузаронанд?! То ҷое, ки ман огоҳам аз осмон рег боридааст, хун боридааст, вале дафтар бориданро касе ба ман нагуфтааст. Бовар дорам, ки хеле аз мардум бо хӯроки бемаза муросо менамоянд, аммо бо чунин иттилоъ ҳаргиз не (ин мавзӯъи ҷудогонаст, ки дар ҷойи дигар ба он хоҳем пардохт-муаллиф).

Поинтар:

Қаторкӯҳ- Рӯшон, қулла- Патхор, баланди - 6080 м.

Аслан баландии қулла 6083 м мебошад. Гап дар 3 метр нест, гап дар дурӯғ аст. Мувофиқи ҳаракатҳои тектоники кӯҳсорони дар Бадахшон ҷойдошта ҳар сол ба андозаи 2 см баланд мешаванд, вале бар акси назария ва таҷриба як фирмаи гумноми чинӣ қуллаҳои моро паст кардан дорад. Чинӣ пули мардикорони моро ба ин васила ба давлати худ кашидан дорад, вале мутасаддиёни мо куҷо нигоҳ доранд? Ё саргарми ба хориҷ равон кардани фарзандони худанду барои ин корҳои майда чуйда вақт надоранд. Барои маълумот бояд бигӯям, ки барои хониши фарзандонашон боз аз пули мо мардум истифода мебаранд. (Албатта ман "Америкаро кашф" накардам -муаллиф.) Музди кории онҳо барои билет харидан намерасад, куҷо расад ба даҳ ҳазору бист ҳазор (албатта доллар ё евро - муаллиф) барои хониши яксолаи фарзанди ишон. Ё мақоли "саг меҷакад, корвон мегузарад"-ро сармашқи кори худ қарор додаанд?  Қарор додаанд.

Бармегардем ба "қаторкӯҳҳо".

Қаторкӯҳҳои Пшарт навиштаанду дигар сутунҳо холӣ. Гӯё на қулла дошта бошаду на баландӣ. Ва боз чанд қаторкӯҳи дигар бо чунин муносибат.

Дар қаторкӯҳҳои Язгулом қуллае будааст (дар таги фукамону мо бехабар- муаллиф) бо номи Инқилоб. То ҷое, ки ман ё мо огохем аз ин мавзӯъ, қуллае ҳаст бо номи Револютсия бо баландии 6940 м на бо баландии 6974 метри чинӣ. Агар бо Excel баландии миёнаи қаторкӯҳҳоямонро ҳисоб карда бошанд ҳам, хатогӣ ҳаст. (6080+6974) х 2 = 6527 м ин ҳисоби хитоӣ ва (6083+6940) х 2 = 6511, 5 ин ба ҳисоби ман ё мо, фарқият 15, 5 м.

Боз маълумотҳо оид ба пиряхҳо мавҷуд аст, ки масоҳати пиряхро бо номи "Майдони пиряхҳо" дарҷ намудаанд. Ё фикр намудаанд, ки Тоҷикон деҳқонанд ва барои онҳо майдони пахтаю масоҳати пирях якест. Касе онҳоро бояд фаҳмонад. Ва боз фаҳмонда шавад, ки дар Тоҷикистон кӯҳи Пётри як вуҷуд надорад, аммо қаторкӯҳест бо номи Пётри якум (ё якум ба римӣ- муаллиф). Ва ғайра дурӯғи такроршаванда.

Ва дар ин дафтар маълумот дар бораи кӯылҳост, ки аз дарёҳою қаторкӯҳҳо хатогихои бештареро ҷой додаанд.

Бештар аз ин наменависам, гарчанде хатогиҳо ва дурӯғҳои бештареро дар ин чор саҳифа мебинам. Танҳо оне, ки бовар накард, дафтари "Ҷуғрофия"-ро, ки чопи номаълум ва хеле бисёр дар фурӯшгоҳҳои мост, бигирад. Хитоӣ будани онро аз харитаи Хитойро дар охири дафтар ҷой додан, пайхас намудам ва дигар ин ки танҳо чиниён муҳаббати бештар ба мардум ва кишвари мо доранд ва ба заминҳоямон бештар, чӣ дар Мурғоб ва чӣ дар Ёвон.

Мутасаддиёни мо мардикорони моро забони русӣ меомӯзонанд, (хидмати хирсона-муаллиф) то дар Русия азоб накашанд. Ба ин бобоён (аз номи кӯдакон-муаллиф) гуфтаниям, ки якбора институте кушодан зарур аст, бо номи институти "Мардикор" ("Гастербайтер") ё лоақал мешавад, ки дар институтҳои мавҷуда факултетҳои  "Аробакаш", "Қаровули дача" ва ғайраро ташкил намуд. Мардикор дар паси кӯҳи Қоф ҳам дар азоб аст.

Ман чанд бор дар истгоҳи роҳи оҳани Душанбе ва фурудгоҳ хайрбод ва аз ҳам ҷудо шудани падару писар, модару духтар, ошиқу маъшуқ ва дигар пайвандонро дидаам. Як лаҳза худро ҷойи онҳо бигузор, масъули таъминоти дафтар! Барои онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намудан ҳиссаат ҳаст. Ҷудоӣ чи қадар сахт аст, бародар!!!

Оне, ҷанги шаҳрвандӣ орзуҳои ман ва моро, ки аз паи илм равон буданд, мақсад доштаму доштем, дар айни ҷавонӣ сӯхт, ман сулҳ намудам, оё фарзандони мо бо ғуломӣ, ки натиҷаи бесаводист, муросо карда метавониста бошанд?!

Қисман муросо намудаанд, мегӯям худ ба худ.

Аз Русия телефон намуданд, ки "мо хонаро аз фундаменташ гирифтем". Яъне хонаи урусеро то қулфу калид месозем. Чунон хурсандона гап мезаданд, ки гӯё вазифаи баландеро ба онҳо бовар карда бошанд, чуноне ки дар мо ба масъули таъминоти дафтари хонандагон бовар кардаанд.

Ба умеди эҳтиром қоил шудан ба андозсупорандагон ва раҳидан аз бесаводӣ.

Хостихудоев Ҳомид

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97