Маоши муаллимро баланд кунед

Илм ва фановарӣ 24.01.2011 10:05

Ё хам – хам рафтани сайёд баҳри доми мурғон аст

 MuallimaТарбият мӯҷиби такомули инсонҳост

Барои ошноии бештар бо мафҳуми таълиму тарбия аввалан маънии луғавии онро тавзеҳ сохта ва баъдан таърифи онро аз дидгоҳҳои мухталиф баён хоҳем дошт

Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки истилоҳи таълиму тарбия аз калимаи (Edication) забони лотинӣ гирифта шудааст, ки маънии муҳофизат, заръ ва нумӯъро медиҳад. Чунончӣ аз ҳамон оғози ин истилоҳ ба манзури муҳофизат аз як ҳайвон, заръи наботот, парвариш ва нумӯъи як инсон мавриди истифода қарор гиифтааст. Аммо бо мурури замон маънӣ ва мафҳуми ин калима тағйир пазируфт ва танҳо ба манзури муроқибати роҳнамо ва парвариши инсон ба кор мерафт ва перомуни фаъолиятҳову назариёти таълим ва тарбияи инсон аз он истифода ба амал омад. Таълиму тарбия дар замонҳои мухталиф мафҳумҳои гуногунеро ба худ гирифта ва назар ба шароити ақидатӣ, иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайраҳо таҳаввул ёфтааст.

Таълиму тарбия мӯҷиби созандагӣ ва барозандагии инсонҳо аст. Зеро нотавонӣ ва заъфи инсон дар бадви таваллуд бар ҳамагон ошкор  аст ва омили таълиму тарбия бойис мешавад, ки ин инсони нотавон ба сурате фарде болиғу тавоно, дорои хислатҳои инсонӣ аз қабили каромат, иззат, эҳтиром, ҷавонмардӣ, баландназарӣ, шуҷоъат, адолат ва амал гардад. Танҳо таълиму тарбият дар ҷомеъаи инсонии солим аст, ки инсонҳоро бо хасосиси воҷиб мепӯшонад ва онҳоро шарафманд мегардонад.

Инсон дар сурате, ки тарбият нашавад ва ё таҳти таъсири ҷомеъаи инсонӣ омӯзишҳои лозимро набинад, на танҳо хасоиси мазкур дар ӯ зоҳир намешавад, балки аъмолу рафтори ӯ монанди соири ҳайвонот  дар ҳади ибтидоӣ ва ғаризӣ боқӣ хоҳад монд. Достони кӯдаки ваҳшӣ, ки дар ҷангал ва дур аз ҷомеъаи инсонӣ бузург шуда буд, нишон дод, ки тарбият дар ҷомеъаи инсонӣ то чӣ ҳад дар сохтани инсонияти инсон ва шакл гирифтани шахсият ва нақши рафтори вай муассиру муҳим аст, дар ғайри ин сурат рӯҳи ваҳшиҳо ва ҷоҳилият бар тамаддун ва маданият ғалаба хоҳад кард. Ба ҳар ҳол агар таълиму тарбиятро айни зиндагӣ бидонем ва бидуни он таҳаққуқи зиндагии иҷтимоиро номумкин ва ё мушкил биангорем, таълиму тарбия аҳамият ва фойидаи бисёр дорад, ки мушаххас кардани ҳамаи онҳо кори душвор аст.

 

Агар муҳит ба тафаккури бача созгор бошад…

Таълиму тарбия метавонад воситае барои расидани рӯҳ ба балндтарин пояи ҷамолу камол ва омиле барои хушбахт кардани бача бошад. Вақте бача зери сояи таълим бузург шуда бошад, пас ӯ метавонад як инсони ҳақиқӣ ҳам гардад. Ҳамин таълиму тарбияти дуруст аст, ки қодир аст ҷавҳари дарунии инсонҳоро кашф ва қувваи ӯро неруманд ва зеҳнашро инкишоф диҳад, тафаккурашро зинда созад ва инсоне эҷодгар намоишаш бидиҳад, шахсияти инсонро парварида, истеъдодҳоро шугуфо кунад. Ҳамчунин тарбият неруи иродаро қувват мебахшад ва бачаро водор месозад дар роҳе, ки гом бардоштааст, он роҳ бояд мавриди назар бошад ва заминаҳоеро барои таақули баъдӣ фароҳам биоварад.

Вақте масъалаи тарбияти насл дар миён аст, бояд он дидгоҳи миллӣ дошта бошад ва баёнгари иҷтимоъ гардад, ҳушмандии бачаро, ки дар сарнавишти иҷтимоъӣ таъсиргузор аст, аз нахустин рӯзҳои ба таълим фаро гирифтанаш таъмин карда тавонад. Зеро ин заминае барои фаҳмиши асолатҳои миллӣ ва шинохти миллат фароҳам хоҳад овард. Вақте бача дар муҳите солим, ки ҳақиқатҳои миллиро омӯзгор аст таълим мегирад, ӯ бештар аз ҳама ба вазъи ҷомеъа ва иҷтимоъе, ки дар он ба сар мебарад, мутаваҷҷеҳ мегардад ва бо андӯхтани донишу таҷруба таҳавуллоте дар рафтору кирдори ҷомеъа ва тафаккури инсонҳо ба вуҷуд меоварад. Муҳим аз ҳама таълими дуруст дар шинохти миллӣ муассир буда, тафаккури ғуломиву бардагиро аз зеҳнҳо берун меандозад. Гомҳои устувореро барои зистан дар марҳилаи ҷадиди ҳаёт ворид месозад ва дар шинохти ҳуқуқи хеш дигаронро маҷбур месозад, ки эҳтиром гузоранд ва ҷамъиятеро, ки метавонад ниёзмандиҳои миллиро ҳифзу таъмин намояд, бунёдгузорӣ намоянд.

Агар тарбияти илмӣ ва ахлоқӣ бо ҳам тавъам бошанд, мутааллим огоҳу дорои биниши амиқ бошад, ҳамон андоза аз қудратҳои интихобу гузиниши саҳеҳтаре бархурдор хоҳад шуд ва роҳеро, ки зиндагии хушбахту бартареро бархурдор аст, дармеёбад ва дар ин ҷода бо азми қавӣ раҳсипор мегардад. Вақте бача аз хурдӣ таълими дуруст мегирад ва бо огоҳӣ ва масъулият амал мекунад, ӯ дар оянда инсоне озодаву мустақил хоҳад шуд, ки бардагиву ғуломиро нашносад ва идеоли ӯ манфиатҳои миллӣ ва хушбахтиву саъодати миллат хоҳад буд.

Мусаллам аст, ки интихоби касб ва расидан ба мақсад пеш аз ҳама аз роҳи таълиму тарбияи дуруст ва ҳадафноки хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ сурат мегирад. Агар муҳит ба тафаккури бача созгор бошад, рӯҳи ӯро бедор месозад ва асоратҳоеро, ки дар батнаш ниҳон аст, ба якборагӣ дарҳам мепошад, ки ин заминаи муфиду муассире дар шинохти миллӣ маҳсуб меёбад. Тафаккури озодандешиву истиқлолхоҳӣ, эҳсоси масъулият дар муқобили иҷтимоъ меваҳоеро ба бор хоҳад овард, ки сарчашмаи хушбахтӣ ва санъатӣ гардидани кишварро таъмин хоҳад кард. Рушду такомули табиии бача бояд бо озодии нисбӣ ва ниёзҳои ӯ тавъам бошанд, то дар марҳилаҳои гуногун ба сурати ҳамоҳангу мӯътадил дар ҷисму рӯҳи кӯдак самарае бахшида тавонад.

 

Барномаи таълимӣ мушкиланд?

Дар ҷамъияте, ки таълиму тарбият агар аз озодии муносиб бархӯрдор набошад ва бача асири барномаҳои таълимии ғайринофеъ гардад, худро дар қайду банди тарсу ҳаросу таҳдиди хонаводагӣ эҳсос намояд, ҳаргиз дар чунин муҳит набояд интизор дошт, ки инсонҳои озода, масъулу фаъол ба бор ояд. Дар ин маврид арзишҳои миллӣ дар назди бача аҳамияте нахоҳад дошт ва бо ин шева тарзи тафаккури худро барои бозомадагон тадрис хоҳад кард, ки ин амал билохира боиси фоҷиъаҳои миллӣ хоҳад гардид.

Тарбияти илмӣ ва ахлоқӣ агар бо ҳам тавъам гарданд, ҳамон андоза инсонҳо огоҳтару бинишашон амиқтару фарохтар мегардад ва тафаккури зиндагии муносибу хушбахтонатареро интихоб менамоянд. Инсони озода ҳамонест, ки огоҳмандона сарнавишти худро бо масъулияти баланд ба роҳ монда, роҳи расидан ба ин имтиёзро ҷуз аз роҳи таълиму тарбияи хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ намебинад. Озодии истиқлол ва эҳсоси масъулият марбут ба таълиму тарбияи дуруст аст, ки ҳам дар шароити хонаводагӣ ва ҳам дар мактабҳои ҳамагонӣ тадрис мегардад. Аз ин ҷо рушду инкишофи табиии инсон бояд бо озодиҳои нисбӣ ва ниёзҳои гуногунаш ҳамоҳанг бошад ва аз овони таълим дар ҷисму ҷони бача ҳамчун рӯҳе буруз намояд.

Муҳити инсонӣ тақозо менамояд, ки дилхоҳ таълиму тарбият бояд бо озодиҳои муносиб таъмин бошад, дар акси сурат мутааллимин таҳти асорати барномаҳои сангини таълимӣ қарор мегиранд ва ҳамеша дучори қайду бандҳои номуносиби таълиму тарбия, ки бо тарсу танбеҳу таҳдид олудаанд,  мешаванд. Таълими ғалат ва омӯзиши фанҳои нолозим ниёзҳои ҳақиқӣ ва табиъиву иҷтимоии кӯдакону навҷавононро таъмин карда наметавонад.

Мутаассифона, дар ҷомеъае, ки ба сар мебарем, мушоҳида менамоем, ки аксаран инсонҳо ва мутахассисон маҳорату дониши худро дар роҳҳои ғайринофеъ, ки танҳо манфиати шахсиро ифода менамояд, истифода мебаранд, ки ин худ теша задан ба решаи иҷтимоъ ва рушди тафаккури миллат аст. Аз ин ҷо мебинем, ки равобити инсонҳо ва бархӯрдҳояшон дигаргун мешавад, ҳасодату бухлу риёву дурӯғу бадбинӣ аз ҷумлаи разилтарин хислатҳои инсонӣ қарор мегирад. Чунин як ҳолати ноҳинҷор бевосита ба зеҳни бача, ки ин ҳамаро мушоҳида менамояд, бетаъсир намемонад. Ба ин хотир таълим на танҳо бояд бачаҳоро фаро гирад, балки ҳеҷ гоҳе барои бузургсолон фаро гирифтани таълими ахлоқӣ ва иҷтимоъӣ, ки василаи расидан ба аҳдофи инсонист, дер нахоҳад буд. Дӯстӣ, эҳтиром, масъулият, ҳамдилӣ ва риояти ҳуқуқӣ инсонҳо муҷиби рифоҳи иҷтимоӣ буда, дар шууру тафаккури бача, ки ҳама чизро мушоҳида менамояд, нақши боризеро адо хоҳад кард ва як таълими саҳеҳу дарси пандомӯзи ҳаётӣ маҳсуб меёбад.

Ҳама пешрафтҳо ба шеваи таълим вобаста аст

Чун бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таълиму тарбият мавриди баррасӣ қарор гирифт ва бори дигар моро водор сохт, ки дар ин замина иқдомоти ҷиддӣ бипазирем, зарур медонем таъкид намоем, ки давлат ва сиёсатгузорони кишвар беш аз ҳама бояд кайфияти таълиму тарбияро дар ҷомеъа бидонанд ва тамоми афроди ҷомеъаро барои амалӣ намудани барномаҳои дурусту муассир, ки ҷанбаҳои созандагӣ дорад ва дар пешрафти тааққулу тафаккури на танҳо бача, балки тамоми мардум созгор бошад, мукаллаф ва вазифадор намоянд. Дар ин росто ваколату вазифаҳое, ки ба дӯши волидайн гузошта мешавад, бояд дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда риоя карда шавад.

Бойиси таассуф аст, ки тайи чанд соли ахир бо айби волидайн ва саҳлангории масъулини маорифу мақомоти маҳаллии кишвар, бачаҳо дастаҷамъона тарки мактаб карда, рӯ ба масоҷид овардаанд. Иддаи зиёде барои таҳсил ва фаро гирифтани улуми динӣ ба хориҷи кишвар, ба давлатҳои исломӣ, ки аз нигоҳи мазҳаб бо мо мутавофитанд, азм намудаанд. Вале, бехабар аз он ки чӣ таълимотеву чӣ тӯшае аз он кишварҳо бардошт мекунанд. Як нукта мусаллам аст, ки боғбон дарахтро танҳо ба хотире об медиҳад, ки аз он гулобе бардошта бошад ва ҳамин толибони мо низ бидуни шак аз ин кишварҳо барои мо танҳо ақоиди мазҳабии дигар равияҳоро меоранду бас. Вагарна, як аъробиву як намояндаи мазҳаби дигар писарамак ва ё шавҳари холаи мо нест, ки барои мо ин қадар масрафу ранҷ бикашад. Ба қавли дигар «Хам- хам рафтани сайёд баҳри доми мурғон аст».

Хулоса, пешрафти фарҳанг, иқтисод, муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ ба кайфият ва маҳорати сиёсатгузориҳо ва чигунагии иҷрои арзишҳои тарбиятӣ бастагии калон дорад, ки билохира он метавонад хушбахтӣ ва ё бадбахтиву сарнавишти қишрҳои мухталифи ҷомеъаро бароварда созад. Аз он ҷо, ки таълиму тарбият оинаи зиндагии ҳар ҷомеъа аст, бояд он чӣ дар боло зикр гардид, мавриди омӯзиш ва назарбинӣ қарор дода шавад, зеро масъалаи таълиму тарбияти кӯдак аз масоили ҷиддӣ ва сарнавиштсози ҳар як қавму миллатҳост. Ҷомеъа, муаллим ва волидайн меъмороне ҳастанд, ки бояд хишти аввалро дурусту бехато бигзоранд, дар акси сурат бино хароб хоҳад шуд. Худи раванди таълиму тадрис билкул тағйир дода шавад ва мазмуни он ба ҳамин калимаи «дарс», ки аз ҳарфҳои дол, ре ва син иборат буда, маънои далолат, раёсат ва сиёсатро дорад, тавъам гардад.

 

Сари маъоши муаллим андеша бояд кард

Тарбияти иҷтимоъӣ бояд бар пояи фарҳанги моддӣ ва маънавии ҷомеъа тарҳрезӣ гардад ва ниёзҳои моддӣ, фардӣ, воқеъӣ ва иҷтимоъии ҷомеъа бо дарназардошти истифодаи маҳоратҳо ва улуми арзишманд, ки битавонад таваҷҷӯҳи бачаро аз соли аввали таълим ҷалб намояд, барномарезӣ гардад.

Дар қисмати маъоши муаллимон низ давлат ва сиёсатмадорон иқдомоти арзишмандеро бояд иттихоз намоянд. Имрӯз беҳтарин муаллимони фанни кимиё, риёзӣ, ҳисоб, умуман фанҳои дақиқ барои рӯзгузаронӣ ва таъмини  хонаводаҳояшон озими Русия ва дигар мамолик гаштаанд. То ҷое маълумот дорем, агар маъоши муаллим ва масъулияту мақоми иҷтимоиаш боло бардошта шавад, ҷои шаку тардид нест, ки дар оянда мо миллати ихтироъкору созанда хоҳем шуд. Имрӯз муаллим дар ҷомеъа ба инсоне ниёзманд ба кӯмак ва дастнигаре ҳақир табдил ёфтааст, ки бидуни муболиға мавқеъ ва манзалату мақоми аслиашро кайҳост дар ҷомеъа аз даст додааст ва истилоҳи муаллим барои гурӯҳе аз мунофиқону дуздон ба истилоҳи мазоҳу масхара табдил ёфтааст.

Умед аст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина бо эҳсосоти баланди миллӣ ва ватандӯстӣ, ки мо ба он шак надорем, бархӯрд хоҳад кард ва масъалаи тарбият ва тадрис яке аз масоили доғу аввалиндараҷа қарор хоҳад гирифт.

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97