Фаровонӣ + арзонӣ = тинҷиву амонӣ

Иқтисод 10.09.2012 09:48

Кампири Сомеъа: "Худованд, фаровонӣ, арзонӣ ва тинҷиву амонӣ ато кунад"!

ordi_arzonҲар сол кампири Сомеъа дар арафаи ид, пас аз хонатакониву сафед кардани деворҳои хона бо кумаки фарзандон остин барзада, "бисмиллоҳир раҳмони раҳим" гуфта, сари халтаи ордро мекушод, то анвоъи гуногуни кулчаву нон аз барои савобу зеби дастархон омода кунад.

 Аммо дар ин иди моҳи шарифи Рамазон, ба ӯ муяссар нашуд, то халтаи пуропури ордро бо дили кушоду табъи болида «аз баҳри савоб» боз кунад. Чашм ба халтачаи селофании орди овардаи наберааш медӯхту намедонист, ки бо он чӣ кор кунад. Чаппотӣ бипазад, ё кулчаҳои ширмол дуруст кунад. Ӯ дар  банди ин фикр буд, ки наберааш садо кард; "мома, мон кулчаву чаппотита, иқаҳак ордай, печениву ромбик мепазам."

Кампири Сомеъа оҳиста остинҳои барзадаашро фароварду чеҳрааш гирифт. Намедонист, ки аз кӣ хафа шавад, аз набераи шаттоҳаш, ки нагузошташ то ин ид низ чаппотиву кулчаҳои рӯсурхаш рӯи дастархони идонаро зиннат бубахшанд ё аз дасти ордҷалобону масъулон, ки боис шудаанд, нафақааш ҳатто ба як халта орд нарасаду ӯро забонкутаҳи наберагонаш кардааст. ҳатто боис шуда, ки дар ид ҳам натавонад армон бишканаду аз баҳри Худо, амали хайре анҷом бидиҳад.

Дастархони идӣ бидуни чаппотиву кулчаҳои бомаззаи кампири Сомеъа ороста шуд. Дастархони маъмулӣ, хеле кӯчак. Кампири Сомеъа ҳам бо табъи гирифта, субҳи ид даст ба дуо шуд: "Худованд фаровонӣ, арзонӣ ва тинҷиву амонӣ ато кунад!"…

Савоби ид аз даст рафт… шафтолу 4 сомонӣ шуд

Ҳар сол дар остонаи ид зани бекорро дар маҳалла пайдо намекардӣ, аммо имсол занҳои фориғ аз корро дар назди хонаҳои истиқоматӣ зиёд дучор мешудӣ, ки суҳбаташон атрофи нархҳои бозор ва афсусу надомат гарм буд.

Сари роҳ яке аз занҳои ҳамсояро дидам, ба онҳое, ки бо борхалтаҳои пур сӯи манзил раҳсипор буданд, бо ҳавас менигаристу гуфт; «пул бошад, ки бигирӣ». Ҳарфашро бепарвоёна тасдиқ кардаму сӯи роҳрави мевафурӯшӣ рафтам. Пас аз харид кардан баргаштаму дидамаш, ки ду дона себ, ду дона ноку ду дона кадом меваи дигари арзонтару як хушаи ангур болои паллаи тарозу мегузошт. Аз назди мевафурӯш дур мешудам, ки овозашро шунидам, ба писарбачаи савдогар мефаҳмонд, ки аз модари ӯ иҷоза гирифтааст, то ба андозаи як мевагирак аз ҳар кадом мева ҷудо кунаду бигирад, пулашро баъди ид медиҳад. Бар асари серкорӣ садои зан дар гӯшам сабт шуду ба зеҳнам коргар нашуда, ба хона расидам. Пас аз оростани дастархони идона вақте меваҳои зиёдатиро дар яхдон гузоштам, суханҳои он зан дар гӯши ёдам аз нав шунида шуданд. Худро маломат кардам, ки чаро як кило аз мевае харидорӣ накардам то ба он зан хайре бирасад. Хонаашро ҳам дақиқ намедонистам, ки барояш бифиристам. Дигар на шаҳомати идро дидаму на хайру баракаташро, танҳо ҷуссаи лоғари он занро медидаму суханони ӯ дар гӯшам садо медод.

Аммо магар ин зан танҳо касе буд, ки идро бо ғусса пешвоз гирифту аз нодориву бечорагӣ сар ба гиребон кардаву дастархони идонаи худро бо ҳар навъе ороста сохт?! Магар суханоне,ки ин зану чанде дигар бечора дар рӯзҳои ид ба забон меоварданд, ба гӯши онҳое, ки мусобиқаи дастархонороӣ доштанду ҳар кадоме дар ҷустуҷӯи "сюрпризе" барои меҳмонони "олиқадру сер"-и худ доштанд, нарасид? Агар расида бошад, фурсаташ ҳам расидааст, ки дар борааш фикр кунем. Не?

Идгардак кунед, на хонагардак

idgardak_---Чанд соли пеш Саноат Шафиева як бонуи огоҳ дар нашрияи "Миллат" пешниҳод дод, ки аз "идгардаки" хона ба хонаи бачаҳо ҷилавгирӣ шавад, то миллат ба талбандагиву дасти тамаъ дароз кардан одат накунад. Хелеҳо ба ин пешниҳоди ӯ эрод гирифтаву маломаташ карданд, ки монеъи дар ҳамчунин рӯз дилхушӣ кардани бачаҳо мешавад.

Аммо ин ид низ телефони хона занг хурду яке аз хонандаҳои "Миллат" идро муборакбод гуфта пешниҳод кард, ки яке аз хешовандони муллояш ид омадаву гуфтааст, ки кош яке тариқи рӯзномаҳо тарғиб мекард, то аз ҳамин халта ба даст гирифтану хона ба хона, мисли лӯлиҳо гаштани бачаҳо ҷилавгирӣ шавад. Ӯ нақл карда, ки замони нодориаш барои пеши ҳамсояҳо шарм надоштан, гулдухтарони хурди худро субҳи барвақт аз хоби ноз бедор кардаву халта ба дасташон медодааст, то идгардак кунанду халтаҳои онҳоро холӣ карда, ба бачаҳои дигар «идӣ» бидиҳанд. 

Ин фарди огоҳ аз дину мазҳаб гуфтааст, дар ҳеч маъхази мазҳабӣ ҳамчунин одатро аз қабили халта ба даст гирифтану хона ба хона идӣ (садақа) хостан вонахӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки акнун кӯдакон аз гирифтани идиҳои арзонбаҳо рӯ мегардонанд ва ҳатто дашному ҳақорат ҳам медиҳанд.

Воқеан идгардак ва ё хона ба хонаи ҳамдеҳагон гаштани бачаҳо, ки аҳли деҳ ҳамагӣ аз ҷумлаи хешу ошнову ақрабо ҳастанд, дилхушкунанда аст. Аммо ин амал дар шаҳрҳо, ба хусус дар пойтахти кишвар, ки рӯз аз рӯз васеътар мешавад ва эътиқодот ва боварҳои мардум ба мазҳабу дину анъанот гуногун ноҷост. Шояд беҳтар бошад, ки аз хона ба хона гаштани бачаҳо ҷилавгирӣ шавад.  Ба ҳар сурат ақидаҳо дар ин росто гуногун ҳастанд ва беҳтарин роҳи ҳал ин аст, ки бо барпоии баҳсҳо дар расонаҳои хабарӣ вазъ ислоҳ бишавад. То дар ҳамчунин рӯзе бар фарде зулму хушунат нашавад ва ҳамагӣ дар ин рӯзи пурфараҳ шод бошанд, на ғамгин.  

Русия содироти ордро коҳиш медиҳад

Пас аз лаҳзаҳои шоду ношоди ид мардум ба тадриҷ ба зиндагии маъмулӣ бармегардад, вале ҳанӯз дастархони содаи идонаи бидуни кулчаву чаппотиҳои кампири Сомеъа аз ёд фаромуш нашуда, расонаҳо аз натиҷаи хушксолӣ дар бархе аз кишварҳо, ба вижа Русия хабар додаанд. Хушксолӣ дар Русия зарарҳои зиёде ба маҳсулоти кишоварзӣ, ба вижа ғалладона ворид карда аст. Ин хушксолӣ дар Русия ва паёмадҳои он сабаб шудааст, то ин нигаронӣ эҷод шавад, ки содироти ғалла аз ин кишвар кам мешавад.

Аммо Николай Фёдров, вазири кишоварзии Русия, бо нодида гирифтани ин нигарониҳо дар робита бо манъи содироти ғалла, гуфтааст: "Русия ҳамчунон ба содироти ғаллаи худ идома медиҳад."

Ин дар ҳолест ки муассисаҳои содиркунандаи ғалла бо дар назар гирифтани осори хушксолӣ дар манотиқи марказии Русия бо коҳиши пешбинии худ аз бардошти ғалла эълом карданд, тавлиди ғалла дар ин кишвар ба сабаби хушксолӣ бо камбуд рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Пешбинии ҷамъоварии ғалла дар Русия ҳудуди 70 то 74 миллион тон эълом шуда буд. Имсол танҳо 71% нақша иҷро шудаасту бас.

Хатлон содироти орду ғалларо ба хориҷ маън кард

Дар ҳоле ки расонаҳо аз хушксолии Русия ва коҳиши ҷамъоварии ғалладона гузориш медиҳанд, мақомоти тоҷик содироти ғалладона аз вилояти Хатлон ба Афғонистону Узбакистонро манъ кардаанд.

Раёсати кишоварзии ин вилоят эълон кардааст, ки содироти ғалладона ба Афғонистон ва Узбакистон манъ шудааст, то бозорҳои дохилии кишвар бо ғалладонаву орд таъмин бошанд.

Ба иттилои ин Раёсат, қаблан ба Узбакистону Афғонистон гандум содир шуда, дар иваз маводи сӯхт ва масолеҳи сохтмонӣ ворид мешуд ва акнун барои як давраи муваққат табодули ин навъи масолеҳ манъ шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки ҷамъоварии ғалладона то ин давраи соли равон дар Хатлон наздики 3500 тонна будааст.

Воридоти орд ба Тоҷикистон беш аз 40% кам шуд

Зимнан, кишварҳои истеҳолкунандаи гандум, аз ҷумла Қазоқистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳосили ками гандум ғундоштаанд. Қазоқистон ба ҷои 14 милион тонна гандум дар ин сол ҳудуди 12 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз кам шудани воридоти орду ғалла ба кишвар хабар додааст. Бино ба иттилои ин манбаъ имсол воридоти орду ғалла ба кишвар, ба маротиб кам шуда, танҳо 38 дар садро ташкил додааст. Гуфта мешавад, тайи 7 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон  210, 2 ҳазор тонна орд ва 395,7 ҳазор тонна гандум ворид шудааст.

Зимнан барномаи озуқаи СММ, 60 дарсади ғизонокии рӯзонаи мардуми Тоҷикистонро аз ҳисоби маводи ғаллагӣ дониста, онро яке аз ғизоҳои аслии мардум шумурдааст. Тоҷикистон ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна гандум дар сол ниёз дорад. Аз ин миқдор ҳудуди 800 ҳазор тонна гандум дар дохили кишвар истеҳсол мешавад ва дар ҳудуди 800 ҳазор тонна гандуму ордро Тоҷикистон аз Қазоқистону Русия ворид мекунад.

Бо сабаби камбуди орд дар бозорҳои Душанбе, дар рӯзҳои иди Фитр ба фурӯшандаҳои орд иҷоза дода нашуд, ки аз даҳ кило бештар ба ҳар харидор орд бифурӯшанд. Ин буд, ки набераи кампири Сомеъа монеъи кулчаву чаппотипазии модарбузурги худ  дар рӯзи ид шуд ва нагузошт, ки бибӣ ба орди халтачаи селофанӣ даст расонад. Кампир дар рӯзи ид ранҷид, аммо даст ба дуо бардошт. Шумо низ дуои кампири Сомеъаро такрор кунед:

"Худованд фаровонӣ, арзонӣ ва тинҷиву амонӣ диҳад"… Омин!!!

А. Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97