Аҷам Калонов: Тоҷикистон чаро ғафлат кард?

Илм ва фановарӣ 24.11.2016 15:00

Аз Аҷамшоҳ Калонов, як муҳаққиқи тоҷик дар Олмон дар бораи дарбандиҳои Русия ба рӯи Тоҷикистон суол кардем. Аз ҷумла аз ӯ пурсидем: – Чаро Русия кори аксар Шӯроҳои илмиро дар Тоҷикистон мутаваққиф кард? Ва паёмади он чӣ хоҳад буд? Ӯ гуфт:

 –Дар ин, ки сифати корҳои илмӣ дар Тоҷикистон паст аст, ҳеҷ шакку шубҳа вуҷуд надорад. Гузашта аз ин, ин вазъи ногуворро фард фарди ин ҷомеа низ медонанд, ки шахсиятҳои нолоиқ ва камсавод бо истифода аз роҳҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣҳар рӯз доранд соҳиби унвонҳои болои илмӣмешаванд.

Аммо навобаста аз ин муносибати ахири Русия дар робита ба шӯроҳҳои илмӣ дар Тоҷикистон чун иқдомҳои ҳамешагӣ як муносибати таҳқиромез ва истисморгуна будааст.

Бо ин гуна иқдомҳо онҳо мехоҳанд вобастагии тарафи дигарро дар намоиш бигузоранд ва фишорҳои лозимиро дар робита ба манофеъи худ эъмол бисозанд. Дақиқ пушти ин қазия кадом ҳадаф хобидааст равшан нест, аммо он чи возеъу равшан аст ин аст, ки Русия ҳамеша ба хотири густариши ҳифзу нуфузи сиёсиву фарҳангии худ дар Тоҷикистон аз фишорҳои ғайримашруъ истифода карда ва мекунад. Ин як амри табиӣ аст, ки бародари бузург ҳамеша тобеъияти бештар мехоҳад.

Аммо суоли асосӣ ва бунёдӣ барои Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари мустақил ин аст, ки чаро бо гузашти ду даҳсола мо ҳанӯз думболи роҳиҳали ин масъалаи муҳими миллӣ нашудаем? Оё дар дунёе, ки ақлу дониши башар сайёраҳоро дорад фатҳ мекунад, надоштани шӯроҳои илмии мустақил барои миллате, ки нобиғаҳои тамаддунсозро дар риштаҳои гуногуни илм барои башарият арза кардааст, айб нест? То ба кай унвонҳои илмии моро дигарон тасдиқ мекунанд? Гузашта аз ин бояд гуфт, ки бисёре бо назардошти он, ки ВАКи Русия корҳои илмиро тасдиқ ва тафтиш мекунад, корҳои илмии худро бо забони русӣ менависанд. Мо аз як тараф мегӯем, ки забони тамаддунсози ин миллат бояд он каромату тавоноии илмиву таърихияшро пайдо кунад, аммо аз тарафи дигар шароите барои пажуҳишгарон муҳайё кардем, ки барои рушди забони дигар кумак мекунад.

Инро бояд қайд кард, ки забон танҳо замоне тавонову андешасоз ва пуёву тамаддунсоз мешавад, ки бо он корҳои илмӣ ва тадқиқотҳои бузург анҷом шавад. Бо суҳбати хиёбонӣ, забон тамаддун намесозад. Забони форсӣ маҳз ба ҳамин хотир тавонову ҷаҳонгир буд, чун аз Ҳинд то Чин бузургони илму фарҳанг навобаста аз миллияташон бо ин забон фикр мекарданд ва андеша меофариданд. Дар Самарқанду Деҳливу Исфаҳон нобиғагони адабиёту ҳикмат шоирону файласуфон бо ин забон шеъру андеша эҷод мекарданд. Барои ҳамин дар ин самт мустақил будани Тоҷикистон бисёр зарурист.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97