Ҳар рӯз ҷасти малахак

Иқтисод 01.02.2012 10:24

ё шикасти "Наполеон"-и тоҷик дар "ҷанги ҳаштсола бо малахи марокашӣ"

Аз ҷасту хезак ба парвозҳои баланд

MalakhhhИн ҳашароти зарарасон, ки соли 8-ум мешавад, дар манотиқи гуногуни Хатлон хуруҷ мекунад, даҳҳо маротиба бештар аз дигар ҳодисаҳои табиӣ ба иқтисодиёти мо зарари молӣ расонидааст. Алъон ягон аз ниҳодҳои марбута хисороти ҳаштсолаи ин ҳуҷуми-биологиро дар вилоят ё кишвар ҳисобу китоб накардааст. Ба гуфтаи кишоварзони Хатлон малах бори аввал соли 2004-ум дар доманакӯҳҳои "Боғҷида"-и қаламрави ноҳияи Шаҳритӯс (ҳамсарҳади Ҷумҳурии Узбакистон), ки як қисми ин мавзеъ ҳамчун чарогоҳ ба ноҳияи Шаҳринав иҷора дода шудааст, пайдо шуда буд. Гулбойи Қулмуҳаммад, як сокини хатлонӣ, ки  ҳамон солҳо барои обёрӣ кардани заминҳои мавзеи мазкур дар "Боғҷида" қарор дошт, нақл мекунад: "Нимаи авали моҳи марти соли 2004 мо барои насб кардани пойгоҳи обкашӣ ҷойеро интихоб мекардем. Рӯзе аз пешамон як тудаи ҳашарот баромад, ки мисли бузак (ҳашарот) ба ҳар тараф ҷасту хез мекарданд. Аз тудаи "малахбача"-ҳо як зарфи полиэтилониро ним пур карда ба идораҳои дахлдори минтақа ва Душанбе бурда нишон додам. Дар Душанбе суроғаи он мавзеъро гирифта, ваъда доданд, ки як гурӯҳро барои нест кардани малах мефиристем. Ҳамон сол хомӯш гузашту ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ зоҳир нашуд".

Аммо Тоҷиддин Содиқов, муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иброз медорад, ки малахи марокашӣ ба қаламрави Хатлон аз ҳамсояи дигар Афғонистон гузаштааст. Ба гуфтаи ӯ, то охири солҳои 1980-ум мубориза бар зидди ҳашаротҳои зарарасон дар Тоҷикистон қатъӣ буд. "Экспедитсияи карантинӣ"-и пурқуввати Шӯравӣ  намегузошт, ки ҳашароти зарарасон аз сарҳади Афғонистон ба ҳудуди кишвари мо гузарад.

Малах маблағҳои ҳангуфтро фурӯ бурд

Ҳамин тавр дар солҳои 2006-2007 хуруҷи малах дар доманакӯҳҳои Хуросону Қубодиён ва дигар навоҳии марказ масъулинро аз хоб бедор кард. Аммо дар ду се соли аввал ин ҳодиса ҷиддӣ гирифта нашуд, ҳарчанд лашкари малах дар доманакуҳҳо ва водиҳо домани васеътар паҳн мекард. Баъдан тӯли солҳои 2007-2010 ин ҳашароти даҳшатангез ба хоҷагии халқи вилояти Хатлон хисороти ҳангуфт расонид. Маҳз хароҷоти аз меъёр зиёди маблағҳои сармоягузорон барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани малах ба гуфте миёни баъзе "фючерист"-ҳоро маъюб кард. Ҳамон сол Раҳматулло Саъдуллоев, як саромоягузори маҳаллӣ иброз дошт, ки он миқдор маблағе, ки барои мубориза бар зидди малах дар заминҳои пахтакори ҷамоати деҳоти "Гулистон"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сарф кардаанд,  хоҷагидорон аз даромади худ дар ду - се сол ҳам пардохт карда наметавонанд. Мавсуф гуфта буд, ки агар дар мубориза бар зидди малах якчанд ноҳияи ҳамсарҳад ҳамроҳ мубориза набаранд, ин ҳашароти зарарасон пурра несту нобуд намешавад.

Малах омад…

Чанд рӯз пештар масъулини идораи кишоварзии ноҳияи Қумсангир зимни нишасти матбуотӣ иброз доштанд, ки дар мавсими имсола аллакай дар 4 ҳазор гектар мавзеҳои кӯҳии ин ноҳия хуруҷи малахро мушоҳида кардаанд. Аммо барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва пурра нест кардани малах бояд ноҳияҳои ҳамсарҳади Қумсангир, ба хусус Ҷилликӯл, Панҷ, Вахшу Ҷалолиддини Румӣ дар якҷоягӣ мубориза баранд. Дар ин минтақаҳо мавзеи хатари хуруҷи малах беш 44 ҳазор гектарро дар бар мегирад.
Дар умум соли гузашта лашкари малах ҳудуди 99 ҳазор гектар заминҳои вилояти Хатлонро "забт" карда буд. Масъулони идораи кишоварзии Хатлон мегӯянд, ки дар соли 2011-ум дар маъракаи мубориза бар зидди малах 2493 нафар шаҳрванд иштирок карда, дар 77 790 гектар заминҳои водию кӯҳӣ заҳрдору пошидаанд. Танҳо дар як соли гузашта дар ҳудуди Хатлон 18 тона заҳрдоруҳои зидди малах истифода бурда шудааст. Аммо сол то сол, ба хусус ҳамин сол малах дар мавзеҳои кӯҳӣ  васеътар доман паҳн мекунад.

Дар баҳси малах ҳам ду ҳавопаймо

Ҳаминак чандин сол мешавад, ки масъалаи истифодаи ҳавопаймои дорупошӣ бар зидди малах муҳокима мешавад, аммо бо сабабҳои гуногун аз воситаи ҳавоии дорупошӣ фаъол истифода бурда намешавад. Хушвахт Сафаров, муовини директори фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки соли гузашта мо барои мубориза бар зидди малах ду адад ҳавопаймои дорупоширо ба сохторҳои марбут ба Мубориза бар зидди малахи Хатлон пешниҳод кардем. Аммо онҳо бо сабабҳои номаълум таклифи моро қабул накарданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷиддин Содиқов, муовини сардори сарраёсати кишоварзии Хатлон мегӯяд, аз маблағҳои 2 миллиону 772 ҳазор сомонии барои мубориза бар зидди малах ҷудо гардида, ҳамагӣ 1 миллион 552 ҳазор сомонии он истифода бурда шудаасту халос. Бинобар гуфтаи ӯ, истифодаи ҳавопаймои дорупошӣ дар мавзеҳои кӯҳӣ барои аҳолӣ каме бехатар бошад ҳам, аммо истифода аз ҳавопаймо дар баробари малах, инчунин ҳашаротҳои фоидаовари табииро низ нобуд мекунад. Аз ҷониби дигар дорупошӣ бо ҳавопаймо хароҷоти ҳангуфт талаб мекунад.

Малахҳо аз кӯҳ поин намешаванд?

Аммо кишоварзону чорподорони вилояти Хатлонро ҳуҷуми ҳамасолаи малах ба зироату сабзазорҳои водию доманакӯҳҳо ба ташвиш овардааст. Махфӣ нест, ки соли гузашта барои "Қушунҳои марокашӣ" соли бебарор буд. Зеро зимистон камборишу дар доманакӯҳҳо хушксолӣ омада, аз тариқи дорупошакҳои дастӣ нобуд кардани малах осон буд. Аммо имсоли сербориш кори муборизони зидди малахро андак мушкил месозад. Мутахассисон мегӯянд, ки агар имсол малах пурра нобуд карда нашавад, пас соли дигар кори мубориза бар зидди малах боз ҳам мушкилтар мешавад.
Дар як нишасти матбуотии соли гузашта муовини раиси Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ кори мубориза бар зидди малахро дар соли 2011 хубу қаноатбахш баҳо дода гуфта буд: "Мо имсол дар мубориза бар зидди малах аз ҳарсола дида фаъолтар будем. Гарчанде малахро пурра несту нобуд карда натавонистем, аммо нагузоштем, ки малахҳо аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фароянд"
Аммо дар кӯҳистон тухм гузоштани малах хатари паҳншавии онро ба водиҳо дучанд менамояд. Зеро аз як тухми як малахи зинда монда, дар соли оянда 80-90 насли дигар зиёд мешавад. Ба гуфтаи масъулини идораи кишоварзии Хатлон, ягон намуд аз ҳашароти зараррасонро пурра нобуд карда намешавад. Ҳоло ягон навъи заҳрхимикате пайдо нашудааст, ки ҳашароти заррарасонро пурра нест кунад. Бино ба иттилои ин манбаъ, малах низ бо мурури замон ба таъсирҳои биологию кимиёӣ худро мутобиқ менамояд. Ҳатто тухмеро, ки дар заминҳо мегузорад дар ҳарорати 30 дараҷа хунукӣ ҳам тобовар аст.

Иқрор

Сабаби дигари то кунун номуваффақ анҷом ёфтани маъракаи мубориза бар зидди малах ин аст, ки дар солҳои аввали пайдоиши ин ҳашарот доруҳое истифода мешуданд, ки ба қавле аз бӯяш ҳатто сари малах гаранг намешуд. Ин нуктаро дар сарраёсати кишоварзии Хатлон низ чунин шарҳ доданд: "Дар ҳақиқат дар солҳои аввали мубориза бар зидди малах заҳрдоруҳои бесифат истифода мешуданд. Аммо шурӯъ аз соли 2010 Барномаи махсуси мубориза бар зидди малах рӯи даст гирифта шудааст. Дар доираи ин барнома мутахассисон барои мубориза бар зидди малах он намуд заҳрдоруҳоеро тавсия додаанд, ки кафолати сад фоиза дорад.
Раҳматулло Сафаров, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон мегӯяд, ки имрӯз ягон аз мавзеҳои кӯҳии Хатлон нест, ки бесоҳиб бошад. Тамоми заминҳои кӯҳиро мардум соҳиб шуда, хоҷагиҳои боғпарварию чорподорӣ ташкил кардаанд. Аммо мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъӣ аст. Ман соли 2007-ум вақте раиси ноҳияи Қумсангир шуда кор мекардам, бар зидди малах ҳавопаймои дорупоширо истифода бурдем. Аммо соли оянда дар он минтақа боз хуруҷи малах мушоҳида шуд. Роҳи ягонаи мубориза бар зидди малах ин аст, ки бояд дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад дар мисоли Панҷу Қумсангир бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бар зидди малах мубориза бурд. Вагарна мо имсол дар қаламрави Хатлон малахро пурра нест кунем ҳам, соли дигар боз малах аз марзи Афғонистон ба вилоят мегузарад.

"Ҷанги Хатлон бо малахи марокашӣ" идома дорад, Вазорати кишоварзӣ мусаллаҳ мешавад

Бинобар маълумотҳои ба даст омада, барои мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон  барномаи бо номи "Мубориза бар зидди малах барои солҳои 2010-2014" мавриди иҷро қарор гирифтааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки "Ҷанги Хатлон бо малахи марокашӣ" ҳадди аққал ду соли дигар ҳам давом мекунад. Гуфта мешавад, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди малах ду ҳавопаймои дорупошӣ харидорӣ намудааст. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ дар маъракаи "Малах-2012" аз ин ҳавопаймоҳо истифода бурда мешавад. Аммо то куҷо ҳомиёни табиат ин меҳмони нохондаро аз марзу бум несту нобуд мекунанд? Вақт муайян мекунад. Зеро ҳамасола марзҳои зери домани ин офати табиӣ васеъ ва лашкари малахи марокашӣ 80-90 баробар зиёд мешавад. Аммо нируи молию иқтисодии мубориза бар зидди малах бошад, андак-андак коҳиш меёбад.
Хисорот аз ин ҷанги биологӣ ба марзу буми моро бошад, чӣ(?) касе ҳисоб карда метавонад?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

P.S. Мардум, сабабҳои шикасти вазорати кишоварзиро дар муҳориба бар зидди маллах гуногун унвон мекунанд. Агар соли аввал ноогоҳӣ, соли дуввуми хуруҷи малах норасоии маблағ, соли саввум камбудиҳои дигару беҳад зиёд шудани лашкари паррони ин ҳашароти даҳшатовар арзёбӣ шавад, аммо мардум, ки ҳамеша сухани ҳақро мегӯянд, сабабҳои дигари ин муборизаи нокоми Вазорати кишоварзиро ҳам медонанд. Ҳамон мардуме, ки заҳмати асосии маъракаи заҳрпошӣ бар зидди малах ба дӯши онҳост. Алъон мо аз ифшои баъзе эродҳои эшон худдорӣ карда, мунтазири анҷоми мавсими  "Мубориза бар зидди Малах-2012" мешавем. Бошад, ки Вазорати кишоварзӣ дар соли 9-уми ин "Ҷанг"-и табиӣ музаффар шаваду камбудиҳо фаромӯш.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97