Узбакистон пешрафт мекунад, Тоҷикистон ақиб мемонад…Чаро?

Иқтисод 08.03.2011 09:37

granisa_08Охири  моҳи марти соли 2010 ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байналмилалии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид, ки дар протоколи Созишномаи он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аз ҷумла бандҳои зер ба тасвиб расида буд;

- дар амалӣ намудани долонҳои ҳамлу нақл ва транзити бору мусофир байни се кишвари ҳамзабон тадбирҳои амалӣ андешанд;

- барои воридот ва содироти воситаҳои нақлиёти ҳамдигар дар асоси усули мутақобилаи баробар иваз намудани варақаҳои рухсатномаҳоро ба роҳ монанд… ва мӯҳлат барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди ҳамдигар 15 шабонарӯз тамдид гардад, барои пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва бузургҳаҷм бетаъхир чораҳои зарурӣ андешанд.

Аз замони ба тавофуқ расидани Созишномаи фавқулзикр ёздаҳ моҳ сипарӣ гардид ва ба хотири пайгирӣ намудани иҷрои натоиҷи он ба мутасаддиёни соҳаи нақлиёти автомобилии афғонӣ ва тоҷик муроҷиат намудем.

Муҷибуллоҳ Қосим, мудири бахши нақлиёти Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо мо иброз дошт:

- Дар мавриди иҷрои бандҳои Созишномаи мазкур намешавад чизе гуфт, зеро ҷавобҳо ба ин суол ҳоло  аз Кобул ба мо нарасида. Аммо моҳи май бояд боз ҷаласаи навбатӣ тадвир гардад ва натоиҷро ҷамъбаст хоҳад кард.

Ба ҳайси масъули бахши васоити нақлиёт аз ҷониби афғонӣ дар Тоҷикистон метавонам бо қаноатмандӣ изҳор кунам, ки тадобироти ҳамоҳангии соҳаи нақлиёт дар мақомоти баландпояи давлатӣ хеле бо таваҷҷӯҳ ва меҳрубонӣ пазироӣ мегарданд. Мутаассифона, дар мавриди идороти сатҳи пойин намешавад чунин гуфт. Маъмурони сатҳи иҷрокори сарҳадӣ, гумрукӣ, нозироти ҳаракати нақлиёт ба амалҳое даст мезананд, ки ронандагони афғон ранҷур ва дилсард мешаванд.

Аз ширкатҳои қаблии афғонӣ, ки дар Тоҷикистон доштем ба мисли "Мирбачакут", "Ошиқи Муҳаммадӣ" ва ғайра ба ин иллатҳо ва муносиботи сарди дигар марказу дафтари намояндагии хешро бастанд.

-Мешавад саҳеҳтар тавзеҳ диҳед, ки бо кадом сабабҳои мушаххас?

- Хуб, яке масъалаи дарёфти раводид аст, ки хеле тӯл мекашад ё ба нокомӣ меанҷомад. Мушкилоти сунъӣ сохта мешаванд, монеъаҳои дилсардсоз эҷод мегарданд ва сояи дасти бозори сиёҳ низ дар ин ҷанба дароз аст. Дар Кобулу Мазори Шарифу Қундуз консулгариҳо чунин мушкилот эҷод мекунанд. Дигар ин, ки як сол ин тараф мошинҳои моро бо ҳар баҳона ба дохилтари кишвар иҷозаи вуруд намедиҳанд. Борҳоро аслан мошинҳои тоҷикистонӣ, ки холӣ ба хоки Афғонистон ворид мешаванд, мекашонанд. Ҳангоми тафтишу таҳияи аснод дар сарҳад низ хело номеҳрабонӣ ва беназокатӣ рух медиҳад.

ӣ навъи молу коло вориду содирот мешавад?

- Аз он сӯ аксар семент ва аз ин сӯ орду чӯбу тахтаю арматур ё филизоти дигар. Мошиндорҳои афғонӣ ба иллатҳое, ки гуфтам, яъне озору хӯрдагириҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ ва хадамоти назоратӣ, маҷбуранд таҳти рақамҳои тоҷикӣ кор кунанд.

Аз ин нигоҳ наметавон гуфт, ки равобити васоити ҳамлу нақл вусъат ёфта бошад. Пешниҳоди мо ин аст, ки равобит ва тамоси соҳаи нақлиёти ду давлат дар сатҳи мақомоти боло то пойин ва аз сухан ба амал пиёда шавад.

Аз пулҳои рӯи дарёи Панҷ, ки сетояш дар Бадахшон фаъол буда, чорумӣ дар такмил ва панҷумӣ дар лоиҳа аст, бештар истифода гардад. Тоҷирони ин ду кишвар аз намак то зуғолсангу меваю молҳои саноатӣ зиёд доранд, ки ҳарчи озодтар бояд савдою муомила кунанд.

Агар вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба мо мусоидат ва кӯмак кунад, боз намудани дафтари корӣ дар сарҳад (Ворошилов) ба нафъи кор хоҳад буд. Ҷониби мо, ба осонӣ ва содагӣ метавонад, ки кори роҳхатдиҳиро барои нақлиёти тоҷикистонӣ дар қаламрави Афғонистон ба зима гирад. Коғазбозӣ ва ҳуҷҷатсозӣ кам хоҳад шуд ва ронандагон низ аз ҳаргуна хӯрдагириву озорҳо раҳо хоҳанд ёфт. Маъмурони сатҳи пойин низ дигар ҷуръати "бозӣ" кардан бо ронандаҳои транзитиву дохилӣ нахоҳанд кард. Ду сол қабл мошинҳои мо то бозори Корвон ба осонӣ бор меоварданд ва мебурданд ва аз ин ҳарду кишвар судманд буданд. Ҳоло онҳоро бо рақамҳои афғонӣ ҳеҷ иҷозаи вуруд намедиҳанд. Мардуми ин ду соҳил аслан яканд ва нохунро намешавад аз гӯшт ҷудо кард.

- Дар мавриди сохтмони хати роҳи оҳан дар Афғонистон чӣ хабар аст?

granisa_06- Иқдоми бузурги оқои раиси кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат, хело ба маврид ва умедбахш буду ҳаст. Аммо дар хоки Афғонистон ҳанӯз, коре суръат нагирифтааст. Аз як сӯ ҷангзадагии ҷомеъа бошад, аз сӯи дигар мушкилоти фаннӣ аст. Барномаи байналмилалӣ нияти иншои ин хати роҳи оҳанро ба тӯли 2012 км аз Қошғари Чин то сӯи Халиҷи Форсу роҳи Қафқоз дорад.

Аммо дар ин азм, Узбакистон алаккай пешдастӣ намуда, хати роҳи Термиз - Ҳайратон - Мазори Шарифро ба тӯли 75 км аз худ намуд.

Ирон ҳам аз сарҳади хеш то Ҳирот роҳи оҳанро дар 119 км сохтааст.

Тоҷикистон низ ният дорад, дар ин роҳсозӣ саҳме дошта бошад. Мушкилот инҷост, ки бари роҳи оҳани Ирону Узбакистону Покистон бо ҳам дар  андоза ҷӯр намоянд. Зеро хати оҳани Ирон дар меъёри байналмилалӣ 14,35, Узбакистон меъёри шӯравӣ 15,20 ва Покистон 16,75 мебошад, ки ҳангоми истифода хеле мушкилот ва харҷи барзиёди вақту пулро ба бор хоҳанд овард.

- Умеди шумо?

Умеди мо ин аст, ки Тоҷикистон набояд аз ин талошҳои ҳамсоякишварҳо дар инзивоъ (изолятсия) қарор гирад. Нақлиётчиёни мо, яъне боркашонҳои афғонӣ дар Узбакистон, заҳматҳои сахту сангин доранд. Ягона умеди мо ба Тоҷикистон аст. Муносиботи мо бояд танҳо ва танҳо бародарона ва баробар бошад, аммо маъмурони сатҳи пойини ҳарду кишвар  танҳо дар фикри маводи шахсии хешанд.

Фаррух Фахриддинов, сардори сарраёсати нақлиёти рӯизаминии вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба мавзӯъ рӯшанӣ андохта, изҳор намуд, ки вазорат пешбарандаи сиёсати нақлиёт аст. Бозор ва тиҷорат манфиати хешро дорад. Беш аз як сол аст, ки вуруди мошинҳои боркаши хориҷӣ аз ҷумла афғониро ба ҳудуди кишвар маҳдуд кардем ва дар чаҳорчӯбаи тартиботу низом дохил намудем. Мошинҳои  гаронвазн  роҳҳо ва пулҳои моро хароб карданд, роҳҳоро то Душанбе ба хусус дар бозори "Корвон" банд мекарданд. Ширкатҳо иҷозатнома надоштанд ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ рақамҳои тоҷикӣ мегирифтанд. Бебанду борӣ то ҷойе буд, ки бидуни  иҷоза ва аснод ронандаҳо ба ҳар макони ҷумҳурӣ бо хости тоҷирон мерафтанд. Мӯҳлати буду бошро риоят накарда, ҳар қадар мехостанд дар инҷо мемонданд ва бозори мошинҳои боркаши моро хеле танг карданд. Мо ин соҳаро, ин самти корро ба низом даровардем, ки вазифаи масъули мост. Ҳоло се ширкати худӣ, ки расман иҷозатнома доранд, дар ин росто фаъолият мекунанд.

Абдулфайз Ҷалилов сармутахассиси шӯъбаи нақлиёти автомобилӣ, мегӯяд, ки воридот ва содироти бор бо Афғонистон тавассути автомобилҳо дар соли 2010 чунин аст: Бори воридот тавассути 486 автомобил, 8 ҳазору 200 тонна, ки аз ин 7 ҳазорон тонна смент, буда, боқӣ хӯрокворӣ ва таҷҳизот мебошад.

Бори содиротӣ тавассути 522 мошин, 7,8 ҳазор тонна, ки 4,15 ҳазор тонна сӯзишворӣ, 3,06 ҳазор тонна таҷҳизот ва молҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла, зардолу, чормағз, ангур, зардолуи қоқ, писта, мағзи зардолу, мош, пиёз ва тарбуз мебошад.

Ба иллати вазъи ноором ва амният аз тариқи хоки Афғонистон тӯли соли гузашта бори транзитӣ интиқол наёфтааст.

PS: Тоҷикистон бо вуҷуди хурду камзамин буданаш аз лиҳози ҷуғрофӣ ва таркиби бойи маъданҳо ба хусус масолеҳи хоми маводи ҳастаӣ (ядроӣ) таваҷҷӯҳи  кишварҳои абарқудратро сахт ба худ ҷалб намудааст. 

Маводи ҳастаӣ имрӯз аз пурарзиштарин сарвати дунё ба шумор меравад ва дур нест, ки ин дороӣ ояндаи наздик ҷойгузини нафт хоҳад шуд. Кӯҳистони тоҷик аз шимол то шарқ ба хусус ноҳияи Мурғоби Бадахшон аз ин  мавод ғанӣ буда, ҳатто обу гили баъзе кӯлҳояш ба дараҷае дорои ин маъдананд, ки аз таъсири он оби шӯраш ҷонзоде надорад.

Кишваре, ки ин сарватро дорад фардо мисли мамолики Араб, ки аз ҳисоби нафт зиндагӣ мекунанд, аз баракати маъдани ҳастаи зойи хеш сарватманду сармоядор хоҳад шуд. Олимони физики муъосир бар ин назаранд ва сиёсатмадорони қудратманд маҳз ба ҳамин кишварҳо мароқи зиёд зоҳир намуда, дар орзуи сохтану доштани роҳ сӯи онҳо мебошанд.

Аз ин ҷост, ки роҳҳо беш аз пеш ба ҷои таъиноти иқтисодии хеш мақому тобиши сиёсӣ касб мекунанд. Пас, ин замон роҳ низ ҷузъе аз сиёсат аст. Мутаассифона, аксари мардум дар кишвари мо ҳанӯз ҳам ба роҳу замин чун замони асри миёна танҳо аз диди деҳқону чӯпон менигаранд, ки замин киштбобу алафзор аст ё кӯҳу саҳрои хушку санглох…

Сардори Раҳдор

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97