Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Оё вазири маориф рӯзнома мехонад?

Илм ва фановарӣ 15.03.2014 15:32

Низоми тестӣ ва ё фолбинӣ

Bayn Rahimov profesorВазъи имрӯзаи таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як карнавали хандаовар, ё худ фолбинии лӯлиён ва ё бозии "Поле чудес"-ро мемонад, ки ин дар замони печидаву пурталотуми ҷаҳонишавӣ боиси нигаронист.

Болои сухта намакоб, баъзе шахсони беинсоф ва аз азоби виждон орӣ, аз ин вазъият суистифода бурда, танури хориҷиву хориҷипарастиро тафсонида арзишҳои маънавии миллии халқи худро пушти по зада истодаанд. Ин барои онҳое, ки умри худро барои рушди маориф сарф кардаанд, зиёд аламовар аст. Зеро ин амалкард на танҳо аламовар, балки бадбахтист, бадбахтӣ барои халқи тамаддунпарвар, барои халқе, ки аввалин шуда дар ҷаҳон ба мактаби олӣ асос гузошта аст. Ба монанди донишгоҳи Гунди Шопур, ки ба он соли 550 Шопури Якум асос гузошта, минбаъд аз тарафи Анушервон такмил дода шуд. Дар ҳоле ки қадимитарин донишгоҳҳо дар Аврупо, ба монанди донишгоҳҳои Салерно ва Болон дар Италия, Монпел дар Фаронса, Оксфорд дар Англия дар асри XII арзи ҳастӣ кардаанд.

Агар пайдоиши аввалин донишгоҳҳо дар Аврупо ба асри XII рост биёяд, асри XII дар байни мардуми форсизабон, асри тилоӣ дар соҳаи илму дониш ва маърифат ба шумор меравад.

Шояд ҳамин далелҳоро ба назари эътибор гирифта, президенти кишвар дар асари "Ватани худро дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед", Душанбе, 2005 чунин таъкид кардааст: "Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст" (саҳ 10).

Аз рӯи нишондоди муаррих Наршахӣ нахустин мадраса дар Бухоро солҳои 937-938 ташкил шуда буд, яъне чанд аср пеш аз донишгоҳҳои Аврупо.

Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус ёдгории асрҳои IX-XII ба шумор меравад.

Дар замони Низомулмулк (1017-1092) даҳҳо мадраса бо номи Низомия, Мустансария, Халавия, Ҷавзия ва ғайраҳо амал мекарданд, ки маркази асосии илму дониш ва маърифату фарҳанг ба шумор рафта, соҳиби расадхонаву китобхонаҳо буданд.

Бо ақидаи донишманди иронӣ Сайид Муҷтабо Рукни Мусавии Лорӣ "Замоне, ки дар сар то сари Аврупо як маркази фарҳангӣ ёфт намешуд, мусулмонҳо дар сарзаминҳои худ дорои маркази илмиву фарҳангии фаровоне буданд".

Дар тамоми шуъбаҳои улум мутахассис ва афроди варзида доштанд… "Аврупо аз сарчашмаи улуми муслимин сероб гашт" (Сайид Муҷтабо Рукни Мусавии Лорӣ "Ислом ва симои тамаддуни Ғарб", соли 2000, саҳ 210).

Ё худ Абдол Ҳусейн Зарринкуб навиштааст: "В последствии медресе…послужили образцом для создания университетов в Европе" (А.Х.Зарринкуб-Исламская цивилизация", "Андалуз", Москва, 2004, стр 48). "Яъне мадрасаҳо ҳамчун намуна барои ташкил намудани донишгоҳҳо хидмат кардаанд".

Пас пушти по задани ҳамаи ин мероси пурғановат кӯрнамакӣ дар ҳақи ҳалқу ватани худ нест? Ба ин савол бояд масъулони Вазорати маориф ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ҷавоб бигӯянд.

Оё имрӯз месазад, ки бо туфайли баъзе шахсони беинсоф ин ҳамаро пушти по зада, аз баҳри арзишҳои миллии маънавии ниёгони худ ба Аврупо дасти ниёз дароз кунему мардуми кишвари худро бо тайёрхӯрӣ бадном созем? Ва чӣ зарурат аст, ки имрӯз мо дар соҳаи маориф, ба Аврупо дасти ниёз дароз карда, кишвари худро ба кишвари тайёрхӯр табдил бидиҳем?!

Наход то ин ҳад аст ифтихори миллии мо? Наход ҷаҳонишавӣ як меъёри муайян надошта бошад? Наход ҷаҳонишавӣ якрангии комилро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар назар дошта бошад? Наход ҷаҳонишавӣ ҳама якранг фикр ва зиндагӣ кардан, якранг таҳсил намудан ва дигарҳоро дар назар дошта бошад? Пас дар чунин ҳолат магар маънии миллат, халқият, тарзи зиндагӣ, расму оин ва анъанаҳои миллӣ, забони миллӣ (модарӣ) аз байн намеравад? Наход мо танҳо ба воситаи қабул намудани системаи таълими кредитӣ, ки пур аз муаммо мебошад, ба системаи маълумоти ҷаҳонӣ ворид мешуда бошем?

Наход танҳо бо роҳи маҷбурӣ ба системаи таълими кредитӣ гузаштан ва санҷишу имтиҳонҳои тестиро ҷорӣ намудан, мо соҳибмаълумот мешуда бошем?

Наход роҳи дигари ба талаби стандарти маълумоти умумиҷаҳонӣ баробар кардани маълумот дар давлати мустақилу соҳибистиқлол вуҷуд надошта бошад, ки мо таълими "кредитиро ногузир" ҳисоб мекунем?

Магар фаромуш кардан мумкин аст, ки "Ҳар гуле дар боғи ин тамаддун мерӯяд, дар канори он хори газандае ҳам сабз мешавад"!

Ин гуна наход ва магарҳо беохиранд ва онҳо ҷавоб талаб мекунанд. Чунки ин гуна суолоту масъалаҳо ҳам андозае, меъёре доранд. Бахусус аз он нуқтаи назар, ки ҳар он чӣ, ки мегуфт ба даст меояд, ҳамон тавр муфт аз даст меравад, вале сабаби бадбахтиҳои зиёде мегардад. Пас чаро мо ба баҳонаи ҷаҳонишавӣ, ба системаи таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестӣ кур-курона пайравӣ намуда, ба решаи халқи худ теша мезанем, онро хазон мекунем, бесаводу сарсон менамоем.

Магар ҳисси миллии мо ҳамин аст, яъне беарзиш сохтани арзишҳои худ ва қабули меъёрҳои рӯбардоршуда?! Чаро мо боре дар ин бора андеша намекунем, ки баъзе сарватмандон, соҳибони қасру кушк аз кадом ҳисоб пайдо шуда истодаанд? Аз ҷорӣ кардани низомҳои бегона ва бесуд кӣ манфиатдор аст? Охир, ин бадбахтист. Бадбахтие, ки бидуни ҳеч андешае, аз рӯйи меъёри нафс ченак шудааст. Ин ҷиҳатҳоро ба назар нагирифтан ҳеч оқибати неке надорад.

Саволе ба миён меояд, ки наход соҳаи маълумот, барои аз байн бурдани ҳамаи ин нофаҳмиҳо, каҷравиҳо (монанди соли 1936), харобкуниҳо шахсони масъуле надошта бошад, ё худи онҳо ба ин каҷравиҳо ғута зада дастгири ин каҷравиҳо бошанд, ё иродаи ба муқобили он мубориза бурдан надошта бошанд? Бинобар ин шаклҳои ин каҷравиҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд. Ин гуна каҷравиҳо соли 1936 низ авҷ гирифта буд, ки ба он қарори КМ ВКП (б) аз 4 июли соли 1936 "Дар бораи вайронкориҳои педагогӣ дар системаи Комиссариати халқии маориф" хотима дода буд. Ин каҷравиҳо мақсади муайяне доранд. Магар таъсиси "Маркази миллии тестӣ" ҳамчун муассисаи давлатӣ дар назди Вазорати маориф (директораш Сабзалӣ Сафаров) гувоҳи ин гуфтаҳо нест. Аз кай боз намунаи тести амрикоӣ миллӣ шуда монд? Чӣ тавр он миллӣ шуд? Агар миллӣ шуда бошад, аз тести амрикоӣ чи фарқ дорад?, ва ғайраву ва ғайраҳо.

Албатта дар шароити пурталотум ва печдарпечи дар як ҷой шах шуда мондан, аз ҷумла дар соҳаи педагогика ҳам қобили қабул нест. Барои ҳамин ҳам Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва дигар муассисаҳои илмӣ амал мекунанд, ки ин вазифаи ҷонии онҳост. Вале онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё ин бесару сомониҳо дар соҳаи илми педагогӣ, дар соҳаи таълиму тарбия ба онҳо ягон дахле надошта бошад.

Академияи таҳсилоти назди Вазорати маориф се маротиба номгӯи худро дигар кард. Аввал бо номи Академияи илмҳои педагогӣ, бори дуюм Академияи рушди маориф ва бори сеюм Академияи таҳсилот номгузорӣ шуд. Вале ҳеҷ нест, ки ном ба фаъолият мувофиқат кунад. Тамоми тағйиротҳое, ки дар соҳаи муассисаҳои томактабӣ, мактаб ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ба вуҷуд меоянд, бояд маҳсули кори ин академия бошад. Озмоишҳои педагогие, ки гузаронда мешаванд, бояд дар таҳти роҳбарии ин Академия ва Пажӯҳишгоҳ гузаронда шаванд. Академия бояд ташкилотчӣ ва ҷамъбасткунандаи натиҷаҳои ҳама гуна озмоишҳои педагогӣ бошад. Минбаъд кор дар асоси хулосаву тавсияҳои он анҷом дода шавад.

Аммо дар ягон соҳаи дигаргунсозии кори мактабу маориф мо инро мушоҳида намекунем. Хусусан дар соҳаи таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестӣ, ки тавре дар боло гуфта гузашта будем, соли 1936 маҳкум шуда буданд. Гӯё ин ба фаъолияти онҳо ягон муносибате надошта бошад. Аз ин рӯ овоз баланд намекунанд. Душворфаҳм шудани маводи китобҳои дарсии физика, математика, алгебра, биология, забони модарӣ низ аз бетарафии онҳо вобастааст. Пас ин гуна мағз (мозг) барои Вазорати маориф чӣ лозим?

Узвҳои пайваста ва вобастаи Академияи таҳсилот асосан барои муаллифи китобҳои дарсӣ шудан мубориза мебаранд, на барои ривоҷ додани илмӣ-ватанӣ. Чунки китоби дарсӣ ҳам даромад ва ҳам шуҳрат меоварад. Аммо дар соҳаи илм ин гуна шуҳрат пайдо кардан кори осон нест. Онро бо роҳи дуздидани асарҳои мардумӣ, ё бо роҳи худро шарик кардан ба маҳсули илмии дигарон ба даст даровардан мумкин нест.

Чунки дигаргунсозӣ фолбинӣ нест. Он буду набудро намеписандад. Он дониш, ақлу андешаҳои созанда, таҳлилкунанда, ободкунандаро (на харобкунандаро) талаб мекунад.

Соҳибандешае, ки ба ин корҳо қодир нест, мисли мурғи дони тайёрхур аст. (Андешаҳои дигаронро ҳамчун андешаи созанда ва навовари худ қабул ва тарғиб мекунад.)

Мо дар ин ҷо инчунин он устодони донишкада ва донишгоҳҳоеро низ дар назар дорем, ки худ дар бораи таълими кредитӣ ва системаи санҷишу имтиҳонҳои тестӣ огоҳии дуруст надоранд, вале онҳоро ҳамду сано мегӯянд ва ҳам баъзе кормандони масъули Вазорати маорифро низ, ки таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестиро дастгирӣ менамоянд. Ҳол он ки соҳибандеша бояд аз тамоми паҳлуҳои таълими кредитӣ, санҷишу имтиҳонҳои тестӣ ва ҷаҳонишавӣ огоҳӣ дошта бошад. Он чиро, ки тавсия кардан мехоҳад бояд ба манфиати илм ва халқу ватан бошад. Бе ин андешаҳои ӯ на мақом, на маънӣ ва на қадру қудрат дорад. Ӯ мисли булбули беватану бемакон аст. Хониши ӯ ба касе намефорад. Пас ӯ соҳибандеша нест, балки тӯтие аст, ки беҳудаву баҳуда тақлид мекунад ва аксар тақлидҳои ӯ хандаовар аст. Пас ӯ созанда, ободкунанда, бунёдкунанда, инкишофдиҳанда ва ғайраҳо низ нест. Ин гуна соҳибфикрон барои ҷамъият танҳо харобкорӣ меоваранд. Онҳо барои илму маориф ва мактаби мо шахсони тасодуфианд. Онҳо мисли зарпечаканд, ки ҳамаро печонда гирифта харобу нобуд месозанд. Аз ин рӯ, ин гуна шахсонро дастгирӣ кардан нафақат бешарафӣ, балки гуноҳи азимест дар назди халқу ватан. Чунки шахсеро, ки виҷдонаш бедор нест ҳамаро ба хоби ғафлат мекашад.

Илми педагогие, ки дар кори таълиму тарбия ба таҷрибаи амалии кори мактабу донишкадаҳои олӣ такя намекунад, роҳҳои боз ҳам такмилу дигаргунсозии онҳоро пайдо карда наметавонад ва дар як ҷой шах шуда мемонад ба касе даркор нест.

Аз тарафи дигар, бе муносибати эҷодкорона дар кори таълиму тарбия таҷрибаи нави пешқадами педагогӣ ҳам пайдо намешавад. Аз ин рӯ, ҳеҷ чиз дар як ҷо шах шуда намемонад. Дар ҳолате ки ҳама чиз дар ҳаракат, дар дигаргунӣ аст, зарурати муносибати нав, тарзи нав, ки ҷавобгӯи ин навгонӣ бошад, ба миён меояд. Ин қонун аст. Қонунро риоя накардан бадбахтӣ меоварад. Ҳатто ба пешрафти ҷамъият ҳам таъсир мерасонад.

Биёед ба хотир меоварем; идеяи ғайри синфӣ ва табақавӣ будани мактаб ва таълиму тарбияро, ки онро идеяи тарбияи коммунистӣ иваз кард. Дар заминаи он зарурати тарбияи коммунистӣ пайдо шуд. Тарбияи коммунистӣ бошад, идеяи тарбияи одами нав, одами ҳаматарафа инкишофёфтаро ба вуҷуд овард, онро идеяи револютсияи илмӣ-техникӣ иваз кард. Дар натиҷа зарурати технологисозии раванди таълиму тарбия ба миён омад. Ба он ҳоло қадами устувор нагузошта идеяи ҷаҳонишавӣ пайдо шуд. Дар заминаи он системаи таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестӣ пайдо шуданд.

Ин ҳама мисли чархи гардон аст.

Агар соҳибандешон ҳамаи ин нозукиҳоро дарк накунанд худ дар назди илм оҷиз мемонанд. Ба ҳамаи ин сарфаҳм рафтан, аз тамоми дигаргуниҳои кори таълиму тарбия огоҳ будан лозим, то ки ба пешбурди илми педагогика, аз ҷумла таълиму тарбия ноил гардем. Аз ин рӯ, дигаргунсозӣ ин фолбинӣ нест. Бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад. Чаро сарварони илми педагогӣ ба таҳлили андешаҳои дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ нашр шуда машғул намешаванд. Биёед чанде аз онҳоро ном мебарем:

1) Рӯзномаи "Миллат" аз 21 декабри соли 2011 зери сарлавҳаи "Даҳшат-Низоми кредитӣ моро меғавҷад" ё эҷоди монеа ба омӯзгорон ва донишҷӯён мешавад". Муаллифон Ҷаҳонгири Рустам ва Эраҷ Давлатов.

2) Рӯзномаи "Озодагон" 26 сентябри соли 2012 "Чаро ҷавонон дониши воқеӣ надоранд". Муаллиф Абдуҷалили Амон.

3) Рӯзномаи "Азия Плюс" 2 ноябри соли 2012. Неуд. таджикской школе. Муаллиф доктори фанҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

4) Рӯзномаи "Нигоҳ" 12 июни соли 2013 "Тести тоҷикӣ". Муаллиф Мулло Раҷабов.

5) Рӯзномаи "Омӯзгор" 17 феврали соли 2012 "Низоми нави таълим ногузир аст". Муаллифон Маҳмадали Ҷалилов ва Фозил Ёров корманди Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6) Ҳамин шумора "Таҷрибаҳо омӯзандаанд". Муаллиф Р.Сангов узви гуруҳи корӣ, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7) Рӯзномаи "Азия Плюс" 15 ноябри соли 2012. "Формилизация образования не ведёт к повышению его качества" Г.Кошлаков зав кафедрой Экономики и менеджмента Российско-Таджикского (славянского) университета.

8) Рӯзномаи "Омӯзгор" 4 январи соли 2013 "Усули анъанавӣ афзалтар, ё ки тестӣ" С. Давронзода донишҷӯи ДМТ.

9) Рӯзномаи "Омӯзгор" аз 22 феврали соли 2013. Ҳадаф: вуруд ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ. Муаллифон Ҳамид Маҷидов арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, профессор ва Раҳмоналӣ Мирзоев н.и.п, дотсент

10) Рӯзномаи "Минбари халқ" 31 январи соли 2013 нишасти матбуотӣ миёни ташкилоту муассисаҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар донишгоҳи давлатии Кӯлоб "Низоми кредитӣ фасодро тақвият медиҳад". Ғайбулло Ҳалимов, Кӯлоб.

11) Рӯзномаи "Фараж" 12 маи соли 2012 "Ҷомеаи мо созгори ҷомеаи Ғарб нест". Муаллиф Малика Ахмедова, устоди Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон.

12) Рӯзномаи "СССР", 23 августи соли 2012 "Системаи кредитӣ қабул нест". Муаллиф Шамсия Ҷобирова.

13) Рӯзномаи "Омӯзгор" 2 феврали соли 2013 "Масъулиятро масъулияти бештар мебояд". Муаллифон Ҳомид Маҷидов, арбоби илм ва техника, Сафар Давлатов ҷонишини декани факултети физикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва ғайраҳо. Аз ин 13 мақола 9 тоаш ба муқобили таълими кредитӣ бахшида шудааст.

Аз тарафи дигар тавре аз рӯи ном бурдани касби муаллифони мақолаҳо мушоҳида мекунем, ҳеч кадоме аз онҳо мутахассиси асили соҳаи педагогика ва психология нестанд. Онҳо аз рӯи баъзе шунид ё сафари хориҷии худ ба системаи таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестӣ баҳо додаанд. Шояд аксари онҳо мутахассисони хуби касбӣ худ бошанд, вале аксар донандагони ниҳоят бади системаи таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестӣ мебошанд. Аз ин рӯ баҳои онҳо ғайри воқеист. Аз ҷумла даъвои муаллифони мақолаи "Низоми нави таълим ногузир аст" (яъне таълими кредитӣ) Маҳмадалӣ Ҷалилов ва Фозил Ёров. Саволе ба миён меояд, ки оё онҳо рӯзномаҳои ҳаррӯза дар Ҷумҳурӣ нашр мешударо мутолиа мекарда бошанд? Агар бале, пас ба мақолаи дар рӯзномаи "Дунё" № 41 (9-15 октябри соли 2012) зери сарлавҳаи "Панҷ кишвари босаводтарини олам" нашр гардида, чи тавр баҳо медода бошанд?

Ин кишварҳо ин тавр номбар шудаанд:

Дар ҷои якум Русия, маълумоти баъди мактабӣ 54 % аҳолӣ; дар ҷои дуюм, Канада 51 % аҳолӣ; дар ҷои сеюм, Исроил 46% аҳолӣ, дар ҷои чорум Ҷопон 45 % аҳолӣ ва дар ҷои панҷум ИМА 42 % аҳолӣ. Пас месазад, ки мо аз баҳри ҷои якум гузашта, системаи таълими мамлакати дар ҷои панҷум қарор дошта ё системаи Болонро қабул намоему онро таълими бо сифат номем?

Ё худ аз рӯи зарбулмасали "Монед бад бошаду мисли дигарон бошад" амал кунем?!

Оё кишваре, ки дар боби ташкили таълим дар мактаби олӣ таҷрибаи ниҳоят ғанӣ дорад, месазад имрӯз дасти ниёз ба кишварҳои хориҷӣ дароз кунад ва ба кишвари тайёрхур табдил ёбад?!

Ба ин муаллифон ва Ҳамид Маҷидову Р. Сангов ва дигар муаллифон тавсия карда мешавад, ки ба китобҳои донишмандони иронӣ: Сайид Муҷтабо Рукни Мусавии Лорӣ "Ислом ва симои тамаддуни Ғарб", ки соли 2000 бо забони тоҷикӣ нашр гардида, он инчунин бо забонҳои арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испониёӣ, ҷопонӣ, урду, таиландӣ, тоторӣ, чинӣ, курдӣ, русӣ, босниёӣ, озарӣ низ тарҷума ва нашр шудааст, инчунин ба китоби Абдол Ҳусейн Зарринкуб "Исламская цивилизация", ки соли 2004 аз тарафи нашриёти Андалус ба табъ расонда шудааст, якбор шинос шаванд.

Такроран боз таъкид мекунем, ки дар ин китобҳо оварда шудааст, ки дар давраҳое, ки мо соҳиби мактабу мадраса ва китобхона будем, дар Ғарб ҳоло ягон мактаби олӣ вуҷуд надошт. Ба хотир биёред Донишгоҳи Гунди Шопурро, ки ба он соли 550 Шопури аввал асос гузошта минбаъд аз тарафи Анушервон такмил дода шуда буд. Аз рӯи нишондоди муаррих Наршахӣ бошад нахустин мадрасае, ки дар Бухоро қомат рост карда буд ба солҳои 937-938 рост меояд, ки дар натиҷаи сухтор нест гардидааст. Ба ақидаи Бобоҷон Ғафуров-таърихи тоҷикон, пайдоиши мадрасаҳо ба нимаи дуюми асри VIII рост меоянд.

Ё худ мадрасаи Хоҷа Машҳадро мегирем, ки дар деҳаи Сайёди ноҳияи ҳозираи Шаҳритуз бино ёфта буд ёдгории асрҳои IX-XII  мебошад. (Нигаред ба Энсиклопедияи Советии тоҷик, ҷили 4. Душанбе, 1983.с 364).

Ва ё давраи Низомулмулк (солҳои 1017-1092) ро ба хотир оваред, ки давраи ривоҷи мадрасаҳо ба шумор мерафт. Дар ин давра мадрасаҳо бо номи Низомия, Мустансария, Ҳалавия, Ҷавзия, аль-Азҳар ва ғайра, дар Исфаҳон, Нишопур, Балх, Ҳирот ва дигар ҷойҳо ташкил карда шуда буданд. Асри ХII бошад аз ҷиҳати инкишофи илму маориф асри тиллоӣ ҳисоб карда мешавад.

Ҳол он ки бо ақидаи Мусавии Лорӣ ва Абдол Ҳусейн Зарринкуб аз ҳама қадимтарин дар Аврупо мактаби олӣ-донишгоҳи Салерно дар Италия мебошад, ки ба таъсири мадрасаҳои исломӣ дар асри XII ташкил карда шуда буд.

Мадрасаҳо ҳамчун намуна барои ташкил намудани донишгоҳҳои аввалин дар Болон (дар Италия), Манпель (дар Франсия) ва Оксфорд (дар Англия) дар авали асри ХII пайдо шудаанд.

Ба ақидаи Мусавии Лорӣ ва Абдол Ҳусейн Зарринкуб, замоне ки дар саросари Аврупо як маркази фарҳангӣ ёфт намешуд, мусулмонҳо дар сарзамини худ дорои маркази илмиву фарҳангии фаровон буданд. Дар тамоми шуъбаҳои улум мутахассисон ва афроди варзида доштанд ва Аврупо аз сарчашмаи улуми мусулмонӣ сероб гашт (Нигаред ба китоби Мусавии Лорӣ саҳ 210 ва китоби А.Ҳ.Зарринкуб, саҳ 48).

Ҳатто дар давраи хилофати араб ҳам дар байни тоҷикон ду системаи таълиму тарбия амал мекард. Якум системаи таълиму тарбияи ниёгон, дуюм системаи таълиму тарбияи арабӣ, ки табақаҳои болоӣ аз он барои эҳтиёҷоти худ истифода мекарданд. Пас дар давраи соҳибистиқолӣ месазад, ки ба Ғарб умуман Аврупо дасти ниёз дароз кунем ва аз он фахр намоем?!

Пас муассисаҳои илмии мо дар даврони ҳозира барои чӣ лозиманд?

Аҷоиботи дигар ин аст, ки ба сифати донишгоҳҳои таҷрибавӣ Вазорати маорифи Тоҷикистон соли таҳсили 2005-2006, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро интихоб намуд. Ҳатулкорӣ аз ҳамин ҷо оғоз ёфт. Ҳол он ки масъалаҳои таълим, соф масъалаи дидактикӣ буда ба ин кор бояд Донишгоҳ ва донишкадаҳои олии касбии педагогӣ, ки соҳиби таҷрибаи бой ва кафедраҳои пурқуввати педагогика, психология ва методикаи таълими хусусианд ҷалб карда мешуданд. Дуюм, ин ки ин кор на танҳо ба зимаи худи донишгоҳҳо, балки пеш аз ҳама ба зимаи Академияи таҳсилот ва пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ гузошта мешуд. Озмоишҳо бояд дар зери роҳбарӣ ва назорати онҳо анҷом дода мешуданд. Вале ин тавр нашуд. Бо ҳамин сохтакорӣ аз аввал оғоз ёфт. Сабабаш ба мо маълум нест ва ба он дасти пурқуввате роҳбарӣ карда истодааст. Бинобар ин доди муаллимон ба гӯши касе намерасад.

Ҳар донишгоҳ чи тавре, ки мехост ва мефаҳмид ҳамон тавр амал кард, чӣ дар кори таълим, чи ҳуҷҷатгузорӣ. Бинобарин касе таҷрибаи онҳоро ҷамъбаст накард, бурду бохти онҳоро нишон надод. Формалӣ конференсия гузаронда якдигарро ҳамду сано гуфта, бо ҳамин бо қарордоди Вазорати маориф ҳамаи донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба системаи таълими кредитӣ гузаронда шуданд. Ин боиси норозигии муаллимон гардид. Ташкили семинарҳо ҳам натиҷа набахшиданд. Муаллимон ба саволҳои худ ҷавоби қаноатбахш гирифта натавонистанд.

Вале доираи меросхурҳо васеъ шудан гирифт. Акнун консортсиум ва координаторҳои барнома ташкил карда шуданд, дар Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳҳои шаҳри Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлобро бояд роҳбарӣ кунад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин минтақаро ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар ВМКБ мавҷуд бударо. Онҳо бояд семинарҳо ташкил намуда, ба корҳои методӣ роҳбарӣ намоянд, конференсияҳои илмӣ гузаронанд. Дар ҳоле ки роҳбарияти ин донишгоҳҳо ҳам худ дар бораи системаи таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестӣ тасаввуроти аниқе надоранд. Ба ин баҳсу мунозираҳое, ки дар нишасти матбуотӣ дар заминаи Донишгоҳи Кӯлоб гузаронда шуда буд гувоҳӣ дода метавонад. Аз ҷумла, дар ин нишаст қайд карда шуд, ки қабул намудани низоми кредитии таҳсил дар фазои фасодзадагии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ амали таъмаҷӯии устодонро чанд баробар зиёд намудааст.

Методҳои маъмули пештараи донишгоҳҳо дар таълиму тарбияи муҳассилин, ки мерос аз замони Шӯравӣ аст, дар арсаи ҷаҳон пешқадам ва самараовар арзёбӣ шудааст. Пурқувваттарин олимони сатҳи байналмилаллӣ, ки дар қомусномаи таърих сабт шудаанд маҳз шогирдони мактаби Шӯравӣ буданд.

Бо андешаи раиси донишгоҳ ва ҳозирини ВАУ барои фасодро аз ҳаёти макотиби олӣ берун андохтан тамоми сарварони факултаҳо ва ректор бо ноибонаш дар ҳамдастӣ бо донишҷӯён ба муваффақият ноил шуда метавонанд. Зеро ҳама гуна маккорию сифлатабиатии ришвахӯрони маъвои муқаддас дар пеши чашми толибилм ва иштироки бевоситаи онҳо сурат мегиранд. Агар роҳбарият аз ин бадномӣ халос шудан бихоҳад, бо истифодаи қувваи бузурги донишҷӯён ба фасод зафар меёбанд. (Нигаред рӯзномаи "Минбари халқ", 31 январи соли 2013 "Низоми кредитӣ фасодро тақвият медиҳад").

Аммо мутаасифона ин ҳамаро дар Вазорати маориф нодида мегиранд. Инчунин он роҳбарони донишгоҳҳое, ки тӯтивор низоми кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестиро ситоиш мекунанд. Чаро? Ба ин савол бояд худи онҳо ҷавоб гӯянд.

Ҳатто баъзеҳо то ҳамон андозае беҳаё шудаанд, ки сардори давлатро фиреб дода ҳуҷҷатҳои хому хаталаро имзо карда мегиранд. Мо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 2 ноябри соли 2011, зери №552 "Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар назар дорем. Биёед ба баъзе бандҳои ин ҳуҷҷат муроҷиат менамоем. Дар боби 5 дар охири ҷумлаи банди 20 чунин омадааст: "Миқдори кредити фанҳои интихобӣ бояд аз ҳаҷми умумии кредитҳо аз 25 то 50 %-ро ташкил диҳад" (саҳ 4). Пас миқдори фоизи аниқи кредитҳоро кӣ бояд муайян кунад? 25%, 30%, 40% ё худ 50% ва аз рӯи чӣ бояд он муайян карда шавад. Ин ҳама муаллақ ва муаммост.

Ё худ банди 21-ро мегирем. Дар он чунин омадааст:

"Фанҳои интихобӣ аз ду қисм иборат мебошанд. Қисми якуми фанҳои интихобӣ аз ҷониби донишҷӯён ба таври мустақилона муайян карда мешаванд. Қисми дуюми фанҳои интихобиро Шӯрои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд. Шумораи фанҳои интихобии қисми дуюм бояд то 25 %-и ҳаҷми умумии кредитҳоро ташкил диҳад". (саҳ 4).

Акнун саволе пеш меояд, ки; якум, кадом фанҳо қисми якум, ва кадом фанҳо ба қисми дуюм дохил мешаванд. Онҳо аз рӯи кадом нишонаҳо гуруҳбандӣ карда мешаванд? Оё дар давоми аз соли таҳлили 2005-2006 то ҳол ягон донишгоҳ ё донишкада ин тарзи гуруҳбандиро ба ҷо овардааст? Дуюм дар ҳолате ки қисми дуюми фанҳои интихобиро Шӯрои илмӣ муайян мекунад, онҳоро фанҳои интихобӣ номидан мумкин аст? сеюм, 25% ҳаҷми (?) умумии кредитҳои фанҳои интихобӣ? Ё кредитҳои умумӣ? Ин ҳам муаммост.

Айнан дар ҳамин шакли муаммо банди 19 ва дигар бандҳо оварда шудаанд. Нақшаҳои таълимӣ низ ҳама муаллақанд. Касе чизеро сарфаҳам намеравад. Илова бар ин, ҳар сол онҳо иваз гардида истодаанд. Магар ин бартарии таълими кредитӣ аст? Ё худ дар давраи Шӯравӣ як ҷуфт дарс аз 90 дақиқа иборат буд, он ба 80 дақиқа оварда шуд, акнун бошад ба 50 дақиқа оварда шудааст, ки аз ин 15 дақиқааш ба корҳои ташкилӣ сарф мешавад, боқӣ 35 дақиқа мемонад. Муаллим дар ин 35 дақиқа чи кор карда метавонад? Ин ҳам бартарии таълими кредитист?Пеш барои ҳар як мавзуъ соати аниқ ҷудо карда мешуд. Ҳоло бошад як кредит даҳҳо мавзуъҳоро дар бар мегирад. Ин ҳам магар бартарии таълими кредитӣ аст? Силлабусҳо магар аз барномаҳо беҳтаранд? Ин гуна муаммоҳо бешуморанд: Роҳбари давлат ҳамеша риоя намудани тозагии забони ноби модариро таъкид менамояд. Аммо таълими кредитӣ бошад пур аз вожаҳои ба зеҳни мо бегона мебошад. Ба монанди: Силлабус, Кредит, Эссе, Рейтинг, Эдвайзер, Траектория, Елективӣ, Курркулум, Консортсиум, Море субйект, ТЕМПУС, ТЕМПУС-MEDIATE, PHD, Низоми кредитии модулҳо ва ғайраҳо.

Чи зарурияти истилоҳоти худиро ба истилоҳҳои бегона иваз кардан аст? Магар аз истифодаи онҳо сифати маълумот беҳтар мегардад?

Ҳамаи ин дигаргуниҳои бесару сомон вақти зиёдатиро гирифта сарфи маблағи зиёдро талаб мекунад. Ҳол он ки мо аз рӯи бисёр фанҳои таълимӣ то ҳол бо забони модарӣ китоби дарсӣ надорем. Қисми мактабҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Барои онҳо маблағ пайдо карда наметавонанд.

Аммо таълими кредитӣ бошад моро маҷақ карда истодааст.

Ҳайфи меҳнати 60-солаам дар соҳаи маориф, ки қурбони таълими кредитӣ шуд. Шояд доди мо ба гӯши масъулон расаду нигоҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурӣ ва аъзои дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон нисбати таълими кредитӣ ва санҷишу имтиҳонҳои тестӣ тағйир ёбад.

Профессор Баён Раҳимов,корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97