Фарогирии шахсони дорои имконияти маҳдуд ба касбомӯзӣ

Иҷтимоъ 17.08.2019 14:51

Дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Айнӣ” (Лоиҳа), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ мешавад, тавассути Филиали Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад ва инчунин бо мусоидати Маркази таълими калонсолон дар ноҳияи Айнӣ, як маркази касбомӯзии нав дар маркази ноҳия таъсис дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии маркази касбомӯзии мазкур Зокирзода Гулсара, муовини раиси ноҳия, Бобоҷонов Шодиқул, сардори шӯъбаи иқтисод ва савдо ва намояндагони бархе дигар аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ва расонаҳои ширкат варзиданд.

Айни замон 30 нафар аз саросари ноҳия ба касбомӯзии ройгон аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ ва ошпазӣ-қаннодӣ ҷалб шудаанд. Баъд аз хатми ин курсҳо, ки ҳар кадоме се моҳ идома меёбад, хатмкунандагон бо шаҳодатнома бо тасдиқи Маркази таълими калонсолон дар ноҳияи Айнӣ сарфароз мегарданд. Шаҳодатномаҳои мазкур ба хатмкунандагони ин давраи омӯзишӣ имконият фароҳам меоварад то онҳо соҳиби кори хуб шуда, мустақилона зиндагии хешро бисозанд. 

Маркази касбомӯзӣ аз 3 ҳуҷра иборат буда, яке ҳамчун толори омӯзишӣ барои дарсҳои назариявӣ, дигаре ҳамчун ошхона барои дарсҳои амалии ошпазӣ-қаннодӣ ва сеюмин барои дарсҳои амалии хайётӣ истифода мешавад. Дар доираи Лоиҳа тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои ин маркази касбомӯзӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, мошинҳои дарздӯзӣ, дарзмол, яхдон, плиткаи барқӣ, тафдон ва ғайраҳо таъмин карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ мегардад, аз моҳи январи соли соли 2018 ин ҷониб фаъолият мекунад ва ҳадафи он беҳтар кардани дастрасии шахсони дорои имконияти маҳдуд, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ба хидматрасонии босифати давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар ноҳияи Айнӣ мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97