Чанд бор ҷастӣ малахак…

Иқтисод 27.04.2011 09:17

Малах кишоварзонро хаста кардааст

MalakhakМавсими шашуми баҳор аст, ки қаламрави кӯҳистони вилояти Хатлон гирифтори ҳуҷуми малах мегардад. Дар солҳои нахустини пайдоиши малахи марокашӣ манбаи хуруҷи он доманакӯҳҳои навоҳии сарҳадии кишвар аз қабили Панҷу Хуросон ва Қумсангиру Фархор арзёбӣ мегардид. Азбаски масъулин дар мубориза бар зидди малах даст наёфтанд, дар мавсимҳои минбаъдаи баҳорӣ малах якбора аз чандин минтақаи доманакӯҳи вилоят сар аз хок мебарорад. Дар солҳои аввали пайдоиши малах чӣ масъулини мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳӣ ва чӣ расонаҳои хабарӣ оид ба хатарҳои эҳтимолии лашкари малах андешаҳои гуногун баён мекарданд. Он замон эҳтимол мерафт, ки агар дар ду соли аввал малахро дар марзи кишвар несту нобуд накунем соли севвум лашкари малах то ба марзҳои сабзи маркази вилоят доман панҳ хоҳад кард.

 

Ҳуҷуми малах ба Сарбанд

Инак соли 2011. Дар ҳудуди Сарбанд лашкари малах нисбат ба як соли пешин ду- се баробар фарохтар доман паҳн кардааст. Ба гуфтаи Қарахон Чиллаев, раиси шаҳри Сарбанд, ҳанӯз дар даҳҳаи аввали моҳи апрел пайдоиши малах дар беш аз 3 ҳазор гектар чарогоҳҳои марзи Сарбанд мушоҳида шудааст. Барои мубориза бар зидди малах 14 адад техникаҳои кишоварзии ОВХ ва 34 адад дорупошҳои автоматӣ истифода бурда мешаванд.

Барои пешгирӣ аз панҳшавии малах дар даҳ минтақаи гуногуни Сарбанд ситодҳои мубориза бар зидди малах таъсис ёфта, барои ҳар нафар аз ихтиёриёне, ки дар мубориза бар зидди малах кор мекунанд, моҳе аз 300 сомонӣ зиёдтар музди меҳнат муқаррар шудааст. Қарахон Чилаев мегӯяд, соли гузашта малахро дар қаламрави Сарбанд пурра нобуд карда будем, аммо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби доманакӯҳҳои Вахшу Бохтар малах боз ба қаламрави Сарбанд доман панҳ кардааст. Кишоварзони сарбандӣ иброз медоранд, ки барои мубориза бар зидди малах мебояд ё аз ҳавопаймоҳои дорупошӣ истифода бурд ва ё ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллиро барои кор бо асбобҳои дастии дорупош сафарбар кард. Аммо дар шароити кӯҳсори вилоят истифода аз ҳавопаймои дорупошӣ роҳи ҳалли пурра нест кардани малах мебошад.

Аммо Одинахон Душанов, муовини сардори раёсати кишоварзии Хатлон иброз медорад, ки барои нест кардани малах зарурати истифодаи ҳавопаймоҳои дорупошӣ нест. Ин дар ҳолест, ки иддае аз деҳқонони Хатлон соли аввал нест, ки иддао доранд, бидуни ҳавопаймои дорупошӣ дар доманакӯҳҳо лашкари малахро несту нобуд карда намешавад.

Муҳосираи Балх

Аммо дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ вазъият мушкилтар аст. Дар ҳудуди ноҳия 49 440 ҳазор гектар замини чарогоҳ мавҷуд аст, ки дар бештар аз марзҳои он малах аз соли гузашта тухм гузоштааст. Ба гуфтаи Руҳулло Ҳакимов, раиси ин ноҳия то имрӯз ситодҳои мубориза бар зидди малах дар 2, 5 ҳазор гектар замини чарогоҳро аз ин ҳашарот безарар гардонидаанд. Дар мубориза бар зидди малах КВД "Мубориза бар зидди малах" ҳамроҳ бо соҳибкорони маҳаллӣ нақши муҳим доранд. Дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти "Маданият", "Гулистон", "Фрунзе" ва "Калинин"-и ноҳия беш аз 600 нафар сокинони маҳаллӣ барои мубориза бар зидди малах сафарбар карда шудаанд. Ситодҳои мубориза бар зидди малахи ноҳия бо 3 адад трактор ва 174 дастгоҳҳои дорупошӣ таъмин карда шуданд. Дар як нишасти хабарие, ки рӯзи 19 апрел доир гардид, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иброз дошт, ки бо дастгирии молии соҳибкорони маҳаллӣ имрӯз боз 24 адад дастгоҳҳои дорупошӣ барои ситоди ноҳиявии мубориза бар зидди малах дастрас карда мешавад.

Руҳулло Ҳакимов иқрор шуд, ки мо соли гузашта натавонистем, ки малахро дар доманакӯҳҳо пурра несту нобуд кунем. Аммо имсол дастуру супоришҳо чунин аст, ки малахро то давраи тухмигузориаш несту нобуд кунем. Вагарна дар солҳои оянда ин ҳашароти зараррасон ба соҳаи кишоварзии ноҳия ҳисороти ҳангуфт меорад. Барои мубориза бар зидди малах маблағ, техникаи кӯмакрасон ва нерӯи бештари корӣ лозим аст. мубориза бар зидди малахро дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят бояд ҷиддӣ ба роҳ монд. Зеро агар дар яке аз навоҳии малахзада ин ҳашарот несту нобуд карда нашавад, насли ояндаи он ба марзи ноҳияҳои ҳамсоя доман паҳн мекунад.

Ҳуҷуми малах: овоза ё ҳақиқат?

Ҳамасола дар мавсими мубориза бар зидди малах чӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии навоҳии вилоят ва чӣ масъулини КВД "Мубориза бар зидди малах" оид ба корҳо дар самти мубориза бар зидди ин ҳашарот ҳисоботҳои осмонбӯс медиҳанд. Аммо дар мавсими оянда марзҳои ишғолкардаи лашкари малах домани васеътарро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти матбуоти ба суоли "Чаро то имрӯз дар пурра несту нобуд кардани ин ҳашарот муваффақ нашудаем?", муовини раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ чунин посух дод: "Новобаста аз он ки соли гузашта масоҳати беш аз 65 ҳазор гектар заминҳои кӯҳӣ аз малах безарар гардонида шуд, аммо малах дар қаламрави доманакӯҳҳо пурра нест нашуда буд. Дар ҳақиқат соли гузашта барои мубориза бар зидди малах маблағгузорӣ дар сатҳи лозима нашуд. Имсол маблағгузориҳо дар ин самт хубтар аст. Айни ҳол дар 15 шаҳру навоҳии вилоят, ки хуруҷи малах мушоҳида шудааст, кор рафта истодааст".

Чунин ба назар мерасад, ки мубориза бар зидди малах ҷиддитарин масъалаи вилоят ба ҳисоб намеравад. Зеро аз он хатарҳое, ки аз оқибати ба водиҳо паҳн шудани малах ҳадс мезананд, имрӯз бояд тамоми қувва барои нест кардани ин ҳашарот ба роҳ монда мешуд. Аммо имсол низ мисли солҳои гузашта сипарӣ мешаваду дар соли оянда боз марзҳои кӯҳсор аз домани малах мавҷи сиёҳ зада, боз баҳонаи дигар пеш оварда мешаванд. Аммо то кунун ягон нафар аз масъулини соҳа ба ин суол посухи мушаххас надодаанд, ки "Оё имкони пурра нест кардани малахро дар хатлонзамин доранд ё на?

Аммо Абдураҳмон Қодирӣ як далели аҷиб пеш овард: "Дар чанд соли таҷрибаи мубориза бар зидди малах мушоҳида шудааст, ки ин ҳашарот аз марзи кӯҳистон ба заминҳои водӣ поин намефаромадааст".

Шояд ин сухан воқеият ҳам дошта бошад. Зеро агар дар ин панҷ - шаш сол мефаромад, мерафт то Душанбе ҳам мерасид. Аммо аз ҷониби дигар малахҳо "бача"-ҳои хубанд, ки ба водиҳо намефароянд гуфта, хотирҷамъ шудан лозим нест. Зеро мардумони наздик ба доманакӯҳҳо ҳуҷуми малахро даҳшаттарин офати табиат меҳисобанд. Ҷавҳаршоҳ Мирзоев, раиси ҷамоати деҳоти "Гулистон"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иброз медорад, ки ин офати "миёншикан" вазъи зиндагии мардумро хароб мекунад. Дар чанд соли охир ҳамин мавсимро сангин паси сар мекунем. Ҳамарӯза аз ҷониби аҳолӣ ихтиёриён барои дорупошӣ ва дигар корҳои мубориза бар зидди малах иштирок мекунанд. КВД "Мубориза бар зидди малах" ва соҳибкорон барои заҳрхимикатҳо ва дастгоҳу техникаҳои дорупошӣ маблағ ҷудо мекунанд. Аммо бо ин роҳ малахро дар вилоят пурра несту нобуд карда намешавад. Ба суоли он ки оё барои ихтиёриёне, ки дар заҳрпошӣ иштирок мекунанд, музди кор ҷудо карда шудааст(?), раиси ҷамоат гуфт, ки "на, мардум худ дарк мекунанд, ки агар дар пешгирӣ аз паҳншавии малах дастаҷамъона ба ситоди мубориза бар зидди малах кӯмак нарасонанд, оқибат замину боғзори онҳо ба харобазор табдил меёбад. Зеро агар малах пар бароварда ба водиҳо паҳн шавад, дар минтақа қаҳтӣ меояд".

Кӣ фатво медиҳад, ки нест бод малах?!

Тибқи гуфтаи коршиносони соҳа дар Тоҷикистон қариб 100 намуди малах ба қайд гирифта шудааст. Малахе, ки дар 5 соли охир дар қаламрави Хатлон панҳ шудааст, малахи марокаши ном гирифта, тобистон дар қаъри 3-7 см аз 1 то 3 найча тухм мегузоранд, ки дар дохили ҳар кадоми он аз 18 то 42 адад тухм мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна ҳар адад малахи модина соле то 105 адад тухм мегузорад.

Гуфта мешавад, ки малахи аз тухм баромадаро дар марҳилаи аввал нест кардан осон аст. Аммо баъди 30-45 рӯз онҳо болу пар бароварда имкон доранд, ки то даҳҳо км парвоз кунанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз донишҷӯёни риштаи дин иброз медоранд, ки малахро офати табиӣ гуфтан лозим нест. Зеро онро ҳам Худованд офарида барои мо ато намудааст. Ҳатто ба қавли баъзе донишмандон истеъмоли малах ҷоиз аст. Вале масъала табиати инсонҳо ҳаст, ки баъзе намуд маҳсулотро истеъмол карда наметавонанд. Дар Тоҷикистон аслан муллобачаҳо дар такя ба фатвоҳои "Девбанд" ва фатвои "Бухоро" ду мактаби бузурги ислом сухан мегӯянд. Аз ин рӯ дар фатвоҳо гуногунандешҳо дида мешавад. Истеъмоли малахро то чи ҳад иҷозат додаанд, ки ҳатто ба қавле малахро мисли моҳӣ ба истиснои узвҳои шикам дигар ҳамаи аъзои баданашро истеъмол кардан иҷоза будааст. Ба қавле пешвоёни дини мубини ислом ин мавҷудоти табиатро истеъмол мекардаанд. Вале ин мавзӯъ барои мардуми мо қобили қабул наменамояд. Боз ҳам дар ҳоле ки ягон маротиба аз ҷониби уламои дини кишвар ин мавзӯъ кушоду равшан матраҳ нашудааст.

Аммо малахи ба гуфте муҳоҷирро, ки 6 сол боз доманакӯҳҳои Хатлонро ватан ихтиёр кардааст, шабеҳи мавҷудоти дар озмоишгоҳҳо тайёр карда шуда меҳисобанд. Зеро мушоҳидаҳо нишон додааст, ки ин ҳашарот бо якчанд хусусиятҳои худ аз ҷумла тухмгузорӣ ва миқдори барориши насл дар як мавсим аз малахи табиӣ фарқ мекунад.

Хулоса

Аз куҷо пайдо ва омадани ин "меҳмони нохонда", фатвои истеъмоли он ва роҳҳои дар кишвар несту нобуд кардани малах аз мавзӯҳоест, ки бояд дар муҳокимаи уламо донишмандони соҳавӣ ва дигар мутахассисон матраҳ шавад. Зеро он тарзи кореро, ки Вазорати кишоварзӣ дар мубориза бар зидди малах пеш гирифтааст, умедвориҳоро аз байн мебарад. Охир дар соли нахустини пайдо шудани малах майдони манбаи хуруҷ масоҳати камтарро ишғол мекард. Имрӯз чӣ малах дар майдони ба қавле 75 ҳазор гектар заминҳои кӯҳии Хатлон доман паҳн кардааст. Вагарна ин лашкаре, ки аз дур сиёҳӣ мекунад агар ба заминҳои водӣ бирасанд, ҳама мавҷудоти сабзро мехӯранд. Пас роҳи асосии мубориза бар зидди малах дорупошӣ бо ҳавопаймо ва ё тарғиби малах ҳамчун ғизои хушсифат мебошад. Ё масъулон ягон роҳи дигар нишон медиҳанд? Ё бо ҳамин маблағу нерӯе, ки барои мубориза бар зидди малах ҷудо карда шудааст, имсол тухми малахи марокаширо дар Хатлон нест мекунанд?

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97