Рӯзии баъзе дар рӯи замин аст, аз баъзе дар зери замин. Қисмате аз он мардумро, ки рӯзии худро аз қаъри замин меҷӯянд, геолог мегӯянд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ахиран дастур доданд, ки шуруъ аз соли ҷорӣ барои гирифтани иҷозатнома, барои омӯзиш ва баъдан истихроҷи маъданҳо имтиёзоте бояд қоил шуд. Воқеан ташкили ин кор тақозои замон аст. Зеро мо то ин замон аз он фахр менамудем, ки сарзамини мо кӯҳсор асту 7 фисади онро замини ҳамвор ташкил мекунад ва дар қисмати боқимондаи кӯҳсор маъданҳои кӯҳии фаровоне хобидааст.
Маълум аст, ки мо тоҷикон наметавонем аз он фахр кунем, ки компютерҳои мо беҳтарин аст ё автомобилҳо ва ё киштиҳои сохтаи мо. Беҳтарини инҳоро дар дунё сохтаанд ва хоҳанд сохт.
Ба мо танҳо ин мемонад, ки аз оби зулоламон бифахрем ва аз маъданҳои дар зери замин нуҳуфтаамон. Аммо ин ҳам дар ҳоле даст хоҳад дод, ки битавонем, аз он истифодаи муфид бубарем. Вагарна гуруснаву ташна дар рӯйи ганҷ хуфтану фахридан, як амали берун аз ақл аст.
Дар ин ҷо мехоҳам роҷеъ ба маъмултарини сарвати кишвари азизамон тило ва ё зар бигӯям.
Як хориҷии мусофир дар Тоҷикистон гуфтааст: "Ман ҳайрон аз онам, ки зери пои Шумо пури тилло ( зар ) асту Шумо зиндагии хубе надоред.". Ҳақ бар ҷониби ин мусофири ростгӯй аст.
Замона дигар буд, сиёсат дигар буд. Ҳамон сарвати зери по будаи моро, "соҳибон"-и вақти ин Ватан "запас" мегуфтанд. "Запас" барои худашон мегуфтанд, на барои ману ту. СССР Ватани хуб буд, вале Ватани ману ту набуд, ҳамдиёри азиз. Акнун замоне фаро расидааст, ки гуфтаҳои ин мусофири хориҷиро дарк кунем ва дар пайи амал шавем.
Тило, ин сарвати табиат, дар ҳолати аввал дар қабати ҷинсҳои кӯҳӣ хобидааст ва дигар дар ҳолати пошхӯрдашуда низ мавҷуд аст. Пошхӯрда ба маънои он аст, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии ҷинсҳои кӯҳӣ ва интиқол ёфтани заррачаи зар ба воситаи обҳои мавсимӣ ё доимӣ дар қабати реги соҳили дарёчаҳо ҷудо хобидааст. Ҷудо намудани заррачаи зар аз реги соҳили дарё, бо вуҷуди заҳматталаб будан, хеле содда мебошад ва ҳар кас метавонад ба ин кор машғул бошад. Ба ин кор ҷалб намудани мардуми мо натиҷаи хуб хоҳад дод, чунки ташкили кор маблағи минималиро талаб мекунад, ки ба кисаи мардуми мо хеле мувофиқ мебошад.
Ин шонси беҳтарин барои дарёфти шуғл аст. Ин шонси раҳоӣ аз муҳтоҷӣ ва нарафтан ба Русcия барои мардикорист. Ин шонси аробакаши дари ағёр нагардидани гул барин ҷавони тоҷик ва пеши модару фарзанди худ будану ҳам кор ёфтан аст. Ин шонси зери ҳимояи бародари худ аз чашми бади аҷнабиён паноҳ бурдани гул барин духтари тоҷик аст.
Аз ин хотир, фикр мекунам, барои ин намуди кор сармояи хориҷӣ ва умуман хориҷиёнро ҷалб кардан нашояд. Соҳаҳои дигари истихроҷи маъданҳо, бо истиснои заршӯйӣ дар соҳили дарёчаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад, ки хориҷиён бо назардошти қонунҳои амалкунанда битавонанд сармоягузорӣ намоянд. Барои тақвияти фикр танҳо муколамаеро аз даври Зардушт ёдоварӣ мекунам, ки чанде қабл дар матлабе бо русӣ мутолиа кардам, ки дар хотирам нақш бастааст:
"… Каллисфен, афианин, племянник ученого Аристотеля…:
- Вот Восток, со всей своей многовековой мудростью и знаниями, склонился перед Западом.
Гефестион добавил:
- Феб и Арией оказались сильнее Ормузда и Аримана.
Ксенофонт:
- В стране персов неприятели прогуливаются свободнее, чем свои люди".
Ҳамдиёри азиз, хориҷиён заъфи ману туро хуб медонанд ва хеле моҳирона аз он суистифода менамоянд. Аммо имрӯз, пас аз асрҳо фиреб ҳоҳанд хӯрд, агар...
Банда тақрибан ҳисоб намудам, ки фоидаи коркарди 1км-и реги соҳили дарёи зардор 50 хонаводаро дар як сол таъмин менамояд ва ин охири кор нест. Дарёчаҳои кӯҳии мо хеле дарозанд. Захираҳои табиати моро қарнҳо боз чиниён (лаъли Бадахшонро ба ёд оред), муғулони давраи Чингизхон (дар кӯҳсори ноҳияи Ҷиргатол то ба ҳол изи корҳои барои аз кӯҳсори мо канда бурдани зари холис мавҷуданд), Русияи дирӯз ва имрӯз канда бурдан доранд ва ҳеч тамом шудан надоранд.
Як ҷавони кӯҳистони нақли аҷибе кард, ки мехоҳам бо шумо дар миён бигузорам: "Пас аз баргаштани навбатӣ аз Русия ба шикори сайде ба кӯҳ баромадам. Пас аз тай намудани масофаи ба андозаи 4-5 соат роҳ тасодуфан хиште дар танаи кӯҳ ба чашмам расид. Наздиктар рафтам, ин девори хиштин даҳони ғоракеро пӯшидааст. Хиштҳоро гирифта, вориди ғорак шудам, мушоҳида намудам, ки дар ин ҷо изи коркарди ҷинсҳои кӯҳӣ ба назар мерасад ва сандуқе низ ҳаст, ки дар дарунаш пурбин, пинсет, кислота ва дар атроф асбобҳои кӯҳкании дастӣ ва каме маводи хӯрока аз қабили биринҷ мавҷуданд. Ёдам омад, ки соли гузашта 4 нафар русро ба ивази 300 доллари амрикоӣ як автомобил ба масофаи тақрибан 4 км ба ин наздикиҳо оварда будаанд, тахмин задам, ки шояд кори онҳо бошад. Ман аз бими он ки мабодо қонунеро вайрон накарда бошам, ба дигар ғоракҳо аҳамият надодам ва он ҷойро тарк намудам…"
Чунин қиссаҳои ба ин монандро шахсан аз нафари дигаре аз яке навоҳии ҷумҳурӣ шунида будам, вале ин далели тоза ва имрӯзӣ аст. Ва ҳар кӣ фикр мекунад, ки гӯё аҷнабиён ба хотири саодати мо ва таъмини рӯзгори мо ин ҷо меоянду даст ба чунин корҳое мезананд, номақбул мекунад. Мо бояд худамон даст ба кор шавем ва аз донишу малакаи онҳо агар бихоҳанд, дар ҳамкорӣ истифода кунем.
Дар баъзе давлатҳо сайёҳон имконият доранд, дар соҳили дарёчаҳои мавҷуди тилло кор карда, ба ин давлат, ба ивази маблағ маҳсули кори худро супоранд. Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад. Сайёҳ аз Олмон ё Русия ба кӯҳсори Бадахшон меояду чанде дар кӯҳсор сайр карда, ҳаловат мебарад ва барои ин маблағ сарф менамояд. Агар шароит фароҳам шавад ва ин сайёҳ хоҳиш дошта бошад, ки ҳамзамон заршӯйӣ кунад, зари ӯ ҳаминҷо харидорӣ шавад. Ин ба як тир ду нишон гирифтан аст, ба ин восита сафи сайёҳон бештар мегардад, чунки сарфи сайёҳат ройгон ба назар мерасад ва роҳи қочоқи зар ҳам то ҷое гирифта мешавад. Дар кишварҳои хориҷа ин тарзи кор мавҷуд аст, аммо дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ ё СНГ ин таҷриба нашудааст. Чаро мо ин корро дар миқёси СНГ аввалин шуда шуруъ накунем? Ҳеч як мушкилӣ барои амалисозии он ба назар намерасад, ки мо натавонем аз уҳдаи иҷрои он бароем.
Дигар ин ки дар мавзеъҳое, ки имконияти коркарди зари пошхӯрда мавҷуд аст, мардумро ба ин кор ҷалб намудан лозим аст. Дар ҳолати зарурӣ мардумро дар ин бахш омӯзонидан лозим аст. Барои ин бояд додани иҷозатнома маҳдуд набошад. Дар ин самт танҳо ва танҳо назоратро пурзӯр намудан лозим аст. Дигар роҳҳоро бояд ҳамвор бисозем, то ҳам зар ба даст ояду ҳам шуғл пайдо шавад. Ҳадаф аз иншои ин матлаб низ ҳамин аст. Агар ин кор имрӯз ташкил карда шавад, хуб аст ва пагоҳ деру фардои дигар дертар хоҳад шуд. Зеро:
1.Заррачаи зар доимо вобаста ба обхезӣ бо поёнобҳо ҳаракат мекунаду ҷамъоварии он мушкилтар мегардад. Агар дар болообҳо аз коркарди 1метри кубии қум 1 грамм зар ба даст биояд, дар поёнобҳо аз коркарди 2 метри кубӣ 1 грамм зар ба даст меояд ва ҳамин тавр ҷамоварии зар аз имконияти мавҷуда берун меравад ё дарёчаҳои ҳудуди Бадахшон ҳама ба дарёи Панҷ мерезанд, ки зари мо аз мо намешавад.
2.Қочоқи зар хеле маҳдуд мегардад. Мардуме, ки пинҳонӣ кор мекунанд, зари ҷамъовардаашонро ба хориҷиён мефурӯшанд, чунки худ медонанд, ки ғайриқонунӣ кор кардаанд ва аз проблема канораҷӯӣ мекунанд.
3.Азбаски арзиши тило рӯ ба афзоиш аст, хориҷиён ҳатман дар ҷамъоварии зар ба мо "кумак" хоҳанд намуд.
4.Чун мардум ба хориҷ нарафта, даромади пулӣ ба даст меоранд ва ҳатман аз ин маблағ барои донишандӯзии фарзандонашон кумак хоҳанд кард. Қудрати донишро ҳама медонанд ва аз бесаводиро низ.
5.Мардуми мо имрӯз аз ҳарвақта дида, бештар ба маблағ ниёз доранд.
Ҳарчӣ, ки рӯи коғаз овардам, аз тақозои мардум аст. Метавонам бештар аз ин ҳам бинвисам, вале саҳифа ба охир омад ва танҳо байтеро аз гузаштагонамон хотиррасон мекунам:
Гарчи Яздон офарина модару пистону шир,
Кӯдаконро шири модари худ ҳамебояд макид.
ҳомид Хостихудоев,
махсус барои "Миллат"