Ҷашнвораи ҳарсола таҳти номи “Go Viral” бо ибтикори Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои нахустин бор дар кишвари мо, дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ки ин ҷашнвора дар Осиёи марказӣ аз чанд сол ба ин су дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад ва акнун мо хостем ин ҷашнвораро ба пеши шумо ба армуғон биоварем, то аз баҳри ин ганҷ ҳар кадоме аз шумо баҳравар гардед.
Ин ҷашнвора рӯзҳои 14 ва 15 сентябри соли 2019 дар Маркази Исмоилияи Душанбе ҷараён дорад.
Go Viral як ҷашнвораи байналмилалист, ки навоварони расонаҳо, тиҷорат ва технологияҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани тозатарин тамоюлҳо ва ғояҳои олии мутафаккирон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба ҳам меоварад. Гузоришгарониҷашнвора мутахассисони фаъол, эҷодкор ва ғамхор аз ИМА ва Осиёи Марказӣ мебошанд.
Go Viral майдони мусоидест, ки дар он одамон метавонанд бо ҳам табодули ақида кунанд, ҳамроҳ барои рафъи мушкилот кор кунанд ва барои ҳамкории муштарак ба ҳамдигар илҳом бахшанд. Ширкаткунандагони ин фестивал бо муошират ба беш аз 30 нафар аз гузоришгар аз Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ, имкон пайдо мекунанд, ки дар мавриди чӣ гуна технологияҳо метавонанд ба тарзи пешбарии тиҷорат, дарк кардани ҳунар ва фарҳанг, мубодила ва гирифтани иттилоот таъсир расонанд, маълумот ба даст оваранд.
Дар се бахши ин ҷашнвора: ВАУ, тиҷорат ва технологияҷаласаҳои панелӣ, семинарҳо, барномаҳои мусиқӣ, намоиши филмҳо ҷараён дорад. Гузоришгарон мавзӯъҳоимонетизатсияи тиҷорат, эҷоди мавод бо мавзӯъ ва мундариҷаи тиҷоратӣ, василаҳои нави ВАУ, гузориш, таҳлил ва коркарди маълумот, соҳибкорӣ ва оғози соҳибкорӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Заррин Давлатзода
барои маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"