Ё чӣ гуна мағзҳои мо фарзандхондаҳои Путин мешаванд
Муаллим, Шумо олимед, илмро дар ҷойгоҳи асл биншонед!
Нодир Даминов, як хонандаи тоҷик, ки бо талош ва ҳазинаҳои падари бознишастааш ва заҳмати устодони сахтгир барои хазинаи илми Тоҷикистон аз озмунҳои байналмилалӣ медалҳои бешуморе овардааст, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Χумҳурии Тоҷикистон бо медали биринҷии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз информатика қадрдонӣ шуд.
Ифтихори ҳамсоягӣ бо ин навҷавони боҳуш ва боифтихорро дорем. Агарчӣ масъулияти давлатие бар уҳда надорам, аммо ҳамчун яке аз фаъолони мадании ҷомеа чанд рӯз ба ин сӯ, аз натиҷагирии олимпиадаи мактаббачагон аз рӯ ба рӯ шудан бо падари Нодир шарм медорам. Аммо намедонам кадоме аз масъулони даргоҳи илму маърифати тоҷик барои нодидагириҳои лаёқату ҳунари бачаҳои тоҷик ғусса мехӯрад ва ё ҳадди ақал зимни рӯ ба рӯ шудан бо устодону шогирдон ва падару модарони онҳо ҳадди ақал сурх мешавад.
Ҳар сол ҳамсоякишварҳои начандон дури мо, амсоли Туркманистону Қазоқистон аз муҷаҳҳазсозии мактабҳои кишвари худ бо навтарин дастгоҳҳо технологияи муосир дарак медиҳанд. Соли ҷории таҳсил тамоми синфҳои аввали макотиби Туркманистон бо планшети ройгон дар рӯзи авали дарс таъмин шуданд. Дар кишвари басо азизи мо «Алифбо»-ро ҳатто ба фарзандонамон мефурӯшем. Аз ин ҳам агар бигзарем, зеро қиёси як кишвари пешрафта бо мо чандон мантиқӣ нахоҳад буд. Аммо риояти адлу инсоф ниёз ба сарват надорад. Балки ба ахлоқи як ҷомеъа рабт мегирад. Маъзарат устод, аммо инро ба ҳайси як шогирд аз дарсҳои фалсафии Шумо омӯхтам.
Нодир дигар ниёз ба марҳамати мо ва адлу инсофи мо надорад. Зеро ҷомеъаи заршинос ва гулчин аллакай интихобашро рӯи ин фарзанди фарзонаи тоҷик кардааст. Ε сади чиниеро дар озмуни воқеӣ дар Санкт –Петербург бо сарбаландӣ гузашт, барандаи ҷойи дуввуми олимпиадаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Русия шуд ва ба ҳайси донишҷӯи ИТМО пазируфта шуд. Ҳоло ширкат дар мусобиқоти ғайришаффофи мо – дар Ватан барои Нодир шояд як дилхушӣ аст ва шояд ҳам ӯ виждони моро мехоҳад имтиҳон кунад. Рӯзи 3 апрел ҳам намедонам бо кадом як сабаби техникӣ ӯ дар имтиҳони довталабон барои дарёфти стипендияи Дурахшандагон роҳ наёфт. Намедонам аз дили нозук ва кучаки ин тифлак чӣ гузашт. Худи ҳамин рӯз дар натиҷагирӣ аз олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ӯро бо медали биринҷӣ сазовор донистанд, чун гирифтори омодагӣ ба озмуни Дурахшандагон буд, баъдтар онро рафта гирифт ва дар радифи даҳҳо медали дурахшони мусобиқоти байналмилалӣ дар утоқаш овезон кард. Нодир мегӯяд, орзуи кӯдакиям буд, то дар Тоҷикистон сазовори медали тилои олимпӣ бишавам. Ва бидуни эътирозе, бо лабханди кӯдакӣ, «подоши» масъулони илми тоҷикро бар девори хонаашон овезон кардааст. Шумори медалҳои Нодир бо ин медали биринҷӣ ба 8 расид, аз ин шумор ду медали олимпиадаи шаҳрӣ ва ҳаминак медали биринҷии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, боқӣ аз мусобиқоти байналмилалист, ки зиннати девори хонаашон шудааст. Аммо ин девор аст, аз сангу гил, ки тавони бардошти ин «арҷгузорӣ»-ро дорад. Оё инсон, ки ҷавҳари ҳастиаш бар пояи озодӣ ва иззату ифтихор пайванд аст, таҳаммули ин ҳамаро хоҳад дошт? Ин мавзуъ дар фалсафа хулоса шудааст, намехоҳам ба Шумо, ки устоди касби хеш ҳастед, аз нав дарси фалсафаи иҷтимоӣ бидиҳам. Аммо дилам барои Нодир не, барои ин Ватан, ки аз мағзҳо холӣ мешавад, месӯзад!
Аз писари бузургам Суруш, ки ҳамдарси Нодир ҳаст, суол кардам, ки дар озмун чӣ қадар хол ба даст овардааст, бовиждонтар аз мо бузургсолон посухам дод: «Оча, беҳтараш ҳеч напурс. Модоме ба Нодир, ки маълум аст, аз илми информатика дар синну соли худ дар кишвар аз ӯ пешгомтар касе нест, медали биринҷиро сазовор донистанд, ба мо чӣ мерасад?!» Бар ҳоли илм гиристам, аммо аз садои бедори виждони ҷигаргӯшаи хеш болидам. Лоақал фарзандони мо ба роҳи рост ҳидоят шудаанд. Эътироф ойини ҷавонмардист, ки дар ниҳоди бачаҳои мо нуҳуфтаву мо бузургсолон ин ойинро фаромӯш сохтаем.
Аммо агар озмун шафоф мегузашт, ҳаргиз ҳич шакке дар миён намебуд. Ҳатто мактаббачаҳо иштибоҳоти тестҳои тартибдодашударо номбар мекунанд, ки боиси шармандагист. Як бор ҳамроҳ бо мутахассисон онҳоро аз назар бигузаронед, ҷаноби Вазир! Бояд олимпиадаҳо дар кишвари мо низ мутобиқ ба меъёри пазируфта шудаи байналмилалӣ сурат бигирад. Бубинед, ки ҳар сол дар бораи пешрафтҳои илму маърифат ҳисобот нашр мешавад. Маркази миллии тестӣ бо сарфи маблағи зиёде аз ҳисоби буҷаи давлат ва ҳам мардум амал мекунад, ки дар атрофаш ҳангомаи зиёде барпо аст. Вале чаро бо ин ҳама имконоти мавҷуд мусобиқот ё олимпиадаҳо ба таври шаффоф баргузор намешавад? Чаро озмуни информатика на тариқи компютер, ки дар ҷаҳон пазируфташуда аст, балки «коғазӣ» сурат мегирад? Иллати ин амр дар чист? Чаро эълони натоиҷ ба таъхир сурат мепазирад? Чаро донишомӯзоне, ки дар озмунҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ гулчин мешаванд, ва натиҷаи бартарро соҳиб мешаванд, вале дар натиҷагирии сатҳи ҷумҳурӣ баръакси он нишон дода мешавад? Кадоме аз ин ниҳодҳои зертобеи вазорати маориф ғайрикасбӣ ва нодуруст амал мекунад, ки чунин ҳосил бармеояд?
Бо ченакҳои куҳна намешавад меъёрҳои навро андозагирӣ кард. Бархе аз шогирдон, хоса аз илмҳои дақиқ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат карда ва наҳваи баргузории онро дидаанд, ки ҳар сол муосиртар мешавад, вале масъулини Шумо пойбанди тафаккури куҳна ва куҳнагароянд. Мисле аз бобояшон ин «панд»-ро дар ёд гирифтаанд, ки чоруқои куҳна ва даридаатро дар коси хонаат, нигаҳ дор. Агар чунин нест, дар куҷои олами муосир шоҳид будед, ки илми барномасозӣ бо коғазу қалам анҷом шудааст. Дар озмуни имсоли барномасозӣ тағйироти аҷиб ин буд, яъне 50 бал аз масъалаҳои барномасозӣ дар мошин ва 50 бал аз посух ба суолҳои болои коғаз. Вале ҳақиқат ин аст, ки масъулин медоданд имтиҳони коғазиро барои барномасозон чаро ҷорӣ кардаанд, барои ба роҳатӣ фароҳам кардани заминаи дасткории натиҷаҳо. Зеро натиҷаи ҳалли масъалаҳо дар мошин бидуни фосилаи вақт ҳам барои шогирд ва ҳам барои устод маълум мешавад, вале натиҷаи болои коғаз баъди як рӯз. Бояд як дақиқаи имкону эҳтимоли дасткории натиҷаҳо вуҷуд надошта бошад.
Чаро дар Алмаато, Қазон, Маскав, Санкт-Петербург чунин бахши «коғазӣ» дар олимпиадаҳо вуҷуд надорад, вале Шумо онро ҷорӣ кардаед? Суоли аслӣ ин аст.
Бигузор Шумо ва масъулинатон бовар кунанд, вале агар ба дунё бигӯед, шогирдоне, ки масъалаҳои олимпиадаи Алмаато, Маскав ва Санкт-Петербургро кор карда ва на танҳо бал гирифтанд, балки медал ҳам оварданд, вале аз олимпиадаи Душанбе нагузаштанд, мутмаинан касе боваратон намекунад. Ҳама ба ин кори масъулини шумо ба шубҳа менигарад.
Бигузор, озмунҳо дар толорҳои бузург, бо истифода аз технологияи муосир дар назари ом доир шаванд. Мисли мусобиқоти футбол ва гуштӣ, то мардум воқеиятро бо чашми сар бубинад ва муътақоид шаванд, ки саводи фарзандаш дар кадом сатҳ қарор дорад ва дар чӣ шароите имтиҳон супурдааст. Пушти дарҳои баста чӣ мегузарад ва ба бачаҳо чӣ гуна бархурд сурат мегирад, аз шаффофият даракгӯ нест.
Барои он ки бар шаффофияти ин озмунҳо эътимод ҳосил шавад, бояд аз шакли шахшуда ва куҳнаи имтиҳонот даст кашид. Олимпиадаҳои фаннӣ набояд ба «бозор»-и имтиҳоноти дохилшавӣ табдил шавад.
Гуфтанист, тарзи имтиҳони қабул ба мактабҳои Русия низ дар Тоҷикистон ислоҳот мехоҳад. Дар ин имтиҳонот низ заминаи ба роҳатӣ мудохила кардани устодон ва масъулин фароҳам аст. Ҳамон донишгоҳу донишкадаҳое, ки ин ҷо шогирдони моро ба ин шева қабул мекунанд, дар худи Русия ҳаргиз чунин кореро бо шогирдони худашон намекунанд.
Ҳаргиз гумон набаред, ки ин матлабро хос барои ғолиб нашумурдани фарзанди худу писари ҳамсояам менависам. Инро танҳо барои ояндаи ин Ватан мегӯям, ки фардои он маҳз дар дасти муҳассилини имрӯз хоҳад буд.
Қаблан низ дар бораи Меҳрубон Тӯраев, яке аз донандагони хуби фанни информатика ва ё барномасозӣ чанд матлаб навиштам, ки мо бояд ин гуна бачаҳои гули сари сабадро парвариш кунем, ба заҳматҳояшон арҷ бигузорем, аз вазоратхонаҳои муҳимми кишвар аз тариқи матбуот даъват кардам, ки сарпарастии ӯро барои идомаи таҳсил бар дӯш бигиранд, то ӯ барои ин Ватан хидмат кунад. Аммо аз санг садо бархосту аз ин ҳама ниҳоди даркору нодаркор на. Гугл маъруфтарин ширкати ҷаҳонӣ ӯро, ки ҳанӯз мактаби миёнаро хатм накарда буд, ба кор даъват кард, аммо барои мо ин гуна фарзанди солеҳу донишманд нодаркор буд. Меҳрубон ҳоло муҳассили соли дуввуми ИТМО аст. Аммо оё ӯ пас аз ин ҳама номеҳрубониҳои мо ба Ватан пас хоҳад омад?
Медонед, ки пас аз чопи мақолаи «Миллат» Меҳрубонро, ки медали тилои яке аз озмунҳои муҳимми байналмилалиро сазовор шуд, масъулони илми тоҷик бо чӣ қадрдонӣ карданд: Бо чоп кардани як ифтихорнома дар як коғази камсифат ва як дастгоҳи DVD-ки дар бозори «Корвон» 50 сомонӣ қиммат дошт, ин парчамбардору номбардори илми тоҷикро қадршиносӣ карданд. Он замон дар ин бора фаҳмидам, аммо зиёд хӯрдагирӣ накардам, бо гумони ин ки шояд барои баъд вазъ беҳбуд ёбад. Аммо ҳайҳот, вазъ бадтар шуд. Шумо муаллими гиромӣ, боре ин медалҳои «тиллоиву нуқраиву биринҷии» дар кишвар инъомшударо бо даст гирифта ва бо он медалҳои оварда аз озмунҳои байналмилалӣ қиёс кардаед? Аз банди он гирифта, то таркиби ин медал як бор на ҳамчун вазир, балки ҳамчун ҳамон устоди донишгоҳ, ки ба донишҷӯён аз ҳақиқати кулу ҷуз дарс мегуфтед, амиқ назар кунед ва худ қазоват кунед. Ин ба шаъни як миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг сидқ мекунад? Оё ҷойгоҳи илм, ҳамон илме, ки Шумо то ба курсии вазирӣ такя задан дар роҳи он мӯйи сар сафед кардаед, ин ҷо ва дар ҳамин ҳад аст? Агар махфӣ нест, ин нишонҳоро куҷо фармоиш медиҳед? Намедонам, вале мегӯянд, ки чунин нишонҳои истеҳсоли чиниро дар «Корвон» низ мефурушанд. Вале агар чунин нест, пешопеш маъзарат! Вале агар ҳатто дар ҳеч як бозори бузурги дунё ҳам қобили дастрасӣ набошад, аз истифода ва инъоми ин гуна нишон даст бикашед, ки айб аст.
Муаллим, дар ин матлаб маҳз Шуморо мухотаб қарор додам, зеро ки Шумо худ мусофири соҳаи илм ҳастед ва мӯйи сиёҳ дар ин роҳ сафед кардаед. Агар ин ҳама бедардӣ Шуморо, ки аз илм бархӯрдоред, дард накунад, пас вой бар мо ва ояндасозони мо!
Адолати Мирзо
Бознашр аз рӯзномаи "Миллат"
№13 аз 6 апрели соли 2016