ХАБАР

Олудагии ҳаво сабаби бадхулқӣ ва банд шудани нафас дар хоб мешавад

Илм ва фановарӣ 08.02.2019 14:59

Олудагии ҳаво ҳамвора ба унвони бемориҳои шуш, қалб ва рагҳо қаламдод мешавад, аммо пажӯҳиши ҷадиде дарёфтааст, ки нафас кашидани ҳавои олуда метавонад хобро халалдор ва мизоҷи инсонро низ мутаассир кунад.

Пажӯҳиши ҷадид, ки дар солномаи анҷумани садрии Амрико нашр шудааст, дар мавриди иртибот миёни банд шудани нафас ҳангоми хоб ва ду олудакунандаи мушаххсаи ҳаво -PM2.5 ва оксиди нитроген - таҳқиқ кардааст.

Олудакунандаи PM2.5, ки 2.5 микрометр ё камтар аз он қутр дорад, дар дуди бархоста аз дастгоҳҳои энержӣ, моторҳо, чӯбсӯхт ва гози корхонаҳои санъатӣ мавҷуд аст.

Донишмандон пайи бурданд, ки афроде, ки дар наздикии дастгоҳҳои тавлиди энержӣ, корхонаҳои тавлидӣ ва роҳҳои пур мошин зист доранд ва бо миқдори баланди ин олудакунандаҳо дар тамос будаанд, бештар аз дигарон аз банд шудани нафас дар ҳангоми хоб шикоят доранд.

Банд шудани нафаскашӣ дар ҳангоми хоб як мушкили ҷиддӣ ва маъмулии танаффусӣ аст, ки дар он гулӯ баста шуда ва ҷараёни ҳаворо дар шушҳо қатъ мекунад.

Олудагии ҳаво ва бадхулқӣ

Пажӯҳиши дигаре дар Чин натиҷа гирифтааст, ки олудагии ҳаво ба наҳве бар димоғ таъсир гузошта ва коркарди шинохтии фардро коҳиш медиҳад. Бо ин ҳол ин пажӯҳиш механизми мушаххаси таъсирпазирии димоғ аз ҳавои олударо шиносоӣ накардааст.

Дар ин пажӯҳиш, ки моҳи гузашта дар Чин нашр шуд, мизони хушҳолии мардум аз постҳои онон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ санҷида шуд.

Бар асоси ёфтаҳои ин пажӯҳиш ҳар қадар, ки ҳаво бештар олуда мешавад, афроди шомил дар ин мутолиъа нохушнудтар мешуданд, аммо таъсироти он дар муҳити пок баръакс буд.

Сики Чжен нависандаи аршади ин пажӯҳиш бо нашри баёнияе гуфтааст: “олудагии ҳаво баҳои отифӣ низ дорад... дар ҳавои олуда мардум нохуш буда ва мумкин тасмимҳои нодурурсте бигиранд”.

Донишмандон гуфтаанд, ки таъсироти мизоҷии ношӣ аз олудагии ҳаво мумкин ба далели таъсироти мустақими физикии он ва низ фишоре бошад, ки фардро во медорад худро аз чанги ҳавои олуда бираҳонад, зеро афроде, ки аз таъсироти ногувори сиҳҳии ношӣ аз олудагии ҳаво огоҳӣ дошта ва дар шаҳрҳо зист доранд, бо олуда шудани фазояндаи ҳаво нигарон ва бадхулқ мешаванд.

Бар асоси омори Миллали Муттаҳид, олудагии ҳаво ҳама сола сабаби марги нобаҳангоми ҳудуди 7 миллион нафар дар саросари ҷаҳон мешавад.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97