Дар интизори ҷолибтарин намоиши телевизонӣ

Иқтисод 17.01.2012 09:33

Иқтисод, яъне…

iqtisodМаънои воқеъии калимаи иқтисод "тарз ва усули ба роҳ мондани хоҷагидорӣ", фаъолиятҳои хоҷагидории ҷамъият, тавзеъ, табодул ва масраф мебошад.
Аввалин бор дар кори амалӣ калимаи "иқтисод" дар қарни 4-и пеш аз мелод дар замони Ксенофонт пайдо шудааст, ки ӯ ин мафҳумро ҳамчун "илми табиъӣ" номидааст.
Функсияи асосии иқтисодиёт аз ин иборат аст, ки ҳама вақт чунин  фазои созгор ва муфиде фароҳам сохтан даркор, ки барои маъишати мардум ва қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият коре карда тавонад.

Иқтисодиёти ҷамъият ин як организми мураккаб ва ҳама чизро дар бар гиранда мебошад, ки маъишату рифоҳи шахсро дар ҷамъият ба шакли пурра ифода менамояд ва ин организм бояд ҳама узвҳояш сиҳат ва дуруст бошанд.
Дар авохири асри 18 инқилоби саноатӣ сар шуд ва ба он оварда расонд, ки дар бештари мамолики пешрафта аксарияти аҳолӣ то охири асри 19 на дар хоҷагии қишлоқ, балки дар корҳои саноатӣ машғул шуданд. Ва ҳанӯз аз он замон сар карда, ин мамолик ба мафҳумҳои иқтисоду хоҷагидорӣ сару кор гирифтанд. Вале дар мо ҳанӯз бо он тарзе, ки мафҳуми иқтисод бояд дарк ва фаҳмида шавад, кӯшиши ҷиддие ба харҷ дода нашудааст.

"Прихватизатсия"

Қабл аз ҳама сиёсати дурусти иқтисодиро роҳандозӣ бояд намуд. Дар кишвар агарчи бештари корхонаю муассисот хусусӣ шудаанд, вале хусусисозӣ набояд бо чунин шева анҷом дода шавад. Бо хусусӣ намудани заводу корхонаҳо ва дар ҷойи онҳо бино намудани ҳавлии шахсӣ, "автомойка", ресторану бозорҳо ин тарз хоси иқтисоди бозаргонӣ нест. Мақсад аз фурӯш ва хусусӣ намудани корхонаю муассисот, ба кор андохтан ва бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз намудани ин муассисот ва бо ин роҳ ташкил намудани ҷойҳои корӣ, ба роҳ мондани тавлидот ва билохира саҳм гузоштан дар иқтисодиёти кишвар мебошад. Зеро муҳимтарин хадафҳои сиёсати иқтисодии давлатҳо ин; боло бурдани истеҳсолот, кам кардани сатҳи бекорӣ ва контрол намудани суботи нархҳо дар бозор мебошад. Ба гуфти донишманд ва иқтисоддони тоҷик, устоди равоншод Тоҳири Абдуҷаббор "лозим аст, ки сифати "сармояи инсонӣ", яъне сатҳи донишу тахассуси кормандони ҳама бахшҳои иқтисоди кишвар ҷиддан боло бурда шавад, яъне садҳо ҳазор нафар мутахассисону кормандони моҳир барои кор дар риштаҳои мухталифи иқтисод тарбия шавад. Барои ин мебояд, ки системаи омӯзишу парвариш аз поён то боло ҷиддан ислоҳ шавад".

Ченаки пешрафт иқтисод аст

Иқтидору тавоноии ҳар давлатро вобаста аз чи гунагии иқтисодиёташ муайян мекунанд. Яъне сатҳи рушди иқтисод дар кадом пояе, ки бошад, кишвар ё давлат ҳамон қадар пешрафтаю мутараққӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин кишварҳои олам бо дуруст ба роҳ мондани сиёсати дурусти иқтисодӣ, ҳама талош бар он мекунанд, то сатҳи иқтисодиётро боло бибаранд. Зеро онҳо ин нуқтаро дуруст дарк намудаанд, ки бе иқтисоди пешрафта ва комил наметавон ягон ҳадафро пиёда намуд ва ҳама фикру андешаи худро ба ин нуқтаи муҳим мутамарказ мекунанд. Пешрафти дигар соҳоти давлат, аз ҷумла дигар вазорату кумитаҳо низ ба ин ниҳод сахт бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, давлатҳои дунё, ки имрӯз худро пешсаф дар ҳама кору пайкору нишастҳо медонанд, маҳз фахр ба ҳамин иқтисоди пешрафтаашон доранд. Онҳо бештар  маблағҳоро барои ба роҳ мондани институтҳои техникӣ ба роҳ мемонанд ва кӯшиш менамоянд, ки дар ин росто мутахассини болаёқат тайёр намоянд. Ин ҳама пешсафию пешдастӣ намудани давлати Амрико дар олам ва тасмимгириаш дар ҳама масоили дунё, низ бастагӣ ба иқтисоди пурқувваташ аст. Боре ба рӯйхати ҷойизабарони Нобелӣ назар афканем, дарки ин нуқта равшантар хоҳад шуд. Қариб ҳама ҷойизадорон дар соҳаи кимиё ва табииёт аз ҳамин давлати Амрико мебошанд. Аз давлатҳои Шарқ фақат чанд ҷойизадори ҷойизаи Нобелӣ ҳаст, инҳо ҳам дар соҳаи адабиёт ва сулҳофаринӣ. Аз ин ҷо бар меояд, ки иллати ҳама қафомондагии мардуми Шарқ дар чист. Нуфуз пайдо намудани давлати Чин дар минтақаи Осиё ва ҳатто ҷаҳон ин ба пешрафтҳои техникию иқтисодӣ ноил шудани ин давлат аст. Яъне дигар ба зӯрӣ намешавад дар сиёсату иқтисоди дигар давлатҳо дахл намуд.

Иқтисоди рӯ ба таназзули Амрико ва рӯ ба рушди Эрон

Маҳрум ва аз даст додани давлати Русия нуфузашро дар Осиёи Марказӣ ин ба комёбиҳои назаррас ноил нашуданаш дар соҳоти иқтисодиёт ва технологияи навин мебошад, яъне имрӯз дигар технологияҳои давлати Русия қариб, ки дар бозорҳои мо вуҷуд надоранд. Хусусан бозорҳои кишвари моро ҳама молу колоҳои чинӣ ташкил медиҳанд. Яъне бо иқтисоди тараққикарда метавон дар дунё нуфуз пайдо намуд. Ҳама ноҳинҷорию ташвиши Амрико дар ростои кишвари исломии Эрон барои чист? Ин ҳама гуфтаҳо, ки гӯё давлати Ирон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ машғул аст, баҳонае беш нест. Амрико хуб медонад, ки кишвари Ирон дар ҳоли даст ёфтан ба комёбиҳои бузурги технологӣ аст ва бо баҳонаи силоҳи ҳастаӣ мехоҳад ба иқтисоди ин давлат зарба ворид созад. Ҳама равандҳо ва бархӯрдҳои ҷаҳони имрӯзаро маҳз иқтисодиёт муайян месозад.
Иқтисоддонҳо рушди иқтисодро бо таври даврагӣ муайян намудаанд, яъне иқтисод то нуқтаи муайянаш, ки рушд намуд, ахиран рӯ ба таназзул мекунад. Иқтисоди давлатҳои Урупо ва Амрико маҳз ин марҳиларо аз сар гузаронида истодааст. Дар ҳоле ки иқтисоди давлатҳои Амрико ва Урупо рӯ ба таназзул аст, баръакс иқтисоди давлатҳои Ҳинд, Чин ва Ирон рӯ ба тараққист. Ва ин ташвиши Амрикоро ба бор овардааст. Матлаби ин гуфтаҳо ҳама ин аст, ки сиёсати имрӯзаи ҷаҳонро иқтисодиёти пешрафта муайян месозад. Давлатҳои хурд ва қафомондае чун Тоҷикистонро мебояд дар ин росто бештар ба андеша водор намуд.

Тағйиротҳои кадрии ғайрикалидӣ

То баргузории ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумат чанд рӯзи ба шумор боқӣ мондааст. Сару садои мардум ва ҳатто доираҳои илмиро, иваз кардани раҳбарони ниҳодҳои кишвар ба худ кашидааст. Нахуст суоли онҳо аз иваз намудани вазири корҳои дохила шурӯъ шуд. Пасон суолашон аз дигар вазорату кумитаҳо мисли кумитаи андозу гумрук ва дигарҳо. Инҳо фикр мекунанд, ки ниҳодҳои асосӣ ва муҳимми давлат, маҳз ҳамин ниҳодҳоянд. Вале касе дар бораи вазорате чун иқтисод ва рушд қариб андеша надоранд ва гӯё чунин вазорате дар кишвар вуҷуд надошта бошад.
Дар гумони мардуми мо ин аст, ки ин вазорати гӯё, ки хеҷ кореро анҷом намедиҳад. Ҳатто донишҷӯёну толибилмине, ки ин ҳам қисми кам, дар бахшҳои иқтисодӣ таҳсил мекунанд, ин ҳам ба хотири кор кардан ва роҳ ёфтан дар бонкҳост. Ҳанӯз фаҳмиши иқтисодии мардум ва ҳатто донишомӯзон дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад. Ва ҳанӯз ҳам мардум мунтазири боло бурддани маъош ҳастанд ва талаби боло бурдани маъошро гарчи равшан иброз надоранд, вале дар зеҳни ҳар шахс ин суол пайдо хоҳад шуд. Вале боре андеша бояд кард, ки оё бо зиёд ба муомила баровардани пул ва зиёд намудани маъош, мешавад мушкилотро ҳал намуд? Барои он ки маъоши мардум боло бурда шавад ва сатҳи зиндагии мардум беҳбуд ёбад, қабл аз ҳама истеҳсолотро ба роҳ бояд гузошт ва аз ҳама муҳим фаҳмиши нодурустро аз сар дур бояд намуд, хусусан донишҷӯёне, ки дар бахши иқтисодӣ таҳсил менамоянд, ин нуқтаро хуб дарк намоянд, ки пешрафти ҳама дигар бахшҳо ба рушди иқтисодиёт марбут аст. Аз ҷумла фаъолияти бонкҳо низ.

Мунтазири ҷаласаи солона-пурбинандатарин гузориши ТВТ

Ба ин хотир аввал бояд фикрҳоро дуруст намуд, вагарна чун иқтисод пешрафт накунад, дигар бонкҳо ва дигар муассисот низ фаъолияти дуруст карда наметавонанд. Ва худи пул низ ба як коғази беқадр табдил хоҳад шуд, яъне вақте ки пул қобилияти харидориашро гум намуд, ин табиист, ки як коғазе дигар беш нест. Хулоса, мақсад аз ин ҳама гуфтаҳо ин аст, ки мо бояд ба чизҳои меҳвари ва асосӣ диққат намоем ва бидонем, ки иллати қафомондагиамон дар чист(?), яъне бидонем, ки он ролеро, ки дил дар организми инсон иҷро мекунад, айни ҳамин нақшро иқтисод дар ҷомеъа мебозад. Аз ин рӯ интизори ҷаласаи солонаи ҳукумат хоҳем буд, ки дар бахши иқтисод чӣ тағйироте ба амал хоҳад омад. Зимнан, гузориш аз ҷаласаи солонаи ҳукумат аз пурбинандатарин барномаҳои ТВ-ҳои тоҷик дар тӯли 20 соли ахир будааст. Шояд дар ҷашни матбуот ҷойизасупорон ин нуктаро ба назар бигиранд. Ҳамин гуна нест?!

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97