«Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ, шеъри замони ӯ ва Худоӣ Шарифзода

Илм ва фановарӣ 19.04.2016 10:56

 (Дар ҳошияи китоби «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ»-и Худоӣ Шарифзода, Душанбе 2014 )

Ба ҷойи пешгуфтор

Аз идора: Фарқи миёни миллатҳои бедор, боиззат ва сарбаланд, аз миллатҳои асир, залил ва худфурӯхта дар он аст, ки миллатҳои бедор бузургони худро дар ҳар замоне арҷманд медоранд, чӣ дар даврони зидагии онҳо ва чӣ баъди маргашон. Иқдоми Устод Худоӣ Шарифзода дар навиштани асари «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» низ талоши пайравӣ аз ҳамин ҳикмат ва арҷ гузоштан ба Фирдавсии бузург аст, ки «Шоҳнома»-и ӯ як амри зинда мондани забону ҳуввияти миллати мост.

Имрӯз миллат дар марҳилаи сарнавиштсоз қарор дорад ва барои нигаҳдории ҳуввияти худ бештар аз ҳар вақти дигар ба «Шоҳнома» ниёз дорад. Аммо чаро дар ин мақтаи замонӣ низ пажӯҳишгарони пуркор ва арҷманди сухани безаволиро ба кӯи фаромӯшӣ супурдаем? Онҳоеро, ки дар пажӯҳиши ин асар чун Пири Тӯс умри худро сипардаанд!

Шояд донишҷӯйи воқеиеро, ки тайи чанд даҳаи ахир Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаву номи профессор Худоӣ Шарифзодаро нашунида бошад, пайдо кардан мушкил бошад. Устод Худоӣ Шарифзода аз ҷумлаи муҳақиқони сарсупурдаи роҳи илм аст, ки гӯӣ, тору пӯдашро барои илм танидаанд. Вақте Худоӣ Шарифзода роҳ сӯи қуллаҳои илм мепаймуд, бархе аз дӯстони мо ва шогирдон ӯ, ки имрӯз хушбахтона соҳибунвон ва соҳибмақом ҳастанд, ҳанӯз мусофири хамгашти аввалин кӯчаҳо буданд. Ҳоло ин шогирдон, соҳиби эҳтиром, мақоми шоиста ва дар хидмати миллату давлат қарор доранд. Албатта ин ҷои ифтихор аст. Аз ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва илмии Худоӣ Шарифзода ҳам заррае коста нашудааст, балки охирин асари ӯ, бо вуҷуди солмандӣ, гувоҳи амал намудани ӯ ба рисолати илмӣ ва афзудани шукуҳи табиии ӯст.

Ахиран Худоӣ Шарифзода барои «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» ҷоизаи Бунёди Саъдиро дарёфт кардааст. Албатта ин қадршиносии як кишвари дигар аст, агарчи ҳамзабону ҳамнажоди мо. Вале суоле, ки хоста мешавад, аз азизоне чун академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Президенти Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва Фарҳод Раҳимзода, раиси муҳтарами Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пурсида шавад, ин аст, ки оё дар воқеъ Худоӣ Шарифзода ва касоне мисли ӯ, аз ҷумла Абдунабӣ Сатторзода, ки умри худро нисори илм кардаанд, … оё қобили узвият дар Академияи илмҳо ва ё шоистагии мукофоти адабии Рӯдакиро, ки аксар аз он бархудор шудаанд, доранд? Умедворам, ин суханон дӯстона ва самимӣ пиндошта шаванд ва сӯи тафоҳум нашавад.

Мақолаи зерин талоши муаррифии «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» барои Шумо хонандаи гиромӣ мебошад.

Олими маъруф, донишманди тавоно, профессор Худоӣ Шарифзода таҳқиқоти тоза ва дар айни ҳол бавусъату доманадори пурмуҳтавоеро тайи солҳои охир анҷом додаст, ки таҳти унвони «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» дар шакли китоби алоҳидаи ҳаҷман бузурге ба нашр расидааст. Аслан дар боби вижагиҳои «Шоҳнома»-и безаволи Ҳакими тӯсӣ чи дар доираи адабиётшиносии Аврупо, чи Ирону Тоҷикистон пажӯҳишҳои фаровоне ба сомон расонида шудааст, ки тафсири тавзеҳи мухтасару иҷмолии он ҳама ковишҳои илмӣ аз маҷоли баёну имкони пешниҳоди мо берун аст. Аммо бо вуҷуди ин, муҳаққиқи забардасти заҳматкаш, устод Худоӣ Шарифзода дар радифи шоҳномашиносони барҷастаи дунё бо саъю талоши хастанопазир ва то ҳадде бесобиқа асар ё рисолаи ҷолибу омӯзандаеро таълиф намудааст, ки бемуҳобо, метавон дар самти баёни афкору ақидаҳои ноб ва хосаи пажӯҳишгар дар адабиётшиносии муосири тоҷик онро бунёдӣ ва илмии беназир ҳисобид. Муҳаққиқи дақиқназар худ дар муқаддимаи асараш ба омӯзишу пажӯҳишҳои суратгирифта дар дарозои қарнҳои гузашта ва имрӯза ишора карда, мегӯяд:

«Аксари пажӯҳандагони «Шоҳнома» ба ҳар мавзӯе даст зада бошанд, аз анҷоми кори худ қаноат наёфта ва узри таъхири мавзӯъҳои дигар ва дастнохӯрда мондани масоили зиёдеро изҳор кардаанд. …Дар бораи шахсияти Фирдавсӣ ва ҳунари халлоқонаи ӯ донишмандон изҳори назар намуда, сифатҳои бузургии сухани шоирро сутуда ва паҳлӯҳое аз рози онро ифшо ҳам кардаанд. Аммо поэтикаи сухани Фирдавсӣ дар ҳамбастагии ҳунару андеша ва ҷаҳонбинӣ ҳанӯз ҳам эҳтиёҷ ба баррасии замонӣ ва ковишҳои фикрӣ дорад…» (саҳ. 8)

Ва донишманди фарҳехта, чунон ки олими асилро мебояд, тамоми осори бадеӣ ва сарчашмаю маъхазҳои муътамади илмиро варақ задаю омӯхта (теъдоди онҳо дар хотимаи китоб зикр гардидааст, ки ба 163-то мерасад), доир ба ҳар як қисмати «Шоҳнома» (достонхои он) ибрози ақида намудааст. Ин муносибати огоҳонаи илмии устодро аз фаслбандии китоб амиқу равшан метавон дарку эҳсос кард. Асари мавриди таваҷҷӯҳ қарордошта аз 14 фасл иборат буда, муаллиф ҳар як фаслро номгузорӣ ва бо истифодаҳои Фирдавсии бузург аз саноеъи мухталифи бадеӣ ва унсурҳои адабӣ алоҳида-алоҳида тасниф кардааст. Алалҷумла, фасли аввал «Фирдавсӣ ва тадвини ҳамосаи миллӣ», фасли дуюм-«Назари адабии Фирдавсӣ», фасли савум-«Ҷойгоҳи тасвирҳои афсонаӣ дар «Шоҳнома», фасли чорум «Достон дар «Шоҳнома», фасли панҷум «Андарз дар «Шоҳнома», фасли шашум «Гуфтор дар «Шоҳнома», фасли ҳафтум – «Тамсил дар «Шоҳнома», фасли ҳаштум – «Чистон дар «Шоҳнома», фасли нуҳум-«Номаҳои манзуми «Шоҳнома», фасли даҳум–«Ниёиш дар «Шоҳнома», фасли ёздаҳум – «Фирдавсӣ ва мадеҳасароӣ», фасли дувоздаҳум – «Қитъаоти ҳакимона ва зарбулмасал дар «Шоҳнома», фасли сездаҳум – «Тағаззул ва ташбибгунаҳо дар «Шоҳнома» ва фасли чордаҳум – «Марсиясароӣ дар «Шоҳнома» унвонгузорӣ шудааст, ки бешак ҳадафҳои муайян аз ковишҳои муфассалу бовусъати донишмандро фаро гирифтааст. Ба хусус, дар фасли аввал пажӯҳишгар қабл аз он ки «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба манзалати як асари қаҳрамонӣ ва ҳамосаи миллӣ таҳлилу баррасӣ ва муаррифӣ намояд, нахуст аз ҳамосаю таърихи ҳамосасаройӣ дар адабиёти гузаштаи дунё, аз ҷумла Юнону Рими қадим, Ҳинду Чин, русҳо, қазоқу қирғиз то қавмҳои эронӣ маълумоти пероста бо арқому далоил пешниҳод мекунад. Аз ин таҳлилҳову бознигариҳо муаллиф решаҳои ҳамосавии «Шоҳнома»-ро муайян ва бозгӯйӣ мекунад. Ба андешаи Х.Шарифзода ҳамосаи «Шоҳнома» ва умуман ҳамосасароӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳанӯз аз миёнаи замони охири адабиёти давраи қадим ва оғози адабиёти асрҳои миёна, рушди марҳилаи классики адабиёти асрҳои миёна арзи ҳастӣ кардааст. Муҳаққиқи саршинос дар зимн аз таъсири файзбахши ду дин: зардуштӣ ва исломӣ ба таълифгарони ҳамосаҳои миллӣ, аз ҷумла «Шоҳнома» -ҳо ёдовар гардида, таҳаввулу табаддулотеро, ки ислом дар зеҳну шинохтҳои адабию фарҳангӣ ба вуҷуд оварда буд, алоҳида ба қалам медиҳад. Аммо, ба зикри он ки асли бунёдии ҳамосасароӣ, хоса «Шоҳнома»-ҳо танҳо бо таълиф гардидани «Шоҳнома»-ҳо («Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) ва «Худойномак»-и аҳди Сосониён маҳдуд набудааст, устод Х.Шарифзода бо далели баъдтар иншо гардидани «Гаршоспномаи»-и Асадии Тӯсӣ (1386), «Фаромурзнома»-и Хусрави Кайковус (1386), «Кӯшнома»-и Ҳаким Эроншан ибни Абилхайр (1377), «Сомнома»-и Хоҷуи Кирмонӣ, «Шаҳриёрнома»-и Усмон Мухтории Ғазнавӣ ва маснавиҳое, чун «Бежаннома», «Барзунома» ва амсоли инҳо ба натиҷае мерасад, ки марҳилаҳои «Шоҳнома» -сароӣ дар асрҳои баъдӣ идома ёфтаанд. Ба ин тариқ, олими пуркор ду марҳилаи рушди ҳамосасароиро бо овардани мисолҳои бешуморе исбот ва муайян месозад. Аз ин мавқеи назар, олими равшанзамир андешаи бикри хешро роҷеъ ба дар радифи дигар шоҳномасароён муассир ва ҷовидонӣ мондани «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро ба тариқи зайл баён мекунад: «Аз шаш «Шоҳнома»-и насрӣ ва манзуми ҳамосаи миллӣ, ки дар замони Сомониён таълиф шудаанд, чизи каме боқӣ монд ва ончи ки монд аз ҳама бештар ба замони нав ва оянда созгор омада буд ва он ҳам достони безаволи Фирдавсӣ буд. Асарҳои дигарро таърих танҳо ба сифати камарзиши адабию услубии онҳо рақами нестӣ назад, балки ба фикри мо, дар тариқи пешниҳоди мазмун ҳам онҳо бо замони нав мувофиқ наомадаанд. Ягона асаре, ки аз силсилаи ҳамосаҳои бузурги аҳди Сомонӣ, гузашта аз манзумаи нотамоми Дақиқӣ боқӣ монд, ҳамон «Шоҳнома» -и Фирдавсист». (саҳ22-23) Як боби фасли фавқ «Бунёди ҳамосии «Шоҳнома» ном дорад, ки ба тасдиқи Худоӣ Шарифзода ин бунёд аслан аз корномаи шоҳон ва паҳлавонон сарчашма мегирад. Яъне, корнома аз худи достон тафовут дорад ва дар шакл ба жанри роман қаробат пайдо мекунад. Чунончи, дар «Шоҳнома» зикр мешавад; корномаи Каюмарс ва ҳамин тариқ идома меёбад. Дигар таҳкурсии асар истифода аз консепсияи фалсафии хирад ва ё ғояи донишварзӣ маҳсуб ёфта, Фирдавсӣ ин асли маърифатиро муҳим дар офариниши олам мешуморад.

Нахуст офариниш хирадро шинос,

Нигаҳбони ҷон асту они се пос:..

Дар шаклгирии «Шоҳнома» ва рабти ҷузъиёти достонҳои он устод Худоӣ Шарифзода қавӣ будани мантиқи гуфтори Фирдавсӣ ва ифода намудани афкори мазҳабию фалсафии ӯро, бешак, хеле олӣ мавриди баҳс қарор дода, ин омилҳоро аз се идеяи марказии асар ҷӯстани шудааст:

1. Идеяи ба вуҷуд омадани ҷомиаи башар;

2. Идеяи ватандӯстӣ ва ватангароии иронӣ;

3. Идеяи салоҳи иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомиаи иронӣ, ки зайлан ба тафсилоти ҳар кадом пардохта мешавад (саҳ.28).

Дар фасли дуюми асар – «Назари адабии Фирдавсӣ» устод Худоӣ Шарифзода махсусияту вижагиҳои ҳунару маҳорату суханварӣ ва офаринандагии Ҳаким Фирдавсиро дар таълифи «Шоҳнома» бо далелҳои муътамад, дар муқоиса бо офаридаҳои шоирони ҳамасри ӯ, муфассалу сароҳатан бозгӯйӣ намудааст. Хусусан, таҳти сарлавҳаи «Нияти офаринандагӣ» ва «Шахсияти офаринандаи асари бадеӣ» муҳаққиқ ба чунин хулосаву натиҷагирӣ мерасад, ки Фирдавсӣ баъд аз Дақиқии ҳамасри худ кореро ба уҳда мегирад, ки оғоз намудану идома додан ва ба анҷом расонидани он заҳмати фаровонро талаб мекард. Бо фазли Худодод ва неруи халлоқонаи офаринандагӣ Фирдавсӣ достонҳои «Шоҳнома»-ро чунон як-як ба риштаи назм мекашад, ки дар тасвиру ташбеҳоти истифода намудаи ӯ кулли шоирони замони ӯ ва асрҳои минбаъда дар ҳайрат мемонанд. «Шоҳнома» асари воқеан муъҷизавие маҳсуб меёбад, ки дар тобишу ҷилои каломи он ва маъниҳои барозандаю волояш ақли кас хира мемонад. Шоири тавоно худ низ ба ин иқида мебошад, ки «дар гуфтани сухани паҳлавонӣ ҳунари муносиби он бояд дошт»

Худоӣ Шарифзода дар эҷоди «Шоҳнома» бузургу тавоно будани нубуғи шоирии Фирдавсиро аз забони худи ӯ сутуда, дар фарҷом меафзоянд, ки;

«…Фирдавсӣ мегӯяд, ки номаи порсии бо ин миқдори фаровони абёт кас надида ва дар он байти бад аз понсад кам аст. Ҳунари худро дар сухан Фирдавсӣ беҳамто мебинад ва онро бо завқи салими худ ва меъёрҳои илмию таҷрибӣ озмудаю дуруст ёфтааст. Камоли бузургии сухан, «дар санг лола киштан аст», чунонки дар боло омад. Ин сухан чунин маъно дорад, ки дар сахту сангинтарин мавҷуди ҳастӣ ҳусну зебоӣ гӯянда рӯёнда метавонад. Чунин шахсият офаринандаи воқеии ҳунарӣ мебошад. Ҳунар аз гавҳар бартар ва ҳам офаринандаи гавҳар аст («Шоҳнома»-8,34) (саҳ 59-и асари мавриди зикр).

Олими нуктасанҷ маҳорату суханварии Дақиқӣ ва Фирдавсиро ба муқоиса гирифта, фарқият ва умумияти равиши эҷодии эшонро дар иншои як чунин асари барҷастаю фарогир (панорамавӣ-гуфтор аз мо-М.Ғ.), ки ба яке ба сабаби кӯшта шуданаш даст надоду ба дигарӣ чун Фирдавсӣ шукӯҳу ҷалоли ҷаҳонию таърихиро насиб гардонд, ба гунаи илмию таҳқиқотии ҷадид, бо ба кашфиёти фикрию назариявӣ расидан баён медорад, ки хеле муҳим ва омӯзанда аст. Аз ҷумла, аз қавли Х.Шарифзода Фирдавсӣ бузургии Дақиқиро дар масъалаи ба назм даровардани воқеоту ҳодисаҳои размандагию паҳлавонӣ, ба як сухан «Шоҳнома» -ро иқдоми шоиста меҳисобад ва зикр менамояд, ки нахустин шоире, ки роҳро дар «Шоҳноманависӣ» ба дигар ҳамқаламон ҳамвор намудааст, маҳз Дақиқӣ мебошад. Вале дар зимн нақли шоиронаи Дақиқиро ҳамчун ҳунару санъати эҷодгарӣ намеписандад ва сусту заиф мешуморад..

Ба нақл андарун суст гашташ сахун,

Аз ӯ нав нашуд рӯзгори каҳун.

Ман ин нома фаррух гирифтам ба фол,

Ҳаме ранҷ бурдам ба бисёр фол. (Саҳ. 62-и асар).

Масъалаи иртибот ва алоқамандии шоир Фирдавсӣ бо подшоҳон дар вақти таълифи «Шоҳнома» дар боби «Шоир ва шоҳ» аз ҷониби олими фарзона Х.Шарифзода бағоят дақиқсанҷона рақамзанӣ гардидааст. Олим зикр мекунад, ки «Шоҳнома» ҳамоса ё корномаи шоҳон аст (саҳ. 67). Бо ҳама ҷасорату паҳлавонӣ ва фазлу хирадмандӣ тамоми қаҳрамонони меҳандӯсти «Шоҳнома» аз қавли Х.Шарифзода, дар хидмати подшоҳон қарор доранд. Ва худи Фирдавсӣ аз таълиф намудани асари мондагору ҷовидоние, чун «Шоҳнома» бешак, умеду бахшишҳо аз шоҳон (дар авохири умр аз Султон Маҳмуд) дошт ва муҳтавои асару номгузории он (манзур вожаи «Шоҳнома» аст) нома ба шоҳон мебошад. Муҳаққиқ мегӯяд:

 «Тоҷи сухан сифати оғози нома аст ва ин ҳам ишора ба бузургии шоҳ ва ба он ҷойгоҳ расидани китоб менамояд. Панди Амираки Мансурро, ки агар ин номаи шаҳриёрон гуфта ояд, ба шоҳон супор, дар поёни фасли ситоиши ӯ оварда, маънои хабар додан аз анҷоми кори бузурги шоистаи даргоҳи шоҳаншаҳиро дорад.(саҳ 68)».

Вале муҳимтар барои таҳқиқу равиши пажӯҳишгарии устод Х.Шарифзода ин паҳлуи кор набуда, амиқрафти огоҳмандонаи бештаре ба сурати ковишҳои илмӣ дар хусуси равшану бармало намудани ҳунари шоирии Фирдавсӣ ва эъҷози офаринандагии ӯ дар иншои «Шоҳнома» мебошад. Мавзӯи мазкур дар фасли савуми аср-«Ҷойгоҳи тасвирҳои афсонаӣ дар «Шоҳнома» таҳлили ҳамаҷонибаи худро ёфтааст. Ҳарчанд ки достонсарои беҳамто ба дурӯғу фасона будани воқеоту моҷароҳои дар асар тасвиршуда аз ибтидо то интиҳо муқобил будани худро зоҳир намояд ҳам, бо вуҷуди ин, ба андешаи Худоӣ Шарифзода сохтори бунёдии «Шоҳнома» аз афсонаю ривоят ва асотири мардуми эронинажод таркиб ёфтааст. Ин мавзӯъ аз оғози достон (подшоҳии Каюмарс) шурӯъ мегардад ва пас аз он дар зикри шоҳ Ҷамшед, Заҳҳок ва Фаридун идома меёбад. Гузашта аз ин, «Муҳимтарин афсонае, ки дар «Шоҳнома» асоси достонҳои бузурги паҳлавонӣ шудааст, афсонаи Симурғ ва зодани Зол аст…Асли афсона аз ончи мо гуфтем, кӯтоҳтар аст»(саҳ 82-83). Ба ҷуз афсонаю устура истифодаи хунармандонаи ривоёти динӣ дар достонҳои «Шоҳнома» мавқеи бузург дорад. Дар асари адабиётшиноси фақид Х.Шарифзода ин проблема дар бобҳои «Оғози асотирии маърифати бадеӣ», «Афсона дар адабиёти то замони Фирдавсӣ», «Тасвирҳои афсонаӣ дар бахши асотирии «Шоҳнома», «Достонҳо ва рӯйдодҳои афсонаӣ дар бахши қаҳрамонии «Шоҳнома», «Бунёди афсонавии «Ҳафт хони Рустам» ва ғайра ба гунаи фароху муфассал таҳлил ва баррасӣ гардидааст.

«Ба назари оқои Сарромӣ ба ин достонҳои «Шоҳнома» сифати асотири додан мукин аст: достони пайдоиши оташ; Заҳҳоки мордӯш; бар осмон рафтани Ковус; Аквондев; Искандар ва Қайди ҳиндӣ; Искандар ва моҳии ғӯлпайкар; кирми ҳафтвод; Талҳанд ва Гав» (саҳ 71).

Ба гумони ин ҷониб, пурмуҳтавотарин қисмати асари номбурда фасли чаҳоруми он – «Достон дар«Шоҳнома» ба шумор меравад ». Муаллиф сайри таърихии жанри достонро дар боби «Мафҳуми достон ва собиқаи достонсароӣ» мавриди таҳлил қарор дода, сипас дар бобҳои минбаъда бевосита услуби достонсароиро дар «Шоҳнома» аз дидгоҳи адабӣ шарҳу тавзеҳ мебахшад. Олими соҳибфазилат аз қавли адабиётшиноси Эрон Сарромӣ меорад, ки мувофиқи гуфтаи ӯ достонҳои «Шоҳнома» аз 63 номгӯй иборат мебошанд. Ба андешаи Х.Шарифзода, дар бисту як фасли «Шоҳнома» исми достон бо достонҳо ҳамроҳ омадааст. Дар ин мавқеъ низ муҳақиқ ба паҳлуҳои гуногуни шеваи эҷоди «Шоҳнома», азҷумла бунёди ҳамосии достонҳо, ҷанбаҳои романтикӣ ва боз ҳам ахбори ривоят, асотирӣ, афсонавӣ ва ҷаҳоншиносии мазҳабӣ, ки дар шакл гирифтану ба масобаи як асари барҷастаи воҳид расидани он чун асос (таҳдоб) хидмат кардаанд, ишора бинмуда, хотирнишон месозад, ки:

«Таркиби «Шоҳнома» аз лиҳози ҷузъҳои ҳамсанг ба анвои шинохтаи адабӣ хеле мураккаб аст. Аммо сохти ин анвоъ аз ҷиҳати ҷузъҳои воҳиди маъноӣ ва шакл ба якдигар монанд аст ва маншаъ ва сарчашмаи ин монандӣ дар сурату маъно ба назари ин фақир ду чиз аст: андеша ва назари шинохти инсону ҷаҳон ё вазифаи инсон, мақсаду маром дар ин ҷаҳон ва қолаби андешаи адабӣ, ки ба талаби мақсад ва ҳадафи ниҳоӣ сурат мегирад…» (ҳамон ҷо, саҳ134). Дар ин фасл Х.Шарифзода перомуни монандии достонҳои бузурги «Шоҳнома» сухан дар миён андохта, ба паҳлуҳои гуногуни ғоявии «Достони Зол ва Рудоба» таваҷҷуҳ мекунад. Ба хотири ба кашфиёти назарӣ расидан (хулосаву натиҷагирӣ кардани афкори адабию эстетикӣ ва то ҷое фалсафии шоир дар қиболи ин достон) олим як-як сужаи асарро бозгӯйӣ намуда, интиҳо ба андешае тамаркуз менамояд, ки асли достонро мавқею манзалати ҷомеаи он давра ва арзишҳои волои хонаводагӣ ташкил медиҳад. Аммо дар байн ихтилофҳову печидагиҳои мазҳабию нажодӣ низ зуҳур мекунанд, ки инкишофи минбаъдаи он дар достон ба моҷароҳои сиёсӣ мубаддал мегардад. Сабабу омилҳои ин мураккабию ноҳамвориҳоро дар достон Ҳаким Фирдавсӣ ба чанд ҷиҳат вобаста медонад. Сабаби нахустин бар бегонагию фарқияти динию мазҳабӣ асос меёбад. Меҳроб пайрави дини бутпарастист. «Дигар ин ки, (омили дуввум) азбаски ниёи (ҷадди) Меҳроб Заҳҳок ба шумор меравад, муҷиби дилсардии пайвандони Золи зар мегардад. Яъне, ин ҷо ихтилофи нажодӣ нақш мебозад. Ва сабаби саввум, ин тобиши сиёсӣ пайдо кардани моҷарои зикршуда мебошад. Устод Худоӣ Шарифзода дар ин масъала ба чунин хулосаи вижаи илмӣ мерасад, ки ғолибан нобу тоза аст.

«…Замоне хабар ба шоҳ расид, мавзӯъ маънии сиёсӣ гирифт: Фаридун ҷаҳонро аз як нажоди паст пок кард. Агар аз духтари Меҳробу писари Сом теғи тезе барояд ва сӯи модараш тоб гирад, шаҳри Иронро пурошӯбу ранҷ кунад ва тоҷу ганҷ ба ӯ баргардад. Маъно ва асоси сиёсӣ доштани моҷарои хонаводагӣ, ба назари ин ҷониб комилан аз авзои замона дар рӯҳияи Фирдавсии покбин нишастааст; замони офаридани «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ замони омадани мардумони дину ойин ва нажоди бегона буд. Туркони қарохитоӣ хонадони Сомониёнро барҳам зада, ба ҷойи онҳо биншастанд, султон Маҳмуд давлати дигари туркӣ дар Хуросон, Ирони марказӣ ва ғарби Ҳиндустон барпо кард, ақвоми дигар бо номи ғузҳо шимоли Хуросонро бошишгоҳ ва чарогоҳи чорпоёни худ намуда, пойгоҳи салтанати Салчуқиёнро мегузоштанд. Фирдавсӣ ҳамаи ин воқеоти барои кишвар харобиовар ва сарнавиштсозро медид ва аз вазъи ҳозираю ояндаи онҳо бо асари бузурги худ ва бо ин достони «Золу Рудоба» низ ҳушдор медод» (саҳ.163-и асари номбурда). Бо чунин наҳву шева, муҳаққиқ достони «Рустам ва Суҳроб»-ро низ ба таври доманадору вусъатманд таҳлил ва баррасӣ намуда, бо баёни сужаи он афзалияту бузургии ғояи ватанпарастиро хотирнишон месозад. Аз ҷумла, аз қавли муаллиф, «ҳимояти ватан бе қурбонӣ имкон надорад». Ва идеяи меҳварии достон ҳамоно нигаҳдории давлат аст (саҳ 175). Фасли панҷуми асар«Андарз дар «Шоҳнома» унвонгузорӣ шуда, анъанаи панду андарзсароиро дар таърихи адабиёт, қабл аз Фирдавсию шоирони баъдина аз ҷониби шоирону нависандагон дар бар гирифта, дар зимн такомулу таҳаввули ин мавзӯъро дар «Шоҳнома» муайяну мушаххас менамояд. Воқеан, олим дуруст менигорад, ки «вазъи андарзноманависӣ дар адабиёти забони порсии дарӣ мавзӯи идомаи суннатҳои адабиёти паҳлавӣ дар адаби аҳди исломист» (саҳ 183). Мусаллам аст, ки ибрози ақидаҳои панду ахлоқӣ дар «Шоҳнома» аз тарафи Фирдавсӣ мустақиман ба воқеоту ҳодисот ва моҷароҳои дар достонҳо буруз карда, ба мисли муборизаю муқовимати неруҳои хайру шар, бадбинию ҳасудӣ, каҷравию тахту салтанатхоҳӣ ва ғайра иртибот дошта, ҷойгоҳи бузургеро дар асар ишғол мекунад. Ва аз нигоҳи мо яке аз бобҳои ҷолиб дар ин фасл «Андарзҳои Бузарҷмеҳр пеши Нӯшинравон» ба шумор меравад. Худоӣ Шарифзода андарзеро ба шакли пурсишу посух аз Искандар ва мурғ меорад. Баъдан андарзҳои комили «Шоҳнома» бо номи Кисро Анӯшервон ва Бузургмеҳр таҳлилу тафсир карда мешаванд. Хулосаи муҳаққиқ чунин аст: «Аз ин андарзҳои Бузарҷмеҳр ва мавридҳои дигари изҳор кардани ӯ ба дониш ва доноӣ ҳамоно донистани рӯзгор ва шинохтани ҳастӣ мебошад. Бинобар ин, андарзҳои Бузарҷмеҳр ҳамоно чун дониш шинохта мешаванд. Онҳоро бояд мардум бидонанд ва дар рӯзгори худ ба кор баранд. Ин андарзҳо, бо он ки ҳар замон тағйири мавзӯъ мекунанд ва дар ҷои худ маънии устувор ва ҳукми бебаҳс доранд, ба сабки китобҳои бузурги мазҳабӣ чун Қуръони маҷид, Библияи масеҳӣ шабоҳат дорад. Аз ин ҷо метавон онҳоро чун маҷмӯаи сухани андешамандони зардуштӣ, яъне мӯбадон шинохт, ки аз малфузот ба китобат омадаанд»(саҳ 209).

Худоӣ Шарифзода ба ҳайси як донишманди мушикофу заҳматкаш тобишҳою паҳлуҳои дигари то ба ҳол дар илми адабиётшиносӣ мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарорнаёфта, аз қабили «Тамсил дар «Шоҳнома», «Чистон дар «Шоҳнома» , «Номаҳои манзуми «Шоҳнома», «Ниёиш дар «Шоҳнома» -ро ба тавре тасниф кардаву ҳар як фаслро бо диди биниши хоси пажӯҳишгаронаи худ таҳлили назариявии илмӣ намудааст, ки воқеан бесобиқа аст. Бубинед, олими пурхондаву пуркор то ба он ҳад ба ҷузъиёту нозукиҳои достонҳои «Шоҳнома», сар фурӯ карда, паҳлуҳои норавшану нонамоёни онро бо тафсиру тавзеҳи илмӣ пешорӯи хонандаи маърифатоину ҳушманд мегузорад, ки кас дар ҳайрат мемонад. Аз чашми нозукбини Х.Шарифзода ҳатто истифодаи чистонҳо дар асар дур намондааст. (Фасли ҳаштум, боби «Чистонҳои Қайди ҳиндӣ ва Искандар» (саҳ. 272-277).

Корбурди Ҳаким Фирдавсӣ аз чакомаю мадеҳа, қитъаоти ҳакимона, зарбулмасал ва тағаззулу ташбибгунаҳо низ бағоят устодонаю ҳунармандона мебошад. Фирдавсӣ шоири нобиғаест, ки барои нахустин бор марсиясароиро дар адабиёти классики форсу тоҷик (манзур дар жанри достон) дар «Шоҳнома» роҳандозӣ намудааст. Дар «Хулоса»-и асар олим дар ин хусус чунин меорад:

«…Дар марсияи ба марги писараш бахшидаи Фирдавсӣ ҳама аркони маъно ва қоидаи марсиясароӣ риоя шудаанд. Низоми нақли воқеӣ ва ҳолатҳои ғамангез дар «Шоҳнома» бо риояи ҷузъҳои марсия ба тартиб омадаанд. Ба истиснои марсияи марги писараш дигар лаҳзаҳои ғамангез бо тартибу русуми азодорӣ сохта шуда, таъбиру таркибҳои русуми азодорӣ бунёди поэтикаи шеъри расоро ба вуҷуд овардаанд. Лаҳзаҳои фоҷеии достонҳо бо суханҳои зебои ҳуснангезе ба тасвир омадаанд » (саҳ 387).

Ҳамин тариқ, донишманди муҳтарам Худоӣ Шарифзода хусусиятҳои поэтикии «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро ба таҳлили доманадор гирифта, ба чанд хулоса ва натиҷагирии нобу нав дар Фирдавсишиносӣ расидааст, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошад:

Адабиёти ҷомеаи ибтидоӣ бештар ба сурати устура дар таърихи фарҳанги гуфтории мардум боқӣ монда ва ба як маънӣ «Шоҳнома» нақши асотирии дунёи қадими мардуми эронист.

«Шоҳнома» аз достонҳои хурд ва бузург иборат аст… Фирдавсӣ ба анвои зиёди достонҳо аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, равишҳои ғоявию фикрӣ бунёд гузошт. Адабиёти форсии тӯли асрҳои миёна аз мавзӯъ , мазмун ва равишҳои эҷодии достонҳои «Шоҳнома» баҳра бардошта, сохтору мушаххасоти ҳунарии онро истифода кардаанд.

Дар ҳамосаи Фирдавсӣ андарзи шоҳон мавқеи намоёне дорад. Иддаи дигар бо номи пандномаи шоҳон машҳуранд, ки аз андарзномаҳо кам тафовут доранд.

«Шоҳнома» дар қиёси авзои замони Фирдавсӣ ва диди инсон ба ҷаҳон маънои тамсилӣ дорад.

Чистон ҳамчун навъи адабии шифоҳӣ аз замонҳои қадим мавҷуд буд ва дар аҳди Сосониён намунаи чистонҳо китобат шудааст. Чистонҳо дар «Шоҳнома» барои озмоиши завқу фаросати одамӣ истифода шудааст ва онҳоро чун як навъи мустақили адабӣ мебояд шинохт.

Ниёишҳо ва номаҳои манзум дар «Шоҳнома» ҳамчун падидаи адабӣ як навъ шеър мебошанд. Хоса, ниёиш вазифаи маъноии худоҷӯӣ, яктопарастӣ, ҷаҳоншиносии мазҳабӣ ва илмӣ, сари эътиқод фуруд овардан ва имдоду мададгорӣ ва таманнои беҳбуди иҷтимоии инсониро ба худ дорад (саҳ 383, 387).

Ҳамзамон муҳаққиқи андешасанҷ Ҳаким Фирдавсиро бо дарназардошти таълифи шоҳасар – ҳамосаи миллӣ «Шоҳнома» аз дидгоҳи мазмуну моҳият бунёдгузори румонҳои таърихии адабиёти форсӣ эълон кардаанд.

Худоӣ Шарифзода Фирдавсиро ба ҳайси як шоири файласуфу андешаманд (интелектуалӣ) ва дорои эътиқоду ҷаҳонбинии бузург (ҳам динӣ ва ҳам илмӣ) мешуморад ва хидмати нодиру нотакрори ӯро дар таълифу офариниши асари ҳамосавии илмие чун «Шоҳнома» беҳамто ҳисобида, ҷойгоҳи ӯро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик волотарин ва ивазнашаванда ном мебарад…

Чанде қабл барои чунин як таҳқиқоти арзишманду густурда устод Худоӣ Шарифзода аз сӯйи Ройзании фарҳангии Ирон бо Ҷоизаи байналмилалии Шайх Саъдӣ сарфароз гардиданд, ки воқеан ин иқдом арҷгузорӣ ба заҳмати бобарори эшон аст.

Ҷаҳони хаёли устоди арҷманд Худоӣ Шарифзода партави файзбахши олами маънист, ки Яздони пок барояшон арзонӣ дошта.

 P.S: Воқеан, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Худоӣ Шарифзода беш аз ним аср аст, ки рисолати азалии хеш – пажӯҳиш ва баррасии масоили умдаи адабиёти классикӣ ва муосири форсии тоҷикиро мавриди омӯзишу таҳқиққарор дода, дар ин ҷода осори гаронмояи илмӣ ба табъ расондаанд. Тайи солҳои охир се китоби устод «Сухане аз адабиёти миллӣ» (Душанбе «Пайванд» 2009), «Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ» (Душанбе «Адиб» 2012) ва «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» (Душанбе 2014) ба нашр расиданд, ки дар онҳо роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои адабиёт андешаҳои дақиқназарона ироа гардидааст… Аз ин нуқтаи назар, мо бо камоли эҳтиром номзадии эшонро ба мақомоти мӯҳтарам ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод менамоем.

Меҳриддин Ғиёсӣ,
мудири кафедраи психология,
педагогика ва методикаи таълими
ДҶТИБКСМ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97