Иқтисоди пуштипардагӣ ва бесаводӣ моро фақир кард

Иқтисод 08.02.2011 10:13

MuhojirИстиқлол барои ҳар ҷомеъа бузургтарин неъмат – озодиро тақдим медорад, аммо дар ивази он аз ҷомеъа низ  шарту шароити хосро тақозо мекунад.

Алъон мо дар шароити воқеъии  амалкарди бозори иқтисодӣ қарор дорем ва асоситарин тағйирот ба сӯи мусбат ин табдили моликияти ҷамъиятӣ ба хусусӣ мебошад.Албатта, раванди гузариш бедарду бе моҷаро нест. Ба касе чизе расид, ба касе нарасид. Ба касе пораи калонтар, ба касе хурдтар ва ба касе ҳам ҳеҷ чиз. Бале, хосияти даврони гузариш ҳамин аст, чӣ метавон кард?

 

Иқтисоди аксари кишварҳои ҷаҳон маҳз ба ҳамин меҳвар чархидааст. Хосияти мусбат ин аст, ки шаклҳои зиёди моликият рақобатро дар бозори иқтисод васеъ ва истеҳсолотро таҳким бахшида, ба сӯи инкишоф савқ медиҳанд. Ашхоси соҳибкор ва хоҷагиҳо озодии воқеъӣ ва комилро дастрас мекунанд ва ин ҳаққи онҳост, ки чиро бештару чиро хубтар истеҳсол намоянд, ба кадом нархи муносиб ба бозор пешниҳод намоянд. Нозири асосӣ ва берӯю бераҳм бозор аст, ки касеро рӯи хотир, аз касе молро пинҳон ва ба касе пораю ришва пешниҳод намекунад. Ин хуб аст, зеро  харидор ҳаққи комили интихоб дорад ва ин бениҳоят муҳим аст. Чунки ҳаққи интихоб калид, гарав ва кафолати озодии инсон дар ҷомеъа мебошад. Дар навбати худ ин озодӣ, яъне истиқлол муфту содаю осону ройгон ба даст намеояд. Аз ҷомеъа тақозои пардохти ҳаққи хешро, яъне қурбонии арзишҳою суннатҳои кӯҳнаро мехоҳад, ки бедард ва осонгузар нестанд.

Шаҳр дар ғунҷоиши аҳолӣ бечора аст

Тақозои аввал, ин афзоиши аҳолӣ бидуни тарҳрезиии илмии оиладорӣ мебошад. Дар замони шӯравӣ сиёсат дар ин ҷанба комилан дигар буд. Афзоиши аҳолӣ тибқи нақша ба буҷаи умумидавлатӣ  пуштибонӣ, танзим ва назорат мешуд. Алъон рушди теъдоди аҳолӣ дар ватани мо соле то беш аз 3 дар сад аст, ки ин хеле зиёд аст, аммо аз пуштибонии ҷомеъа бархӯрдор нест. Дар ҳоле ки ҳар як ҷомеъа, хоҳ пешрафтаву хоҳ заъифу қафомонда ба танзими суръати афзоиши аҳолӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат дар ин масъала бояд аз ҷониби ниҳодҳои маъмурӣ амалӣ шавад, то афзоиши аҳолӣ танзим ёбад.

Тақозои дуввум, ин муҳоҷирати кории дохили кишвар мебошад. Кам будани ҷойҳои кор ва зарурати таъминии рӯзгори хонавода теъдоди зиёди мардумро маҷбур месозад, ки аз деҳот сӯи шаҳр рӯ оваранд ва ба шӯру ғавғои ҳаёти шаҳрӣ биафзоянд. Шаҳр дигар зарфияту ғунҷоиш ва қабули ин миқдор аҳолиро надорад. Инфрасохторҳои он, яъне муассисоти иҷтимоию маишӣ ва нақлиёти шаҳр тавони қудрати хидматрасонии шумори дучанди мардумро надорад.

Тақозои сеюм, пас аз варшикасти сохтори шӯравӣ равобити хоҷагию истеҳсолӣ байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ канда шуд. Баъди моҷароҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ аксари корхонаҳои дохилӣ низ аз фаъолият бозмонданд. Корхона дар Душанбе монду маводи хоми он дар Санкт-Петербург ё баръакс. Чунин вазъ талаб менамояд, ки ба ҳисоби расмиву ғайрирасмӣ аз 1 то 1,5 миллион нафар ба хориҷи кишвар муҳоҷират кунанд, ки 60 дар сади онҳо нирӯи қобили коранд. Аз ин теъдод 45 дар садашон ҷавонони аз 20 то 30 сола мебошанд. Ин мушкилот то кунун амри воқеъият аст ва бадбахтӣ  дар он аст, ки ағлаби онҳо аз ҳар гуна шароити одии инсонӣ, пуштибонии иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар Русия ва ҷамоҳири дигар маҳруманд. Ҳар рӯз ба кишвар овардани 1 ё 2 тобути мардикорони ноком шаҳодати ин гуфтаҳост.

 Маъош кам асту бозорҳо пур аз харидор

Тақозои чорум, ин машғулияти ғайрирасмӣ ва ғайри меъёрии аҳолӣ дар дохили кишвар аст. Аз як ҷониб корхонаҳои зиёде дарҳои хешро бастаанд ва саноат суқут кардааст. Аммо дар муассисоти иҷтимоӣ ва маишии кишвар маош хеле кам буда, қобили таъмини рӯзгори хонаводаҳо нест. Аммо мардум зиндагӣ мекунанд. Аҷаб таззоде. Бозорҳо пуропури харидору фурӯхтгоранду биноҳои тоза ба тозаи замонавӣ қомат меафрозанд. Аз замони шӯравӣ дида хариду фурӯш бештар ривоҷ ёфта, қариб ҳар як хонаводаи панҷум соҳиби мошин мебошад. Вале таҳлилгарон ва соҳибназарон бар онанд, ки 30 дар сади аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ рӯз мегузаронанд. Аммо аксари аҳолӣ дар ватан кор мекунанд ва ба ҳисоби иқтисоди пушти пардагӣ даромади хуб доранд. Тибқи гумони коршиносон 47 дар сади даромад ба буҷаи давлат ворид намешавад. Қобили мулоҳиза аст, ки бо ибтикори СММ ва бо кӯшишу иҷозаи Ҳукумати Тоҷикистон даромадҳо ва  маблағи шаҳрвандон дар бонкҳо аланӣ, яъне ошкорро эълон шуд. Вале дақиқ маълум нест, ки чӣ миқдор пул берун аз ҳисоби бонкӣ дар ҷайби мардум, зери сояи иқтисоди пуштипардагӣ дар чархиш аст.

Тақозои панҷум, ин масъалаи шуғли аҳолӣ дар дохили кишвар аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда, ки ҳар сол қариб 200 ҳазор ҷои кор бояд барои корҷӯён эҷод шавад. Ҳар ҳафта дар шаҳру навоҳӣ ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор аз ҷониби маъмурони идороти мухталиф ва корхонаҳо пешниҳод мегарданд. Чун маош кам аст, муроди хайрандешонаи роҳбарон ва маъмурони ҳукумат ҳанӯз ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ҷониби дигар, одамон бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳо дар коргоҳҳои ғайрирасмӣ бештар ва сари вақт музди худро ба даст меоранд ва аз ҷои кори расмӣ рӯй метобанд.

 Шойиста будан эътибор надорад

Тақозои шашум, сатҳи сифати хидмати маориф, яъне тадрису омӯзиши коргарону кормандони лаёқатманду  шойиста хеле паст аст. Аксар ба хотири диплом мехонанд, на ба хотири дониш. Тибқи гуфтаи як тан сиёсатмадори мақоми олӣ, аз 35 нафар хатмкардаи донишгоҳи олӣ, танҳо 1,5 нафар қобили қабул ба кор мебошанд.

Ба кор гирифтани ходимону коргарон аз байни хешу табор, ҳаммаҳалон ё аз тариқи ришвадиҳию ришваситонӣ ҳаргиз ба манфиати рушди корхона ва рушди ҷомеъа нахоҳад буд. Шойиста будан эътибори хешро гум карда ва истеъдоди аксари коргарону кормандон ба тақозои замон мутобиқат надорад, аз ин рӯ, мардуми зиёде бе таҳсилоту беҳунар ё бекоранд. Маҷбуранд ба музди ночиз мардикорӣ кунанд. Ва кам нестанд хориҷиёни ҳунарманду усто дар шаҳрҳои мо, ки ҷойҳои сердаромадро дар истеҳсолот банд карда, мардуми бумиро дар корҳои хеш ба музди ночиз кор мефармоянд. Зарур аст, ки дараҷаи тадрис ва донишомӯзӣ дар макотиби миёнаю олии ҷумҳурӣ ба сатҳи меъёрҳои аврупоӣ бардошта шавад, то ҷавонкоргарону духтарон ва муҳоҷирони корӣ битавонанд берун аз кишвар низ шуғли шойиста ва сердаромаде пайдо бикунанд.

Тақозои ҳафтум, бӯҳрони энергетикӣ аст, ки сарманшаю иллати ҳама бӯҳронҳо ва мушкилоти дигари иқтисодии кишвар гардидааст. Захираи кунунии мавҷудаи энергетикӣ ниёзҳо ва талаботи кишварро бароварда наметавонад.

Тобистон барқи барзиёд тавлидшуда ба сабаби таҳримҳои Узбакистон бозори фурӯш надорад ва зимистон ба ҳамин сабаб аз хориҷ барқ ворид карда намешавад. Ягона илоҷ бунёди пойгоҳи барқии Роғун мебошад, ки он бо кӯшишҳои пурғарази ҳамсоякишвар аз иншооти ҷанбаи иқтисоддошта бештар ҷанбаи сиёсиро касб намуд ва алайҳи он бо далелҳои ночиз эътирозу таҳримҳо шурӯъ шуд. Барои кишвари мо бошад, аз ҳар нигоҳ бунёди Роғун зарурати иқтисодӣ аст, на ҷоҳталабиву худхоҳии сиёсӣ ва он бояд алорағми ҳама гуна мушкилот сохта ба истифода дода шавад. Энергетика соҳаи калидӣ ва пешбарандаи иқтисоди кишвари мост, ҳамон гуна, ки газу нафт барои кишварҳои арабӣ ва туркману рус аст. Ва агар касе бар онҳо амр бидиҳад, ки истеҳсоли нафтро қатъ кунанд, бениҳоят хандаовару бемантиқ хоҳад буд.

 Кишвар дар пояи пули муҳочирон ба по аст

Muhojir_02Тақозои ҳаштум. Замоне ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ оғоз шуд, баъзе иқтисоддонҳои ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки «бӯҳрон моро сарфи назар хоҳад кард ва ба кишвари мо чандон таъсире нахоҳад расонд». Ба ин далел, ки гӯё мо кишвари кишоварзӣ ҳастем ва саноати пурмаҳсул надорем. Аммо баръакси таҳлилу хулосагирии хоми онҳо, арзиши хариди пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ аз 40 то 83 дар сад пойин фаромад, ва зарбаи шадиде ба иқтисоди кишвар расонд. Хазинаи давлат аз ин зиёни бесобиқа дид, муассисот ва корхонаҳо бе маблағ, коргарону кормандон бемаош ё бе кор монданд.

Тақозои нӯҳум. Иқтисоддонони кишвар сари вақт ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ баҳои дурусти илмӣ дода натавонистанд. Натиҷа ин гардид, ки бори рӯзгори оилаҳои ҷомеъаро лоилоҷ, муҳоҷирони корӣ бар дӯш гирифтанд. Тибқи ҳисоби коршиносон, соли 2008 аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба ватан зиёда аз 2 миллиард доллар ирсол шуда буд, ки ин маблағ 30 дар сади бахши хазинаи молияи ҷумҳуриро ташкил медод. Аммо соли 2009 миқдори пули фиристода ба 1 миллиарду 80 миллион доллар коҳиш ёфт. Ва дар шаш моҳи соли 2010 имконияти муҳоҷирони меҳнатӣ боз ҳам камтар шуда, пули фиристодаи онҳо ба 31 дар сад пойин фаромад. Аммо гап танҳо сари он нест, ки чӣ миқдор пул фиристода мешавад, балки асос он аст, ки ин пул чи гуна ва ба хотири чӣ сарф мегардад. Иқтисоддонон ҳисоб кардаанд, ки 60 дар сади пули ирсолшуда барои сарфи ғизои хонавода, 20 дар сад барои сарфиёти маишии рӯзгор, 20 фоиз барои таҳсили фарзандон дар макотиб сарф шуда, барои такмил ва рушди истеҳсолоти худӣ, яъне соҳибкорӣ миқдоре ҳам ихтисос дода намешавад. Агарчи ин пулҳо сатҳи камбизоатиро дар кишвар ҳоло пойин фуроварда бошад ҳам, дар пешрафти иқтисодиёт саҳмгузор нест ва танҳо барои зинда мондан харҷ шудааст, на барои пешрафти зинагӣ…

Ин пулҳо аз берун ворид мешаванд ва ба бозор даромада, аз тариқи молҳои воридотӣ боз сӯи Чину Узбакистону мамолики дигар «рахти сафар» мебанданд. Аз ҷумла, дар ярмаркаҳои мактаб, ки 95 дар сади моли ба фурӯш гузоштаи онҳо истеҳсоли хориҷист, шаҳодати раднопазири ин далеланд.

 Бесаводӣ ба фақр ва фақр ба бесаводӣ мебарад

Тақозои даҳум, меҳнати иҷбории кӯдакон аст. Камбизоатӣ ва фақру бенавоӣ волидайнро маҷбур месозад то иҷозат бидиҳанд, ки кӯдакон низ бори рӯзгори хонаро бар дӯш бигиранд. Ин падидаи нораво аст ва мояи саодату ифтихор нест, ки кӯдакон дар ҷамъият ба кор ҷалб мешаванд, на ба таҳсил. Ва хонаводаҳо маҷбуранд, ки меҳнати кӯдаконро таҳаммул кунанд, бипазиранд ва ба он одат кунанд. Сол ба сол шумори наврасони бесавод меафзояд. Таҳқиқҳо шоҳиду нишонгаранд, ки 95 дар сади кӯдакон зарурати таҳсилро дар мактаб дарк мекунанд, аммо шароит мусоидат намекунад. Дар байни 100 навраси пурсидашуда 15 дар садашон мутлақо саводи хондану навиштан надоранд. Қариб 30 дар сад бо ҳар баҳона амалан аз остонаи мактаб берун ҳастанд ва 11 дар сад ба мактаб ҳамагӣ 3 рӯз дар ҳафта мераванд. Сабаби асосӣ ин аст, ки волидони ишон худ саводи казоӣ надоранд ва аз нигоҳи равонӣ ба таҳсили фарзандонашон таваҷҷӯҳе зоҳир намекунанд. Волидон чун маълумот ва дониши баланд надоранд, бекоранд ва аз ин рӯ, дар фақру бенавоӣ умр ба сар мебаранд. Чархиши бесаводӣ ба фақр ва фақирӣ ба бесаводӣ меорад. Гирдоби рӯзгор ҳамин аст. Наврасон бештар ба корҳое, ки дониш ва истеъдод тақозо намекунанд, ба мисли мошиншӯӣ, савдои кӯчагӣ, ҳаммолӣ ва ғайра машғуланд.

Ин ҳама дарди сар, мушкилот, масъулият, вазифа ва бори гарони ҷомеъа аст

Кӯдакон ҳатто дар замони Ҷанги Ватанӣ ҳам таҳсил мекарданд ва муаллимон аз рафтан ба ҷабҳаи ҷанг озод буданд. Ононе, ки имрӯз аз ҳисоби меҳнати кӯдакон зиндагӣ мекунанд, дар асл ҳаёти онҳоро месӯзонанд. Ҳар қадар ҷамъияту давлат барои тадрису таҳсили наврасон пул сарф кунанд, ҳамон қадари дигар барои рушду пойдории хеш маблағгузорӣ мекунанд. Ба ҳар роҳу восита ва ҳоле ки бошад, роҳу калиди бозгашти кӯдаконро ба дари мактаб пайдо бояд кард, дар акси ҳол оянда моро намебахшад. Расман меҳнати иҷбории кӯдакону насли ноболиғ ғайриқонунӣ аст. Агарчи наврасон аз 15 - солагӣ ҳаққи мустақилона меҳнат карданро доранд, аммо чун коргари мустақил танҳо дар 18 - солагӣ ҳуқуқи комил пайдо мекунанд. Агарчӣ кӯдакон хоҳишу майли кор карданро дошта бошанд ҳам, ҷамъият бояд онҳоро сӯи таҳсил, сӯи мактаб ташвиқ ва равон кунад, на сӯи кор. Ягона илоҷи раҳоӣ аз банди ин мушкилот пайдо кардани ҷойи кору маоши хуб барои волидони онҳост. Ва созмонҳои давлатию ҷамъиятии ватанию хориҷӣ бояд дар ин самт муттаҳид бошанд, ки ин нуқсонро дар ҳамдастию ҳамкорӣ ислоҳ кунанд. Зеро фароҳам сохтани шароити мусоиду шойиста барои таҳсили кӯдакон олитарин нишони истиқлоли миллат ва кишвар аст. Ва то замоне, ки ҷомеъаи мо ин даҳ тақозои дар миён гузоштаи замонро ҷавоби сазовору шойиста надодааст, аз истиқлоли комили моддиву маънавии  кишвар ҳарф гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

Сардори Раҳдор, рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97