Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Мо - тоҷикон ҳаққи зиндагии шоиста надорем?

Иқтисод 12.09.2012 21:01

AbdufattohТавре аз хабарҳо бармеояд, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири паст кардани шиддати вазъи энергетикӣ дар фасли зимистони дар пешорӯ ба кишвари мо як миқдор маблағ ҷудо кардаанд.

(http://www.avesta.tj/goverment/13930-rogun-byt-ili-ne-byt-ili-kak-vb-rassmatrivaet-alternativy-dannomu-proektu.html) ба табъ расондааст, қайд шудааст, ки "маблағгузории Бонки

Баъд аз мутолиаи мусоҳибаи мазкур хоҳу нохоҳ Ҳиндустони тамоми сол гарму бебарф пеши назар меояд. Ҷаноби Сароҷ Кумар Ҷа, ки то ҳол дар Тоҷикистон набудааст, гумон мекунад, ки мардуми тоҷик ба мисли ҳиндуҳо моҳҳои ноябр-март, яъне моҳҳои асосии сарморо дар хиёбонҳо, рӯйи гилемҳояшон ба сар мебаранд ва боке нест, агар кадом як ниругоҳе дар қаламрави эшон бунёд нагардад. Бадбахтии аз ин бештаре нест, ки як нафари аз иқлими сарди Тоҷикистон ноогоҳ дар бораи тақдири миллати он андеша меронад ва андешаҳои бепарвоёнааш ончунон бепардаанд, ки аз хонданашон одамро даҳшат меояд.

Ростӣ, аз мантиқи тасмими Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди кумакашон барои паст кардани шиддати вазъи энергетики Тоҷикистон дар ҳайратам. Зеро аз маблағе, ки эшон барои беҳбуди вазъи энергетикаи Тоҷикистон ҷудо кардаанд, мутмаинам, ягон шаҳрванди оддии Тоҷикистон нафъ намебинад, зеро он маблағҳо ба дарди мо нахӯрда, чун солҳои пешин барои дарбеҳи кадом як шикофи номаълуми буҷаи кишвар масраф мегарданд.

Моҳи сентябр оғоз шуд, фасли тӯлонии зимистон моро боз дар пеш аст. Магар бо 1 ё 2 миллион доллари садақаи амрикоиёну аврупоиён мушкилоти беш аз 7 миллион аҳолии Тоҷикистон осон мегардад?

Ҳаргиз гумон намекунам, ки фардо бо ҳамон маблағи кумаки аврупоиён дар манзили деҳотии мо асбоби барқистеҳсолкунӣ (генератор) пайдо шавад. Ҳаргиз ин тавр нест, зеро Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳар сол ба кишвари мо чунин кумакҳо мекунанд, вале ҳанӯз моҳи октябр оғоз нашуда барқ дар манзилҳоямон хомӯш карда мешавад ва мо баҳорро мунтазир мешавем, то барфҳои худодод об шаванду ниругоҳи Норак бо иқтидори пуррааш ба кор даромада, барқ истеҳсол кунад ва реҷаи маҳдудияти барқро аз сари мо бардоранд.

Барои ман тасмими Ҳукумати Тоҷикистон дар чунин вазъ муайян нест. То ҳол саҳеҳ нафаҳмидаам, ки оё Ҳукумати Тоҷикистон ба идомаи бунёди ниругоҳи Барқи Обии Роғун, ки ҳамаи моро Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон ҳангоми ҷамъоварии пасандозҳоямон бо он дилпур сохта буд, кадом иқдомеро дар пеш гирифтааст.

Агар ҳукумат илоҷ надорад, пас бигузор иҷозат диҳад, то мардум ниругоҳашро худ бунёд кунад. Зеро Роғун ниругоҳи атомӣ нест ва ба минтақа ва ҷаҳон ягон оқибати нохуш надорад. Чаро мо то ҳол ҳамон ду агрегати дар ватанамон мавҷуд бударо дар саргаҳи Роғун гузошта наметавонем? Ё мо маҷбурем ба иродаи кадом як мансабдори Иттиҳоди Аврупо ё Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар Брюссели Аврупо ё Ню-Йорки Амрико, ки дар манзилҳои гарму бистарҳои нарми худ ба сар бурда, чӣ будани масъалаи торикӣ ва сардии шабҳои тӯлонии зимистони Тоҷикистонро намедонанд, гӯш фаро диҳем?

Мо чунин саволҳоро ҳар рӯз аз забони даҳҳо одамони оддӣ мешунавем. Ҳамаи онҳо, ки пасандози охиринашонро ба Роғун таслим кардаанд, имрӯз мунтазири идомаи бунёди Роғун ҳастанд. Зеро ҳама умедворанд, ки Роғун роҳи наҷоти онҳо аз торикию сардӣ, аз бекорию оворагардӣ ва нокомӣ аст.  

Гоҳо мешунавем, ки масъалаи бунёди Ниругоҳи Барқи Обии Роғун масъалаи тавозуни молиявии байни кишварҳои минтақаро аз байн мебарад ва кишварҳое, ки худро айни ҳол соҳибмулки ин арзиши муҳим, яъне энергетика медонанд, аз ҷумла Узбакистон, ба бунёди Роғун ҳавасманд нестанд ва бо ҳамин сабаб ҳукумати Тоҷикистон аз тарси муноқиша бо онҳо бунёди ниругоҳро мудом ба замони дигару номуайян мегузорад. Магар мо тобеъи Узбакистон ё Русия ҳастем? Ё мо то ҳол дар миқёси байналмилалӣ баробари Узбакистон ё Русия ҳамчун давлати мустақил эътироф нашудаем?

Агар шинохта нашудаем, гуноҳи онҳое, аст, ки имрӯз дар ин сарзамини, бо вуҷуди сарватҳои беҳисоб доштанаш, ба ғайр аз бунёди боғҳои фароғатию кушкҳо ягон иқдоми дигари арзандае накардаанд. Агар иқдом мекарданд, ҳаргиз ҷавонмардони тоҷик барои пайдо кардани қути лоямут дар кишвари бегонаи рус сарсону саргардон, таҳқиру бадном намешуданд.

То ҳол сабаби рушд накардани давлати моро ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри гузашта марбут медонанд. Кишвари Олмонро пеши назар меорем, ки соли 1945 аз ҷониби нируҳои дастаҷамъии оламиён то ҳадде харобу валангор шуда буд, ки дар садсолаи оянда барқарор кардани онро касе ҳатто андеша намекард. Хушбахтона, мардуми баору номуси олмонӣ дар тӯли бештар аз як даҳсола ҳамаи он харобиҳои ҷанги ҷаҳониро бартараф карда, на танҳо ба мардумаш зиндагии шоистаро таъмин намуд, инчунин ба сафи кишварҳои муқтадири олам ворид шуд. Имрӯз номи Олмонро, ҳарчанд он гунаҳкори асосии ҷанги дуюми ҷаҳон аст, ҳатто абарқудратҳои олам боэҳтиёт ба забон меоранд. Имрӯз бе маслиҳати Олмон ягон тадбири байналмилалӣ татбиқ намегардад. Ҳатто Русия, давлате, ки дар ҷанг аз болои Олмон ғалаба карда буд, имрӯз аз Олмон кумак мепурсад.

Қаблан дар замони шӯравӣ ҳатто ночизтарин масъалаҳои ҳаёти кишвари мо дар Маскав ҳаллу фасл мегардид. Масалан, агар дар Душанбе ҳукумати Тоҷикистон ягон қаср бунёд кардан мехост, ҳатман бояд иҷозати Маскавро мегирифт. Зеро маблағи бо заҳмати мо ба даст омада дар ибтидо ба Маскав интиқол шуда, сипас, агар аз чанголи Маскав раҳо мешуд, ба ватанамон бармегашт. Мабодо агар ягон тоҷики саркаш бе иҷозати рус худсарона барои бунёди як девор иқдом мекард, маблағгузорӣ ҳатман қатъ мегардид, ё чанд мансабдор ба ҷурми саркашӣ ва беитоатӣ ба марказ аз қудрат барканор мешуданд.

Вале он замон кайҳо паси сар шудааст, аммо то ҳол ба назар чунин мерасад, ки мо дар ватанамон на танҳо Ниругоҳи Барқи Обии Роғун, ҳатто ҳаққи бунёд кардани як корхонаи муқаррарии тавлиди велосипедро ҳам надорем. Зеро ҳамон аврупоиён ва амрикоиён андеша мекунанд, ки бо сохтани корхонаи тавлидкунандаи велосипед тоҷикон минбаъд велосипедҳои дар Аврупо ё Амрико истеҳсолшударо харидорӣ намекунад.

Мо дар ватанамон, бигузор дар ҳудуди он тамоми нахи пахтаи олам истеҳсол гардад, ҳатто ҳаққи бунёд кардани як корхонаи куртадӯзӣ надорем. Зеро агар мо дар Тоҷикистон чунин корхона бунёд кунем, бозори куртаҳои дар Аврупо ё Амрико тавлидшуда дар Тоҷикистон танг мегардад, яъне тоҷикон дигар куртаи дар Италия истеҳсолшударо харидорӣ накарда, ҷинси тозаи табиии худашонро харидорӣ мекунанд.  

Дар маҷмӯъ, мо ҳаққи дар ватанамон бунёд кардани ягон корхонаи ба бозори ҷаҳонӣ рақобаткунанда надорем. Агар чунин ҳақ медоштем, ҷавонмардони мо дар кишвари рус бо номи "Равшану Ҷамшуд" таҳқир намешуданд. Дар ҳолати дар ватани худ имкони кор пайдо кардан мардикори арзонкори тоҷик минбаъд ба Русия нахоҳад рафт. Бадбахтона, агар дар ин самт ҳукумат чораи қатъӣ наандешад, дурнамои ҳаёти мардуми тоҷик чунин хоҳад буд ва мо чеҳраи мардикоронамонро минбаъд низ аз оинаҳои сиёҳнамои рус хоҳем дид. Илова бар ин, мо ҳар сол ба хотири кадом аҳдофи аврупоиён, мӯҳтоҷи садақаи иборат аз 1 ё 2 миллион доллари амрикоӣ боқӣ хоҳем монд!

Абдуфаттоҳ Воҳидов,

рӯзноманигор
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97