Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Рӯйхати 10 китоби беҳтарини сол

Илм ва фановарӣ 02.01.2014 10:07

books-10Мо дар ин саҳифа  чанд китобро гирд овардем, ки дар баробари баҳои баланди муқаризон ҳамчунин таърифу тавсифи зиёди хонандагонро низ касб кардаанд.  Дар воқеъ ба ин рӯйхат  китобҳое шомиланд, ки  дар бораи рушди худи шахс ва чӣ тавр  самаранок кор кардан, нақл мекунанд. Китоби дар сархат буда дар бораи системаи ROWE - кори ба натиҷа анҷом мешуда ҳикоят мекунад. Дар китоби  охирини ин рӯихат муаллиф  дар бораи аз рафтори ғайри қобили қабул ё ғайри мантиқии инсон  чи тавр метавон пул кор кард, фикру андешаҳои худро баён мекунад. 

ofis1. "Дафтар бо усули даҳшат"

Шумо чӣ мегӯед? Аар медонистед, мумкин аст ҳар вақте ки ба хаёлатон кор ояд, ба коргоҳ ҳозир шавед, ҳар гоҳ хостед,аз он ҷо баромада равед. Аз ин пас "қоидаи 40 соат кор дар ҳафта"-ро дар дахмаи бойгонии корхонаҳо гуронид? Фикр мекунед,ки ин кор ғайримкон аст? Ин тавр, ки бошад, зуд ин китобро ба даст гирифта ба хондан шурӯъ кунед.

toorizm2. "Биёед, аз ҷои бароҳати худ берун шавед"

Китоби аз ҳама серхаридортарин дар ҷаҳон дар бораи баҳраварӣ мебошад. Дар ин китоби худ Брайан Трейси дар бораи чӣ гуна муносибати худро ба кор тағйир дод нақл намуда, ба хонанда чӣ тавр ба масъалаҳои ҳаррӯзаи бепоёни вазифаи худ посухи зарурӣ пайдо карданро меомӯзонад. Муаллиф дар маҷмӯъ 21 равиши истифода аз баҳравардии шахсиро рӯи саҳифа меоварад.

kom 33. "Чӣ гуна  метавон хуб навишт"

"Чӣ гуна метавон хуб навишт" дар ҳақиқат яке аз китобҳои маъруф дар бораи маҳорати нависандагист. Муаллифи китоб рӯзноманигори амрикоӣ, нависанда ва публисист Уилям Зинсер дар бораи чӣ гуна матнҳои ғайри бадеиро ба таври сода ва бо салиқа навиштан нақл мекунад.

Legkiy sposob 44. Роҳи осони халосӣ  аз одати "ин корро баъд анҷом медиҳам"

Дастурамали рӯи мизӣ барои мубориз бо синдроми "аз фардо".

Таъалулварзӣ - яке аз мушкилоте аст, ки на танҳо дар кори мутарҷимон балки дар фаъолияти кормандони дафтар низ зуд -зуд  ба чашм мерасад.

 Оё "роҳи осони халос шудан аз одати "корро баъд анҷом медиҳам" мавҷуд аст"? Ва "ҳа" ва ҳам "не". Ба ҳар навъ, ин китоб дар ин бора ба тартиб нақл мекунад.

Iskustvo 55. Ҳунари "тасвирсозӣ" дар касбу кор китоби рӯимизӣ барои  мутахассисон дар риштаи итти-лоот ва ошносозӣ

Омӯзиши ҳирфаӣ барои касоне, ки ба ироъаи додаҳои печида рӯ ба рӯ мегарданд.

 Ин китоб барои бозоршиносон (барои хубтар дарк кардани чи гуна диаграмаҳо ва нақшаҳо ба муштариёну мизоҷон таъсир мекунанд) ва стартаперҳо, (ба хотири гузаронидани рӯйнамои ҷолибу марғуб ва ҷалб карда тавонистани сармоягузорон) рӯзноманигорон ва дизайнерҳо пешбинӣ гардидааст.

vizoalnoe 66. Тафакури басарӣ (визолӣ). Чӣ гуна идеяҳои худро аз тариқи "тасвири басарӣ" ба "фуруш" баровард, Ден Роэм

Ин китоб барои он касоне муфид аст, ки идеяҳо эҷод намуда барои расонидани онҳо ба дигарон (зердастон, ҳамкорон, муштариён) ба ниёзҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ба ин маъно, ин китоб барои мудирони ширкатҳои миёна, ва бузург ва мудирони аршад навишта шудааст.

Ба назар чунин мерасад; дилхоҳ мушкилотро метавон ба тасвир кашид. Модоме, ки тасвир шудааст, ҳалу фасл низ хоҳад шуд.

7. "Ирода. Барои рушду тақвияти он чӣ бояд кард.", Келли Макгонигал

Роҳнамои беҳтарин барои рушд ва тақвияти ирода.

kitayski is 88. "Таҳқиқи чинӣ"

Ё Радислав Гандапас таасуроти бардоштаи худро аз хондани ин китоб; чӣ гуна метавонад як китоби одӣ дар чанд рӯз тамоми зиндагии шуморо тағйир диҳад, нақл мекунад.

kak ludi dumayt 99. "Одамон чӣ гуна фикр мекунанд"

Дмитрий Чернышев дар китоби худ гӯё раванди тафаккури эҷодиро бо ҷузъиёташ нишон дода мефаҳмонад,ки тафаккури эҷодӣ аз маҷмӯъаи  алгоритмҳои сода ва мафҳум иборат аст ва ҳар кас метавонад онро биомӯзад.

10. "Иқтисоди рафторӣ" - таҷриба  бо "ақлоният"- мо

 Дар 80%  мавридҳо мо ғайри мантиқӣ амал мекунем ва ин рафтори худро ҳеч гоҳ пайхас намекунем. Китоби "Иқтисоди рафторӣ "-дар мавриди ин ки  чаро мо як давраи хоси рафторро интихоб менамоем, баҳс мекунад. Бархе маводи ғизоии хос, ҷой дар автобус, билети мусобиқаи варзишӣ, ё ин ки тасмимгирии хариди чизҳои ҷудогонаро меписанданд. Ин китоб барои онҳое муфид аст, ки намедонанд пулҳои онҳо чӣ гуна нопадид мешаванд. Ва ҳамчун ин ба бозориён зарур аст, ки чӣ гуна пули масрафкунандаро бо фиреб муфт ба даст оваранд.

Дӯстони  азиз ! Мо медонем, дар байни шумо хонандагони фаъол бисёр ҳастанд. Китобҳои беҳад фоидарасони дар ин сол ба нашр расидаро дастрас кунед. Ин китобҳо ҳаёти шуморо дар ҳақиқат хубу гуворо хоҳанд кард.

Манбаъ: http://lifehacker.ru/2013/12/17/10-best-books/

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97