Пеш аз маош дар Тоҷикистон нархҳо боло мераванд

Иқтисод 27.08.2012 09:36

pensyТибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асри рӯзи сешанбеи 14 август содир шуд, аз 1 сентябр маош дар муассисоти давлатӣ афзоиш хоҳад ёфт. Маоши ҳадди ақал дуву ним баробар афзоиш ёфта ва аз 80 сомонӣ то 200 сомонӣ хоҳад расид. Бар асоси ин фармон, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, таъмини иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи моҳонаи донишҷӯён аз 40 то 80 дар сад афзоиш меёбад.

Барои иҷрои ин амр дар чор моҳи ахири соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ барои маоши кормандон 233 миллион сомонӣ, барои пардохти маоши моҳона ба донишҷӯён 4, 4 миллион сомонӣ ва пардохти нафақаю кумакпулиҳои дигар 70 миллион сомонӣ бояд ҷудо карда шавад.

Бо вуҷуди тадобири давлати Тоҷикистон барои боло бурдани маоши кормандони муассисоти давлатӣ ҳуқуқи моҳонаи кормандони соҳаи тандурустӣ дар поинтарин сатҳ боқӣ монда ва пас аз афзоиш 157 сомониро ташкил додааст.

Ҳар сол баробари эълом шудани қасди боло бурдани маош аз суи давлат қимматҳо дар бозорҳои кишвар ба маротиб боло мераванд. То анҷоми ҳуҷҷатгузориҳо ва ба даст гирифтани маоши боло бурда, нархҳо дар бозорҳо дандоншикан мешавад ва ҳамчунин нархи хадамоти коммуналӣ ва барқу об низ ба таври рӯзафзун боло бурда мешавад.

Агарчӣ боло рафтани қимати мавод дар пайи афзоиши маош як амри маъмулӣ дар кишварҳои ҷаҳон аст. Аммо мушкили Тоҷикистон назорат нашудани қиматҳо аст, ки 80-90 дар сади мавридҳои афзоиши қиматҳо асоси иқтисодӣ надоранд. Балки ҳарчӣ ба фаровези даҳони бозориён ғунҷид, онро бар сари харидори бечора бор мекунанд. Дар ҳоле ки дар кшварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар сурати бидуни асоси иқтисодӣ боло бурдани қиматҳо омилони он ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҷарима мешаванд.

Агарчӣ дар Тоҷикистон Агентии зиддиинҳисорӣ мавҷуд аст, вале раванди нархгузорӣ дар бозорҳо назорат намешавад ва он бемайлон рӯ ба боло дорад.

Аз ин рӯ боло бурдани ҳуқуқи моҳона мардумро на, балки ҷалобони бозорҳои кишварро шод мекунад.

Бино ба иттилои Би-би-сӣ дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон фақиртарин маҳсуб шуда ва бар асоси иттилоъи Кумитаи омори ИДМ маоши миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои узви ин иттиҳод аз 4 то 10 баробар камтар будааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар соли гузашта сабади истеъмолӣ  барои 1 нафар дар як моҳ 40 доллари амрикоӣ муқаррар шуда ва он аз нон, маҳсулоти ғаллаӣ ва рӯған иборат будааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иқтисоддонҳои тоҷик, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши қимати 1 килограмм гӯшти гов то ба 35 сомонӣ ва як халта орд 150 сомонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои як нафар барои маводди ғизоӣ дар як моҳ ҳадди ақал 1000 сомонӣ лозим аст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97