Хоби барзиёд дар рӯзҳои таътил умрро кутоҳ мекунад

Илм ва фановарӣ 29.03.2019 21:02

Аксари афроде, ки дар тӯли ҳафта дучори камхобӣ ҳастанд, талош мекунанд то бо хобидани тӯлонӣ дар охири ҳафта, камбуди хоби худро ҷуброн кунанд, бо ин ҳол як мутолиаи ҷадид нишон медиҳад, ки ин кор аз умри фард мекоҳад.

Дар ин мутолиа донишмандон бо баррасии замони хоб, соати биологии бадан, мизони энергияи масрафи рӯзона, афзоиши вазн ва ҳассосият ба инсулинро дар тайии 9 рӯз дар се гурӯҳ чен карданд.

Аз гурӯҳи аввал, ки ба унвони контрол дар мутолиа ҳузур доштанд хоста шуд, ки ҳар шаб хоб кофӣ (ҳудуди 9 соат) дошта бошанд. Гурӯҳи дувум дар тамоми тӯли муддати озмоиш хоби нокофӣ (ҳудуди 5 соат) доштанд ва гурӯҳи севум панҷ рӯзи аввал хоби нокофӣ, ду рӯзи хоби тӯлонӣ ва дар ду рӯзи охири мутолиа дубора хоби нокофии шабона доштанд.

Гурӯҳи дувум ва севум ба далели камбуди хоб, дучори халал дар мизони энергияи масрафи рӯзона ва ҳассосият ба инсулин шуданд ва дар натиҷа вазни бештаре (ҳудуди 1.5 килограмм) пайдо карданд.

Баррасии дақиқтари мизони инсулини бадан нишон дод, ки ҳассосият ба инсулин дар гурӯҳи дувум 13 дарсад ва дар гурӯҳи севум 27 дарсад таназзул пайдо кард.

Ҳамчунин дар гурӯҳи севум, ки намояндаи касоне буданд, ки камбуди хоби худро дар таътилоти охири ҳафта ҷуброн мекунанд, силлулҳоиҷигар ваазулотионҳокоҳишиқобилитаваҷҷуҳеёфт.

Ин мутолиа нишон медиҳад, ки асароти камбуди хоб метавонад сабаби бурузи бемориҳои гуногун шуда ва умри афродро коҳиш диҳад ва ин масъала натанҳо бо хобидани ҷуброн дар таътилоти охири ҳафта бартараф намешавад, балки бар саломатии инсон зарари зиёде дорад.

Ин масъала дар муқобили ёфтаҳое буд, ки мизони хоби кофиро бар асоси ҳисоби миёна дар ҳафта дар назар мегирифтанд ва гумон мекарданд хоби ҷуброни охири ҳафта мушкилоти метобуликиро бартараф мекунад.

Аз даҳаи 90 мелодӣ донишмандон дарёфтанд, ки камбуди хоб метавонад мушкилоти бешуморе дар метаболизми афрод эҷод кунад. Надоштани хоби кофии шабона метавонад боис ба фарбеҳӣ ва диабети навъи дувум шуда ва бо афзоиши хатари ибтилоъ ба бемориҳои қалби-уруқӣ ва саратон сабаби марги зудрас гардад.

Донишмандон тавсия мекунанд, ки афрод ба хоби шабона хунукназарӣ накунанд. Камбуди хоби шабона асароти харобиоваре бар саломатии бадан дорад ва метавонад боиси беморӣ шавад ва умрро кӯтоҳ кунад

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97