Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

“Халтаи пул”

Иҷтимоъ 28.08.2019 21:30

Агар дар симои мактабу маориф танҳо манфиатҳои моливу пулиро дидан хоҳем, оё сатҳи саводи донишомӯзонро баланд бардоштан мумкин аст?

Ин ҳафта мактабу маориф дар Тоҷикистон боз ба мавзӯи №1 табдил ёфт. Падару модарон на танҳо аз қиматии либоси мактабӣ ва лавозимоти таълимӣ, ҳамчунин аз бесифатии онҳо ошкору ниҳон шикоят доранд. Баъзеҳо ҳатто гиря мекунанд. Қисме аз модарони танҳо ҳанӯз ҳам барои фарзандонашон либос нахаридаанд, чунки пул надоранд!

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари ахири хеш ба вилояти Суғд боз ҳам ба мавзӯи таҳсили хонандагон дахл намуда, гуфт, ки ояндаи Тоҷикистонро бе насли босавод тасаввур намудан имкон надорад. Ӯ дар маросими пардабардорӣ аз чанд мактаб ва муассисоти навбунёди таҳсилоти томактабӣ барои беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Саволи асосӣ, ки матраҳ мешавад ин аст: “Чаро ҳамасола ба мавзӯи мактабу маориф бо чунин ҷиддият таъкид мешавад, ҳама нишон медиҳанд, ки бе мактабу савод чизе тағйир намеёбад, вале боз соли дигар мебинем, ки ҳамон мушкил боқӣ мондааст?”.

Ба андешаи шахсии ман, посухи асосиро ба ин суол вазири маориф Нуриддин Саид дод. Шояд дар хотира доред, ки дар нишасти матбуотии ахири худ, вазир гуфт, вазорат ният дорад дар назди Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фабрикаи истеҳсоли пойафзоли бачагона таъсис диҳад ва барои ин кор аллакай мутахассисон аз Ҳиндустон ҷалб шудаанд: “Модоме, ки сарулибоси мактабӣ ягона аст, пас попӯш ҳам ягона мешавад. Чӣ бадӣ дорад, вақте хонандагони мактаб бо пойафзоли ватанӣ таъмин шаванд? Тасаввур кунед, 2 миллион хонанда ба ғайр аз студентҳо дорем. Агар дар як мавсим як хонанда се ҷуфт пойафзол пӯшад, солона шаш миллион ҷуфт ва шояд аз ин бештар шавад. Ҳоло мо донишҷӯёнро ҳисоб накардем. Дар тамоми гӯшаю канори мамлакат марҳила ба марҳила истеҳсоли пойафзоли бачагона роҳандозӣ мешавад ва соҳибкорони ватанӣ низ ба ин раванд ҷалб мегарданд. Гумон мекунам, ин қарор дуруст аст. Майда-майда истеҳсоли пойафзолро сар мекунем, фурӯш озод мешавад”.

Барои чӣ ин нукта ба назари ман посухи асосӣ ба ҳисоб меравад? Зеро, фикр мекунам, аз мактабу маориф дар аксари вақт интизори мо молист. Агар не, чаро ҳама аз мактаб танҳо манфиати моливу пулӣ ҷустан мехоҳанд? Чӣ гуна? Яъне, ҳунарпешаву овозхонҳо намоишномаву консертҳояшонро, шоиру нависандаҳо китобҳояшонро, баъзе сармуҳаррирон нашрияҳояшонро, ҳатто соҳибони ширкатҳои гуногун ва фурӯшандагони маҳсулоти вобаста ба он низ маҳсулоти худро маҳз дар мактаб “фурӯхтанӣ” мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки мактаб ба “манбаи пул” табдил ёфтааст. Касе чизи даркору нодаркоре дорад ва агар харидор наёфт, “роҳи раҳоӣ” дорад: дар мактаб мехаранд! Доду фарёди падару модаронро гӯё касе намешунавад: ин чӣ гуна мактаби бепул будааст, ки Конститутсия муқаррар кардааст? Аз аввали соли таҳсил то охири он қариб моҳе нест, ки талабаҳо аз волидони худ пул напурсанд: пули китоб, пули обуна, пули либоси ягона, пули таъмири мактаб, пули гармӣ, пули қулф, пули... ва ғайра...

Агентии мубориза бо коррупсия тайи чанд соли охир соҳаи маорифро дар сархати рӯйхати ниҳодҳои пурфасод дар Тоҷикистон ҷой додааст, ки баҳсҳои зиёдеро низ ба миён меоварад. Агар кор ба ин ранг аст, мо ба ин восита муаллимро ба як шахси бадном табдил медиҳем.

Онҳое, ки дар замони шӯравӣ зиндагӣ кардаанд, нақл мекунанд, ки омӯзгорон чи гуна қадри баланд доштанд. Зеро муаллим маоши баланд мегирифт, ороставу пероста буд ва аз ҳама муҳим, бар касе муҳтоҷ ва вобаста набуд. Ҳоло чӣ? Муаллими бечораи бадном қариб тамоми сол аз хонанда ва падару модараш пул мепурсад: пули қарзи китоб, пули таъмир, пули обуна, пули либоси ягона...

Ҳол он ки, ҳама хуб медонанд, аз ин пулҳо шояд як тангааш ҳам ба муаллим намерасад. Аммо навобаста аз ин, омӯзгори бечора бадном ва ҳамин тавр беобрӯ мешавад.

Дар маъракаҳо муаллим “роҳбари маршировка”, ё дар интихоботҳо, ки аслан дар мактабҳо мегузаранд, устодонро “тақаллубкор” меноманд.

Пас, бо ин аҳвол имкон дорад, ки обрӯи муаллиму мактаб боло равад ва барои ӯ саводомӯзӣ ҳадафи асосӣ бошад?

Ба фикри ман, не...

Шумо чӣ мегўед?

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97