“Рӯзону”-и ман воқеан беҳтарин будааст

Илм ва фановарӣ 09.12.2011 16:20

RuZONUUUUUДаҳ сол қабл бо ҳамсабақонам ба Миср сафаре доштем. Он ҷо бо дидани он ки ҳар аробакаше телефони ҳамроҳ дорад, лаби таҳаййур газида будем.

Даҳ сол пас аз он баҳайратафтоданҳо як ширкати мобилии Тоҷикистон ба ман лаптоп дод. Ба хотири матлабе, ки оид ба “лаптоп” навишта шуда буд. Ҳамон огаҳие оид ба фурӯши лаптопам, ки карда будам. Агар ҳар каси дигар барои эълон маблағ диҳад, ба ман барои эълонам лаптоп доданд. Тавре ҳам, ки дар сафҳаи фейсбукиям ва сафҳаи фейсбукияшон навиштам, мегапасибки мегакрасавицам Мегафона!

Йес, ин ширкати Мегафон буд, ки озмуне доштаасту ҳеч касро хабар накарда, навиштаҳо дар мавзӯи фановариҳои навинро баррасӣ кардаанду худашон матлаби “Миллат” - “Лаптоп ё рӯзонуи ман беҳтарин аст”-ро беҳтарин донистаанд. Ва ба ман як Эйч-пи пробуки селерониву линуксдор доданд. Вот так вот, акнун маводи фурӯшгоҳи онлайнии ман як лаптоп бештар шуд. Фурӯшгоҳи онлайн? Ин мавзӯи матлабҳои баъдист, вале мавзӯи имрӯз аз иқдоми олиҷанобонаи (ин тарғиби он ширкат нест, балки назари холисонаи ман аст!) Мегафон бармеояд. Хадамоти марбут ба интернети ширкатҳои мобилӣ!

СМС-омадайе...

Дар кишваре дигаред? Масалан, Чин ё Амрико. Бонуи ширинакатон дар Тоҷикистон мондааст? Барояш мехоҳед пайғомаки телефоние фиристед? Вале ирсоли смс гарон аст? Ҳеҳ, ин корро ройгон ҳам кардан мумкин аст, ба шарте ки агар он лайлиятон муштарии Вавилон Мобайл набошад. Аз торнамоҳои топ-ширкатҳои мобилии кишвар дидан кардам ва “отправить СМС»-еро, ки дар сафҳаҳои нахусти ТиСеллу Билайну Мегафон дидам, дар нахустсафҳаи Вавилон чеҳраи зебои парисанаме иваз карда буд. Ҳарчанд, бобулиҳо (хонда шавад; Вавилон) хадамоти аҷиби дигаре доранд - агар Шумо дар МайлТҶ, Таҷнет.Ком ва ё ким кадом Фараси дигар имейл доред, пас метавонед бевосита аз ҳамон имейлатон ба муштариёни Вавилон СМС фиристед. Ва агар хоҳед, ки СМС-атон даранг даранг накунад ва ё “СМС омадае” насарояду ба якборагӣ дар оинаи мобили муштарӣ пайдо шавад, дар оғози матн як нуқта бигзоред. Муштариятон дар тааҷҷуб хоҳад афтид.

СМС намеояд дигар...

Вале имрӯзҳо интернети арзону дастрас ва м-агентҳои телефонӣ мавқеъи смс-ро дар Тоҷикистон танг карда, онро ба зудӣ ба назди пейҷерҳо хоҳанд фиристод.

Дар м-агентам як аксаки ҷолибакамро гузоштаам, ки зуд-зуд бонуҳо “авторизатсия” мепурсанд. Мепурсам, дар куҷо ҳастӣ? Мегӯяндам, дар хона, роҳ, падйезд, тангем... На, онҳо дар ҷодаву хиёбонҳо рӯзону (лаптоп) дар дасташон намегарданд, балки дар смартфону стюпидфонҳояшон м-агент гузошта, чақ-чақ мекунанд.

Интернет ҳам дигар дастрас шуда ва аз интернети мобилӣ на танҳо дар мобилҳо, балки дар роёнаву рӯзонуҳо низ истифода мебаранд. Вале барои истифодааш дар роёнаву рӯзонуҳо бояд як ашёаки дигаре низ дошта бошед, ки модем ном дорад ва онро, масалан, Мегафон ба як сомонӣ мефурӯшад. (албатта, ҳамроҳаш ҳатман бояд як чизи дигарро низ бихаред )

Дастрас, ки гуфтем, яъне, дар муқоиса бо солҳои қабл арзон шудааст. Соатбайъ ҳам метавонед бихаред ва моҳона ҳам метавонед диҳеду фикри ҳаҷми истифодашударо накунед. Вале, лиласаф, суръати интернетҳои мобилӣ каме беҳбудӣ мехоҳанд. Махсусан, ҳамон интернете, ки гарону беиллат нест. Ба ҳисоби миёна, ҳар моҳ барои интернет аз 50 то 150 сомонӣ сарф мешавад. Барои м-агент шояд камтар сарф шавад.

Ало, Ёвон?!

То ки ширкатҳои мобилӣ аз Шумо 50 дираму 150 доллар кашида гиранд, шӯъбаҳои бозорёбии (маркетинг)-и онҳо майнаҳояшонро об мекунанду чашмонашонро нобино. Ҳар гуна аксия ҷорӣ мекунанд, ҳар гуна таруфа мебароранд ва ҳар гуна тор мекашанд. Масалан, мегӯянд, ба фалон рақам як зангаки яксомона бизану соҳиби автомобил шав! Ё мегӯянд, дӯстонатро биёр, бар ивазаш ба ту дақиқаҳои ройгон медиҳем. Ё мегӯянд...

Ё мегӯянд, агар пули телефонат тамом шуд, роҳи пулсупорӣ хеле бисёр. Замоне, ҳатто пул додан ба ширкати мобилӣ осон набуд, ҳоло пул надодан осон нест. Дар шаҳри як миллиона, ки намедонам чанд ҳоҷатхона дорад, сари ҳар қадам автоматҳои Калаш...охи, банкомат...эҳ, чӣ ном доранд он сабилҳо(?), терминалҳои пулгузаронӣ насб шудааст. Аҷибтаринашонро дар Хуҷанд дида будам, ки исмашро фаромӯш кардаму вале ҳатто аз даҳ сомонӣ ҳам ҳаққулинтиқол намегирифт.

Ҳоло ҳатто аз рақамҳои афроди гуногун ҳам метавонед ба рақами худ пул гузаронеду аз хориҷа ҳам. Тафсилоташ дар торнамоҳои расмии ширкатҳои мобилӣ.

Дар пешрафтҳои фанновариҳои навин садқа, ки бо нархи хеле арзон ҳоло ҳатто аз Африқо ҳам метавонед занг бизанед. Насли нав, он ҳаҷвияи Ғарибшоҳ оид ба талоши тамосаш ба Ёвон ва душвориҳои тамосҳои байнишаҳриро дигар намефаҳмад. Ин аҷобати нав НҶН-телефония ном дорад ва арзиши як дақиқаи занг аз хориҷа ба мобилҳои Тоҷикистон аз ду дирам, ба фикрам, оғоз мешавад. Вале, бароятон ҳатман интернети хуб лозим аст, чун ин гуна телефон тавассути интернет тамос мегирад.

Агар, ки хориҷа рафтаниед, аз яке аз ширкатҳои НҶН-фурӯш рақам мехаред, барномаашро дар роёна ва ё смартфонатон насб мекунед ва вуала.

“Ширкати муҳтарам, аз интизорӣ охир мурдам”

Ва агар ба мушкили фаннӣ гирифтор шудед, занг ба ширкат дигар ягона роҳи ҳалли мушкилатон нест. Ҳамин Мегафон (лаптопа ҳалол кардан охир ) фаъолтарин ширкати мобилии Тоҷикистон аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қариб ҳар навиштаву шарҳи муштариёни асабонияш вокуниш нишон медиҳад. Дар Фейсбук (ёд дорам, ваъда дода будам, ки дар бораи Фейсбук менависам) шоҳидаш будам.

Бо Фейсбук дар тарафи тобон ҳам метавон буд (Билайн) ва дӯстонро низ метавон даъват кард (ТиСелл). Ахириро ҳатто метавон дар кӯчаи Твиттеру хиёбони ЮТюб низ дид.

Вале занг задан ба ширкатҳо, оҳ, чӣ дарди сар шудааст. Чун ба колсентрашон занг мезанӣ, аз он сӯ садои худкори духтараке мепурсадат, ки русӣ медонӣ ё тоҷикӣ? Чун якеро интихоб мекунӣ, сипас он садо ба шоҳномахонӣ оғоз мекунад ва бояд панҷсад сония аввал ҳазёни худкорро гӯш диҳӣ, то дар ахираш бигӯяд, ки “агар гапом нафорид ё ту ягон тормози, ки гапома нафаҳмидӣ, кнопкаи нола бҷиқ, қати аператор гап бза”. Ва сипас тугмаи сифрро пахш мекуниву аз мусиқии Мосарт дар интизории гӯшибардории оператори “занят” ғанабат мебарад.

Аз ин рӯ, беҳтарин роҳи тамос Фейсбук аст. Пусть только попробуют не ответить, когда садҳо потенциальный клиент номаи асабониятатро мебинанд.

Мега, ба тоҷикӣ ҳам мега, ба урусӣ ҳам

Чаро русӣ ҳарф задам? Зеро акнун, навбати таҳлили забони торнамоҳои расмии ширкатҳои мобилист.

Ҳамин ки Билайн нуқта тҷ-ро рӯи Хром задем, торнамои тоҷикистониву русизабони ин ширкат боз мешавад. Ҷиҳати хушҳолкунандааш он аст, ки логои ин ширкат “дар тарафи тобон” аст, яъне бо тоҷикӣ навишта шудааст.

Зерматни логои Мегафон низ бо тоҷикист. Яъне, Мегафон Тоҷикистон. Ҳатто номи ин ширкат тоҷикӣ будааст. Бино бар пажӯҳиши Наҷмиддини Шоҳинбод, брэнди Мегафон аз вожаи Мега (“мегӯяд” дар лаҳҷаи Душанбе) вом гирифта шудааст. Вале торнамояш аввал бо русӣ боз мешавад. Сафҳаҳои тоҷикиву инглисӣ низ дорад. Ибораҳои ширине ҳам дорад чун “ирсоли смс” ва аҷибе низ, ба мисли “алоқаи бозгашт”, гӯиё “обратная связь”-ро тариқи Гугл транслейт карда бошанд.

ТиСелл маладес. Торнамои тоҷикияш, ҳарчанд сарторнамо нест, вале на камтар аз сафҳаи русияш мавод дорад. Ҳатто Вавилон, ки онро ягона ширкати сирф тоҷикӣ мегӯянд, сафҳаи аввали худро русӣ гузоштааст. Ва танҳо бо интихоби “тоҷ” дар ҳамон сафҳаи русӣ ва ё иловаи “/taj” дар охири нишонии торнамояш парисанамҳояш “хуш омадед ба олами аҷоиботи GSM” мегӯянд.

Танҳо ҳамин чаҳор ширкатро аз “олами аҷоиботи GSM” (ибора моли Вавилон аст) дидам, чун чиниҳои CDMA-дӯстдор аз М-Теко охирон бор торнамояшонро охири соли 2006 нав карда буданду торнамои ТК-Мобайлро боз карда натавонистам. Ҳатто намедонам, ин ду ширкат ҳанӯзам вуҷуд доранд ва ё на.

... дар ҷангал ҳам мега!

Ба ҳар навъ, бояд гуфт, ки хадамоти мобилӣ дар Тоҷикистон хеле ҳам рушд кардааст. Аз аввалинҳо будем, ки тамосҳои видеомобилиро ҷорӣ карда будем. Ва то андозае ба сӯи қафо қадам гузоштанро шояд аксизу андозҳои гарон барои ширкатҳои мобилӣ сабаб шуда бошад.

Ба ҳар навъ, бояд гуфт, ки дар муқоиса бо 15-20 соли пеш, ки ҷумлаи “ман ба ҷангал меравам, вале ту бароям занг бизан” ва ё “телефонамро дар хона фаромӯш кардам” абрӯи мухотабро мутаҳаййир мекард, имрӯз хеле беҳтар шудааст. Ҳатто Беҳнозҷони хурдакаки ман мобили маро мегираду ба гӯшаш бурда, мегӯяд: “дада”!

Ва барои он ки шунидани “дада”-и Фарнозу Беҳнозам аз ҳазорҳо километр имконпазир шудааст, ба Вавилону Тиселл сипос (чун муштарии ҳардуяш ҳастам), а Мегафону за тему МегаСпасибо!

Мегапирӯзи Мегаозмуни Мегафон

Abdulfattoh ...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97