Вожаи зиёӣ аз бунёди арабии зиё (ضیاء) бо замимаи пасванди-ӣ дар забони форсии нав шакл гирифтааст. Бар асоси шарҳи фарҳангномаҳои куҳани форсӣ зиё дар забони форсии дарӣ маънои равшанӣ ва ё нурро дорад ва ба вожаи арабии нур муродиф мебошад. Аз ин ду иқтибоси муродифи арабӣ дар форсӣ-тоҷикӣ зиё дар муқобили вожаи нур корбурди хеле маҳдуд дошта, ҳамчун вожаи китобӣ ном бурда мешавад. Аз ин рӯ, маънои зиё барои ҳамагон шинохта ва мафҳум нест.
Барои шинохти гунаи форсӣ-тоҷикии зиёӣ метавон ба шарҳи фарҳангномаҳо дар маънии вожаи зиё муроҷиат кард. Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо (ҷ.10) бо истинод ба фарҳангномаҳои пешини форсии дарӣ бо овардани шоҳид аз адибони қарнҳои гуногун вожаи зиё (ضیاء) чунин маънӣ шудааст: «зиё- равшанӣ, рӯшнои, тоб, (дар маҳтоб, чунон ки нури хуршед аст дар хуршед), рӯшноии зотӣ, чунон ки равшании хуршед..., равшании офтоб ва бидон, ки зиё аз нур қавитар аст ва нур аз сано қавитар аст.» (Мунтаҳо ул-араб, Ғиёс ул-луғот, Онандроҷ) [ниг.: Луғатнома, ҷ. 10].
Дар «Фарҳанги форсӣ»-и Муин вожаи зиё (ضیا - ضیاء) ба маънои нур, рӯшноӣ ташреҳ шуда, ҳамчунин, дар қолаби мураккаби вожасозӣ вожаҳои зиёпош (= зиёпошанда, рӯшноибахш) ва зиёгустар низ зикр гардиданд.
Дар «Тоҷ ул-масодир» ва «Таърих ул-масодир» зиё ба маънои равшан шудан ҳамчун ҷузъи номии феъли таркибӣ омадааст [Луғатнома, ҷ. 10].
Дар «Мунтаҳо ул-араб» дар шарҳи вожаи рӯшноӣ муродифи арабии зиё истифода шудааст [Луғатнома, ҷ. 8]. Бинобар он маънои аслии зиё дар форсӣ-тоҷикӣ равшанӣ ё рӯшноӣ дониста мешавад, ки баробарии дигари зиё вожаи нур низ дорои ҳамин маъно мебошад. Дар фарҳангҳои куҳани форсии дарӣ ва форсии кунунӣ зиё дар маънои арабии он - рӯшноӣ, нур (нури хуршед), тобиши моҳтоб ё рӯшноии зотӣ маънӣ мешавад. Дар «Фарҳанги форсии имрӯз» зиё дар як маъно –рӯшноӣ нигошта шудааст.
Дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» таълифи устод С. Айнӣ зиё «равшании офтоб» ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷ. 1. 1969) ин вожа «нур, рӯшноӣ» маънӣ шудааст. Дар ҳамин фарҳанг аз як вожаи мураккаби зиёгустар дар ашъори Сӯзанӣ ёд гардида, дигар шаклҳои аз ин вожа беруномада дар канор мондаанд. Вожаи мураккаби зиёгустар ба маънои зиёпош дар «Луғатнома» (ҷ.10) бо овардани ду шоҳид аз Фаррухӣ ва Сӯзанӣ ташреҳ шудааст. Дар «Луғатнома» дар шарҳи зиё бо истинод ба фарҳангҳои пешин ва осори форсии дарӣ, аз ҷумла, осори адибони шинохта мисли Манучеҳрӣ, Носири Хусрав, Масъуди Саъд, Хоқонӣ, Мавлавӣ ва ғайра шоҳид ва далел оварда шудааст.
Вожаи зиё (ضیاء) дар номи ашхос ҳам ба танҳоӣ ва ҳам ба ҳайси ҷузъи нахусти номи мардон ба кор меравад. Дар «Луғатнома» (ҷ.10) дувоздаҳ тан бо номи Зиё, панҷоҳу чаҳор тан бо номи Зиёуддин (Зиё уд-дин), чаҳор тан бо номи Зиёулмулк (Зиё ул-мулк), чаҳор тани дигар бо тахуллуси Зиёӣ ёд шудаанд. Зиё ҳамчун ҷузъи нахусти номҳои ашхоси турктабор низ ба кор рафтааст. Ба таври мисол, Зиёуссалтана (духтари Носираддин шоҳи Қоҷор, Зиёулмулк (яке аз вузарои Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ, Зиёпошо (аз шуарои Усмонӣ), Зиёгӯгалп (ضیاگوگ الپ) аз нависандагони турк ва ғ.. Номи Зиёӣ ҳамчун тахаллус дар миёни чанде аз адибону донишмандони эронитабору турктабор ба мушоҳида мерасад [ниг.: Луғатнома, ҷ.10].
Муродифи дар маъно баробари зиё (ضیاء) вожаи арабии нур (نور) равшанӣ, равшании ҳар чиз, шуои равшанӣ; зиё, шед, фурӯғ мебошад. [ниг.: Луғатнома, ҷ.15].
Бо вожаи нур ҳамчун ҷузъи нахусти номи ашхос бо замимаи дин дар қолаби арабӣ мисли қолаби дигари арабии зиё бо изофаи дин (Зиёуддин) номҳои фаровон сохта шудааст. Дар қолаби нур +ал+дин (Нураддин// Нуриддин) дар «Луғатнома» ҳафтоду ду ном зикр шудааст. Дар тафовут аз вожаи зиё вожаи нур дар номи ашхос дар қолаби арабии Нуруллоҳ ва номҳои ҷуғрофиёии ҷой ё макони зист истифода мешавад [ниг.: Луғатнома, ҷ.15]. Аз ин иқтибоси арабӣ дар забони форсӣ дар сабки навишторӣ ва гуфторӣ вожаи нур дар тафовут аз муродифи баробармаънои зиё корбурди бештар ва мақоми вижа пайдо кардааст.
Дар қолаби вожасозии форсӣ-тоҷикӣ бо пасванди –ӣ (-ī< форсии миёнаи сосонӣ īg, форсии миёнаи ашконӣ -īk) аз ҳарду ин вожаи муродиф шаклҳои зиёи (зиё-ӣ) ва нурӣ (нур+ӣ) сохта шудаанд, ки дар ҳарду маврид пасванди-ӣ мансубиятро ба нур ё рӯшноӣ таъйид мекунад. Бо ҳамин далел шакли зиёӣ ва нурӣ (бо пасванди-ӣ) дар нисбати шахс ҳамчун тахаллус ба кор рафтаанд.
Дар фарҳангҳои арабӣ – русӣ, арабӣ - форси, арабӣ-тоҷикӣ ضیاء (الضّیاء) чунин ташреҳ шудааст: ضیاء свет; сияние; (рӯшноӣ, дурахшиш, нур) [Баранов 1977]; الضّیاء -рӯшнои [Фарҳанги роид ут-тулоб 1379]; ضیاءٌ - хурра, фар (р), дурахш, фурӯғ, паранг, партав, нур; равшанӣ, тобиш [Сулаймонӣ 2010]. Дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ»-и Гаффаров (ҷ.2, 1928) ضیاء ба русӣ блеск, сияние; свет ва ضیادار– освещённый, светлый дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (соли 1970) зиё (ضیاء) бо ишораи вожаи китобӣ дар русӣ чунин маънӣ шудааст: блеск, сияние, свет, излучение.
Бинобар осори форсии дарӣ вожаи зиё (ضیاء) дар маҷоз низ ба маънои дониш ё маърифат, ҳамчунон ки дар ӯзбекӣ дида мешавад, ба кор нарафтааст. Дар ҳамин осор гунаи зиёӣ (зиё+пасванди-ӣ) ба маънои равшанфикр ё равшанандеш истифода нашудааст. Ҳамчунон ки дар боло бар асоси манобеи муътамад оварда шуд, зиёӣ барои тахаллуси ашхос зикр гардида ва ҳеҷ гоҳ дар маънои дигар ба кор нарафтааст.
Беҳуда нест, ки шакли зиёӣ дар фарҳангҳои дузабонаи форсӣ ва фарҳангҳои куҳани форсии дарӣ ё тоҷикӣ ворид нашудааст. Вожаи зиёӣ ба маънои равшанфикр дар форсӣ ва дарии Афғонистон низ мавриди истифода қарор надорад. Устод С. Айнӣ низ дар «Луғати нимтафсилӣ»-и хеш вожаи зиёиро ворид накардааст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин вожа бар пояи меъёри корбурди сунатии он дар забони форсии дарӣ ҳамчун тахаллус барои донандагони осор ошно будааст. Бояд тазаккур дод, ки зиёӣ (ziya+ī) дар маъно ва сохтор баробари муродифи он-нурӣ (nur+ī) мебошад.
Зиё (ziya) дар туркӣ бар пояи маънои арабии он мисли форсӣ дар маънои рӯшноӣ ё нур ба кор меравад. Аммо дар туркӣ барои равшанфикр (интеллигенция) вожаи туркии aydin ва равшанфикрон aydinlar (ҷамъи aydin) истифода мешавад [Баскаков. Турецкого-русский словарь]. Дар забони озарӣ ضییاнур, рӯшноӣ, аммо ضییالیравшанфикр, муннавар ул-фикр [Беҳзодӣ. Фарҳанги озарбойҷонӣ-форсӣ].
Дар забони ӯзбекӣ зиё (ziyo)- равшанӣ; ҷило; (маҷозан) дониш, маърифат; ziyoli – равшанфикр, ziyolilar – равшанфикрон, донишмандон [Фарҳанги узбакӣ-форсӣ]. Гумон меравад, ки забони тоҷикӣ дар истифодаи вожаи зиёӣ барои истилоҳи байналмилалии интеллигенция таҳти таъсири забони туркии минтақа, ба вижа ӯзбекӣ қарор гирифтааст. Барои ҳамгунсозии истилоҳи русии интеллигенция дар солҳои 20-30 асри XX дар истифодаи зиёӣ аз меъёр ва равиши туркӣ - ӯзбекӣ кор гирифта шудааст. Вожаи зиёӣ, ки дар осор барои тахаллус ба кор мерафт, акнун дар маънои дигари хилофи маънои суннатии роиҷ дар осори пешин ва муосири форсӣ-тоҷикӣ ба кор меравад.
Истифодаи зиёӣ дар маънои нав ба ворид шудани истилоҳи интеллигенция таввасути забонӣ русӣ ба забонҳои дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравии собиқ иртибот дорад. Дар ин маврид ва мавридҳои дигар, ба вижа баргардонидани вожаҳо ва таркиботу истилоҳоти русӣ таъсири забонҳои туркии минтақа вуҷуд дошт, ки ин равиш бар пояи сиёсати он давр дар иртибот ба забонҳои миллӣ татбиқ мешуд.
Ҳамин тариқ дар забони тоҷикӣ дар тафовут аз форсӣ вожаи зиёӣ таҳти таъсири омилҳои беруна мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бинобар осори форсии дарӣ вожаи зиёӣ ҳамеша барои вожаҳои рӯшноӣ, рахшонӣ тобандагӣ, партав, тобиш, нур ва ҳарчи марбут ба ин мафҳум аст, ба кор рафтааст. Дар мавриди тобишҳои маъноии зиё ниг.: «Фарҳанги форсии дониш» (таълифи Ҳ. Омӯзгор). Дар «Фарҳангномаи шеърӣ» (таълифи Р.Афифӣ) аз таркибҳои маҷозии «зиё гирифтан» ба маънои «нур ва рушноӣ ва дурахшандагӣ гирифтан» ва ё «зиёи Шарқ» киноя аз «равшании хуршед» ёд мешавад, ки ин ҳама далели устувории ин вожа дар ҳифзи маънои арабии он дар забони форсии дарӣ будааст.
Вожаи равшанфикр (рӯшанфикр) баргардондани қолаби арабии мунаввар ул-фикр (дар форсӣ-тоҷикӣ-мунавварфикр) буда, дар забони форсии нав дорои ин баробариҳо мебошад: равшанфикр=равшанрой (дорои фикри саҳеҳ, равшанбин), равшанфикр (дорои фаҳм ва идроки равшан), равшанандеш, андешманд, андешвар. Ин қолаби вожаҳои мураккаб дар баёни чунин як маънӣ дар осори форсии нав мавриди корбурд қарор дорад. Дар ин бора ниг.: «Фарҳанги форсӣ»-и Муин ва «Луғатнома»- и Деҳхудо.
Дар шарҳи равшанфикр (аз ҷузъҳои форсӣ ва арабӣ) дар «Луғатнома» ҳеҷ гуна шоҳид зикр нашудааст. Аммо дар шарҳи вожаҳои равшанвир ва равшанрой чанд шоҳид аз осори пешин ва намояндагони шинохтаи он мисли Носири Хусрав, Сузанӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва ғ. оварда шудааст. Корбурди равшанфикр ва равшанрой дар ганҷинаи осори форсӣ-тоҷикӣ далели мақоми ин вожаҳо дар маънои истилоҳ дар форсӣ-тоҷикӣ мебошад.
Вожаи равшанфикр ҳам аз нигоҳи сохтор ва ҳам маъно баргардони вожа ба вожаи қолаби арабии мунаввар ул-фикр буда, ин вожа дар чунин шакл дар осори пешин собиқа надорад. Дар осор ва фарҳангномаҳои куҳани форсии дарӣ, бинобар «Луғатнома» дар маънои равшанфикр вожаҳои равшанвир ва равшанандеш мавриди истифода будаанд, ки инро шавоҳиди «Луғатнома» таъйид мекунад.
Акнун бармегардем ба чигунагии шарҳи фарҳангҳои дузабонаи русӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-русӣ, русӣ-форсӣ, форсӣ-русӣ, англисӣ-форсӣ дар иртибот ба вожаи интеллигент (интеллигенция):
Дар фарҳангҳои дузабонаи тоҷикӣ: интеллигент-зиёӣ (zijoji); интеллигенция-зиёиён (zijoijon); интеллигентный-зиёӣ, мунавварулфикр [ЛРТ.ҷ.1,1933]; интеллигент-интеллигент, зиёӣ; интеллигенция-интеллигенция, зиёиён [ЛРТ, 1949]; интеллигент-интеллигент, зиёӣ; интеллигенция-интеллигенция, зиёиён [ЛРТ, 1985]; зиёӣ-интеллигент; равшанфикр-интеллигент [ФЗТ, 2006].
Ҳамчунон ки мебинем вожаҳои интеллигент ва интеллигенция ҳамчун истилоҳи хориҷӣ дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (ҷилди 1, 2004 ва ҷилди 2 соли 2005) ворид нагардидааст. Ҳамин тариқ вожаи мазкур дар гуфтори бархе аз ашхоси дар замони Шуравӣ таҳсилкарда то ҷойе истифода мешавад. Дар ин фарҳанг вожаи равшанфикр бо баробарии он - равшанрой ба маънои интеллегент бори нахуст дар баробари вожаи зиёӣ қарор дода шуд, ки ин барои танзим ва ҳамгун сохтани ин вожаҳои асил дар форсӣ ва тоҷикӣ иқдоми муҳим арзёбӣ мешавад. Имрӯз вожаи равшанфикр якҷо бо вожаи зиёӣ дар забони тоҷикӣ, аз ҷумла, матбуот ва воситаи ахбор мавриди истифода қарор дорад. Дар ҳар маврид ин вожаҳои асили забони миллӣ, ки таърихи забони моро дар як бахши фарҳанги миллӣ муаррифӣ мекунад, бояд дар ҷойи сазовори хеш қарор дода шаванд.
Вожаи интеллигент дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 ҳамчун унсури луғавии асосӣ дар ҷойи аввал қабл аз вожаи зиёӣ қарор дода шуда, ҳамин тариқ ҳама гунаҳои марбут ба бунёди ин вожаи хориҷӣ низ дар фарҳангномаҳо дар мақоми нахуст ворид гардидаанд. Қобил ба ёдоварист, ки дар шарҳи чанде аз шаклҳои дар забони русӣ аз вожаи интеллигент сохташуда дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» соли 1985 иштибоҳ ва ғалатҳо рух додааст. Ба таври мисол: интеллигентный 1. интеллигентӣ (?), маданӣ, хондагӣ (?), 2. интеллигентона (?), зиёиёна (?), интеллигентский – интеллигентчигӣ (?); интеллигентщина -
2. интелегентчигӣ (?). Ин вожаҳои зери суол қарор гирифта ба қоидаҳо ва равишҳои вожасозии забони тоҷикӣ созгор нестанд. Тавоноӣ ё имконоти зиё в зиёӣ низ дар чунин маврид дар вожасозӣ маҳдуд мебошад. Дар нашри нави ин фарҳанг бояд ба арзишҳои миллии забони давлатӣ ва имконоти равишҳои дохилӣ ва суннатии он таваҷҷуҳ сурат гирад. Дар фарҳангҳои дузабонаи форсӣ: интеллигенция monavvarin; интеллигентный - monavvar-ol-fekr [Галунов 1936]; интеллигент – rowsanfekr, интеллигенция - rowšanfekrаn [Восканян 1986]; дар фарҳанги англисӣ-форсӣ: intelligentia - андешмандон, андешварон, рӯшангарон, рӯшанфикрон, рӯшанандешон (< intelligent - дорои ақл, дорои хирад) [The Aryanpur progressive English-Persian Dictionary, 1377, Vol-3] ва ё ашхоси боҳуш ва хирадманд, табақаи равшанфикр (< intelligent - боҳуш, ҳушманд) [The concise English-persian Dictionary 1996] роушанфекр (=роушанрай)- интеллигент; роушанфекрон - интеллигенция, интеллигенты [ФФР, ҷ.1, 1970].
Бояд ёдовар шуд, ки вожа ё мафҳуми интеллигент ҳанӯз дар забони форсии миёна (осори паҳлавӣ) вуҷуд дошта ва он бо истилоҳи frazanag, идомаи он дар форсии дарӣ фарзона (farzāna), бо пасванди -ih: frazānagih, os (ih) - фарзонагӣ, хирад, ақл, доноӣ, маърифат, ҳуш, фаҳм, биниш, огоҳӣ; маънӣ мешудааст. Дар забони авестои fra-zan - дарёфан; шакли шимолӣ-ғарбӣ ё портӣ frazanag (frz”ng) баробари гунаи ҷанубӣ-ғарбӣ ё порсии dānāg мебошад. [ниг.: Bartholomae 1904, 1659; Nуberg 1974, 78 MacKenzie 1971, 33, 120; Boyce 1977, 41].
Фарзона дар форсии дарӣ бинобар фарҳангномаҳо ба маънои ҳаким, донишманд, олим, оқил ба кор рафтааст [Бурҳони қотеъ, ҷ.3]. Бинобар корбурди фарзона дар забонҳои портӣ, форсии миёна ва форсии дарӣ, ҳамчунин форсӣ-тоҷикӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки вожаи мазкур низ маънои мафҳуми байналмилалии интеллигентро фаро мегирад. Ҳамчунон ки мебинем, ҳам дар забони форсии миёна ва ҳам форсии нав мафҳумҳои байналмилалии интеллигент ё арабии мунаввар, мунаввар ул-фикр баробариҳои муносиби худро доштаанд.
Бо дар назар гирифтани маънои бунёдии вожаи зиёӣ бинобар осори форсии дарӣ ва корбурди он барои тахаллуси ашхос пешниҳод мегардад, то дар забони тоҷикӣ низ мисли форсӣ ва дарии Афғонистон аз истилоҳи суннатии роиҷ дар кишварҳои форсизабон ва ҷомеаи форсизабони ҷаҳон – равшанфикр ё равшанандеш истифода шавад.
Дар фарҷом як нуктаро бояд хотирнишон кард, ки зиёӣ (зиёиён) дар иртибот ба иқтибоси интеллигент (интелигенция) пас аз солҳои 20-и асри ХХ дар забони тоҷикӣ таҳти таъсири ӯзбекии зиёли (ziyoli) ва зиёилар (ziyoilar) дар истифодаи ин мафҳуми хориҷӣ мисли забонҳои туркии минтақа ба кор рафтааст.
Феҳристи манобеъ:
Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ.12. - Душанбе, 1976.
Баранов Х.К. Арабско-русский словарь. - М., 1977.
Баскаков А.Н. Турецко-русский словарь. - М., 1977.
Беҳзодӣ Б. Фарҳанги озарбойҷонӣ-форсӣ. - Теҳрон, 1369.
Бурҳони қотеъ. Таълифи Муҳаммад Ҳусайн бини Халафи Табрезӣ мутахаллис ба Бурҳон. Бо эҳтимоми М. Муин. - Теҳрон, 1963.
Восканян Г.А. Русско- персидский словарь. –М., 1986.
Галунов Р.А. Русско-персидский словарь. Дар 2 ҷилд. - М.,1936-1937.
Гаффаров М.А. Персидско-русский словарь. Под редакцией Ф.Е. Корша. Дар 2 ҷилд. - М.,1914-1928 (нашри дувум. М., 1976).
Луғати русӣ-тоҷикӣ. Дар 2 ҷилд. Зери таҳрири С. Айнӣ, С.Р. Ализода, Алӣ Исмоилзода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷон Юсуфӣ. - Сталинобод, 1933-1934.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. Зери таҳрири А. П. Деҳотӣ ва Н.Н. Ершоев. - Сталинобод, 1949.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. Зери таҳрири М.С. Осимӣ. – М., 1985
Луғатномаи Деҳхудо.Ҷ.8,10,15. - Теҳрон, 1377.
Сулаймонӣ С. Фарҳанги араби-тоҷикӣ. – Душанбе, 2010.
Фарҳанги забони тоҷикӣ. Дар 2 ҷилд. Зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим , Н.А. Маъсумӣ. – М., 1969.
Фарҳанги роид-ут-тулоб. Арабӣ ба арабӣ, араби ба форсӣ. Таълифи Ҷуброн Масъуд. Тарҷумаи Абдусаттор Қамарӣ. - Теҳрон, 1379.
Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Дар 2 ҷилд. Зери таҳрири Д.Саймиддинов, С. Холматова, С. Каримов. - Душанбе, 2004-2005. (Нашри дувум 2006)
Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ. Дар 2 ҷилд. Муаллифон: М. Ёрақин, Ш. Ёрақин. - Теҳрон, 1386.
Фарҳанги форсии дониш. Таълифи Ҳ. Омӯзгор. - Теҳрон, 1374.
Фарҳанги форсии имрӯз. Таълифи Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. - Теҳрон, 1375.
Фарҳанги форсӣ. Дар 6 ҷилд. Таълифи М. Муин. – Теҳрон, 1375.
Фарҳанги форсӣ ба русӣ. Дар 2 ҷилд. Зери таҳрири Ю.А. Рубинчик. - М., 1970.
Фарҳанги ҷомеи пешрави Ориёнпур. (Инглисӣ-форсӣ). Дар шаш ҷилд. - Теҳрон, 1385.
Фарҳангномаи шеърӣ. Ҷ.2. Таълифи Р.Афифӣ. - Теҳрон, 1376.
Barholamae chr. Altiranisches Worterbuch.- Strassburg, 1904.
Boyce M. A word-list of Manichean Persian and Parthian – Teheran-Liege, 1977 (AI, ser/ 3 v/2, suppl.).
Mackenzie D.N. The concise Pahlavi Dictionary. - London, 1971.
Nyberg H.S. A. Manual of Pahlavi. – Wiesbaden, 1974.
The concise English – Persian Dictionary. By A. Arynpur Kashani and M. Aryanpur Kashani. – Tehran, 1996.
Додихудо САЙМИДДИНОВ профессор