Мӯъминобод: «Ба президент нагӯед,картошка сӯхт»

Иқтисод 31.08.2011 13:35

"Об дар кӯзаву ташналабон мегардем"…

kart1Дар ҳоле ки бозорҳои маҳаллӣ аз картошкаи Покистон пур шудааст, даҳҳо гектар замини картошка дар ноҳияи Мӯъминобод аз беобӣ хушк мешавад.

Киштзори рӯ ба хушкшавии картошка дар канори роҳе, ки ба маркази ноҳияи Мӯъминобод мебарад, деҳқонони деҳаи Ҳанатароши ин ноҳияро маъюс кардааст.

Дар заминҳои ин мавзеъ кишти картошка ба ҳангоми гул кардан аз беобӣ рӯ ба хушкшавӣ овардааст. Деҳқонон низ аз ҳосил гирифтан аз ин кишти картошка пурра умед кандаанд. Ин дар ҳолест, ки дар заминҳои ин деҳа замони шӯравӣ картошка кишт мешудааст ва ба нақли шоҳидон аз он ҷо садҳо ҳазорҳо тона ҳосил мегирифтаанд. Сокинон мегӯянд, он замон об барои кишти картошка таъмин буд.

- Ҳамин фикри давраи шӯравиро карда, соли гузашта раиси ноҳия гуфт, ки имсол дар ин заминҳо ба ҷои гандум картошка кишт кунед. Мо гуфтем, ки хати об вайрон аст ва бе об намешавад картошка кишт кард. Аммо раис ваъда дод, ки шуморо бо об таъмин мекунем. Мо ба ҷои гандум картошка кишт кардем. Аммо дар вақти асосӣ қубурҳо вайрон шуданд ва об дигар ба киштзор наомад, ки ҳоло вазъ чунин шудааст. Мо ҳам аз гандум мондем, ҳам аз картошка, яъне зарари дутарафа дидем, - мегӯяд, Амир Маҳмадов, яке аз заминдорони ноҳияи Мӯъминобод.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон бар асоси шартнома бояд хоҷагии оби ноҳия таъмири минбаъдаи қубурҳои обрасониро ба ӯҳда гирифта, обро мунтазам ба киштзор таъмин мекард.

"Туро газад, маро чӣ ғам"

Аммо бар хилофи ин шартнома хоҷагии оби ноҳия аз ин ӯҳдадории худ сарпечӣ кардааст ва ба гуфтаи заминдорон муроҷиати онҳо ба тамоми сохторҳои ҳукумат барои таъмири қубурҳои кафида бе натиҷа анҷом ёфтааст. Ҳатто, ба гуфтаи Амир Маҳмадов, ҳоло дигар арзи онҳоро ягон мансабдор дар ноҳияи Мӯъминобод намешунавад ва касеро парвои хушкшавии киштзори картошка нест.

Сафар Давлатов, заминдори дигар мегӯяд, ҳар як деҳқон барои кишти картошка то ҳазор доллари амрикоӣ ва аз он бештар сарф кардааст. Ба умеди оне, ки ҳам худ фоида мебинаду ҳам ба давлат фоида меорад.

Ӯ дар робита ба ин афзуд: "Ҳоло бо вуҷуди хушкшавии заминҳои картошка аз беобӣ, аз мо талаб мекунанд, ки андоз аз ҳисоби замини обӣ супоред. Ба ҷое оне, ки бояд зарари расондаи моро ҳукумат ё хоҷагии об, пардохт кунанд, чунин мекунанд. Агар гапи моро мансабдорони ноҳия хоҳиши шунидан надошта бошанд, мо то суди иқтисодӣ барои ҷуброни зарари худ даъво мекунем. Моро дар ҳоле об намедиҳанд, ки мо пули обро пешпардохт кардаем".

Деҳқонони дигар низ, ки кишти картошкаашон хушк шудааст ва дигар аз он умеди ҳосил гирифтан надоранд, ба чунин мазмун шикоят доранд.

Аммо таи як ҳафтаи ахир талошҳои мо барои сӯҳбат бо Сайфиддин Бозоров, раиси хоҷагии оби ноҳияи Мӯъминобод натиҷа надод. Ҳатто роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия низ дар пайдо кардани ин мансабдор назди мо эҳсоси хиҷолатмандӣ зоҳир кард.                           

"Чшшш…ба президент нагӯед!"

Сокинони ин деҳа мегӯянд, дар ҳоле, ки мушкилоти онҳоро мансабдорони маҳаллӣ шунидан намехоҳанд, ҳангоми сафари президент ба ноҳияи Мӯъминобод, онҳоро нагузоштаанд, то мушкилоти худро ба президент бигӯянд. Президенти кишвар ҳангоми сафар ба ноҳияи Мӯъминобод дар деҳаи Ҳанатарош як корхонаи парандапарвариро боз намуд. Аммо Сумангул Тағоева, як сокини ин ноҳия мегӯяд, пеш аз омадани президент ҳамаро ҷамъ карданд ва гуфтанд, ки агар ягон шикоят кунед, ҷазоятон медиҳем.

- Ба таври худнамоишдиҳӣ занонро ба корхона бурда, гуфтанд, ки дар пеши президент гӯед, ки мо кор мекунем ва 600-700 сомонӣ маош мегирем. Занон аз тарс пеши президент дурӯғ гуфтанд. Дар асл ин корхонаро на мо корашро мебинему на ба ягон зан ин қадар маош медиҳад. Боз гуфтанд, ки 20-30 нафар занро бо кор таъмин кардаем. Ин ҳамааш дурӯғ буд, - изҳор медорад, ин зан.

Зани дигаре бо номи Раҷабгул Ғуломова, ки дар қатори беш аз 20 нафар занон барои шикоят назди рӯзноманигорон сари роҳи ин деҳ, ҷамъ омада буданд, гуфт, ба ҷои бо кор таъмин намудани мардум ин корхонаи мурғпарварӣ оби нӯшокии сокинонро ба манфиати худ истифода мебарад ва аҳолии деҳа аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Чанд зани дигар, ки соли гузашта ба қавли худ, муваққатан дар ин корхона фаъолият карда будаанд, аз он шикоят карданд, ҳангоми пуст кандани мурғон ба як навъ бемории хоришак гирифтор шуданд. Онҳо бар ин назар буданд, ки бемории хоришак аз мурғ ба онҳо гузашта буд, вале соҳибони корхона ба онҳо барои харидории дорӯ барои табобат ҳеч кӯмак нанамуда буданд.

Аммо Давлат Юсуфов, директори корхонаи мурғпарварӣ дар деҳаи Ҳанатарош гуфт, ки аз чунин як беморие, ки аз мурғҳои корхонаи онҳо ба сокинон гузашта бошад, хабар надорад. Беобии сокинонро низ ӯ дар хушксолии имсол донист.

"Мо аз мушкили мардум хабар дорем"

Наҷмиддин Раҳматов, раиси ҷамоати Деҳбаланд, ки деҳаи Ҳанатарош бо доштани беш аз 200 хоҷагӣ дар ҳудуди ин ҷамоат шомил аст, мегӯяд, онҳо аз мушкилоти мардуми ин деҳа ба хубӣ огаҳӣ доранд. Вай дар ин бора афзуд: "Дар ҳақиқат хушкшавии картошкаро мо бо чашми худ дидем, аммо аз дасти мо ба ҷуз ин ки ба раиси хоҷагии об бигӯем, ки ин мушкилро ҳал кунад, ҳеч чиз намеояд. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки ба деҳқонон ҷабр нашавад ва ин масъаларо ба раиси ноҳия боз мерасонем, то ягон чора бинанд. Дар масъалаи оне, ки мо сокинонро нагузоштем, бо президент сӯҳбат кунад, ин гап асос надорад. Мо аз ҳар деҳае чанд нафариро ҳамчун намоянда барои вохӯрӣ бо сарвари давлат даъват карда будем. Аммо аз сӯи дигар президент вақт надорад, ки бо ҳар як сокин вохӯрда, ӯро бишунавад".

Ноҳияи Мӯъминобод, ноҳияест, ки ба назари мутахассисон шароити хуб барои кишти картошка дорад. Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳияи Мӯъминобод дар як нишасти матбуотиаш зикр кард, ки имсол кишти картошка дар ноҳияро ба 500 гектар расонидаанд ва умед аст, ки тамоми минтақаи Кӯлобро бо картошкаи маҳаллӣ ноҳияи Мӯъминобод таъмин кунад.

Аммо дар ҳоле, ки киштзори картошкаи мардум аз беобӣ месӯзад, ин орзуи раиси ноҳия то куҷо бароварда мешавад, маълум нест.

Абдулмӯъмини Шерхонд махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97