…Бе амр шавад, ки жож гӯянд?

Иқтисод 21.02.2012 09:31

Ба идораи ҳафтаномаи "Миллат"

Energetika_VazoratiВазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма" №622 аз 07.02.2009, дар замима маводро таҳти унвони "… Бе амр шавад, ки жож гӯянд?" дар робита ба мақолаи нашрнамудаи рӯзномаи "Миллат" №6 аз 08.02.2012 "Гар амр шавад, ки маст гиранд…", ирсол намуда, мутобиқи тартиботи муқарраргардида оид ба воситаҳои ахбори омма дар шумораи навбатии ҳафтаномаи "Миллат" ба нашр расонидани онро хоҳиш менамояд.

Energetika_Vazorati_02Замима: дар ҳаҷми 3 саҳифа

Дар ҳафтаномаи "Миллат" №06(336) аз 08.02.2012 "Гар амр шавад, ки маст гиранд…" оид ба масъалаи зарарҳои молиявии як қатор ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки роҷеъ ба масъалаи мазкур чунин ибрози назар карда мешавад.    

Тибқи Низомномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605 тасдиқ карда шудааст, Вазорат сиёсати давлатро дар соҳаҳои энергетика ва саноат амалӣ намуда, ҳуқуқи дахолат карданро ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ надорад.

Ҳамзамон, тибқи б.35 - и Оинномаи ШСХК "Барқи Тоҷик", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №537 тасдиқ карда шудааст, идоракунии ширкат ба зиммаи саҳмиядорон вогузор гардидааст. Тибқи б.40 - и оиннома назорати фаъолияти молиявию иқтисодии ширкатро Комиссияи тафтишотӣ, ки аз ҳисоби саҳмиядорон ташкил мешавад ва онро Мақоми олии идоракунӣ яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд, анҷом медиҳад.

Илова бар ин, дар асоси бандҳои 45 ва 46- и Оинномаи мазкур ҳар сол: "Ширкат аз ҳисоби худ барои тафтишу тасдиқи ҳисоботи молиявии солона (аудити беруна) муассисаи махсусгардонидашударо киро мекунад" ва "Қарори гузаронидани аудитро Мақоми олии идоракунӣ (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул менамояд".

Мебояд тазаккур дод, ки мутобиқи қонунҳои амалкунанадаи ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ ва тавре аз ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ШСХК "Барқи Тоҷик" бармеояд, субъектҳои хоҷагидории энергетикӣ ва саноатӣ новобаста аз шакли моликият дар фаъолияти хоҷагидории худ мустақил буда, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти дахолат намуданро ба он надорад. Ёдовар мешавем, ки Вазорат оид ба ин масъала ба   унвони Агентии давлатии назорати молиявӣ   ва мубориза бо   коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №6-224 аз 31.01.2012 мактуб ирсол намудааст.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар сурати роҳ додан ба амалҳои коррупсионӣ дар корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо он аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардида,   ҳар яки он ҳамчун субъекти хоҷагидори иқтисодӣ новобаста аз шакли моликият дар доираи қонунҳои амалкунанда ба амалкарди худ ҷавоб хоҳанд гуфт.

Охирсухан ба ҷои дебоча

"Миллат" дар мақолаи худ саргарми   бар ҳаво рафтани "15,7 млн. сомонии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" шуда, аз барҳавонависии худ ғофил мондааст. Тавре "Миллат" менависад: "Дар ҳоле, ки соли 2010 Фармони Президенти (на Ҷумҳурии? Муаллиф) Тоҷикистон дар бораи масъул будани вазирон барои амалҳои коррупсионии тобеъонашон содир шудааст".

Ростӣ, аз хондани ин банд мақсадро дарёфт кардан мушкил аст, зеро маълум нест, ки ин кадом тарзи ҷумласозӣ бошад.

Баъдан, ҳаҷми маблағ, зарари молиявӣ ҷое 15,6 млн. ва ҷое 15,7 млн. дарҷ гардидааст, ки фарқияти ин рақамҳоро низ ба сари "Миллат" ҳавола мекунем.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар шумораи "Миллат": "Рӯзнома ба хотири чандандешӣ матолиберо низ ба табъ мерасонад, ки ба он мувофиқ нест", нашр мешавад (ҳарчанд ба назар мерасад, ки "Миллат" ҳафтанома аст, на рӯзнома), ки ин маънои дар байни маводи ҳафтнома имконияти мавҷуд будани матолиби мухолиф ба мавқеи ҳафтномаро дорад. Дар ин радиф бояд қайд кард, ки дар сохтори Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаву муассисаҳои соҳаҳои энергетика ва саноат фаъолият доранд, ки Вазорат ба сурати гирифтани амалиётҳои коррупсионӣ дар онҳо мухолиф буда, санҷиши фаъолияти хоҷагидории онҳо дар доираи салоҳияти он қарор надорад.

Хуб, ин ҷо мақсад бархилофи "одоби истеъфоомӯзӣ"-и ҳафтанома аз омӯзонидани он бо қонунҳои забон ва ғалатҳои имловию услубӣ набуда, танҳо хоҳиш мешуд, ки "Миллат"   доираи иттилооти худро дар бораи салоҳияту ваколати мақомот, идораву ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ бознигарӣ мекард ва нисбат ба онҳо аз жожу беҳудагӯиву ҳангоми ба ҷои як ниҳоде ба дигараш "тамғаи фасод" задан тааммул мекард.

Ҳамзамон, бо мақсади инъикоси воқеии иттилоот хуб мебуд, ки кормандони мӯҳтарами ҳафтанома ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма қабл аз нашри маводу мақолаҳои дорои муҳтавои соҳавӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд. Вазорати барои ҳамкориҳо дар ин ҷода омода аст.

Котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97