Равишҳои мутолиаи муассир

Илм ва фановарӣ 28.02.2020 21:30

Аксарияти хатмкунандагони макотиби ҳамагонӣ барои имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ ва касбӣ омодагӣ мебинанд. Дар остонаи ин омодагиҳо матлаби мазкурро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.

Мутолиаи муассир яке аз стратегияҳои муҳим дар ёдгирӣ мебошад, ки боиси беҳбуди ёдгирӣ барои донишомӯхтагон мешавад. Барои ин чӣ бояд кард? Равиши дуруст кадом аст? Равишҳои ёдгирӣ кадомҳоянд?

Барои худатон роҳнамо бигузоред!

Унвонҳо аз матолибе, ки бояд ёдатон бимонад:

 

*Барои мутолиа кумак бигиред

Ҳар чизеро, ки намедонед, ҳатман ёд бигиред, ба курсҳои рафъи эрод биравед ва нагузоред мушкили ҳалнашуда бароятон бимонад.

 

*Рафъи эрод қабл аз имтиҳон

Бо ҳамдарсҳои худатон дар бораи ба мафҳумҳои калидӣ ва мавзуъоте, ки имкони савол аз онҳо зиёд аст, суҳбат кунед.

 

*Варзиш кунед

Қабл аз шуруъ ба хондан варзиш кунед, чун собит шудааст, ки варзиш метавонад ҳофиза ва қудрати мағзи шуморо афзоиш бидиҳад ва амалкарди беҳтар дошта бошед.

 

*Бо садои баланд бихонед

Агарчи мумкин аст бо ин кор бақия фикр кунанд, ки шумо девона шудаед, аммо баъд тааҷҷуб мекунед аз инки тавонистед матолиби бештареро дар зеҳнатон нигаҳ доред, нисбат ба инки ором ё фақат бо чашмонатон онро хондед.

 

*Истироҳат кунед

Шумо наметавонед бидуни танаффус ва ба сурати ҳамзамон ҳамаи матолибро дарк ва захира кунед, пас беҳтар аст дар ин миён як истироҳати кутоҳ, мисли хӯрдани як пиёла чой ё гӯш додан ба мусиқии бекалом дошта бошед.

 

*Хуб бихобед

Доштани як хоби хуб ва кофӣ дар шаби имтиҳон метавонад ба шумо кумак кунад то тамаркузи кофӣ дошта бошед ва изтироби шумо кам шавад, инки мегӯянд, шаби имтиҳон то субҳ бедор бимонед, ин равиш комилан нодуруст ҳаст ва инро ба шумо тавсия намедиҳем.

 

*Худатонро имтиҳон кунед

Барои инки мутмаин бошед, ки чи қадар дарсро ёд гирифтед, метавонед аз худатон имтиҳон бигиред, то нуқоти заъфатон мушаххас шавад ва бештар рӯи он кор кунед,то бартараф шавад. Ин равиш маъмулан натиҷаи хуб медиҳад!

 

*Барои худатон ҷоиза дар назар бигиред

Нисбат ба алоқаҳое, ки доред барои худатон ҷоиза бигузоред.

 

*Чизеро, ки медонед ба дигарон ҳам ёд бидиҳед

Агар яке аз ҳамдарсҳоятон аз шумо саволи дарсӣ пурсид, ҳатман барояш тавзеҳ диҳед, чун илова бар инки ба ӯ кумак кардаед, як муруре ҳам барои худатон шудааст.

 

*Мусбат фикр кунед

Ин ки шумо чи тавр фикр мекунед рӯи ёдгириятон таъсир дорад, бинобар ин агар шумо ба ин фикр кунед, ки наметавонед ва аз ӯҳдааш намебароед, талошҳоятонро бенатиҷа мекунад, пас шумо бояд мусбат фикр кунед ва ба тавоноиҳоятон бирасед ва онҳоро тақвият кунед то муваффақ шавед.

 

*Нагузоред фикрҳои ғайр ба зеҳнатон биёянд

Ин мавзӯъ барои ҳама пеш меояд, ки вақте мехоҳанд дарс бихонанд фикрҳои дигар меояд сӯроғашон, мо як роҳи ҳал ба шумо мегӯем; масалан як коғаз бардоред ва мавзӯе, ки ба зеҳнатон омад, ёддошт кунед, ки баъд аз хондани дарс ба он фикр кунед! Ин тавр ҳам дарсатонро хондаед ва ҳам ба он мавзӯъ бо хаёли роҳат фикр кардаед.

 

*Ҳар чизе, ки ҳуши Шуморо парешон мекунад як су бигузоред

Ҳадди ақал вақте ки дар ҳоли дарс хондан ҳастед, аз фазои маҷозӣ истифода накунед ва саъй кунед, ки ҳамаи фикратон ба дарс бошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97