Агар бихоҳед дубора сигор «дуд» накунед…

Илм ва фановарӣ 13.08.2015 12:39

kureniy

 

   Тарк кардани сигор сахт, аммо имконпазир аст. Пас аз тарки сигор лозим аст чанд нукта риоят шавад, ки дар ин матлаб ба нақл аз «Readers Digest» ба он пардохта шудааст.

1. Аз нушидани нушиданиҳои кофеиндор бипарҳезед; беҳтар аст камаш ба муддати 3 то 4 рӯз аз нушидани қаҳва дурӣ ҷӯед, зеро бо масрафи кофеин мумкин аст ҳаваси сигор кашидан кунед.

2. Истеъмоли машруботи спиртӣ: Истеъмоли машруботи спиртӣ илова бар зарарҳои фаровон, ки дорад, майл ба сигор кашиданро афзоиш медиҳад.

3. Стресс: Замоне, ки шахс дучори стресс мешавад, барои бартараф кардан он ба сигор кашидан рӯй меоварад. Бинобар ин беҳтар аст дар ин замон аз қарор гирифтан дар муҳитҳои пурстресс парҳез шавад.

4. Изтроб: Афроде, ки дучори изтироб мешаванд, пас аз тарки сигор ба далели надоштани сигор дар даст, эҳсоси дармондагӣ мекунанд.

5. Корҳои мушкилсозро ба таъхир биандозед. Корҳои мушкилсоз ё чолишбарангез боиси эҷоди стресс ва изтироб мешавад, аз  тарафе анҷоми он ба тамаркуз ниёз дорад. Дар ин шароит ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дубора ба сигор кашидан гароиш пайдо кунед.

6. Баҳс кардан: Саъй кунед бо наздикон ва дӯстон баҳс накунед, то дубора ба самти сигор кашидан гароиш пайдо накунед.

7. Меҳмониҳо: Аз нишастҳое, ки афрод дар он сигор мекашанд, дурӣ кунед то васваса нашавед, худатонро фиреб надиҳед. Нагузоред ин васваса, ки «ин сигор охирин сигорам хоҳад буд» шуморо гӯл бизанад. Зеро ин мавзӯъ метавонад ба унвони як дом амал кунад ва ин одати вайронгар дар шумо идома пайдо кунад.

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97